Регламенти техникии "Талабот ба бехатарии бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ, мазут ва сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ" аз 3 январи соли 2014 № 30

Санаи амалкуни: 12.12.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014, № 30

тасдиқ шудааст

Регламенти техникии "Талабот ба бехатарии бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ, мазут ва сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.12.2019 № 621)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Регламенти техникии "Талабот ба бехатарии бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ, мазут ва сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ" (минбаъд - Регламенти техникӣ) талаботро ба бехатарии бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ, мазут ва сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ (минбаъд - маҳсулот), ки мутобиқи рамзҳои Номгӯи молу маҳсулоти фаъолияти иқтисодӣ хориҷӣ ҳамчун объекти бамеъёрдарории техникӣ тасниф шудааст, муқаррар менамояд.

2. Регламенти техникии мазкур ба сӯзишворие, ки мувофиқи супориши мудофиаи давлатӣ ворид мегардад, инчунин барои эҳтиёҷоти хусусӣ дар корхонаҳои нафтистеҳсолкунӣ ва платформаҳои пармакунӣ истифода бурда мешавад, дахл надорад.

2. Мафҳумҳои асосӣ

3. Мафҳумҳои асосие, ки дар Регламенти техникии мазкур истифода мешаванд:

- маҳсулоти нафт - омехтаи карбогидридҳо ва ҳамчунин пайвастагиҳои химиявии алоҳида, ки аз нафт ва газҳои нафтӣ ҳосил гардида, ба сифати сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, воситаҳои ҳифзи барқ, ҳалкунандаҳо ва ашёи нафтукимиёвӣ истифода бурда мешавад;

- муомилоти маҳсулоти нафт , харидорӣ, нигоҳдорӣ, фурӯш, ҳамлу нақли маҳсулоти нафтӣ;

- бензин - сӯзишвории моеъ, ки барои истифода дар муҳаррикҳои дарунсӯзи бо шарора алангагиранда;

- адади октанӣ - нишондиҳандае, ки устувории детонатсионии бензинро тавсиф карда, бо воҳиди ҷадвали эталонӣ ифода шудааст;

- сӯзишвории дизелӣ - сӯзишвории моеъ барои истифода дар муҳаррикҳои аз фишурдашавӣ алангагиранда;

- адади сетанӣ - нишондиҳандае, ки алангагирии сузишвории дизелиро тавсиф карда, бо воҳиди ҷадвали эталонӣ ифода шудааст;

- иловакунанда - маводе, ки ба маҳсулот барои тағйир додани хусусиятҳои он илова карда мешавад;

- сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ - сӯзишвории моеъ барои истифода дар муҳаррикҳои газотурбинӣ (ҳавоӣ - реактивӣ);

- мазут - моеъ иборат аз боқимондаҳои сӯзишвории нафтӣ, барои истифода дар дастгоҳҳои гармидиҳандаи статсионарӣ ва барқӣ;

- навъи маҳсулот - номгӯй, нишони рақамӣ ва ҳарфии маҳсулот;

- миқдори маҳсулот - ҳар миқдори маҳсулоте, ки дар раванди беисти технологӣ истеҳсол шудаанд ва аз рӯи таркиботи ҷузъӣ ва хусусиятҳояшон якхелаанд;

- дараҷаи экологии сӯзишворӣ - рамзи классификатсионӣ (класси 2, 3,4, 5), ки талаботи бехатарии сӯзишвориро муқаррар менамояд;

- баҳодиҳии мутобиқат - фаъолият оид ба муайян кардани мутобиқати объектҳои баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки санҷиш, назорат, сертификатсия ва аккредитатсияро дар бар мегирад;

- тасдиқи мутобиқат - шаҳодати мутобиқати маҳсулоти нафтӣ ба талаботи сифат ва бехатарӣ, ки дар стандартҳо ва Регламенти техникии мазкур муқаррар шудааст;

- сертификатсия - фаъолиятест, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд;

- сертификати мутобиқат - ҳуҷҷате, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ мутобиқ будани объекти баҳодиҳии мутобиқатро тасдиқ мекунад.

3. Қоидаҳои муомилоти маҳсулот дар бозор

4. Шарти зарурии ба муомилот баровардани маҳсулот дар бозор мутобиқати он ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур мебошад.

5. Истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ӯҳдадор аст, ки дар ҳуҷҷатҳои ташреҳии маҳсулот, дар шиносномаи он маълумотро оид ба навъи маҳсулот ва дараҷаи экологии техникаи автомобилие, ки барои он таъин гардидааст, нишон диҳад.

6. Ҳангоми фурӯши маҳсулот фурӯшанда бо талаби истеъмолкунанда ӯҳдадор аст ба ӯ ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти зеринро пешниҳод намояд:

- номгӯи маҳсулот ва истифодаи мақсадноки он;

- маълумот оид ба ҳуҷҷатҳое, ки меъёрҳои муайяншударо ба талаботи маҳсулоти мазкур тасдиқ менамояд;

- номи истеҳсолкунанда, макони ҷойгиршавии ӯ, кишвари тавлиди маҳсулот, ном ва макони ҷойгиршавии фурӯшанда;

- рақами ҳар як миқдори маҳсулоте, ки ба савдо бароварда шудааст;

- вазни холиси маҳсулот дар зарф;

- маълумот дар бораи ҷой доштани (номгӯ, таркиб ва хусусият) иловакунандаҳои андохташуда ба маҳсулот, ё ҷой надоштани иловакунандаҳо;

- нишони хатарнокии маҳсулот тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии сӯхтор, экологӣ, инчунин бехатарии биологӣ;

- маълумот дар бораи сертификати мутобиқат;

- маълумот оиди бехатарии нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истифодабарӣ ва истифодабарии партовҳои маҳсулот.

7. Истеҳсолкунандагони (фурӯшандагони) бензини автомобилӣ ва сӯзишвории дизелӣ ӯҳдадоранд дар маводҳои иттилоотӣ, ки дар ҷойҳои ба истеъмолкунанда дастрас ҷойгир шудааст, аз ҷумла дар таҷҳизоти сӯзишворитақсимкунанда, маълумотро оид ба номгӯи маҳсулот, навъ ва дараҷаи экологии техникаи автомобилие, ки маҳсулоти мазкур ба он таъин гардидааст, нишон диҳад.

4. Талабот оид ба бехатарии маҳсулот

8. Бензини автомобилӣ бояд ба талаботи дар замимаи №1 Регламенти техникии мазкур нишондодашуда мутобиқ бошад:

9. Дар муддати 5 сол пас аз мавриди амал қарор додани Регламенти техникии мазкур дар баробари ба муомилот баровардани бензини автомобилии ба талаботи Регламенти техникии мазкур мутобиқ, истеҳсол ва ба муомилот баровардани бензини автомобилии адади октаниаш бо усули тадқиқотӣ на кам аз 80 ва бо усули муҳаррикӣ на кам аз 76 ҳангоми мутобиқати хусусиятҳои боқимонда ба талаботи дар замимаи №1 Регламенти техникии мазкур пешбинигашта, иҷозат дода мешавад.

10. Дар бензини автомобилӣ истифодаи иловакунандаи металдор иҷозат дода намешавад.

11. Бензини автомобилӣ метавонад, дар таркибаш иловакунандаҳои шӯяндаеро дошта бошад, ки нишондиҳанда ва хосиятҳои онро вайрон накунад.

12. Сӯзишвории дизелӣ бояд ба талаботи дар замимаи №2 Регламенти техникии мазкур нишондодашуда ҷавобгуй бошад.

13. Дар муддати 5 сол пас аз ҷорӣ намудани Регламенти техникии мазкур дар баробари ба муомилот баровардани сӯзишвории дизелии ба талаботи дар замимаи №2 Регламенти техникии мазкур мутобиқбуда, истеҳсол ва ба муомилот баровардани сӯзишвории дизелии дар техникаҳои кишоварзӣ ва ҳарҷогард истифодашаванда, бо адади сетании на кам аз 45 ва ҳиссаи вазни сулфур на зиёд аз 2000 мг/кг ва ҳангоми мутобиқати хусусиятҳои боқимонда ба талаботи дар замимаи №2 Регламенти техникии мазкур пешбинишуда иҷозат дода мешавад.

14. Дар сӯзишвории дизелӣ ба ғайр аз иловакунандаҳои антистатикӣ, ба истифодаи иловакунандаи металлдор иҷозат дода намешавад.

15. Бензини автомобилӣ ва сӯзишвории дизелӣ метавонанд рангкунанда (ба ғайр аз ранги сабз ва кабуди осмонӣ) ва маводнишонагузор дошта бошанд.

16. Мазут бояд ба талаботи дар замимаи №3 Регламенти техникии мазкур нишондодашуда ҷавобгӯй бошад.

17. Ҳиссаи вазни сулфур дар мазути аловие, ки дар дегҳои буғӣ истифода мешавад ва барои тоза кардани газҳои дудӣ таҷҳизонида нашудаанд, набояд аз 3 фоиз зиёд бошад.

18. Мазут набояд дар таркибаш сулфид дошта бошад.

19. Сӯзишворӣ барои муҳаррики реактивӣ бояд ба талаботи дар замимаи №4 Регламенти техникии мазкур нишондодашуда мутобиқ бошад.

20. Сӯзишворӣ барои муҳаррики реактивӣ набояд маводи фаъолу сатҳӣ ва дигари кимиёвиро бо он миқдоре, ки хосиятҳои онро вайрон кунад, дошта бошад.

21. Сӯзишворӣ барои муҳаррики реактивӣ, ки дар иқлими хунук ва арктикӣ истифода бурда мешавад, бояд дорои ҳарорати ибтидоии булӯршавии на зиёда аз - 60 дараҷаи Селсий бошад.

22. Ба фурӯш баровардани сӯзишворӣ барои муҳаррики реактивӣ бо ҳарорати алангаи на кам аз 38 дараҷаи Селсий дар зарфи пӯшида иҷозат дода мешавад.

23. Маҳсулот метавонад иловакунандаҳое дошта бошад, ки барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, муҳити атроф, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳаёт ва саломатии ҳайвоноту наботот зарар нарасонад.

5. Таъминоти мутобиқат ба талаботи бехатарӣ

24. Мутобиқати маҳсулот ба Регламенти техникии мазкур ҳангоми аз тарафи истеҳсолкунанда (фурӯшанда) иҷро гардидани талабот ба ҷараёни истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истифодабарӣ ва истифодаи партовҳои маҳсулот, инчунин риояи меъёрҳо оид ба бехатарии сӯхтор, экологӣ ва биологӣ, ки дар алоқамандӣ бо Регламенти техникии мазкур, стандартҳо ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, таъмин мегардад.

25. Усулҳои ташхиси маҳсулот дар стандартҳоӣ бо Регламенти техникии мазкур алоқамандбуда муқаррар мегардад.

6. Баҳодиҳии мутобиқат

26. Тасдиқи мутобиқати маҳсулот аз тарафи таҳвилкунандаи маҳсулот дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ дар асоси далелу исботи бо ҷалби озмоишгоҳҳои аккредитатсияшуда гирифташуда, амалӣ мешавад.

27. Баҳодиҳии мутобиқат нисбати инҳо гузаронида мешавад:

- маҳсулоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шудааст - дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ:

- маҳсулоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот мебошад - дар шакли назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур.

28. Дар ҳолати тасдиқи ҳатмии мутобиқат дархостдиҳанда истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ба ҳисоб меравад.

29. Нисбати маҳсулоте, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад, тасдиқи ҳатмии мутобиқат аз тарафи фурӯшандае, ки дар асоси шартнома вазифаи истеҳсолкунандаи хориҷиро иҷро менамояд, дар самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- таъмини мутобиқати маҳсулоти воридшаванда ба талаботи Регламенти техникии мазкур;

- масъулият барои номутобиқатии маҳсулоти воридшаванда ба талаботи Регламенти техникии мазкур.

30. Тасдиқи ҳатмии мутобиқат барои ҳар навъи маҳсулот ба таври алоҳида гузаронида мешавад.

31. Дар ҳолати тасдиқи ҳатмии мутобиқати маҳсулот ба Регламенти техникии мазкур истеҳсолкунанда вазифадор аст:

- назорати истеҳсолотро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини мутобиқати маҳсулот дар раванди истеҳсолот ба талаботи Регламенти техникии мазкур ҳамаи тадбирҳои заруриро андешад:

- ташхиси пешакии ҳар як миқдори муайяни маҳсулотро дар озмоишгоҳи истеҳсолӣ барои назорати дохилӣ, ҷиҳати мутобиқат ба талаботи Регламенти техникии мазкур бо усулҳои дар стандартҳои бо Регламенти техникии мазкур алоқамандбуда, гузаронад.

32. Сертификатсияи ҳатмии миқдори маҳсулоти ба фурӯш баровардашуда, тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.

33. Тартиби гузаронидани сертификатсияи ҳатмии маҳсулот инҳоро дар бар мегирад:

- пешниҳоди дархост;

- интихоби намуна ва ҳаммонанди маҳсулот;

- гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулот дар озмоишгоҳи мустақили ташхисии аккредитатсияшуда;

- ҷамъбасти натиҷаи ташхис ва қабули қарор оид ба додан ва ё надодани сертификати мутобиқат ба дархостдиҳанда;

- ба дархостдиҳанда додани сертификати мутобиқат, ки мӯҳлати он 1 сол мебошад;

- гузаронидани назорати санҷишии маҳсулоти сертификатсияшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани чорабиниҳои дақиқ дар ҳолати номутобиқатии маҳсулот ба талаботи муқарраршуда ва нодуруст истифодабарии нишони ба муомилот.

34. Тасдиқи ҳатмии мутобиқати бензини автомобилӣ ва сӯзишвории дизелӣ дар ҳолати истеҳсоли он ба воситаи омехтакунонии маҳсулоти нафти, аз он ҷумла илова намудани иловакунандаҳои гуногунтавлид дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ бо гузаронидани ташхиси намунаи он ва назорати санҷишии маҳсулоти сертификатсияшуда, амалӣ мегардад.

7. Муқаррароти хотимавӣ

35. Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

36. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати маҳсулот, ки то мавриди амал қарор гирифтани Регламенти техникии мазкур, дода шудаанд, то ба охир расидани мӯҳлати амалашон, эътибор доранд.

37. Иҷрои талаботи Регламенти техникии мазкур барои риоя аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бамеъёрдарории техникӣ ҳатмӣ мебошад.

38. Шахсоне, ки ба вайрон намудани талаботи Регламентии техникии мазкур роҳ медиҳанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014, № 30

тасдиқ шудааст

Талабот ба хосиятҳои бензини автомобилӣ

+------------------------+-------+-----------------------------------ҷ
|Хосиятҳои бензини       |Воҳиди |   Меъёр нисбати дараҷаи экологӣ   |
|автомобилӣ              |ченак  +---------+-------+--------+--------+
|                        |       | Дараҷаи |дараҷаи|дараҷаи |дараҷаи |
|                        |       |    2    |   3   |   4    |   5    |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Ҳиссаи вазни сулфур на  | мг/кг |   500   |  150  |   50   |   10   |
|зиёда аз:               |       |         |       |        |        |

|Ҳиссаи вазни ҳаҷми      |   %   |    5    |   1   |   1    |   1    |
|бензол на зиёд:         |       |         |       |        |        |

|Ҳиссаи вазни оксиген на |   %   | Муайян  |  2,7  |  2,7   |  2,7   |
|зиёда аз:               |       |намешавад|       |        |        |

|Ҳиссаи ҳаҷми карбогид   |   %   |         |       |        |        |
|ридҳо на зиёда аз:      |       |         |       |        |        |

|хушбӯй                  |       | Муайян  |   42  |   35   |   35   |
|                        |       |намешавад|       |        |        |

|олефинӣ                 |       | Муайян  |   18  |   18   |   18   |

|Адади октанӣ:           |       |         |       |        |        |

|бо усули тадқиқотӣ на   |   -   |    92   |   92  |   92   |   95   |
|кам аз                  |       |         |       |        |        |

|бо усули моторӣ на кам  |       |    83   |   83  |   83   |   85   |
|аз                      |       |         |       |        |        |

|Фишори буғҳо:           |  кПа  |         |       |        |        |

|дар фасли тобистон      |       |  35-80  | 35-80 |  35-80 |  35-80 |

|дар фасли зимистон      |       | 35 -100 |35 -100| 35 -100|35 - 100|

|Вазни ҳаҷми оксигенатов |   %   |         |       |        |        |
|на зиёд аз              |       |         |       |        |        |

|метанол                 |       | Муайян  |   1   |    1   |   1    |

|этанол                  |       | Муайян  |   5   |    5   |   5    |

|изопропанол             |       | Муайян  |  10   |   10   |   10   |

|третбутанол             |       | Муайян  |   7   |    7   |    7   |

|изобутанол              |       | Муайян  |  10   |   10   |   10   |

|Эфирҳое, ки 5 ё зиёда аз|       | Муайян  |       |        |        |
|он дар молекулаҳо атом- |       |намешавад|  15   |   15   |   15   |
|ҳои карбон доранд       |       |         |       |        |        |

|Дигар оксегантҳо (бо    |       | Муайян  |  10   |   10   |   10   |
|ҳарорати чӯшиш на кам аз|       |намешавад|       |        |        |
|210 шС)                 |       |         |       |        |        |

|Консентратсияи қӯрғошим | мг/дм3|    5    |   5   |    5   |    5   |
|на зиёда аз             |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Ҳиссаи ҳаҷми            |       |         |       |        |        |
|монометиланилин на зиёда|   %   |   1,3   |   1   |   1    |  нест  |
|аз                      |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Консентратсияи оҳан на  |мг/дм3 |   нест  |  нест |  нест  |  нест  |
|зиёда аз                |       |         |       |        |        |

|Консентратсияи манган на| мг/дм3|   нест  |  нест |  нест  |  нест  |

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014, № 30

тасдиқ шудааст

Талабот ба хосиятҳои сӯзишвории дизелӣ

+------------------------+-------+-----------------------------------ҷ
|Хосиятҳои сӯзишвории    |Воҳиди |   Меъёр нисбати дараҷаи экологӣ   |
|дизелӣ                  |ченак  +---------+-------+--------+--------+
|                        |       |    К2   |   К3  |   К4   |   К5   |

|Ҳиссаи вазни сулфур на  | мг/кг |   500   |  350  |   50   |   10   |
|зиёда аз:               |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Ҳарорати аланга дар     |  шС   |         |       |        |        |
|зарфи пӯшида на кам аз: |       |         |       |        |        |

|Барои сӯзишвории дизелии|       |    40   |   40  |   55   |   55   |
|тобистона               |       |         |       |        |        |

|Барои сӯзишвории дизелии|       |    30   |   30  |   30   |   30   |
|зимистона ва арктикӣ    |       |         |       |        |        |

|Таркиботи ҷузъиётии-95  |       |         |       |        |        |
|фоизи ҳаҷми буғронӣ дар |   шС  |   360   |  360  |   360  |   360  |
|ҳарорати на зиёда аз    |       |         |       |        |        |

|Ҳиссаи вазни полисиклии |       |         |       |        |        |
|ароматии карбогидридҳо  |   %   |    -    |   11  |    11  |     8  |
|на зиёда аз             |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Адади сетанӣ барои      |       |         |       |        |        |
|сӯзишвории дизелии      |   -   |   45    |   51  |    51  |    51  |
|тобистона, на кам аз    |       |         |       |        |        |

|Адади сетанӣ барои      |       |  муайян |       |        |        |
|сӯзишвории дизелии      |   -   |намешавад|   47  |    47  |    47  |
|зимистона на зиёда аз   |       |         |       |        |        |

|Қобилияти молиданӣ на   |  мкм  |   460   |  460  |   460  |   460  |
|зиёда аз                |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Ҳудуди ҳарорати филтргу-|  шС   |         |       |        |        |
|зарӣ на зиёда аз        |       |         |       |        |        |

|Сӯзишвории дизелӣ барои |       |минус 20 | минус |минус 20|минус 20|
|иқлими хунук            |       |         |  20   |        |        |

|Сӯзишвории дизелӣ барои |       |минус 38 | минус |минус 38|минус 38|
|иқлими арктикӣ          |       |         |   38  |        |        |
|Сӯзишвории дизелӣ барои |       |минус 15 | минус |минус 15 минус 15|
|байни фаслҳо            |       |         |   15  |        |        |

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014, № 30

тасдиқ шудааст

Талабот ба хосиятҳои мазут

+--------------------------------+-------------------+---------------ҷ
|       Хосиятхои мазут          |    Воҳиди ченак   |    Меъёр      |
+--------------------------------+-------------------+---------------+
|Ҳиссаи вазни сулфур на зиёда аз:|         %         |     3,5       |

|Ҳарорати аланга дар зарфи кушода|         шС        |      90       |
|на кам аз:                      |                   |               |

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014, № 30

тасдиқ шудааст

Талабот ба хосиятҳои сузишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ

+----------------------------------------------+---------+-----------ҷ
|Хосиятҳои сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои         | Воҳиди  | Меъёр ба  |
|реактивӣ                                      |  ченак  |сӯзишвории |
|                                              |         |тамғаи "РТ"|
+----------------------------------------------+---------+-----------+
|Часпакии кинематикӣ дар ҳарорати: минус 20шС, |мм2 /сон |     8     |
|на зиёда аз                                   |         |           |

|Ҳарорати ибтидоии булӯршавӣ на зиёда аз       |   шС    | минус 50  |

|ё                                             |         |           |

|ҳарорати яхбандӣ на зиёда аз                  |   шС    | минус 47  |

|Миқдори омехтаҳои механикӣ  ва об             |    -    |   нест    |

|Таркиботи ҷузъиётӣ:                           |         |           |

|10 % буғронӣ дар ҳарорати на зиёда аз         |   шС    |    205    |

|90 % буғронӣ дар ҳарорати на зиёда аз         |   шС    |    300    |

|Боқимонда аз буғронӣ на зиёда аз              |    %    |    1,5    |

|Талафот аз буғронӣ на зиёда аз                |    %    |    1,5    |

|Баландии шӯълаи дуднашуда на кам аз           |   мм    |     25    |

|Ҳарорати аланга дар зарфи пӯшида на кам аз    |   шС    |     28    |

|Ҳиссаи вазни ҳаҷми карбогидридҳои хушбӯй на   |    %    |     25    |
|зиёда аз                                      |         |           |

|Ҳиссаи вазни қатронҳои воқеӣ на зиёда аз      |мг/100см3|      4    |

|Ҳиссаи вазни ҳиссаи сулфур на зиёда аз        |    %    |   0,25    |

|Миқдори ҳиссаи сулфури меркаптанӣ на зиёда аз |    %    |  0,003    |

|Устувории оксидшавӣ дар гармӣ дар ҳарорати    |         |           |
|назоратии на кам аз:                          |   шС    |    260    |

|Зина ба зина афтидани фишор дар филтр на зиёда| мм рт.ст|     25    |
|аз                                            |         |           |

|Ранги такшин дар лӯла, балҳо аз рӯи ҷадвали   |    -    |      3    |
|ранг (ҳангоми набудани такшинҳои ғайрихос) на |         |           |

|Устувории оксидшавӣ дар гармӣ дар шароити     |         |           |
|динамикӣ:                                     |         |           |

|Ҳарорати ибтидоӣ ҳангоми ба вуҷуд омадании    |   шС    |     80    |
|такшинҳо на кам аз                            |         |           |

|Устувории гармӣ на зиёда аз                   |    -    |      6    |

|Суръати маҳкам кардани филтри санҷишӣ на зиёда| кПа/мин.|    0,5    |

|Барқгузаронии қиёсӣ:                          |  пСм/м  |           |

|Бе иловакунандаҳои статистикӣ на зиёда аз     |         |     10    |

|Бо иловакунандаҳои қиёсӣ на зиёда аз          |         |  50-600   |

|Консентратсияи қӯрғошим | мг/дм3|   нест  | нест  |  нест  |  нест  |
|на зиёда аз             |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Ҳиссаи ҳаҷми            |       |         |       |        |        |
|монометиланилин на зиёда|   %   |   1,3   |   1   |   1    |  нест  |
|аз                      |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Консентратсияи оҳан на  |мг/дм3 |   нест  |  нест |  нест  |  нест  |
|зиёда аз                |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Консентратсияи манган на| мг/дм3|   нест  |  нест |  нест  |  нест  |
|зиёда аз                |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014, № 30

тасдиқ шудааст

Талабот ба хосиятҳои сӯзишвории дизелӣ

+------------------------+-------+-----------------------------------ҷ
|Хосиятҳои сӯзишвории    |Воҳиди |   Меъёр нисбати дараҷаи экологӣ   |
|дизелӣ                  |ченак  +---------+-------+--------+--------+
|                        |       |    К2   |   К3  |   К4   |   К5   |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Ҳиссаи вазни сулфур на  | мг/кг |   500   |  350  |   50   |   10   |
|зиёда аз:               |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Ҳарорати аланга дар     |  шС   |         |       |        |        |
|зарфи пӯшида на кам аз: |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Барои сӯзишвории дизелии|       |    40   |   40  |   55   |   55   |
|тобистона               |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Барои сӯзишвории дизелии|       |    30   |   30  |   30   |   30   |
|зимистона ва арктикӣ    |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Таркиботи ҷузъиётии-95  |       |         |       |        |        |
|фоизи ҳаҷми буғронӣ дар |   шС  |   360   |  360  |   360  |   360  |
|ҳарорати на зиёда аз    |       |         |       |        |        |
+------------------------+-------+---------+-------+--------+--------+
|Ҳиссаи вазни полисиклии |       |         |       |        |        |
|ароматии карбогидридҳо  |   %   |    -    |   11  |    11  |    11  |