Тартиби таҳияи тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирии шаҳрсозии қисмҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 № 26

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014 № 26

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014 № 26

тасдиқ шудааст

Тартиби таҳияи тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирии шаҳрсозии қисмҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби таҳияи тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирии шаҳрсозии кисмҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) ҷараёни тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирии шаҳрсозии ҳудуди ду ва зиёда субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қисмҳои ҳудудҳои онҳо (ҳудудҳои иқтисодӣ ва ноҳияҳои бузурги ҷуғрофӣ, системаҳои сокиншавӣ, инчунин ҳудудҳои тандурустӣ, курортӣ, рекреатсионӣ ва дигар ҳудудҳо) - ро ба танзим медарорад.

2. Тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирии шаҳрсозии қисмҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирӣ) бо мақсади муайян намудани стратегияи рушди шаҳрсозии объекти фаъолияти шаҳрсозӣ, бо дарназардошти шартҳои иҷтимоию иқтисодӣ, табиию иқлимӣ ва захиравӣ, ҷойгиршавии минтақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мувофиқати манфиатҳои мутақобилаи давлатӣ ва маҳаллӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудуди дахлдор таҳия карда мешавад.

3. Тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирӣ дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, регламентҳои техникии соҳаи шаҳрсозӣ, талаботи санитарӣ, экологӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои махсуси шаҳрсозӣ бо дарназардошти таъмини талаботи гурӯҳҳои аҳолии камҳаракат амалӣ мегардад.

4. Ҳамоҳангсозӣ ва таъмини илмию методии таҳияи тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагириро_мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ анҷом медиҳад.

5. Тартиби мувофиқакунӣ, экспертиза ва тасдиқи тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гузаронидани экспертизаи давлатӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавиро ба танзим медарорад, муқаррар карда мешавад.

6. Муқаррароти асосии тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирӣ пас аз тасдиқи он бояд интишор карда шавад.

7. Тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирии тасдиқшуда бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои бақайдгирӣ ва нигоҳдорӣ, инчунин барои назорати татбиқи он супорида шавад.

8. Тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирӣ барои пешбурди кадастри шаҳрсозӣ асос мебошад.

...

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 января 2014 годе № 26

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 января 2014 годе № 26

Порядок разработки консолидированных схем градостроительного планирования отдельных частей Республики Таджикистан

1. Общие положения

1. Порядок разработки консолидированных схем градостроительного планирования отдельных частей Республики Таджикистан (далее - Порядок) регулирует процесс разработки консолидированных схем градостроительного планирования территорий двух и более субъектов Республики Таджикистан или частей их территорий (территории экономических и крупных географических районов, системы расселения, а также оздоровительные, курортные, рекреационные и иные территории).

2. Консолидированные схемы градостроительного планирования отдельных частей Республики Таджикистан (далее - Консолидированная схема планирования) разрабатываются в целях определения стратегии градостроительного развития объектов градостроительной деятельности, исходя из социально-экономических, природно-климатических и ресурсных условий и местоположения региона в Республике Таджикистан, а также согласования взаимных государственных и местных интересов при осуществлении градостроительной деятельности на соответствующих территориях.

3. Консолидированная схема планирования разрабатывается на основании Градостроительного кодекса Республики Таджикистан, иных нормативно правовых актов, технических регламентов сферы градостроительства, требований санитарии, экологии, государственных стандартов, отраслевых специальных градостроительных норм и правил с учетом обеспечения требований маломобильных групп населения.

4. Координация и научно-методическое обеспечение разработки консолидированной схемы планирования осуществляется уполномоченным государственным органом в области градостроительства.

5. Порядок согласования, экспертизы и утверждения консолидированной схемы планирования устанавливается в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, регламентирующими проведение государственной экспертизы и утверждение градостроительной, предпроектной и проектной документации.

6. Основные положения консолидированной схемы планирования после ее утверждения подлежат опубликованию.

7. Утвержденная консолидированная схема планирования подлежит передаче уполномоченным государственным органом для регистрации и хранения, а также для осуществления контроля за ее реализацией.

8. Консолидированная схема планирования является основой для ведения градостроительного кадастра.

...