Низомномаи намунавӣ оид ба идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 № 25

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014, № 25

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014, № 25

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавӣ оид ба идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таҳия шудааст.

Низомномаи мазкур фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатиро ба танзим медарорад. Дар асоси Низомномаи мазкур муассис (муассисон) оинномаи муассисаро таҳия менамояд.

2. Муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ (минбаъд - муассиса) дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, Низомномаи мазкур ва оинномаи худро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Муассиса ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаҳои таълимии давлатӣ салоҳият дошта, дар амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таълим, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинс, забон, миллат, муносибати нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию махсусиятҳои касбу кор, мазҳаб ва муносибатҳои динӣ ҳуқуқҳои шахс вобаста ба интихоби шаклу намуди таълим мувофиқи қобилияту истеъдод, лаёқатмандӣ, ҳифзи саломатӣ, сифатнок аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, ки бо меъёрҳои стандарти давлатии таҳсилот ё стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ мебошад, масъулият дорад.

4. Дар муассиса фаъолияту сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракат ва ташкилотҳои динӣ иҷозат дода намешавад.

5. Таҳсил дар муассиса тибқи стандартҳои ягонаи давлатии таҳсилот ва стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.

2. Таъсис, мақсад ва мароми фаъолияти муассисаи таълимии ғайридавлатӣ

6. Муассиса бо ташаббуси муассис (муассисон) таъсис дода мешавад.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 января 2014 года, № 25

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 января 2014 года, № 25

Типовое положение об управлении негосударственного образовательного учреждения высшего профессионального образования в Республики Таджикистан

1. Общие положения

1. Настоящее Положение разработано на основе Гражданского кодекса Республики Таджикистан и Закона Республики Таджикистан "Об образовании".

Настоящее Положение упорядочивает деятельность негосударственных образовательных учреждений высшего профессионального образования. На основе настоящего Положения учредитель (учредители) разрабатывает устав учреждения.

2. Негосударственное образовательное учреждение высшего профессионального образования (далее - учреждение) в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законом Республики Таджикистан "Об образовании", другими нормативными правовыми актами сферы образования, настоящим Положением и своим уставом.

3. Учреждение как составляющая часть образовательной сферы Республики Таджикистан наряду с государственными образовательными учреждениями имеет полномочия и несёт ответственность за реализацию прав граждан на образование, независимо от происхождения, пола, языка, национальности, социального положения и профессиональных особенностей, специальности (рода занятий), вероисповедания и религиозных отношений, а также прав личности, связанных с выбором вида и формы обучения в соответствии с призванием, талантам и способностями, охраной здоровья, качественным усвоением учебных программ, которые соответствуют нормам государственного стандарта образования или международного стандарта.

4. В учреждении запрещается деятельность политических партий, движений и религиозных организаций.

5. Обучение в учреждении организовывается в соответствии с едиными государствами и международными стандартами.

2. Создание, цели и задачи деятельности негосударственного образовательного учреждения

6. Учреждение создается по инициативе учредителя (учредителей).

...