Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 январи соли 2014, № 29
тасдиқ шудааст
Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Регламенти техникии мазкур дар қисми тамғагузории маҳсулоти хӯрокворие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот мебошанд, татбиқ карда мешавад. Регламенти техникии мазкур инчунин талаботро ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисми тамғагузории он бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳое, ки истеъмолкунандаро вобаста ба таъмини татбиқи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда барои гирифтани иттилооти дақиқ дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ ба иштибоҳ мебарад, муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникии мазкур барои маҳсулоти хӯрокворие, ки истеҳсоли онро муассисаҳои хӯроки умумӣ дар раванди хизматрасониҳои хӯроки умумӣ барои истеъмол дар ҷои истеҳсолот омода мекунанд ва ҳамчунин ба маҳсулоти хӯрокворие, ки аз тарафи шахсони воқеӣ дар хоҷагии шахсии худ ва на бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ истеҳсол намуданд, татбиқ карда намешаванд.
3. Ҳангоми истифодаи регламенти техникии мазкур бояд талаботи регламентҳои техникӣ барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар самти тамғагузории онҳо, ки ба регламенти техникии мазкур мухолиф набошад, ба инобат гирифта шавад.
2. Мафҳумҳои асосӣ
4. Дар регламенти мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ - иттилоот дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ, дар шакли навиштаҷот, расмҳо, нишонаҳо, рамзҳо ва дигар аломатҳо ё маҷмӯи онҳо дар бастаҳои истеъмолӣ, бастаҳои интиқолӣ ё дигар намудҳои дорои маълумот, ки дар бастаҳои истеъмолию интиқолӣ насб карда шудаанд ё ҳамроҳ карда шудаанд;
- борчасп - ҳомили иттилооте, ки дар он тамғагузорӣ сабт шудааст ва дар бастаҳои истеъмолию интиқолӣ насб карда шудаанд, аз ҷумла бо роҳи часпонидан;
- санаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ - санаи ба охир расидани раванди технологии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ;
- иттилоот дар бораи нишонаҳои фарқкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ маълумот дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки хусусиятҳои маҳсулоти фарқкунанда доштани хӯроквориро аз дигар маҳсулоти хӯрокворӣ (аз ҷумла дар бораи арзиши ғизоӣ, ҷойи истеҳсол, таркиб, дигар хусусиятҳо) тасдиқ менамояд;
- варақаи замима - ҳомили исттилооте, ки дар он тамғагузорӣ сабт шудааст ва дар бастаҳои истеъмолӣ ё бастаҳои интиқолӣ ё ки ба бастаҳои истеъмолӣ ё бастаҳои интиқолӣ ҳамроҳ карда шудаанд;
- истеъмолкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасони)-ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд;
- номи гузошташудаи маҳсулоти ғизоӣ - калима ё ибораҳое, ки метавонанд номи маҳсулоти хӯроквориро пурра намоянд. Номи гузошташудаи маҳсулоти хӯрокворӣ метавонад, хусусиятҳои истеъмолии онро инъикос (тасвир) накунад ва набояд номи маҳсулоти хӯроквориро иваз намояд;
- маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда - маҳсулоти хӯрокворие, ки дар бастаҳои истеъмолӣ ҷой карда шудаанд.
3. Талабот ба тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ
5. Талабот ба тамғагузории маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда.
Тамғагузории маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда бояд дорои маълумоти зерин бошад:
- номи маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 23 боби 6 дарҷ шудаанд ва агар ин нишондод дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ дарҷ нагардида бошад;
- миқдори маҳсулоти хӯрокворӣ;
- санаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ;
- мӯҳлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- шароити нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунанда нишон дода шудааст ё дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинӣ шудаанд. Барои маҳсулоти хӯрокворие, ки сифат ва бехатариашон пас аз кушодани бастаҳои маҳсулот тағйир меёбанд, аз вайроншавӣ ҳифзкунанда, ҳамчунин баъд аз кушодани бастаҳо мӯҳлати истеъмолиашон нишон дода мешавад;
- ном ва маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ё ному насаби он ва суроғаи соҳибкори инфиродӣ - истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ (минбаъд - ном ва маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунанда) ва ҳамчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ин регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахсе, ки аз тарафи истеҳсолкунанда салоҳиятдор шудааст, ном ва маҳалли ҷойгиршавии ташкилот - содироткунанда ё ному насаб ва ҷойи ҷойшавии соҳибкори инфиродӣ - содироткунанда (минбаъд ном ва суроғаи содироткунанда);
- тавсия ва маҳдудиятҳо оид ба истифода, аз ҷумла тайёр намудани маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳолате ки, агар истифодаи он бе маълумоти тавсияшаванда ва маҳдудиятҳо душвор бошад, ё мумкин аст ба саломатии истеъмолкунандагон ва моликияти онҳо хатарнок бошад ва хусусиятҳои тамъии маҳсулоти хӯрокворӣ паст ё гум шаванд;
- нишондиҳандаҳои арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ бо дарназардошти муқаррароти боби 11;
- маълумот дар бораи мавҷудияти таркибҳое, ки бо истифодаи организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (минбаъд-ОГТ);
- тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ бе гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ анҷом дода мешавад.
6. Бо дарназардошти банди 5 боби мазкур нишон додан дар шакли навиштаҷот тамғагузории маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда бояд бо забони давлатӣ ва забони давлати фармоишдиҳанда ба роҳ монда шавад. Нишон додани маълумот барои истеъмолкунанда дар бастаҳо ва матн дар тамғагузории маҳсулоти хӯрокворие, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, аз он ҷумла бо забони давлатӣ бошад.
7. Дар тамғаи маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда бояд, маълумоти иловагӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳо, ки мутобиқи онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол ё ҳаммонанд (идентификатсия) карда шудааст, номи гузошташудаи маҳсулоти хӯрокворӣ, тамғаи молӣ, маълумот дар бораи дорандаи ҳуқуқи махсус ба тамғаи молӣ, номи ҷойи истеҳсолшавии маҳсулоти хӯрокворӣ, ном ва суроғаи иҷозатномадиҳанда, аломатҳои системаи сертификаткунонии ихтиёрӣ нишон дода шаванд.
8. Талаботи иловагӣ ба тамғагузории маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда, ки ба талаботи регламенти техникии мазкур мухолифат накунанд, метавонанд дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муайян карда шавад.
9. Нӯшокиҳои ғайриспиртии дорои кофеин ба миқдори зиёда аз 150мг/л ва (ё) растаниҳои шифобахш ва шираи онҳо бо миқдори кофӣ барои таъмини рӯҳафзоӣ ва қувватдиҳӣ ба ҷисми инсон, бояд бо навиштаҷоти "Барои истифода ба кӯдакони то синни 18-сола, дар вақти ҳомиладорӣ ва ширмакконӣ, ҳамчунин ба шахсони гирифтори бемориҳои ҳаяҷони баланди асаб, бехобӣ, фишори баланди хун тавсия дода намешавад" тамғагузорӣ шавад.
4. Талаботи умумӣ ба тамғагузории маҳсулоти хӯрокворие, ки дар бастаҳои интиқолӣ ҷой карда шудаанд
10. Тамғагузории бастаҳои интиқолӣ, ки дар он маҳсулоти хӯрокворӣ ҷой карда шудаанд; бояд дорои чунин маълумот бошад:

- шароити нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ;
- маълумоте, ки барои ҳаммонандкунии (идентификатсияи) маҷмӯи маҳсулоти хӯрокворӣ иҷозат дода мешавад (масалан, рақами партия):
- ном ва ҷойи воқеъшавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ё ному насаби он ва суроғаи соҳибкори инфиродӣ - истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ.
11. Дар ҳолате ки агар дар бастаҳои интиқолӣ маҳсулоти хӯрокворӣ бе бастаҳои истеъмолӣ, ки барои баркашида печонидани минбаъда (ба конфетҳо, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ) ба истеҳсолкунанда муқаррар карда шудааст, ҷой дода шаванд, тамғагузории бастабандии интиқолӣ, ки дар он ин маҳсулоти хӯрокворӣ ҷой карда шудааст, бояд ба талаботи пешбинишудаи банди 5 боби 3 мутобиқат намояд.
12. Бо дарназардошти банди 10 боби 4 нишондоди навиштаҷоти тамғаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар бастаҳои интиқолӣ ҷой дода шудаанд, бояд дар ҳолати мутобиқат ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое ки, дар банди 59 боби 10 дарҷ гардидаанд, бо забони давлатӣ нишон дода шавад.
13. Дар ҳолате ки агар тамғагузорӣ аз рӯи банди 5 боби 3 ва нишондоди бастаҳои истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар бастаҳои интиқолӣ ҷой дода шудаанд, пешбинӣ шуда бошад, мумкин аст ба маълумоти истеъмолкунанда ҳамон маҳсулот бе вайроншавии бастаи интиқолӣ расонида шавад, барои насб накардани ин тамғаҳои нишондодашуда ба бастаҳои интиқолӣ иҷозат дода мешавад.
14. Дар тамғаи маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда, ки дар бастаҳои интиқолӣ ҷой дода шудаанд, мумкин аст маълумоти иловагӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол ё ҳаммонанд (идентификатсия) карда шудааст, номи интихобшудаи маҳсулоти хӯрокворӣ, нишони молӣ, маълумот дар бораи дорандаи ҳуқуқи махсус ба нишони молӣ, номи ҷойи истеҳсолшавии маҳсулоти хӯрокворӣ, ном ва суроғаи иҷозатномадиҳанда, аломатҳои системаи сертификаткунонии ихтиёрӣ нишон дода шавад.
15. Талаботи иловагӣ ба тамғагузории маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда, ки дар бастаҳои интиқолӣ ҷой дода шудаанд ва ба талаботи регламенти техникии мазкур мухолифат накунанд, метавонанд дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муайян карда шавад.
5. Талаботи умумӣ нисбати ташаккули номи маҳсулоти хӯрокворӣ
16. Номи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар бастаҳо нишон дода шудааст, бояд ба мансубияти он ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва тавсифи дурусти он ва ҳамчунин барои фарқ намудани он аз маҳсулоти хӯроквории дигар далолат кунад.
17. Ҳангоми эътибор пайдо кардани регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ номи маҳсулоти хӯрокворӣ бояд ба талаботи онҳо мутобиқат кунад.
18. Маълумот дар бораи хосиятҳои физикӣ ва роҳҳои махсуси коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ (аз нав барқароршуда, дуддодашуда, парвардашуда, кӯфташуда, бо нурафкании ионӣ коркардашуда, маҳсулоти хӯроквории сублиматсияшуда ва дигар маълумот дар бораи он)- ро дар номи маҳсулоти хӯрокворӣ дохил мекунанд ё дар наздикии номи маҳсулот ҷой медиҳанд, дар ҳолати набудани чунин маълумот истеъмолкунанда (харидор)-ро ба шубҳа меорад. Талабот ба ин маълумот дар муносибат бо намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯроквориро регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар менамоянд.
19. Дар номи маҳсулоти хӯрокворӣ нишон додани компонентҳо, агар онҳо ё маҳсулоти коркардашудаи онҳо дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ дохил набошанд, иҷозат дода намешавад.
20. Дар ҳолате ки агар дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ хушбӯйкунандаҳо истифода шаванд, ба номи маҳсулот дохил намудани номи компоненте, ки хушбӯйкунандаро иваз менамояд ва ба таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ дохил намешавад, бо истифодаи калимаҳои "бо тамъи" ё "бо хушбӯйкунандаи" иҷозат дода мешавад.
21. Талаботи иловагӣ ба нишондоди номи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба талаботи регламенти техникии мазкур мухолифат накунад, метавонад дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар карда шавад.
22. Ҳангоми мутобиқати тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ ба регламенти техникии мазкур, ва инчунин ба дигар намудҳои алоҳидаи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо тааллуқ доранд, маҳсулоти хӯрокворӣ ба муомилот бароварда мешавад.
6. Талаботи умумӣ нисбати дар тамғагузорӣ нишон додани таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ
23. Компонентҳое, ки ба таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ дохил мешаванд, бо тартиби камшавии ҳиссаи вазни онҳо дар вақти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ нишон дода мешавад, агар дигар ҳолатҳо дар талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар нашуда бошанд.
Пеш аз нишон додани компонентҳои мазкур бояд бевосита навиштаҷоти "таркиб" ҷой дода шавад.
24. Ҳангоми дар маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷуд будани компонентҳои таркибӣ (аз ду ва ё зиёда компонентҳо таркибёфта) дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ бо риояи талаботи банди 5 боби 3 номгӯи ҳамаи компонентҳое, ки дар таркиби ин компоненти таркибӣ дохил мешаванд, нишон дода мешавад ё компоненти таркибӣ бо илова намудани компонентҳо ба он дар қавсайн, бо тартиби камшавии ҳиссаи вазни онҳо нишон дода мешавад. Дар ҳолате ки, агар ҳиссаи вазни компонентҳои таркибӣ 2 фоиз ё камтар аз онро ташкил диҳад, компонентҳои ба он дохилшаванда нишон дода намешаванд, ба истиснои иловагиҳои ғизоӣ, хушбӯйкунандаҳо ва иловагиҳои ғизоии ба таркиби онҳо дохилшаванда, моддаҳои фаъоли биологӣ ва растаниҳои доруворӣ, компонентҳое, ки бо истифодаи ОГТ ва компонентҳои дар банди 36 боби мазкур нишондодашуда.
25. Дар ҳолати дар маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷуд будани компонентҳо ҳиссаи вазнашон 2 фоиз ё камтар аз онро ташкил медиҳад, нишон додани онҳо дар ҳама гуна ҳолати минбаъда баъди компонентҳое, ки ҳиссаи вазнашон зиёда аз 2 фоизро ташкил медиҳад, агар он дар регламенти техникӣ барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар нашуда бошад, иҷозат дода мешавад.
26. Номи компоненте, ки маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад, дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи талаботи боби 5 нишон дода мешавад. Номи компонентҳое, ки дар замимаи 1 регламенти техникии мазкур нишон дода шудаанд, мумкин аст дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ бо номи мутобиқкунанда ба намудҳои маҳсулоти ғизоӣ, ба истиснои ҳолатҳое ки, агар номи ин компонентҳо дар номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ истифода шуда бошанд, нишон дода шавад.
27. Ҳангоми дар маҳсулоти ғизоӣ мавҷуд будани хушбӯйкунандаҳо дар тамғагузории таркиби он бояд калимаи "хушбӯйкунанда" ҷой дода шавад. Номи гузошташудаи маҳсулоти ғизоӣ дар муносибат бо хушбӯйкунандаҳо дар таркиби маҳсулоти ғизоӣ нишон дода намешавад.
28. Ҳангоми мавҷудияти иловагиҳои ғизоӣ дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ бояд таъиноти функсионалӣ (технологӣ) - (батанзимдарорандаи туршнокӣ, устуворкунанда(стабилизатор), эмулсияофар ва дигар таъиноти функсионалӣ) ва номи иловагии ғизоӣ мумкин аст бо индекси иловагии ғизоӣ мутобиқи системаи рақамии байналмилалӣ (INS) ё системаи рақамии аврупоӣ (Е) иваз карда шаванд. Агар иловагии ғизоӣ таъиноти гуногуни функсионалӣ дошта бошад, таъиноти технологӣ, ки бо мақсади истифодаи он мутобиқат мекунад, нишон дода мешавад. Оксиди карбон, ки ба сифати компонент дар вақти 7 истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешавад, ҳангоми дохил намудан ба тамғаи маҳсулоти хӯрокворӣ навиштаҷоти "газдор" ё монанди он дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ нишон дода намешавад.
29. Нишон додани таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ нисбати инҳо талаб карда намешавад:
- меваҳои тару тоза (ҳамчунин бутамеваҳо)" ва сабзавот (ҳамчунин картошка), ки пӯсти онҳо тоза накарда бошад, бурида нашуда бошад ё бо ягон тариқ коркард нашуда бошад.
- сиркое, ки аз як намуди маҳсулоти истеъмолӣ (бе илова намудани дигар компонентҳо) тайёр карда шуда бошад.
- маҳсулоти хӯрокворие, ки аз як компонент таркиб ёфтаанд, бо шарте, ки номи маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷудияти ин компонентро муайян кунад.
30. Ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 36 боби мазкур нишон дода шудаанд, ба компонентҳо тааллуқ надоранд ва дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ нишон дода намешавад:
- моддаҳое, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ аз нишондоди таркиби компонентҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ҷудо карда мешаванд ва дар марҳилаи минбаъдаи раванди технологии истеҳсолот бе зиёд намудани миқдори ин моддаҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ илова карда мешавад;
- моддаҳое, ки ба таркиби як ё якчанд компонентҳо дохил мешаванд ва хусусиятҳои маҳсулоти ғизоиеро, ки дорои ин компонентҳо мебошанд, тағйир намедиҳанд;
- воситаҳои ёридиҳандаи технологӣ, ки дар вақти истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории мушаххас истифода мешаванд;
- моддаҳое, ки ба таркиби хушбӯйкунандаҳо ё иловагиҳои ғизоӣ ба сифати ҳалкунандаҳо ва моддаҳои хушбӯйкунандаи тамъ истифода мешаванд.
31. Об дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳолатҳое нишон дода намешавад, ки агар он:
- дар раванди истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои барқарор намудани маҳсулоти ғизоии консентратсияшуда, ғализкардашуда ё хушк истифода карда шавад;
- ба таркиби компонентҳои моеъ дохил бошад, аз ҷумла (пиёба, парварда (маринад), намакоб, шарбат), ки дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ нишон дода шуда бошад;
32. Компонентҳое, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ аз маҳсулоти ғизоии консентратсияшуда, ғализкардашуда ё хушккардашуда барқарор шудаанд, аз рӯи ҳиссаи вазни онҳо баъд аз барқароркунӣ, нишон дода мешавад.
33. Меваҳо (ҳамчунин буттамеваҳо), сабзавот (ҳамчунин картошка), чормағзҳо, растаниҳои хӯшадор, замбуруғҳо, дорувор, хӯришҳо, ки ба омехтагиҳо дохил мешаванд ва аз рӯи ҳиссаи вазн фарқ намекунанд, мумкин аст дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳама гуна ҳолатҳои минбаъда бо нишондоди навиштаҷоти "дар муносибати ивазкардашуда" нишон дода шавад.
34. Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар таркибашон ширинкунандаҳо - спирти шакарӣ дохил мешаванд, баъд аз нишон додани таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ, бояд бевосита бо навиштаҷоти зерин пур карда шавад: Дорои ширинкунандаҳо аст. Ҳангоми аз меъёр зиёд истифода намудан метавонад таъсири исҳоловарӣ дошта бошад.
35. Компонентҳо (аз ҷумла иловагиҳои ғизоӣ, хушбӯйкунандаҳо), иловагиҳои фаъоли биологӣ, ки истеъмолашон метавонад таъсири аллергиявӣ диҳад ё ҳангоми намудҳои алоҳидаи бемориҳо ғайри қобили истеъмол бошад ва онҳое, ки дар банди 36 боби мазкур дарҷ шудаанд, новобаста аз миқдорашон дар таркиби маҳсулоти ғизоӣ нишон дода мешавад.
36. Ба компонентҳое, ки зиёдтар паҳн шудаанд ва истеъмолашон мумкин аст, таъсири аллергиявӣ диҳад ё ба намудҳои алоҳидаи бемориҳо ғайри қобили истеъмол бошад, дохил мешаванд:
- чормағзи заминӣ, чормағзҳо ва маҳсулоти коркардашудаи онҳо;
- аспартам ва намаки аспартам- атсесулфам;
- хардал ва маҳсулоти коркардашудаи он;
- оксидҳои сулфат ва сулфитҳо, агар таркиби умумии онҳо зиёда аз 10 миллиграмм дар 1 кг ё 10 миллиграммро дар 1 литр бо ҳисоби оксиди сулфат ташкил диҳад;
- растаниҳои хӯшадор, ки дорои глютен мебошанд ва маҳсулоти коркардашудаи онҳо;
- кунҷит ва маҳсулоти коркардашудаи он;
- тирмис (люпин) ва маҳсулоти коркардашудаи он;
- нармбаданҳои баҳрӣ, харчангшаклон ва маҳсулоти коркардашудаи онҳо;
- шир ва маҳсулоти коркардашудаи он;
- моҳӣ ва маҳсулоти коркардашудаи он (ғайр аз желатини моҳигӣ, ки ба сифати асос дар маводҳои дорои витамин ва каротинбуда истифода бурда мешавад):
- карафс ва маҳсулоти коркардашудаи он;
- лубиё ва маҳсулоти коркардашудаи он;
- тухм ва маҳсулоти коркардашудаи он.
37. Маълумот дар бораи хусусиятҳои аллергиявии компонентҳоро, ки дар банди 36 боби мазкур муайян шудаанд дар тамғаи маҳсулоти хӯрокворӣ нишон додан зарур нест, ба истиснои маълумот дар бораи аспартам ва намаки аспартам - атсесулфам, дар ҳолате, ки дар истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ баъд аз нишондоди таркиби он бояд навиштаҷоти "дорои сарчашмаҳои фенилаланинӣ" ҷой дода шавад.
38. Барои маҳсулоти хӯрокворие, ки дар таркиби худ компонентҳои ғаллагӣ доранд, баъд аз нишон додани таркиби маҳсулот, ҷой додани навиштаҷоти "дар таркибаш глютен надорад" иҷозат дода мешавад, дар ҳолате, ки агар компонентҳои ғалладонагии дорои глютен истифода нашуда бошанд, ё ки глютен хориҷ шуда бошад.
39. Дар ҳолате, ки агар компонентҳои дар банди 36 боби мазкур муайяншуда дар истеҳсолоти маҳсулоти ғизоӣ истифода нашуда бошанд, аммо мавҷудияти онҳо дар маҳсулоти хӯрокворӣ пурра номумкин бошад, маълумот дар бораи имкониятҳои мавҷудияти чунин компонентҳо бе восита баъд аз нишон додани таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ ҷой дода мешавад.
40. Барои маҳсулоти хӯрокворие, ки дар таркибашон рангкунандаҳо (азорубин Е122, зарди ҳиноранг Е104, зарди "ғуруби офтоб" FСF Е110, сурхи назаррабо АС Е129, понсо 4К. Е124 ва тартразин Е1402) доранд, бояд навиштаҷоти огоҳкунандаи зерин ҷой дода шавад: Дар таркибаш рангкунандаҳое дорад, ки метавонад ба фаъолият ва диққати кӯдакон таъсири манфӣ расонад.
Ба истиснои машрубот ва маҳсулоти хӯрокворие, ки рангкунандаҳои нишондодашуда дар инҳо барои тамғагузории маҳсулоти қассобӣ ё барои рангуборнамоии ороиши тухм истифода мешавад.
7. Талаботи умумӣ нисбати дар тамғагузорӣ нишон додани миқдори маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда
41. Миқдори маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда дар тамғагузории ин маҳсулот бо воҳиди ҳаҷм (миллилитрҳо, сантилитрҳо ё литрҳо), вазн (грамм ё килограмм) ё шумора (адад) нишон дода мешаванд. Дар ин вақт истифодаи кӯтоҳшудаи нишондиҳандаҳои воҳид, вазн ё ҳаҷми тухм, меваҳо, сабзавот, ки бо адад ба муомилот бароварда мешаванд, нишон дода намешавад.
42. Интихоби бузургиҳо барои нишон додани миқдори маҳсулоти хӯроквории бастабандишаванда, ба истиснои маҳсулоти ғизоие, ки ба таври ададӣ фурӯхта мешаванд, бо ҳисоби қоидаҳои зерин ба роҳ монда мешавад, агар онҳоро регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар накарда бошад:
- агар маҳсулоти хӯрокворӣ моеъ бошад, дар ин вақт ҳаҷми он нишон дода мешавад;
- агар маҳсулоти хӯрокворӣ хамирашакл, ёзанда ё дорои ёзандагии пластикии консистенсионӣ, бошад дар ин вақт ё ҳаҷм ё ин ки вазни он нишон дода мешавад;
- агар маҳсулоти хӯрокворӣ сахт, пошхӯранда ё омехтаи моддаҳои сахт ва моеъ бошад, дар ин вақт вазни он нишон дода мешавад.
Дар як вақт истифодаи ду бузургӣ барои нишон додани миқдори маҳсулоти хӯрокворӣ иҷозат дода мешавад, масалан, вазн ва миқдори адад, вазн ва ҳаҷм.
43. Нишон додани миқдори маҳсулоти хӯрокворӣ дар бастабандии гурӯҳӣ бояд ба таври зерин ба роҳ монда щавад:
- агар маҳсулоти хӯрокворӣ бо як ном дар якчанд бастаҳои истеъмолӣ бастабандӣ шуда бошад, дар ин вақт дар бастаҳои гурӯҳии маҳсулоти хӯрокворӣ миқдори умумии маҳсулот ва шумораи бастаҳои истеъмолӣ нишон дода мешавад.
- агар хосиятҳои бастаҳои гурӯҳӣ барои маҳсулоти хӯроквории бастабандишаванда барои хубтар дидани маълумот дар бораи миқдори маҳсулоти хӯрокворӣ ва ба осонӣ ҳисоб намудани шумораи бастаҳои истеъмолӣ имконият диҳад, дар ин вақт нишон надодани онҳо дар бастаҳои гурӯҳ иҷозатдода мешавад;
- агар маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда аз якчанд бастаҳои истеъмолӣ бо намудҳои гуногуни маҳсулот ва номгӯй ё маҳсулоти алоҳида бо номҳои гуногун иборат бошад, дар ин вақт дар бастаҳои гурӯҳӣ, ки маҳсулоти хӯрокворӣ бастабандӣ шудааст, ном ва миқдори маҳсулоти ҳар як бастаи истеъмолӣ ва (ё) ном, миқдори адад ё вазни ҳар як маҳсулот нишон дода мешавад.
44. Миқдори маҳсулоти хӯрокворие, ки дар бастаҳои интиқолӣ ҷой дода шудаанд, бо воҳиди ҳаҷм (миллилитрҳо, сантилитрҳо ё литрҳо), вазн (грамм ё килограмм) ё ба миқдори воҳидҳои бастабандишуда дар бастаҳои интиқолӣ (ададҳо) бо нишондоди миқдори маҳсулоти хӯрокворие, ки дар ҳар як воҳиди бастабандишуда ҷой дода шудаанд, нишон дода мешавад. Дар ин ҳолат иҷозати истифодаи мухтасари номи воҳидҳо дода мешавад.
45. Дар ҳолате ки агар маҳсулоти хӯрокворӣ дар муҳити моеъ масалан об, маҳлулҳои обии шакар, маҳдулҳои обии кислотаҳои ғизоӣ, маҳлулҳои обии намакҳо, намакоб, сирко, шарбатҳои мевагӣ ва сабзавотӣ дар баробари нишондоди ҳаҷм ва вазни маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо муҳити моеъ ҷой дода шуда бошанд, бояд ҳаҷм ва вазни иловагии маҳсулоти хӯроквории дар мӯҳити моеъ ҷойдодашуда нишон дода шавад. Талаботи мазкур ҳамчунин барои маҳсулоти хӯрокворӣ дар муҳити моеъ бо яхкунонии минбаъда татбиқ карда мешавад.
46. Нишондоди номуайяни миқдори маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда ва нишондоди тамоили миқдори маҳсулоти хӯроквории бастабандишуда иҷозат дода намешавад.
8. Талаботи умумӣ нисбати дар тамғагузорӣ нишон додани санаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ
47. Нишон додани санаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар тамғагузорӣ вобаста аз мӯҳлати истеъмолии он бо истифодаи калимаҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- "санаи истеҳсол" бо нишондоди соат, рӯз, моҳ бо мӯҳлати истеъмолии то 72 соат;
- "санаи истеҳсол" бо нишондоди соат, рӯз, моҳ, сол бо мӯҳлати истеъмолии аз 72 соат то се моҳ;
- "санаи истеҳсол" бо нишондоди моҳ, сол ё рӯз, моҳ, сол бо мӯҳлати истеъмолии се моҳ ва зиёда аз он;
- "соли истеҳсол" - барои шакар.
48. Баъд аз калимаи "санаи тайёр намудан" санаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ё ҷои гузоштани ин сана дар бастаҳои истеъмолӣ нишон дода мешавад.
49. Калимаҳои "санаи тайёр намудан" дар тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ метавонанд бо калимаҳои "санаи истеҳсол" ё монанди он аз рӯи маънои калимаҳо иваз карда шаванд.
50. Дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҷои калимаҳои "санаи тайёр намудан" мумкин аст ҳамин тавр мафҳум, ки санаи ба охир расидани раванди технологии истеҳсоли намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯроквориро муайян мекунад, масалан санаи резиши нӯшокӣ ба зарф, санаи ба навъҳо ҷудокунии тухмҳо, соли ҷамъоварии ҳосили зироати хоҷагии қишлоқ, соли ҷамъоварии меваҳои кӯҳӣ, чормағзҳо ва маҳсулоти замбурпарварӣ муқаррар карда шавад.
Талаботи иловагӣ ба нишондиҳандаҳои санаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба талаботи регламенти техникии мазкур мухолифат намекунад, мумкин аст дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар карда шавад.
9. Талаботи умумӣ нисбати дар тамғагузорӣ нишон додани мӯҳлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ
51. Нишон додани мӯҳлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ дар тамғагузорӣ бо истифодаи калимаҳои зерин ба роҳ монда мешавад.
- "мӯҳлати истеъмолӣ то" бо нишондиҳандаи соат, рӯз, моҳ бо мӯҳлати истеъмолӣ то 72соат.
- "мӯҳлати истеъмолӣ то" бо нишондоди соат, рӯз, моҳ, сол бо мӯҳлати истеъмолии аз 72 соат то се моҳ;
- "мӯҳлати истеъмолӣ то охири " бо нишондоди моҳ сол ё "мӯҳлати истеъмолӣ" бо нишондоди рӯз, моҳ, сол ҳангоми на камтар аз се моҳ будани мӯҳлати истеъмолӣ;
52. Бо мақсади нишон додани мӯҳлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ мумкин аст ибораи "мӯҳлати истеъмолӣ" бо нишондоди миқдори шабонарӯз, моҳҳо ё сол, ё ин ки дар ҳолати мӯҳлати истеъмолӣ то 72 соат будан, ибораи "мӯҳлати истеъмолӣ" бо нишондоди миқдори соат истифода шавад.
53. Баъд аз ибораҳои "мӯҳлати истеъмолӣ то", "мӯҳлати истеъмолӣ", "мӯҳлати истеъмолӣ то охири" ё мӯҳлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ нишон дода мешавад, ё ин ки ҷойи сабти ин мӯҳлат дар баста нишон дода мешавад.
54. Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста ба он, ки аз тарафи истеъмолкунанда мӯҳлати истеъмолии номаҳдуд нишон дода мешавад, бояд бо навиштаҷоти "мӯҳлати истеъмол ҳангоми риояи шароити нигоҳдорӣ номаҳдуд аст" пурра карда шавад.
55. Ибораҳои "мӯҳлати истеъмолӣ то", "мӯҳлати истеъмолӣ", "мӯҳлати истеъмолӣ то охири" дар тамғаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ метавонанд бо ибораҳои "мӯҳлати истифодабарӣ", "истифода шавад то" ё калимаҳои аз рӯи маънӣ ҳаммонанди онҳо иваз карда шаванд.
56. Талаботи иловагӣ ба нишондоди мӯҳлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворие, ки ба талаботи регламенти техникии мазкур мухолифат намекунад, метавонад дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрковорӣ муқаррар карда шавад.
10. Талаботи умумӣ нисбати дар тамғагузорӣ нишон додани ном ва ҷойи воқеъшавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, шахси салоҳиятдори истеҳсолкунанда, содироткунанда
57. Ном ва ҷойи воқеъшавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ нишон дода мешавад. Маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи ҷойи дар қайди давлатибудаи ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ муайян карда мешавад.
58. Дар маълумоте, ки ба истеъмолкунанда (харидор) пешниҳод карда мешавад, бояд ном ва маҳалли ҷойгиршавии (суроға, ҳамчунин вилоят ё номи шаҳр) ба таври расмӣ бақайдгирифташудаи истеҳсолкунанда истифода карда шавад. Ҳангоми мувофиқат накардан бо суроғаи истеҳсолкунанда, инчунин суроғаи истеҳсолот ва шахсони салоҳиятдори истеҳсолкунанда барои қабули арзу шикоятҳо аз истеъмолкунанда (харидорон) дар ҳудуди он (ҳангоми мавҷудият) нишон дода мешавад.
59. Нишон додани маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворие, ки аз дигар давлатҳо ворид карда шудаанд, бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ, рақамҳои арабӣ ё забони давлатии мамлакатҳое, ки истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ мебошанд, бо шарти нишон додани ном ва ҷойи воқеъшавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ давлат, аз он ҷумла бо забони тоҷикӣ, иҷозат дода мешавад.
60. Дар тамғаи маҳсулоти хӯрокворие, ки аз тарафи якчанд истеҳсолкунанда ба роҳ монда шудааст, метавонад ном ва ҷойи воқеъшавии ҳар як истеҳсолкунанда бо шарти он, ки тарзи расонидани маълумот то истеъмолкунанда (харидор), дар бораи ҳар як истеҳсолкунанда, масалан, истифодаи ҳарфҳо, рақамҳо, аломатҳо, ҷудо кардан бо дигар шрифтҳо, бояд барои бо як маъно муайян намудани истеҳсолкунандаи мушаххас имконият диҳад, нишон дода шавад.
61. Маҳсулоте, ки дар ҷойи истеҳсолшудаашон бастабандӣ нашудаанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки бастабандии маҳсулоти хӯрокворӣ дар бастаҳои истеъмолӣ аз тарафи ташкилотҳои дорои савдои чакана ба роҳ монда шавад) бояд, мутобиқи банди 57 боби мазкур, дорои маълумот дар бораи истеъмолкунанда ва шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки бастабандии маҳсулоти хӯроквориро на дар ҷойи истеҳсоли он барои фурӯши минбаъда ё мувофиқи фармоиши дигар шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба роҳ мемонад, бошанд.
62. Агар истеҳсолкунанда дорои шахсони салоҳиятдори истеҳсолкунанда бошад, ном ва ҷойи воқеъшавии ин шахси истеҳсолкунандаи салоҳиятдор бояд дар тамғаи маҳсулоти хӯрокворӣ нишон дода шавад.
63. Дар тамғагузории маҳсулоти хӯрокворие, ки аз дигар давлатҳо ворид шудаанд, ном ва ҷойи воқеъшавии содироткунанда (импортер) нишон дода мешавад.
11. Талаботи умумӣ нисбати дар тамғагузорӣ нишон додани арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ
64. Арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар тамғагузорӣ нишон дода мешавад, нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегирад:
- нерӯи ғизоӣ (калориянокӣ)
- миқдори сафедаҳо, равғанҳо, карбогидратҳо
- миқдори витаминҳо ва моддаҳои маъданӣ
65. Арзиши ғизоии хушбӯйкунандаҳо, сақичҳо, қаҳва, обҳои маъдании табиӣ, обҳои ошомидании бутилкагӣ, иловагиҳои ғизоӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ дар шакли хом (занбурӯғҳо, маҳсулоти (гӯшти) ҳайвоноту парранда, моҳиҳо, сабзавот (инчунин картошка), меваҷот (инчунин буттамеваҳо)), намаки ошӣ, хушбуйкунандаҳо, хӯришҳо, сирко, чой ва амсоли инҳоро метавонанд нишон дода нашаванд, агар дигар ҳолатҳо дар регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин намуди маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар нашуда бошанд. Арзиши ғизоии дигар намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, дар ҳолатҳое, ки регламентҳои техникӣ барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар карда бошанд, нишон дода намешавад.
66. Арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ бояд бо ҳисоби дар 100 грамм ё 100 миллилитр ё дар як миқдори маҳсулоти хӯрокворӣ (миқдори мӯайяни маҳсулоти сӯрокворӣ, ки тамғагузории он ҳамчун як ҳисса бо нишондоди ҳатмии миқдори ин ҳисса) нишон дода шавад.
67. Нерӯи ғизоии (калориянокии) маҳсулоти хӯрокворӣ бояд бо воҳиди ҷоул ё калорияҳо ё бо каратҳо, ё ин ки ҳиссаҳои воҳидии бузургиҳои муқарраршуда нишон дода шавад.
68. Миқдори моддаҳои ғизоӣ, аз ҷумла сафедаҳо, равғанҳо, карбогидратҳо дар маҳсулоти хӯрокворӣ, бояд бо грамм ё каратҳо, ё ин ки ҳиссаҳои воҳидии бузургиҳои муқарраршуда нишон дода шавад.
69. Миқдори витаминҳо ва моддаҳои маъдани дар маҳсулоти хӯрокворӣ, бояд бо воҳиди бузургиҳои Системаи воҳидҳои байналмилалӣ (СИ) (миллиграмм ё микрограмм) ё дигар воҳиди бузургиҳое, ки истифодаашон дар соҳаи таъмини ченаки ягона мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, нишон дода шаванд.
70. Миқдори сафедаҳо, равғанҳо, карбогидратҳо ва нерӯи ғизоии (калориянокии) маҳсулоти хӯрокворӣ, бояд вобаста ба сафедаҳо, равғанҳо, карбогидратҳо ва нерӯӣ ғизои (калорияноки)-е, ки ин миқдор дар 100 грамм ё 100 миллиграмм ё як миқдори маҳсулоти хӯрокворӣ (дар ҳолати ҳисоб намудани арзиши ғизоӣ бо ҳисоби дар як миқдори хӯрока) 2 ё зиёда фоизи бузургиеро, ки талаботи миёнаи шабонарӯзии шахси калонсолро ба сафеда, равған, карбогидратҳо ва энергия муайян мекунад, нишон дода шавад. Дар дигар ҳолатҳо миқдори сафедаҳо, равғанҳо, карбогидратҳо ва нерӯи ғизоии (калориянокии) маҳсулоти хӯрокворӣ метавонад бо назардошти истеҳсолкунанда нишон дода шавад.
71. Миқдори витаминҳо ва моддаҳои маъданӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ бояд дар ҳолате нишон дода шаванд, ки агар витаминҳо ва моддаҳои маъданӣ дар вақти истеҳсолот дар маҳсулоти хӯрокворӣ илова шуда бощанд. Дар дигар ҳолатҳо миқдори витаминҳо ва моддаҳои ғизоӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста ба витаминҳо ва моддаҳои маъдание, ки ин миқдор дар 100 грамм ё 100 миллилитр ё як миқдори маҳсулоти хӯрокворӣ (дар ҳолати ҳисоб намудани арзиши ғизоӣ бо ҳисоби дар як миқдори хӯрока) 2 ё зиёда фоизи бузургиеро, ки талаботи миёнаи шабонарӯзии шахси калонсолро ба сафеда, равған, карбогидратҳо ва энергия муайян мекунад, нишон дода шавад.
72. Бузургиҳое, ки талаботи миёнаи шабонарӯзии шахси калонсолро ба сафедаҳо, равғанҳо, карбогидратҳо, энергия ва витаминҳо," моддаҳои маъданӣ ва амсоли он инъикос менамоянд, мутобиқи замимаи 2 регламенти техникии мазкур муайян карда мешаванд. Барои нишон додани дараҷаҳои арзиши ғизоӣ дар тамғаи маҳсулоти хӯрокворие, ки дар бандҳои 70,71,72 боби мазкур нишон дода шудаанд ва барои категорияҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон пешбинӣ гардидаанд, тибқи талаботи миёнаи шабонарӯзии ин категорияҳои истеъмолкунандагон ба ҳисоб гирифта мешавад.
73. Барои иловагиҳои фаъоли биологӣ ба ғизо (хӯрокворӣ) нисбати моддаҳое, ки онҳо манбаи иловагиҳои фаъоли биологӣ мебошанд ва барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ - дар нисбати моддаҳое, ки барои ғанигардонидани маҳсулоти хӯроквори истифода мешавад бо таври иловагӣ бояд арзиши ғизонокӣ бо фоиз вобаста ба бузургиҳое, ки дар тартиби муқаррарнамудаи банди 82 боби 12 дарҷ ғардидаанд, нишон дода шавад.
74. Аҳамияти нишондиҳандаҳои арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворие, ки аз тарафи истеҳсолкунанда тайёр карда мешавад, дар тамғагузории ин маҳсулоти хӯрокворӣ бе ҳисоби тайёркунии минбаъдаи он, нишон дода мешавад.
75. Нишондиҳандаҳои арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи истеъмолкунандаи маҳсулот бо роҳи таҳлилӣ (аналитикӣ) ё баҳисобгирӣ муайян карда мешавад.
76. Ҳангоми нишон додани нерӯи ғизоии (калориянокӣ) маҳсулоти хӯрокворӣ ва мавҷудияти сафедаҳо, равғанҳо ва карбогидратҳо дар онҳо мумкин аст, тартиби пурраи аҳамияти нишондиҳандаҳои арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ тибқи замимаи 3 регламенти техникии мазкур, агар онҳо дар регламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар нашуда бошанд, истифода карда мешавад.
77. Вобаста ба нишондиҳандаҳои нерӯи ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ тамғагузорӣ бояд бо навиштаҷоти "ҳисоби миёна" пурра карда шавад.
Ҳангоми муайян намудани нерӯи ғизоии (калориянокӣ) маҳсулоти хӯрокворӣ бояд коэффисенти ҳисоббаробаркунии моддаҳои ғизоии асосии маҳсулоти хӯрокворӣ дар нерӯи ғизоии (калориянокии) маҳсулоти хӯрокворӣ, мутобиқи замимаи 4 регламенти техникии мазкур, истифода карда шавад.
78. Ҳангоми муайян намудани мавҷудияти карбогидратҳо (ангиштоб) дар маҳсулоти хӯрокворӣ миқдори онҳо, ки дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷуд аст (ба истиснои нахҳои ғизоӣ) ва дар мубодилаи моддаҳо дар ҷисми инсон иштирок мекунанд, ҳамчунин миқдори ширинкунандаҳо - спирти шакар ба ҳисоб гирифта мешавад:
79. Ҳангоми муайян намудани миқдори витамини А ва провитамини А коэффисенти гузаронанда аз ҳисоби он, ки як микрограмм ретинол ё эквиваленти ретинол ба шаш микрограмми бета-каротин мутобиқат намояд, истифодакарда мешавад.
80. Талаботи иловагӣ ба нишон додани арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба талаботи регламенти техникии мазкур мухолифат накунад, метавонад дар регламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар шавад.
12. Талаботи умумӣ нибати дар тамғагузорӣ нишон додани маълумот дар бораи аломатҳои фарқкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ
81. Маълумот дар бораи нишонаҳои фарқкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар вақти тамғагузорӣ ба таври ихтиёрӣ нишон дода мешавад.
82. Маълумот дар бораи аломатҳои фарқкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла оиди дар маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷуд набудани компонентҳое, ки аз ОГТ (ё) бо истифодаи ОГТ тайёр шудаанд, бояд бо далелҳое, ки аз тарафи шахси расмӣ дар тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ мустақилона ё бо иштироки дигар тарафҳо дар дархост ишора (нишон) шудаанд, тасдиқ карда шавад. Исботи мавҷудияти аломатҳои фарқкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ташкилотҳо ё дар соҳибкорони инфиродие, ки маҳсулоти хӯроквории мазкурро барои ба муомилот баровардан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол намудаанд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, нигоҳ дошта мешавад.
83. Маълумот дар бораи аломатҳои фарқкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар замимаи 5 регламенти техникии мазкур нишон дода шудаанд, метавонад танҳо ҳангоми риояи шартҳои дар ин замима дарҷшуда, агар онҳо дар регламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар нашуда бошанд, истифода шавад.
Маълумот дар бораи аломатҳои фарқкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар замимаи 5 нишон дода нашуда бошанд, метавонанд дар тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ бо риояи талаботи банди 82 боби мазкур ё талаботе, ки регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар намудаанд, истифода шавад.
84. Маълумот дар бораи аломатҳои фарқкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисми арзиши ғизоии он бояд бо нишондоди миқдори моддаҳои ғизоии мутобиқкунанда, ки арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквориро муайян менамоянд, ҳамроҳ карда шавад.
13. Талабот нисбати дар тамғагузорӣ нишон додани маълумот дар бораи дар маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷуд будани компонентҳое, ки бо истифодаи организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (ОГТ) истеҳсол шудаанд
85. Барои маҳсулоти хӯроквории бо истифодаи ОГТ тайёршуда, аз он ҷумла кислотаи дизоксирибонуклеинат (ДНК) ва сафеданадошта, бояд маълумоти зерин дарҷ шавад: "Маҳсулоти ба таври генетикӣ тағйирдодашуда" ё "маҳсулоте, ки аз организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда тайёр шудааст" ё "маҳсулот дорои компонентҳои организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда мебошад". Дар ҳолате ки, агар истеҳсолкунанда дар вақти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашударо истифода накарда бошад, дар маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷудияти 0,9 фоиз ва камтар аз он ОГТ тасодуфӣ ё омехтаҳои техникии бартарафнашаванда ба ҳисоб меравад ва ин маҳсулоти хӯрокворӣ ба маҳсулоти хӯроквории дорои ОГТ мансуб намешавад. Ҳангоми тамғагузории ин маҳсулоти хӯрокворӣ маълумот дар бораи мавҷудияти ОГТ нишон дода намешавад.
86. Барои маҳсулоти хӯрокворие, ки аз микроорганизмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (бактерияҳо, хамирмояҳо ва замбӯруғҳои танадор маводҳои генетикӣ, ки бо истифодаи методҳои муҳандисии генетикӣ тағйир дода шудаанд) (минбаъд - МГТ) ё бо истифодаи онҳо тайёр шудаанд, маълумоти зерин ҳатмӣ мебошад:
- барои мавҷудияти МГТ-ҳои зинда "Маҳсулот дорои микроорганизмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашудаи зинда мебошад";
- барои мавҷудияти МГТ-ҳои ғайризинда - "Маҳсулот бо истифодаи микроорганизмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда тайёр шудааст";
- барои аз МГТ-ҳои технологӣ озодшуда ё барои маҳсулоти бо истифодаи компонентҳо тайёршудаи аз МГТ-ҳо озод - "Маҳсулот дорои компонентҳое аст, ки бо истифодаи микроорганизмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда тайёр шудаанд".
87. Дар тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ маълумот дар бораи мавҷудияти ОГТ вобаста ба воситаҳои технологии ёрирасони истифодашуда, ки аз ОГТ ё бо истифодаи он тайёр шудаанд, нишон дода намешавад.
14. Талабот нисбати усулҳои расонидани тамғагузорӣ
88. Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар банди 5 боби 3 ва банди 10 боби 4 ба назар гирифта шудааст, бояд фаҳмо, оммафаҳм, саҳеҳ бошад ва истеъмолкунанда (харидор)-ро ба иштибоҳ набарад, барои ин навиштаҷот, аломатҳо ва нишонаҳо бояд дар замимае, ки дар тамға сабт шудаанд, возеҳ бошанд. Усулҳои ҷой додани тамғагузорӣ бояд ҳифзи онро дар давоми ҳамаи мӯҳлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ бо риояи шартҳои нигоҳдорӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунанда муқаррар шудааст, таъмин намояд.
89. Маълумоте, ки дар сархатҳои 1, 4-6 банди 5 боби 3 ва банди 35 боби 6 ба назар гирифта шудаанд, бояд дар бастаҳои истеъмолӣ ва дар тамғақоғаз, ки канданашон (ҷудо намуданашон) аз бастаи истеъмолӣ душвор бошад, ҷой дода шавад.
90. Маълумоте, ки дар сархатҳои 2, 3, 7 -10 банди 5 боби 3 пешбинӣ шудаанд, бояд дар бастаи истеъмолӣ ва (ё) тамғақоғаз ва (ё) варақазамима ва (ё) варақа-замимае, ки дар ҳар як воҳиди бастабандӣ ё ба ҳар як воҳиди бастабандӣ ҳамроҳ шудааст, ҷой дода шавад.
91. Дар ҳолате, ки агар сатҳи тарафи калони бастаи истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ аз 10 сантиметри квадратӣ зиёд набошад, маълумоте, ки дар банди 5 (ба истиснои маълумоти банди 35 боби 6 ва сархатҳои 3, 7 - 10 банди 5 боби 3 дарҷ шудаанд, бояд дар бастаи истеъмолӣ ва (ё) дар тамғақоғаз ва (ё) варақа-замимаи дар бастаи истеъмолӣ ҷойдодашуда ё дар ҳар як бастаи интиқолӣ ё ба ҳар як бастаи истеъмолӣ ё ҳар як бастаи интиқолӣ ҳамроҳшуда, ҷой дода шавад.
92. Ҳангоми борпечонии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи муассисаҳои савдои чакана, бе иштироки истеъмолкунанда дар бастаҳои истеъмолӣ ё дар тамғақоғазҳои ба онҳо насбшуда, бояд номи маҳсулоти хӯрокворӣ, санаи истеҳсоли он, мӯҳлати истеъмолӣ ва шароити нигоҳдории он нишон дода шавад.
Дигар маълумоте, ки дар банди 5 боби 3 ва банди 35 боби 6 пешбинӣ шудаанд, бо ҳар роҳе, ки имконияти интихоби асоснокшудаи ин маҳсулоти хӯроквориро таъмин менамояд (аз ҷумла бо роҳи дар бастаҳо истеъмолӣ ва (ё) тамғақоғаз ва (ё) варақа-замимаи дар ҳар як воҳиди бастабандӣ ҷой додан ё ба ҳар як воҳиди бастабандии маҳсулот ҳамроҳ намудан) ба истемеъолкунанда расонида мешавад.
93. Маълумоте, ки дар банди 5 боби 3 ва банди 35 боби 6 пешбинӣ шудаанд, вобаста ба маҳсулоти хӯрокворие, ки бевосита дар бастаи интиқолӣ ҷой дода шудаанд ва ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворие, ки борпечониашон аз тарафи корхонаҳои савдои чакана, бо иштироки истеъмолкунанда ба роҳ монда шудаанд, бо ҳар роҳе, ки имконияти интихоби асоснокшудаи ин маҳсулоти хӯроквориро таъмин менамояд, ба истеъмолкунанда расонида мешавад.
94. Тамғаи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки бевосита дар бастаи интиқолии дар боби 4 пешбинишуда ҷой дода шудааст, бояд дар бастаи интиқолӣ ва (ё) дар тамғақоғаз ва (ё) варақа-замима, ки дар ҳар як бастаи интиқоли ё ба ҳар як бастаи интиқолӣ ҳамроҳшуда ҷой дода шавад ё ин ки дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшудаи маҳсулоти хӯрокворӣ насб шавад.
95. Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ бояд тасвири (акси) маҳсулоти хӯроквориеро, ки дар бастаи истеъмолӣ ҷой надорад ё дар вақти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ё компонентҳои он дар бастаи истеъмолӣ ҷой дода нашудаанд, ё тамъ ва (ё) накҳате, ки компонентҳои таркиби маҳсулоти хӯроквории дар бастаи истеъмолӣ ҷойдошта, намедиҳанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки банди 82 боби 12 муқаррар намудааст, надошта бошад.
96. Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ дар шакли акси таом, ки дар вақти тайёр намуданашон аз ин маҳсулоти хӯрокворӣ тайёр мешаванд, бояд калимаҳои "варианти таоми тайёршуда" ё калимаҳои ҳаммаънои он ҳамроҳ карда шаванд.
15. Таъмини мутобиқати талабот нисбати тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ
97. Мутобиқати тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ ба регламенти техникии мазкур бо иҷрои талаботи он бевосита ва иҷро намудани талаботи регламенти техники Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки талаботи иловагиро ба тамғагузори муқаррар менамоянд, таъмин карда мешавад.
16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи регламенти техникии мазкур
98. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи регламенти техникии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
17. Санҷиш ва назорати давлатии риояи талаботи регламенти техникии мазкур
99. Санҷиш ва назорати давлатии риояи талаботи регламенти техникии мазкур мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Замимаи 1
ба Регламенти техникии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ"
Намуди компонентҳое, ки номи онҳо метавонад бо номи намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ иваз шавад
+---------------------------------------+----------------------------ҷ
| Намуди компонентҳо | Номи намудҳои маҳсулоти |
| | хӯрокворӣ |
+---------------------------------------+----------------------------+
|Равған ё чарбуҳои поккардашуда |Равған ё чарбуҳо бо нишон- |
| |доди баромад: |
| |Набототӣ ё ҳайвонотӣ |

|Равғани прескардашудаи какао, экстрактӣ|Равғани какао |
|ё поккардашуда | |

|Омехтаи меваҷот, ки ҳиссаи вазнашон на |Меваҳо |
|зиёда аз 10 фоизи маҳсулоти хӯроквориро| |
|ташкил медиҳанд | |

|Омехтаи буттамеваҳо, ки дорои на зиёда |Буттамеваҳо |
|аз 10 фоизи ҳиссаи вазни маҳсулоти | |
|хӯрокворӣ мебошанд | |

|Меваҳои шакарпарвард, ки дорои на зиёда|Сукатҳо (пӯсти шакарпарварди|
|аз 10 фоизи ҳиссаи вазни маҳсулоти |мева) |

|Омехтаи сабзавот, ки дорои на зиёда аз |Сабзавот |
|10 фоизи ҳиссаи вазни маҳсулоти | |

|Ҳамаи намудҳои асали табиӣ |Асал |

|Омехтаи ордҳо аз ду ё зиёда намудҳои |Орд бо нишондоди намудҳои |
|ғалладонагӣ |ғалладона, ки аз онҳо |
| |истеҳсол шудааст, бо тартиби|
| |камшавии ҳиссаи вазни онҳо |

|Оҳарҳо ва оҳарҳое, ки бо маводҳои |Оҳар <*> |
|физикӣ ё ферментҳо тағйир дода шудаанд | |

|Ҳама намудҳои моҳӣ |Моҳӣ |

|Намаки ошӣ ( хлориди натрий) |Намак |

|Панир ва омехтаи панирҳо |Панир |

|Сафедаи ширӣ, казеинҳо, казеинатҳо, |Сафедаи ширӣ |
|сафедаи зардоб ва омехтаи онҳо | |

|Ғизоҳои доруворӣ, ки на зиёда аз 2 |Ғизоҳои доруворӣ ё омехтаи |
|фоизи ҳиссаи вазни маҳсулоти хӯрокво- |дорӯворӣ |
|риро ташкил медиҳанд | |

|Хӯришҳо, ки на зиёда аз 2 фоизи ҳиссаи |Хӯришҳо ё омехтаи хӯришҳо |
|вазни маҳсулоти хӯроквориро ташкил | |
|медиҳанд | |

|Моддаҳои аввалияе, ки барои истеҳсоли |Асоси резинӣ |
|сақичҳо истифода мешаванд | |

|Ҳамаи намудҳои сахароза |Шакар |

|Глюкозаи беоб ё моногидратӣ |Глюкоза |

|Ҳамаи намудҳои шираҳо |Нӯшобаи глюкозӣ ё шираҳо |

|Шароби ангурӣ |Шароб |

|Ҳамаи намудҳои ярма |Ярма |

|Сафедаи лубиёгӣ (изолятҳо, |Сафедаи лубиё |
|консентратҳо) | |

|Ҳамаи намудҳои маҳсулоти тухмӣ |Маҳсулоти тухмӣ |

<*> иловатан баромади маҳсулот нишон дода мешавад, масаланкартошкагӣ
Замимаи 2 ба Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ"
Талаботи
миёнаи шабонарӯзӣ ба моддаҳои асосии хӯрокворӣ ва энергия барои дар тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ ҷой додан
+-----------------------------------+--------------------------------ҷ
| Моддаҳои асосии ғизоӣ | Сатҳи тавсиядодашудаи талаботи |
| | (истеъмолӣ) шабонарӯзӣ |
+-----------------------------------+--------------------------------+
| Арзиши энергетикӣ, кДж/ккал <*> | 10 467/2 500 |

| Сафедаҳо, г | 75 |

| Чарбуҳо, г | 83 |
| Аз ҷумла ишқорҳои равғании бисёр | 11 |
| ғализношудаи, г | |

| Ангиштобаҳои ҳазмшуда, г | 365 |
| Аз ҷумла шакар (сахароза), г | 65 |

| Нахи ғизоӣ, г | 30 |

| Моддаҳои минералӣ: | |

| Калсий, мг | 1000 |

| Фосфор, мг | 800 |

| Оҳан, мг | 14 |

| Магний, мг | 400 |

| Руҳ, мг | 15 |

| Йод.мг | 150 |

| Калий, мг | 3 500 |

| Селен, мг | 0,07 |

| Витаминҳо: | |

| Витамини А, мкг | 800 |

| Витамини D, мкг | 5 <**> |

| Витамини Е, мкг | 10 |

| Витамини С, мкг | 60 |

| Тиамин, мг | 1,4 |

| Рибофлавин, мг | 1,6 |

| Ниатсин, мг | 18 |

| Витамини В6, мг | 2 |

| Фоласин, мкг | 200 |

| Витамини В12, мг | 1 |

| Биотин, мг | 0,05 |

| Кислотаи пантотенӣ, мг | 6 |

<*> Ҳангоми нишон додани арзиши қувватнокӣ бо ҷоул барои ҳисоббаробарнамои мутаносиби 1 кал баробари 4,1868Дж. истифода мешавад. <**> 5 мкг холекалсийферол - 200 МЕ витамини D
Замимаи 3
ба Регламенти техникии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ"
Қоидаҳои яклухт намудани нерӯи ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ
+----------------------------------+---------------------------------ҷ
| Арзиши қувватнокӣ (калориянокӣ), | Тартиби яклухт намудан ё нишон |
| кДж/ккал | додан |
+----------------------------------+---------------------------------+
| Камтар аз 1 | Нишон дода мешавад: "1" |

| Аз 1 то 5 | То рақами бутуни наздик |

| Аз 5 то 100 | То рақами бутуни наздик, ба 5 |
| | карат |

| Зиёда аз 100 | То рақами бутуни наздик, ба 10 |

Қоидаҳои яклухт намудани миқдори сафедаҳо, равғанҳо ва карбогидратҳои маҳсулоти хӯрокворӣ

| Миқдори сафедаҳо, равғанҳо, | Тартиби яклухт намудан ва |
| карбогидратҳо, бо г | нишондод |

| Камтар аз 0,5 | То рақами якуми даҳӣ баъд аз |
| | вергул нишон дода мешавад |

| Аз 0,5 то 10 | То рақами наздики ба 0,5 г карат|

| Зиёда аз 10 | То рақами наздики ба 1 г карат |

Замимаи 4
ба Регламенти техникии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ"
Коэффитсиентҳои ҳисоббаробаркунии нерӯи ғизоии моддаҳои асосии маҳсулоти хӯрокворӣ
Нерӯи ғизоие, ки баён намуданашон зарурат дорад, бо истифодаи коэффитсиентҳои ҳисобкунии зерин ҳисоб карда мешаванд

| Моддаҳои ғизоии асосии маҳсулоти | Коэффитсиенти ҳисобкунӣ |
| хӯрокворӣ | |

| Сафедаҳо | 4 калл/г - 17 кДж/г |

| Карбогидратҳо, аз ҷумла, моно ва | 4 калл/г - 17 кДж/г |
| дисахаридҳо, (ба истиснои | |
| спиртҳои шакарӣ) | |

| Спиртҳои шакарӣ (ба истиснои | 2,4 калл/г - 10 кДж/г |
| эритрита) | |

| Эритрит | 0 |

| Равғанҳо, кислотаҳои равғанин | 9 калл/г - 37 кДж/г |

| Кислотаҳои органикӣ | 3 калл/г-13кДж/г |

| Салатрим | 6 калл/г - 25 кДж/г |

| Этанол | 7 калл/г - 29 кДж/г |

| Нахҳои ғизоӣ | 2 калл/г - 8 кДж/г |

Замимаи 5
ба Регламенти техникии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ"
Шартҳо дар тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ, истифода намудани маълумот дар бораи аломатҳои фарқкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ
+--------------+----------------+------------------------------------ҷ
|Нишондиҳандаи |Маълумот дар |Шарти риоякунӣ, ки ҳангоми |
|арзиши |бораи аломатҳои |истифодаи маълумот дар |
|ғизоӣ ё |фарқкунандаи |тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ |
|компонент |маҳсулоти |дар бораи аломатҳои фарқкунандаи |
| |хӯрокворӣ |маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатмӣ ба ҳисоб |
| | |мераванд |
+--------------+----------------+------------------------------------+
|Нерӯи ғизоӣ |Пастшуда |Нерӯи ғизоӣ (калориянокӣ) камкарда- |
|(калориятнокӣ)| |шуда на камтар аз 30 фоиз нисбати |
| | |нерӯи ғизоии (калориянокии) |
| | |маҳсулоти ҳаммонади хӯрокворӣ |

|Нерӯи ғизоӣ |Паст |Нерӯи ғизоии (калориянокӣ) на зиёда |
|(калориянокӣ) | |аз 40 ккал (170 кДж). дар 100 грамм |
| | |барои маҳсулоти хӯроквории сахт ё |
| | |барои моеъҳо на зиёда аз 20 ккал |
| | |(80 кДж) дар 100 мл-ро ташкил |
| | |медиҳад. Барои ивазкунандаҳои шакар,|
| | |ки бевосита дар ғизо истифода |
| | |мешаванд арзиши қувватнокӣ |
| | |(калориянокӣ) на зиёда аз 4 ккал |
| | |(17 кДж)/миқдор бо хусусиятҳои |
| | |ширинкунии экивалентии баробар бо 6 |
| | |грамм сахароза |

|Нерӯи ғизоӣ |Мавҷуд нест (бе)|Нерӯи ғизоӣ (калориянокӣ) на зиёда |
|(калориянокӣ) | |аз 4 ккал (17 кДж) дар 100 мл ташкил|

| | |мешаванд нерӯи ғизоии (калориянокӣ) |
| | |на зиёда аз 0,4 ккал (1,7 кДж)/воя |
| | |бо хусусиятҳои ширинкунии |
| | |экивалентии баробар бо 6 грамм |
| | |сахароза |

|Сафеда |Манбаъ |Сафеда на камтар аз 12 фоизи арзиши |
| | |нерӯи ғизоии (калориянокӣ) маҳсулоти|
| | |хӯроквориро дар шароите, ки миқдори |
| | |сафеда дар 100 грамм барои маҳсулот-|
| | |ҳои сахт ё барои моеъҳо дар 100 мл |
| | |на камтар аз 5 фоизи талаботи |
| | |шабонарӯзиро ба сафеда ташкил |
| | |медиҳад, таъмин менамояд. |

|Сафеда |Таркиби баланд |Сафеда на камтар аз 20 фоизи нерӯи |
| | |ғизоии (калориянокии) маҳсулоти |
| | |ғизоиро ташкил медиҳад |

|Равғанҳо |Таркиби паст |Равғанҳо на зиёда аз 3 грамм дар 100|
| | |грамм барои маҳсулоти ғизои сахт ё |
| | |барои меъҳо на зиёда аз 1,5 грамм |
| | |дар 100 мл-ро ташкил медиҳад |

|Равғанҳо |Мавҷуд нест (бе)|Равғанҳо на зиёда аз 0,5 грамм барои|
| | |маҳсулоти ғизоии сахт ё барои моеъҳо|

|Кислотаҳои |Таркиби паст |Суммаи кислотаҳои равғанӣ ғализшуда |
|равғании | |ва кислотаҳои табдилдодашудаи |
|ғализшуда | |равғанӣ дар маҳсулоти ғизоӣ на зиёда|
| | |аз 1,5 грамм дар 100 грамм барои |

| | |0,75 гррам/100 мл ташкил медиҳанд ва|
| | |дар ҳама ҳолат маҷмӯ кислотаҳои |
| | |равҳании ғализшуда ва кислотаҳои |
| | |табдилдодашудаи равғанӣ бояд на |
| | |зиёда аз 10 фоизи калориянокиро |
| | |таъмин намоянд |

|Кислотаҳои |Мавҷуд нест (бе)|Суммаи кислотаҳои равғании ғализшуда|

|ғализшуда | |равғани дар маҳсулоти ғизоӣ на зиёда|
| | |аз 0,1 грамм дар 100 грамм барои |

| | |дар 100 мл ташкил медиҳанд |

|Карбогидратҳо |Мавҷуд нест (бе)|Карбогидратҳо на зиёда аз 0,5 грамм |
|(сумма моно ва| |дар 100 грамм барои маҳсулоти ғизоии|
|дисахаридҳо) | |сахт ё барои моеъҳо дар 100 мл-ро |
| | |ташкил медиҳад |

|Карбогидратҳо |Таркиби паст |Карбогидратҳо на зиёда аз 5 грамм |

|дисахаридҳо) | |сахт ё барои моеъҳо 2,5 грамм дар |
| | |100 мл-ро ташкил медиҳад |

|Карбогидратҳо |Бе иловакунӣ |Дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ |
|(сумма моно ва| |дар он моно ва дисахаридҳо ба сифати|
|дисахаридҳо) | |компонентҳо илова карда намешаванд. |
| | |Агар карбогидратҳо табии дар |
| | |маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷуд бошад ва |
| | |он дар тамғагузорӣ бояд нишондоди |
| | |зерин бошад: Аз карбогидратҳои табиӣ|
| | |(аслӣ) таркиб ёфтааст |

|Карбогидратҳо |Танҳо шакари |Дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ |
|(сумма моно ва|аслӣ дорад |мавҷуд будани танҳо карбогидратҳои |
|дисахаридҳо) | |табии махсус |

|Нахи ғизоӣ |манбаъ |Мавҷудияти нахҳои ғизоӣ на камтар аз|
| | |3 грамм дар 100 грамм барои |

| | |на камтар аз 1,5 грамм дар 100 мл |

|Нахи ғизоӣ |Таркиби баланд |Мавҷудияти нахҳои ғизоӣ на камтар аз|
| | |6 грамм дар 100 грамм барои |

| | |на камтар аз 3 грамм дар 100 мл |

|Витаминҳо ва |манбаъ |Витаминҳо ва моддаҳои минералӣ на |
|моддаҳои | |камтар аз 15 фоизи талаботи миёнаи |
|минералӣ | |шабонарӯзии шахси калонсолро ба |
| | |витаминҳо ва моддаҳои минералӣ дар |
| | |100 грамм маҳсулоти хӯроквории сахт |
| | |ё 7,5 фоиз барои моеъҳо дар 100 мл ё|
| | |ба 1 миқдорро ташкил медиҳанд |

|Витаминҳо ва |Таркиби баланд |Витаминҳо ва моддаҳои минералӣ на |
|моддаҳои | |камтар аз 30 фоизи талаботи миёнаи |

| | |витаминхо ва моддаҳои минералӣ дар |

| | |ё барои моеъҳо дар 100 мл ва ё 1 |
| | |вояро ташкил медиҳанд |

|Холестерин |Таркиби паст |Холестирин на камтар аз 0,2 грамм |
| | |дар 100 грамм барои маҳсулоти ғизоии|
| | |сахт ё барои моеъҳо на зиёда аз 0,01|
| | |грамм дар 100 мл ҳангоми риояи |
| | |шартҳо дар бораи дар маҳсулоти |
| | |ғизоии мавҷуд будани на зиёда аз 1,5|
| | |грамм кислотаҳои равғании ғализшуда |

| | |сахт ё барои моеъҳо на зиёда аз 0,75|
| | |грамм дар 100 мл |

|Холестерин |Мавҷуд нест (бе)|Холестирин на камтар аз 0,005 грамм |

| | |сахт ё барои моеъҳо на зиёда аз |
| | |0,005 грамм дар 100 мл ҳангоми риояи|
| | |шартҳо дар бораи дар маҳсулоти |
| | |ғизоии мавҷудбудани на зиёда аз 1,5 |
| | |грамм кислотаҳои чарбигии ғализшуда |

|Омега - 3 |Манбаъ |Суммаи омега - 3 кислотаҳои равғанӣ |
|кислотаҳои | |на камтар аз 0,2 грамм дар 100 грамм|
|равғанӣ | |барои маҳсулоти ғизоии сахт ё барои |
| | |моеъҳо дар 100 мл ташкил медиҳад ва |
| | |барои чарбуҳо ва равғанҳои растанӣ ё|
| | |ҳайвонот суммаи омега - 3 кислотаи |
| | |равғанӣ на камтар аз 1,2 грамм дар |
| | |100 грамм барои маҳсулоти ғизоии |
| | |сахт ё барои моеъҳо дар 100 мл-ро |

|Омега - 3 |Таркиби баланд |Суммаи омега - 3 кислотаҳои равғанӣ |
|кислотаҳои | |на камтар аз 0,4 грамм дар 100 грамм|
|чарбугӣ | |барои маҳсулоти ғизоии сахт ё барои |
| | |моеъҳо дар 100 Мл ташкил медиҳад ва |
| | |барои чарбиҳо ва равғанҳои растанӣ ё|

| | |равғанӣ на камтар аз 2,4 грамм дар |

|Натрий (намаки|Таркиби паст |Мавҷудияти натрий (ё миқдори |
|ошӣ, хлориди | |эквивалентии намаки ошӣ) на зиёда |
|натрий) | |аз 0,12 грамм дар 100 грамм барои |
| | |маҳсулоти гизоии сахт ё барои моеъҳо|
| | |дар 100 мл. Барои обҳо (ба истиснои |
| | |обҳои маъдании табиӣ) мавҷудияти |
| | |натрий на зиёда аз 2 мг дар 100 мл |

|Натрий (намаки|Таркиби бисёр |Мавҷудияти натрий (ё миқдори |
|ошӣ, хлориди |паст |эквивалентии намаки ошӣ) на зиёда |
|натрий) | |аз 0,04 грамм дар 100 грамм барои |

| | |дар 100 мл. Истифодаи дархости |
| | |мазкур барои обҳо иҷозат дода |
| | |намешавад (аз ҷумла барои обҳои |
| | |маъдании табиӣ) |

|Натрий (намаки|Мавҷуд нест (бе)|Мавҷудияти натрий (ё миқдори |
|ошӣ, хлориди | |эквивалентии намаки ошӣ) на зиёда аз|
|натрий) | |0,005 грамм дар 100 грамм барои |

| | |дар 100 мл. |