×

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015 аз 3 январи соли 2014 № 19

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014, № 19

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015

1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015 (минбаъд - Барнома) мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007 № 704), Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011 № 277) ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи нёкӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 (қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиқистон аз 26 декабри соли 2012 № 1030) таҳия гардидааст.

2. Барнома моҳиятан иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2012, № 718 тасдиқ гардидааст, дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад ва амалӣ гаштани он барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

3. Ба таъбири дигар, Барнома таҷассумгари иқдомоти пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии шаҳрвандон мебошад.

4. Барнома чорабиниҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, амалисозии чорабиниҳои мутобиқнамоии захираҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнат, мусоидат ба худиштиғоли шаҳрвандон, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва дастгирии шахсони дар бозори меҳнат осебпазирро дар бар мегирад.

5. Барнома бо замимаҳо дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ таҳия гардида, аз рӯи ҷамъбасти барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолии маҳаллӣ, ки аз ҷониби маҷлисҳои: маҳаллии вакилони халқ тасдиқ гардидаанд, омода шудааст.

1. Вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатӣ

6. Вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатӣ аслан аз солҳои 2000-ум рӯ ба беҳбудӣ овард. Маҳз аз ҳамин давра соҳаҳои иқтисодиёти кишвар фаъол гардида, Маҳсулоти Умумии Дохилӣ тадриҷан афзуд. Агар дар соли 2000-ум ҳаҷми Маҳсулоти Умумии Дохилӣ бо нархҳои амалии мутобиқи солҳо 1786,8 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2004-ум ба 6167,2 миллион сомонӣ, дар соли 2008-ум ба 17706,9 миллион сомонӣ ва дар соли 2012-ум ба 36200,0 миллион сомонӣ расид. Афзоиши солонаи ҳаҷми Маҳсулоти Умумии Дохилӣ ба ҳисоби миёна 6-7 фоизро ташкил дода, дар маҷмӯъ тайи 12 соли охир 20,2 баробар зиёд гардид (Диаграммаи 1).

Диаграммаи № 1 ба Барномаи № 19 аз 3.01.2014

7. Дар ҳамин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои ҷорӣ аз 1374,4 миллион сомонии соли 2000-ум то ба 9797,5 миллион сомонӣ дар соли 2012 расида, 7,1 маротиба афзуд. Ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ соли 2012 дар Маҳсулоти Умумии Дохилӣ 27,1 фоизро ташкил дод.

8. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ бошад, дар давраи баррасишаванда аз 4467,4 то ба 16477,5 миллион сомонӣ расид, ки ҳиссаи он соли 2012 дар Маҳсулоти Умумии Дохилӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад (Диаграммаи 2).

Диаграммаи № 2 ба Барномаи № 19 аз 3.01.2014

9. Афзоиши бемайлони ҳаҷми Маҳсулоти Умумии Дохилӣ ҳамчун нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давоми солҳои охир иқтисодиёти кишвар рушди устувор дорад.

10. Дар ҳамин замина тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, зиёда аз нисфи буҷети давлатӣ ба ин соҳа равона гардидааст.

11. Вазъи иқтисодии аҳолӣ низ ҳамасола рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, музди меҳнат ва даромадҳои пулии аҳолӣ мунтазам афзуда истодааст (Диаграммаҳои 3 ва 4).

Диаграммаи № 3 ба Барномаи № 19 аз 3.01.2014 

Диаграммаи № 4 ба Барномаи № 19 аз 3.01.2014

12. Тайи 12 соли охир андозаи музди меҳнат 35,6 баробар, даромади пулии аҳолӣ 18,5 ва хароҷоту пасандозҳои аҳолӣ бошад, 21,2 маротиба афзуданд. Табиист, ки заминаи ин пешравиҳо дар навбати худ ба вазъи бозори меҳнат дар Тоҷикистон қаробат дорад. Танзим ва ташаккули бозори меҳнат бошад дар доираи ҳуҷҷатҳои барномавию стратегӣ, аз қабили Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 амалӣ мешавад, ки феълан мавриди татбиқ қарор доранд.

13. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015 ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҳуҷҷатҳои болозикр дар таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

2. Вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

14. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи баҳои пешакӣ дар моҳи июни соли 2013-ум 2258,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 2201,9 ҳазор нафар (97,5 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 56,8 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ гирифтаанд, ки 2,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2012 шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол 94,4 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Шумораи аҳолии машғули кор бошад, аз 2108,2 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2012 то 2201,9 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2013 афзудааст, ки сатҳи афзоиш дар давраи баррасишаванда 4,2 фоизро ташкил медиҳад.

15. Аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳамаи шакли моликият дар моҳи июни соли 2013 1053,4 ҳазор нафар ё 47,8 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод. Шумораи дар рӯихатбудаи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 1,4 фоиз ва нисбат ба моҳи майи соли ҷорӣ 0,7 фоиз зиёд шудааст.

16. Дар бахши воқеии иқтисодии кишвар шумораи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 1,0 фоиз кам шуда, 609,5 ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ бошад, шумораи кормандони кироя дар давраи баррасишаванда 5,0 фоиз афзуда, 443,9 ҳазор нафарро ташкил дод. Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли 2013-ум 57,9 фоизи кироякорон дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ ва 42,1 фоиз дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ ба қайд гирифта шуданд.

17. Тавре маълум аст, дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз кормандони расмӣ қувваи корӣ дар шароити дуҷоякорӣ ва дар асоси қарордоду шартномаҳои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта низ истифода бурда мешавад.

18. Дар моҳи июни соли 2013 дар ин шароит 35,7 ҳазор нафар шаҳрвандон машғули кор буданд, ки ин нишондиҳанда ба 3,4 фоизи шумораи ҷойҳои ишғолшудаи корӣ рост меояд.

19. Шумораи кормандони дар шароити дуҷоякорӣ ва бо қарордоди хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта коркунанда дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ 7666 нафар ва дар бахши хизматрасонӣ 28021 нафарро ташкил намуд.

20. Дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ охири моҳи июни соли 2013 79,4 ҳазор нафар корҷӯён бо назардошти корҷӯёни соли 2012 мавҷуд буд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 фоиз зиёд мебошад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2013 бошад, ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 38,3 ҳазор нафар корҷӯён барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат намуданд, ки дар муқоиса ба соли 2012-ум 6,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз муроҷиаткардаҳо ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 17,9 ҳазор нафарро (46,7 фоиз) занҳо ва 18,0 ҳазор нафарро (47,0 фоиз) шаҳрвандони синни 15-29 сола ташкил медиҳанд, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул нестанд. Шумораи шаҳрвандоне, ки бори аввал барои пайдо кардани ҷойи кор ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ муроҷират намудаанд 23,0 ҳазор нафар (60,0 фоиз) ва шахсоне, ки умуман касбу ихтисос надоранд 24,9 ҳазор нафар ё 65,0 фоизро аз корҷӯён ташкил медиҳанд.

21. Ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар охири моҳи июни соли 2013 аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо 12,9 ҳазор ҷойҳои кории холӣ пешниҳод шуд, ки аз ин теъдод 7,1 ҳазор ҷойҳои корӣ (54,9 фоиз аз шумораи умумии ҷойҳои кори холии пешниҳодшуда) ба касбҳои коргарӣ рост меояд. Талабот ба ҳар як ҷойи кори холии пешниҳодшуда 6,1 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2012-ум 1,6 фоиз коҳиш ёфтааст.

22. Дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ то охири моҳи июни соли 2013-ум 56,8 ҳазор нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 29,6 ҳазор нафар занон (52,0 фоиз) ва 34,5 ҳазор нафар (60,7 фоиз) шаҳрвандони синни 15-29 сола мебошанд.

23. Сатҳи бекории расман бақайдгирифташуда 2,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил намуд. То охири моҳи июни соли 2013 ҳиссаи бештари бекорони расман ба қайд гирифташуда 50,1 ҳазор нафар ё 88,1 фоизро шахсоне ташкил медиҳанд, ки тайёрии касбӣ надоранд ва муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯи кор мебошанд. Илова ба ин наздики 35,8 ҳазор нафар ё 62,3 фоизи шаҳрвандони расман мақоми бекорӣ гирифта, маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи нопурра доранд. Мусаллам аст, ки ин омилҳо боиси пеш омадани мушкилиҳо дар бо кор таъмин шудани ин қабил шаҳрвандон мегардад.

24. Қайд кардан зарур аст, ки падидаи номатлуби дигар дар муносибатҳои меҳнатӣ - бекории пинҳонӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти омори расмӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2013 бо ташаббуси роҳбарияти ташкилоту муассиса ва корхонаҳо 11,7 ҳазор нафар шаҳрвандон ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудаанд, ки аз ин шумора 10,1 ҳазор нафар (86,3 фоиз) бе ҳифзи музди кор мондаанд. Инчунин, дар реҷаи ҳафтаи нопурраи корӣ ва рӯзи кории нопурра 0,6 ҳазор нафар кор кардаанд, ки бо назардошти бекории пинҳонӣ, сатҳи расмии бекорӣ 3,1 фоизро аз аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ташкил медиҳад.

25. Бо назардошти вазъи воқеӣ дар бозори меҳнат ва бо мақсади таъмини шаффофияти бозори меҳнат ва ба ин восита ба танзим даровардани масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ/ мусоидат ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, инкишофи касбҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ, тавсеаи амалияи истифодаи шаклҳои мавсимии шуғл ва мутобиқ гардонидани малакаи қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат, ҳамзамон муайян намудани шуғлнокии захираҳои меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, зарурате ба амал омадааст, ки тавозуни захираҳои меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ таҳия карда шавад.

26. Мувофиқи маълумоти фаврии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират ба ҳолати 1 июли соли 2013-ум шумораи аҳолии Тоҷикистон 8061,1 ҳазор нафарро ташкил намуд.

27. Дар солҳои 2014-2015 афзоиши шумораи аҳолӣ ҳар сол тибқи пешгӯиҳо 2,0-2,3 фоизро ташкил намуда, то 8341,6 ҳазор нафар меафзояд, ки ба ташаккули бозори меҳнат таъсири бевосита дорад. Мувофиқи пешгӯиҳо шумораи аҳолӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2012-ум 444,3 ҳазор нафар зиёд мешавад ва дар ин ҳолат шумораи захираҳои меҳнатӣ 428,0 ҳазор нафар, аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 371,2 ҳазор нафар меафзояд.

28. Дар солҳои 2014-2015 ба бозори меҳнат аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олӣ 84,9 ҳазор нафар, мактабҳои миёнаи касбӣ 25,6 ҳазор нафар, мактабҳои ибтидоии касбӣ 20,8 ҳазор кафар, мактабҳои миёнаи умумӣ 200.9 ҳазор нафар, хатмкунандагон бо маълумоти миёнаи нопурра 322,6 ҳазор нафар, хизматчиёни ҳарбии аз сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон озодшуда 31,5 ҳазор нафар, кормандони аз корхонаҳо ихтисоргардида 13,9 ҳазор нафар, шахсони аз маҳбас озодшуда 2,6 ҳазор нафар ворид мегарданд. Теъдоди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол дар ин давра 4948,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора ба 47,7 фоизи захираҳои меҳнатӣ рост меояд.

29. Солҳои 2014-2015 мувофиқи Барномаи мазкур 398,4 ҳазор нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта мешаванд. Тавассути мусоидати бевоситаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 111,6 ҳазор нафар шаҳрвандон ба шуғл фаро гирифта мешаванд. Аз ин шумора 70,1 ҳазор нафар дар корхонаю ташкилотҳо бо кор таъмин мегарданд, аз ҷумла 58,3 ҳазор нафар аз ҳисоби ҷойҳои кории ҳолӣ, 31,6 ҳазор нафар ба тайёрии касбӣ ва бозомӯзӣ, 9,9 ҳазор нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон ба 6,4 ҳазор нафар шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок барои ташкили соҳибкории инфиродӣ ва ба 12,5 ҳазор нафар кӯмакпулиҳо барои бекорӣ таъин ва пардохт карда мешавад.

30. Пешбинӣ мешавад, ки тайи солҳои 2014-2015 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тибқи ин Барнома ба 454,6 ҳазор нафар шаҳрвандон хизматҳои гуногуни мусоидат ба шуғл расонида мешавад. Тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат дар замимаи 1 оварда шудааст.

3. Вазифаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар содҳои 2014-2015

31. Барномаи мазкур ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ҷихати расидан ба ҳадафҳо аз қабили татбиқи сиёсати фаъол дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати арзанда, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, дастгирии табакаҳои дар бозори меҳнат осебпазир, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ амалӣ мегардад.

32. Дар робита ба ин, мувофиқи Барномаи мазкур тайи солҳои 2014-2015 вазифаҳои асосии сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ муқаррар мегарданд:

- таҳким бахшидан ба фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тавассути рюҳандозӣ намудани шаклқои нави хизматрасонӣ дар раванди мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ мусоидат намудан ба корҷӯён барои бо кор таъмин шудан дар сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ ва дигар иншооту корхонаҳои бунёдшаванда;

- таҳия ва татбиқи механизми идораи раванди таъсиси ҷойҳои кави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар;

- баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ;

- васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таълими касбии системаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муосири таълими касбӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар;

- роҳандозӣ намудани шарикии иҷтимоӣ дар раванди таълими касбии калонсолон;

- гузаронидани тадқиқот оид ба муайянсозии талабот ба малакаҳои касбӣ;

- таъмини ҳамоҳангсозии татбиқи чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо ҷараёни татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015.

33. Ҳамзамон бо ин, тайи солҳои 2014-2015 афзалиятҳои зерини сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинӣ мешаванд:

- такмил додани қонунгузории ҷорӣ доир ба масъалаҳои танзими бозори меҳнат;

- таъсис додани Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба таҳсилот ва таълими касбӣ, таҳия ва тасдиқ намудани Низомномаи кумитаи мазкур;

- такмил додани системаи мавҷудаи иттилооти электронӣ ва тадриҷан таъсис додани шабакаи ягонаи иттилооти электронӣ дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

- таҳия ва дар амал татбиқ намудани механизми муосири ҳамкорӣ бо корфармоён дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолии бекор;

- амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати муайянсозии тавозуни воқеии талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;

- тадриҷан таъмин намудани иҷрои Нақшаи татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015.

4. Чорабиниҳои асосии таъмини шуғли аҳолӣ

§ 1. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

34. Дар солҳои 2014-2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 280,7 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода мешаванд.

Аз ҷумла:

- дар корхонаю ташкилотҳои бахши давлатӣ - 25,5 ҳазор ҷой;

- дар корхонаю ташкилотҳои бахши коллективӣ - 39,7 ҳазор ҷой;

- дар корхонаю ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликият - 39,1 ҳазор ҷой;

- дар корхонаю ташкилотҳои бахши хусусӣ - 176,4 ҳазор ҷой;

35. Дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаҳои саноат 16,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, сохтмон 48,2 ҳазор, кишоварзӣ 68,0 ҳазор, нақлиёт ва алоқа 4,9 ҳазор, савдо, хӯроки умумӣ ва таъминоти моддию техникӣ 89,8 ҳазор, дигар соҳаҳо 38,7 ҳазор ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 14,7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

36. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ давоми солҳои 2014-2015 дар миқёси минтақаҳо ба таври зайл пешбинӣ мегардад:

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 15,9 ҳазор ҷой;

- вилояти Хатлон - 92,3 ҳазор ҷой;

- вилояти Суғд - 77,7 ҳазор ҷой;

- шаҳри Душанбе - 42,1 ҳазор ҷой;

- шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 52,7 ҳазор ҷой.

37. Сохтори ташкилию соҳавӣ ва сохтори ташкилию минтақавии таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар замимаҳои 2 ва 3 оварда шудаанд.

§ 2. Миёнаравӣ дар бозори меҳнат

38. Вазифаи асосии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳамчун сохтори давлатӣ ин миёнаравӣ дар бозори меҳнат миёни корфармоён ва корҷӯён мебошад. Самаранокии фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ аз сатҳ, сифат ва таваҷҷӯҳи ҳамкорӣ дар байни корфармоён ва корҷӯён алоқаманд мебошад.

39. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираи изофаи қувваи корӣ мебошад, ҳамасола талабот ба ҷойи кор зиёд гардида, таъсири назаррас ба вазъи бозори меҳнат ба мушоҳида мерасад.

40. Илова ба ин, дар вазъи кунунӣ иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ имконияти пурра ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнатро надорад ва барои мӯътадил нигоҳ доштани вазъи бозори меҳнат масъалаи истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда, алалхусус ҷойҳои кори холии аз ҷониби корфармоён ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ пешниҳодшаванда ба мадди аввал мебарояд. Ин масъала дар навбати худ ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро миёни мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва корфармоён тақозо менамояд.

41. Бо назардошти он, ки дар айни замон чунин ҳамкориҳо миёни мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва корфармоён ба беҳбудӣ эҳтиёҷ дорад, дар доираи амали Барномаи мазкур тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

- такмил додани махзани маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ ва таъмини дастрасии мукаммали корҷӯён ба ин маълумот;

- васеъ ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оиди масъалаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар байни бекорон ва корҷӯён;

- тақвият бахшидани таҷрибаи ташкили ярмаркаҳои соҳавии ҷойҳои кории холӣ.

42. Дар доираи Барнома пешбинӣ мешавад, ки давоми солҳои 2014-2015 аз ҷониби корфармоён новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мутаносибан 28888 ва 29407 ҷойҳои кории холӣ (вакансия) пешниҳод мешавад ва тавассути роҳхатҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ давоми ин солҳо 58,3 ҳазор шаҳрвакдони бекор ба шуғл ҷалб карда мешаванд.

§ 3. Мусоидат ба шуғли аҳолии дар бозори меҳнат рақобатнопазир

43. Бо пешрафти ҷомеа ва ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави иқтисодӣ ва дар ин замина ворид гардидани технологияҳои муосир дар истеҳсолот талаботи рӯзафзунро ба сатҳи тахассуси касбии корҷӯён ва шаҳрвандони бекор пеш мегузорад. Дар ин шароит масъалаи дастгирии табақаҳои дар бозори меҳнат рақобатнопазир дар масъалаи таъмини онҳо бо ҷойи кор аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.

44. Ба ин гурӯҳ асосан волидайни танҳо ва серфарзанд, ки дар тарбияашон фарзандони маъюб доранд, шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва табобати маҷбурӣ озодшуда, маъюбон, шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, дохил мешаванд ва барои бо кор таъмин намудани онҳо дар доираи Барномаи мазкур имтиёзҳои зерин пешбинӣ мегардад:

- банд намудани ҷойҳои махсуси корӣ (квотаҳо);

- сафарбаркунӣ ба курсҳои кӯтоҳмӯҳлати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

- мусоидат дар ташкили фаъолияти инфиродӣ тавассути таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ бо роҳи ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзнок;

- хизматрасонии тавонбахшӣ тавассути роҳнамоии касбӣ.

45. Дар баробари ин тадбирҳо, таъсис додани ҷойҳои кории субсидияшуда барои ин табақаи аҳолӣ дар фаъолияти минбаъда тадриҷан амалӣ мешавад.

46. Дар амал татбиқ намудани имтиёзҳои пешбинигардида имконият фароҳам меорад, ки давоми амали Барнома дар маҷмӯъ 5,4 ҳазор нафар шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.

§ 4. Мусоидат ба шуғли ҷавонон

47. Дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015 барои бо шуғл таъмин намудани ҷавонон дар солҳои 2014-2015 тадбирҳои зерин амалӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини ҷавонон бо ҷойи кор аз ҳисоби ҷойҳои кори холии мавҷуда (29,1 ҳазор нафар);

- расонидани хизмати роҳнамоии касбӣ ва маслиҳатию машваратӣ (21,8 ҳазор нафар);

- сафарбар намудани ҷавонон ба курсҳои кӯтоҳмӯҳлати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мувофиқи касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар (25,7 ҳазор нафар);

- ҷалби ҷавонон дар иҷрои корҳои ҷамъиятии муздкок (8.2 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар ташкили фаъолияти соҳибкории хурду миёна тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба онҳо (3,2 ҳазор нафар);

- роҳандози намудани тадбирҳо дар самти тарбияи ҳуқуқии ҷавонон доир ба масъалаҳои бозори меҳнат.

48. Давоми солҳои 2014-2015 тавассути татбиқи ин тадбирҳо 88,0 ҳазор нафар ҷавонон ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта мешаванд.

§ 5. Мусоидат ба шуғли занон

49. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, №92 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015" дар доираи Барнома барои ба шуғл ҷалб намудани занон тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини занон бо ҷои кори доимӣ аз ҳисоби ҷойҳои кори холии мавҷуда (29,1 ҳазор нафар);

- гузаронидани корҳои машваратию маслиҳатӣ оид ба роҳнамоии касбӣ (13,1 ҳазор нафар);

- фарогирӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат (19,2 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббусҳои занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва худиштиғолӣ (3,2 ҳазор нафар);

- ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятии музднок (6,2 ҳазор нафар);

- бокортаъминкунии занону духтароне, ки қурбони хушунат ва зӯроварӣ гардидаанд;

- ба роҳ мондани фаъолияти иттилоотӣ ва тарбияи ҳуқуқии занон;

- ҷалби қувваи кории занон ба шаклҳои гуногуни корҳои хонагӣ.

50. Ҳамагӣ мувофиқи Барнома тайи солҳои 2014-2015-ум 70,8 ҳазор нафар занон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда мешаванд.

51. Нишондиҳандаҳои Барнома дар самти бо кор таъмин намудани бекорон, аз ҷумла шахсони дар бозори меҳнат осебпазир дар замимаҳои 4 ва 5 оварда шудаанд.

§ 6. Мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат

52. Бо назардошти изофагии қувваи корӣ дар Тоҷикистон масъалаи рушди касбии захираҳои меҳнатӣ ва ба ин васила мутобиксозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Рушди касбии захираҳои меҳнатӣ дар навбати худ ба ташаккули бозори меҳнати фасеҳ (чандир) замина мегузорад. Аз ин хотир, бо мақсади таъмини рушди босамари қувваҳои корӣ ва мутобиқшавии онҳо ба талаботи муосири бозори мехнат ва бо назардошти Консепскяи таълим дар давоми ҳаёт дар Барнома тадбирҳои зерин пешбинӣ гардидаанд:

- дар сатҳи ҷумҳурӣ, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис додани Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба таҳсилот ва таълими касбӣ;

- таъмини иҷрои Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015;

- таъмини иҷрои Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015;

- таъмини рушди устувори технологияи модулии таълими калонсолон;

- ташкили раванди шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

- мустаҳкам ва васеъ намудани заминаҳои моддию техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълими касбӣ тавассути ҷалби сармоягузориҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ.

53. Давоми солҳои 2014-2015 дар натиҷаи татбиқи Барнома 31,6 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ фаро гирифта мешаванд. Дар баробари ин малакаҳои касбии 5,3 ҳазор нафар шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд.

§ 7. Хизматрасонии машваратӣ ва дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор дар рушди соҳибкории хурду миёна

54. Рушди соҳибкории хурду миёна барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хеле муҳим дорад, зеро рушди соҳибкории хурду миёна заминаи асосӣ барои ташаккули табақаи миёнаҳоли аҳолӣ ва сектори хусусӣ мебошад. Мувофиқи таҳлилҳо наздик 60 фоизи ҷойҳои кории таъсисшаванда ба сектори хусусӣ тааллуқ доранд ва ин омили муҳим дар бокортаъминшавии аҳолии бекор мебошад. Аз ин лиҳоз бо мақсади дастгирии минбаъдаи ин раванд дар Барномаи мазкур амалӣ намудани тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- таҳким бахшидан ба фаъолият дар дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар байни шаҳрвандони бекор;

- татбиқ намудани шаклҳои муосири расонидани хизматҳои машваратӣ дар ташкили раванди фаъолияти соҳибкории хурду миёна;

- амалӣ намудани тадбирҳо барои дастгирии молиявии ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандони бекор дар бахши истеҳсолӣ, хизматрасони ба аҳолӣ ва тиҷорат;

- таҳия ва татбиқ намудани механизми муосири назорат, истифодаи мақсаднок ва гардиши маблағҳои барои рушди соҳибкорӣ пешбинишуда:

- дастгирии афзалиятноки шаҳрвандони бекор аз ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати ташкили соҳибкорӣ.

55. Давоми солҳои 2014-2015 тавассути татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда 6,5 ҳазор нафар шаҳрвандон ба соҳибкорӣ ҷалб карда мешаванд.

§ 8. Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок

56. Ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднок барои бо шуғли муваққатӣ ҷалб намудани аҳолии бекор тадбири хеле муассир буда, дар фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ якҷоя бо мақомоти кҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо васеъ истифода мешавад. Аз ин хотир масъалаи тавсеа бахшидан ба фаъолият дар амалӣ намудани ин тадбири фаъол аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ пайваста иқдомҳо сурат мегиранд. Дар ҳамин радиф барои таҳкими фаъолият дар ин самт тайи 2 соли охир қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 №121 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи корҳои ҷамъиятӣ", ки иҷрои 53 номгӯи корҳои ҷамъиятро пешбинӣ менамояд ва аз 2 марти соли 2013 №106 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 №93", ки ҳаҷми иловапулиро барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 50 фоизи ҳади ақали музди меҳнат муқаррар менамояд, ба тасвиб расиданд.

57. Бо мақсади идома додани сиёсати фаъол дар танзими масъалаи бокортаъминкунии шаҳрвадони бекор ва корҷӯй, тавассути ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднок дар доираи Барнома тайи солҳои 2014-2015 ҷалб намудани 9,9 ҳазор шаҳрвандон ба иҷрои ин корҳо пешбинӣ шудааст.

§ 9. Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ

58. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон зимни ихтисоршавӣ аз корхонаҳо ва инчунин шаҳрвандоне, ки собиқаи корӣ надоранду ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд дар доираи Барномаи мазкур таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо дар давраи бекорӣ пешбинӣ шудааст.

59. Дар заминаи ин тадбир давоми солҳои 2014-2015 ба 12,5 ҳазор нафар шаҳрвандон, ки аз ташкилоту муассисаҳо ихтисор мешаванд, ё шаҳрвандони бекоре, ки собиқаи корӣ надоранду ба чунин дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд, кӯмакпулиҳо барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт карда мешавад.

60. Илова ба ин, дар Барнома тадбирҳо оид ба пардохти маблағҳои иловагӣ дар асоси қарори Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳар як нафар аъзои оилаи корношоями шаҳрвандони бекор ва расонидани ёрии моддӣ барои дафни шаҳрвандони расман мақоми бекорӣ дошта, ки кӯмакпулӣ мегирифтанд, низ ба назар гирифта шудааст.

§ 10. Такмили фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ

61. Мусаллам аст, ки мӯътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнат барои ҳар як давлат ҳадафи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Вазъи бозори меҳнат бошад қабл аз ҳама ба тавозун миёни талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ қаробати бевосита дорад. Дар робита ба ин вазъи бозори меҳнат дар навбати худ аз фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ низ вобаста мебошад.

62. Бинобар ин пайваста таҳким бахшидани фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ яке аз омилҳои таъсирбахш дар мӯътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнат мебошад.

63. Аз ин хотир барои таҳкими минбаъдаи фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ амалӣ намудани тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

- пайваста такмил додани малакаҳои касбии потенсиалӣ кадрии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

- таҳия ва дар амал татбиқ намудани Стратегияи рушди фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

- таҷдиди назар қарор додани сохтори мавҷудаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

- такмил додани системаи ҷории ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат;

- мунтазам зиёд намудани имкониятҳои молиявии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва иқтидори техникии он;

- омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар самти танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷалби сармояҳои ватанию хориҷӣ барои рушди имкониятҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ.

5. Натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2014-2015

64. Пешбинӣ мегардад, ки тавассути татбиқи чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2014-2015:

- дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҳисоби манбаъҳои гуногун 280,7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда мешаванд;

- дар ҷойҳои кории холии ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ пешниҳодгашта 58,3 ҳазор нафар корҷӯён бо кор таъмин мегарданд, аз ҷумла тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ (квота) 5,4 ҳазор нафар шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд;

- зиёда аз 31,6 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷуй ба тайёрии касбӣ такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯи касбҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат фаро гирифта мешаванд;

- 12,5 ҳазор бекорон кӯмакпулӣ барои бекорӣ мегиранд;

- малакаҳои касбии 5,3 ҳазор шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд;

- 9,9 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар мешаванд;

- ба 6,4 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзиок барои ташкили корҳои фардӣ пешниҳод мегардад;

- 720 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида мешавад;

- ба 43,7 ҳазор нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шуғл хизматҳои маслиҳатӣ ва машваратӣ расонида мешавад;

- вобаста ба имконият дар сатҳи ҷумҳурӣ ду маротиба пурсиши корфармоён барои муайян намудани талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ гузаронида мешавад;

- мониторинги ҷараёни татбиқ ва натиҷаи чорабиниҳои Барнома дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ гузаронида мешавад;

- системаи ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат ташаккул меёбад;

- таҷдиди сохтори маҳаллии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ гузаронида мешавад.

65. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барнома сатҳи шуғлнокии аҳолӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,8 фоиз зиёд мегардад. Барнома имконият медиҳад, ки дар ин муддат 398,4 ҳазор нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 111,6 ҳазор нафар бевосита тавассути мусоидати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба ҷойҳои корӣ ҷалб карда шаванд.

6. Татбиқи Барнома ва назорати иҷрои он

66. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ амалӣ мегардад.

67. Ҳаҷми умумии буҷети Барнома 35255,3 ҳазор сомониро ташкил дода, интизор меравад, ки аз он:

- 32456,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (замимаи 8);

- 2799,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва сармоягузории ватанию хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

68. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйирёбии ғайримунтазираи вазъи бозори меҳнат маблағҳои пешбинишударо аз рӯи самтҳо ва чорабиниҳои Барнома қисман аз нав тақсим менамояд.

69. Дар буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои татбиқи чорабиниҳои Барнома маблағҳо пешбинӣ карда мешаванд.

70. Масъулини таъмини иҷрои Барнома вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд,, ки ҷараёни иҷрои онро ҳар нимсола дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъбаст ва пешниҳоди минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол менамоянд.

71. Назорати иҷрои Барномаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом медиҳанд.

Замимаи 1

ба Барномаи давлатии

мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2014-2015

Тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат (нафар)

+------+----------------------------+--------+-------+---------------ҷ
|р/т   |Нишондиҳандаҳо              |соли    | соли  |   Пешгӯӣ      |
|      |                            |2012    | 2013  +-------+-------+
|      |                            |ҳисобот | баҳо  | соли  |  соли |
|      |                            |        |       | 2014  |  2015 |
+------+----------------------------+--------+-------+-------+-------+
|1     |        2                   |   3    |   4   |   5   |   6   |

|1.1   |Шумораи миёнаи солонаи аҳолӣ|7897300 |8061100|8341600|8680800|

|1.2   |Захираҳои меҳнатӣ           |4796000 |4962000|5112000|5260000|

|1.3   |Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ   |        |       |       |       |
|      |фаъол; аз онҳо:             |2347000 |2258700|2641000|2783000|
|      +----------------------------+--------+-------+-------+-------+
|      |Дар иқтисодиёт расман       |        |       |       |       |
|      |машғулбуда                  |2291000 |2201900|2660000|2778000|

|      |Бекорони дар қайди мақомоти |        |       |       |       |
|      |ваколатдори давлатибуда     |56000   |56800  |57400  |58000  |

|1.4   |Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ   |        |       |       |       |
|      |ғайрифаъол                  |2449000 |2465000|2471000|2477000|

|      |Аз онҳо хонандагони қобили  |        |       |       |       |
|      |меҳнат:                     |541000  |545000 |550000 |555000 |

|1.5   |Захираҳои меҳнатии ба бозори|        |       |       |       |
|      |меҳнат воридшаванда, ҳамагӣ:|2228295 |2238272|2262811|2283058|

|1.5.1 |Насли дохилшаванда:         |312505  |314082 |333604 |352723 |

|      |Аз ҳисоби: - хатмкунандагони|        |       |       |       |
|      |мактабҳои миёнаи умумӣ      |85849   |94738  |98295  |102643 |

|      |- хатмкунандагон бо         |        |       |       |       |
|      |маълумоти миёнаи нопурра    |164310  |147924 |157056 |165565 |

|      |- хатмкунадагони ЛКТ        |        |       |       |       |
|      |(рӯзона)                    |10596   |9761   |10171  |10618  |

|      |- хатмкунандагони           |        |       |       |       |
|      |донишгоҳҳои олӣ             |26738   |35866  |40041  |44817  |

|      |муассисаҳои миёнаи касбӣ    |9712    |11093  |12241  |13380  |

|      |- хизматчиёни аз сафҳои     |        |       |       |       |
|      |Қувваҳои Мусаллаҳ озод      |        |       |       |       |
|      |гашта                       |15300   |14700  |15800  |15700  |

|1.5.2 |Шахсони аз маҳбас озодшуда  |890     |730    |1257   |1335   |

|1.5.3 |Коргарони ихтисоршуда       |6900    |3460   |6950   |7000   |

|1.5.4 |Аҳолии бешуғл (аз ҳисоби    |        |       |       |       |
|      |аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ   |        |       |       |       |
|      |ғайрифаъол, аз сатри 4 ба   |        |       |       |       |
|      |ғайр аз хонандагони қобили  |        |       |       |       |
|      |меҳнат)                     |1908000 |1920000|1921000|1922000|

|1.6   |Тақсимоти аҳолии қобили     |        |       |       |       |
|      |меҳнати бешуғл, аз рӯи      |        |       |       |       |
|      |намудҳои гуногуни шуғл,     |        |       |       |       |
|      | ҳамагӣ:                    |1189600 |1195260|1200637|1206342|

|1.6.1 |Мустақилона дар ҷойҳои кори |        |       |       |       |
|      |холӣ ва таъсисёфта ба кор   |        |       |       |       |
|      |таъмин мешаванд             |270800  |271200 |271600 |273100 |

|      |Тараққӣ додани хоҷагии      |        |       |       |       |
|      |деҳқонӣ (фермерӣ)           |73800   |74000  |74200  |75500  |

|      |Тараққӣ додани фаъолияти    |        |       |       |       |
|      |фардӣ ва соҳибкорӣ          |197000  |197200 |197400 |197600 |

|1.6.2 |Ба таҳсил машғул мешаванд   |148300  |150400 |153083 |155890 |

|1.6.3 |Ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ |        |       |       |       |
|      |даъват мешаванд             |15300   |14700  |15300  |14700  |

|1.6.4 |Ба муҳоҷирати меҳнатии      |        |       |       |       |
|      |бурунмарзӣ машғул мешаванд  |755200  |758960 |760654 |762652 |

|1.7   |Бо мусоидати мақомоти       |        |       |       |       |
|      |ваколатдори давлатӣ ба шуғл |        |       |       |       |
|      |ҷалб карда мешаванд. Ҳамагӣ:|52700   |36370  |54423  |57216  |

|1.7.1 |Бокортаъминкунӣ, аз ҷумла:  |34557   |23120  |34623  |35505  |

|      |- дар ҷойҳои кори холии     |        |       |       |       |
|      |пешниҳодшуда (вакансия),    |28100   |17759  |28888  |29407  |

|      |- аз ҳисоби таъсиси ҷойҳои  |        |       |       |       |
|      |кори иловагӣ;               |3708    |3762   |3100   |3300   |

|      |- дар ҷойҳои кори бандшуда  |        |       |       |       |
|      |(квота);                    |2749    |1599   |2635   |2798   |

|1.7.2 |Сафарбаркунӣ ба касбомӯзӣ   |        |       |       |       |
|      |дар курсҳои кӯтоҳмуддат     |12926   |8693   |15200  |16390  |

|1.7.3 |Сафарбаркунӣ ба корҳои      |        |       |       |       |
|      |ҷамъиятии музднок (мавсимӣ) |5217    |4557   |4600   |5321   |

|1.8   |Аҳолии боқимондаи бешуғли   |        |       |       |       |
|      |қобили меҳнат               |985995  |1006642|1007751|1019500|

|1.9   |Сатҳи расмии бекорӣ         |        |       |       |       |
|      |(бекорон сатри 3, бо %)     |2,4     |2,5    |2,2    |2,1    |

|1.10  |Сатҳи расмии шуғлнокии      |        |       |       |       |
|      |захираҳои меҳнатӣ, бо %     |47,8    |44,4   |52,0   |52,8   |

Замимаи 2

ба Барномаи давлатии

мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2014-2015

Сохтори ташкилӣ ва соҳавии таъсиси ҷойҳои корӣ дар солҳои 2014-2015

+----+-----------------------+--------+--------+---------------------ҷ
| №  |                       |соли    |соли    |Нишондодҳо дар солҳои|
|рт |Номгӯи чорабиниҳо      |2012    |2013    +---------+-----------+
|    |                       |ҳисобот |баҳо    |  2014   | 2015      |
+----+-----------------------+--------+--------+---------+-----------+
|1.  |       2.              |   3.   |   4.   |   5.    |    6.     |

|                        Таъсиси ҷойҳои корӣ                         |

|2   |Ҳамагӣ таъсиси шумораи |        |        |         |           |
|    |зериии ҷойҳои корӣ     |        |        |         |           |
|    |муайян карда мешавад   |132251  |116395  |138378   |142362     |
|    +-----------------------+--------+--------+---------+-----------+
|    |Аз ҷумла аз рӯи шаклҳои|        |        |         |           |
|    |моликият:              |132251  |116935  |138378   |142302     |

|    |- дар корхонаю         |        |        |         |           |
|    |ташкилоти бахши даплатӣ|12683   |11403   |12519    |12975      |

|    |- бахши коллективӣ     |20846   |13709   |19793    |19958      |

|    |ташкилотҳо бо шаклҳои  |        |        |         |           |
|    |гуногуни моликият      |20178   |21644   |19260    |19842      |

|    |дар бахши хусусӣ       |78544   |70179   |86806    |89587      |

|2.2 |дар соҳаҳои иқтисоди   |        |        |         |           |
|    |миллӣ                  |132251  |116935  |138378   |142362     |

|    |аз ҷумла:              |        |        |         |           |

|    |саноат                 |8745    |6147    |7955     |8539       |

|    |кишоварзӣ              |33088   |32995   |33788    |34262      |

|    |сохтмон                |18627   |21143   |23440    |24734      |

|    |Нақлиёт ва алоқа       |2830    |2442    |2355     |2507       |

|    |савдо, хӯроки умумӣ,   |        |        |         |           |
|    |таъминоти моддию       |        |        |         |           |
|    |техникӣ                |45184   |37788   |44524    |45260      |

|    |дигар соҳаҳо           |18995   |13663   |19201    |19472      |

|3   |Соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ |4781    |2757    |7115     |7588       |

|    |Таъсиси ҷойҳои кори    |        |        |         |           |
|    |иловагӣ аз ҳисоби      |        |        |         |           |
|    |маблағҳои ҳифзи иҷтимоӣ|        |        |         |           |
|    |тавассути қарзҳои      |        |        |         |           |
|    |имтиёзнок              |3765    |1716    |3200     |3300       |

Замимаи 3

ба Барномаи давлатии

мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2014-2015

Сохтори ташкилӣ ва минтақавии таъсиси ҷойҳои корӣ дар солҳои 2014-2015

(ҷои кор.)

+---+---------------------------------------+------------------------ҷ
|   |  Нишондиҳандаҳо                       |        Дурнамо         |
|   |                                       +------------+-----------+
|   |                                       | Соли 2014  | Соли 2015 |
+---+---------------------------------------+------------+-----------+
|   |Ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби ҳама|            |           |
|   |гуна шаклҳои фаъолият ҳамагӣ:          |            |           |
|   |(ҷойи корӣ)                            |138378      |142362     |

|   |аз ҷумла:                              |            |           |
|   +---------------------------------------+------------+-----------+
|   |- сохтмони нав                         |24827       |26367      |

|   |- таҷдид ва васеъкунии корхонаҳои      |            |           |
|   |  амалкунанда                          |43522       |44543      |

|   |- барқароркунии иқтидори корхонаҳои    |            |           |
|   |  аз кор баромада                      |8246        |8587       |

|   |Корҳои фардӣ                           |61783       |62865      |

|   |- аз ҷумла корҳои хонагӣ               |6181        |6372       |

|   |Аз ҷумла аз сатри 1 дар минтақаҳо:     |138378      |142362     |

|   |(ВМКБ)                                 |7779        |8144       |

|   |Вилояти Хатлон                         |45574       |46750      |

|   |Вилояти Суғд                           |38526       |39151      |

|   |шаҳри Душанбе                          |21000       |21100      |

|   |Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ           |25499       |27217      |

Замимаи 4

ба Барномаи давлатии

мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои

солҳои 2014-2015

Мусоидат ба шуғли шаҳрвандон бо воситаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар маҳалҳо

+---+--------------------------+---------+--------+------------------ҷ
| № |                          |  соли   | соли   |   Нишондодҳо     |
|рт|  Номгӯи чорабиниҳо       |  2012   | 2013   |   дар солҳои     |
|   |                          | ҳисобот | баҳо   +--------+---------+
|   |                          |         |        |  2014  | 2015    |
+---+--------------------------+---------+--------+--------+---------+
|1  |         2.               |   3.    |  4.    |   5.   |  6.     |

|4.1|Мусоидат намудан дар      |         |        |        |         |
|   |таъмиии бекорон бо ҷои    |         |        |        |         |
|   |кори доимӣ ҳамагӣ:        |35374    |19537   |34723   |35505    |

|   |аз он ҷумла:              |         |        |        |         |
|   |- аз ҳисоби ҷойҳои кори   |         |        |        |         |
|   |холии мавҷуда             |28832    |16343   |28888   |29407    |

|   |- муқаррар намудани       |         |        |        |         |
|   |теъдоди ҷойҳои            |         |        |        |         |
|   |бандкардашуда аз ҷониби   |         |        |        |         |
|   |корфармоён барои шахсоне, |         |        |        |         |
|   |ки дар бозори меҳнат      |         |        |        |         |
|   |мисли дигарон рақобати    |         |        |        |         |
|   |баробар карда наметавонанд|         |        |        |         |
|   |(квота)                   |2771     |1478    |2635    |2798     |

|   |- дастгирии шахсони бекор |         |        |        |         |
|   |дар инкишофи соҳибкорӣ    |         |        |        |         |
|   |тавассути пешниҳоди қарзҳо|         |        |        |         |
|   |хурд.                     |3765     |1716    |3200    |3300     |

|4.2|Ташкили корҳои ҷамъяти    |         |        |        |         |
|   |музднок                   |5283     |3266    |4600    |5321     |

|4.3|Сафарбаркунӣ ба омӯзиши   |         |        |        |         |
|   |касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили|         |        |        |         |
|   |ихтисоси бекорон, бо кор  |         |        |        |         |
|   |таъминкунӣ бо воситаи     |         |        |        |         |
|   |таҷрибаомӯзии ҷавонон     |12981    |10471   |15200   |16390    |

|4.4|Таъмини иҷтимоии          |         |        |        |         |
|   |шаҳрвандони бешуғл        |         |        |        |         |
|   |тавассути пардохти        |         |        |        |         |
|   |кӯмакпулӣ                 |8140     |4674    |5800    |6749     |

|4.5|Расонидани хизмати        |         |        |        |         |
|   |роҳнамоии касбӣ ба        |         |        |        |         |
|   |дастгирии равони          |         |        |        |         |
|   |(психологӣ)-и аҳолии      |         |        |        |         |
|   |корҷӯй                    |23649    |13456   |21800   |21900    |

Замимаи 5

ба Барномаи давлатии

мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2014-2015

Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби квота бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд

+---------------------------------------------+----------------------ҷ
|                                             |      Пешгӯи          |
|                                             |      (нафар)         |
|                                             +-----------+----------+
|                                             | Соли 2014 |Соли 2015 |
+---------------------------------------------+-----------+----------+
|              Ҳамагӣ:                        |2635       |2798      |

|Маъюбон                                      |262        |283       |

|Ятимони ноболиғ                              |33         |39        |

|Шахсоне, ки аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи     |           |          |
|Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои       |           |          |
|ҳарбӣ, аз хизматчиёни ҳарбӣ озод шудаанд     |424        |446       |

|Шахсоне, ки аз муассисаи иҷрои ҷазои         |           |          |
|ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ      |           |          |
|озод шудаанд                                 |215        |225       |

|Волидони яккаву танҳо, инчунин шахсоне,      |           |          |
|ки дар тарбияашон кӯдакони ноболиғ ва        |           |          |
|фарзандони маъюб доранд                      |286        |268       |

|Волидоне, ки бештар аз 5 кӯдаки ноболиғ      |           |          |
|доранд                                       |463        |472       |

|Шахсони то синни 18 сола, ки бо сабаби       |           |          |
|вафоти волидонашон ва ё дигар холатҳо        |           |          |
|сарпарастии оиларо ба ӯҳда доранд            |106        |91        |

|Шаҳрвандоне, ки барои аз рӯи синну сол       |           |          |
|ба нафақа баромаданашон ду сол боқи          |           |          |
|мондааст                                     |42         |40        |

|Шаҳрвандони то синни 18 сола ва ҷавононе,    |           |          |
|ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи     |           |          |
|роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба     |           |          |
|кор фиристонида шудаанд                      |804        |934       |

Замимаи 6

Барномаи давлатии

мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2014-2015

Омӯзиши касбӣ ва бозомӯзонии аҳолии бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ

+---------------------+----------------+-------------+---------------ҷ
|    Чорабиниҳо       |  Ҳамагӣ        |  Соли 2014  |   Соли 2015   |
+---------------------+----------------+-------------+---------------+
|Ҳамагӣ               |31590           |15200        |16390          |

|Аз ҷумла:            |2765            |1240         |1525           |
|ВМКБ                 |                |             |               |

|вилояти Хатлон       |9390            |4580         |4810           |

|вилояти Суғд         |8855            |4280         |4575           |

|шаҳри Душанбе        |4220            |2050         |2170           |

|ШНТҷ                 |6360            |3050         |3310           |

Замимаи 7

ба Барномаи давлатии

мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2014-2015

Кӯмакпулӣ барои бекорӣ

+--------------------------------------------------------------------ҷ
|                           Дар соли 2014                            |
+-----------+--------------+---------+-------------------------------+
|  Номгӯи   |              |Шумораи  |      Маблағгузории чорабиниҳо |
|чорабиниҳо |              |кӯмак-   |          (ҳазор сомонӣ)       |
|           |              |пулиги-  +---------+---------+-----------+
|           |              |рандагон |Аз ҳисоби|Аз ҳисоби|Ҳамагӣ     |
|           |              |(нафар)  |маблағҳои|буҷетҳои |           |
|           |              |         |мақомоти |маҳаллӣ  |           |
|           |              |         |шуғли    |         |           |
|           |              |         |аҳолӣ    |         |           |
+-----------+--------------+---------+---------+---------+-----------+
|Ҳамагӣ:    |Дар ҷумҳурӣ   |5800     |5220,0   |100,0    |5320,0     |

|Аз ҷумла:  |ВМКБ          |502      |451,8    |8,7      |460.5      |
|           +--------------+---------+---------+---------+-----------+
|           |Вилояти Хатлон|1918     |1726,2   |33,1     |1759,3     |

|           |Вилояти Суғд  |1810     |1629,0   |31,2     |1660,2     |

|           |Шаҳри Душанбе |650      |585,0    |11,0     |596,0      |

|           |шаҳру ноҳияҳои|         |         |         |           |
|           |тобеи ҷумҳурӣ |920      |828,0    |16,0     |844,0      |

|                           Дар соли 2015                            |

|Ҳамагӣ:    |Дар ҷумҳурӣ   |6749     |7086,4   |120,0    |7206,4     |

|Аз ҷумла:  |ВМКБ          |566      |594,3    |10,1     |604,4      |

|           |Вилояти Хатлон|2380     |2499,0   |42,3     |2541,3     |

|           |Вилояти Суғд  |2094     |2198,7   |37,2     |2235,9     |

|           |Шаҳри Душанбе |680      |714,0    |12,0     |726        |

|           |тобеи ҷумҳурӣ |1029     |1080,4   |18,4     |1098,8     |

Замимаи 8

ба Барномаи давлатии

мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2014-2015

Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок

|  Номгӯи   |Иҷроку-       |Иштирок  |      Маблағгузории чорабиниҳо |
|чорабиниҳо |нандагон      |намуданд |          (ҳазор сомонӣ)       |
|           |              |(нафар)  +---------+---------+-----------+
|           |              |         |Аз ҳисоби|Аз ҳисоби|Ҳамагӣ     |
|           |              |         |маблағҳои|корфар-  |           |
|           |              |         |мақомоти |моён     |           |

|Ҳамагӣ:    |Дар ҷумҳурӣ   |4600     |575,0    |1249,0   |1824,0     |

|Аз ҷумла:  |ВМКБ          |550      |68,7     |149,3    |218,0      |

|           |Вилояти Хатлон|1410     |176,3    |382,8    |559,1      |

|           |Вилояти Суғд  |1157     |144,6    |314,2    |458,8      |

|           |шаҳри Душанбе |362      |45,2     |98,3     |143,5      |

|           |тобеи ҷумҳурӣ |1121     |140,2    |304,4    |444,6      |

|Ҳамагӣ:    |Дар ҷумҳурӣ   |5321     |798,1    |1330,2   |2128,3     |

|Аз ҷумла:  |ВМКБ          |625      |93,7     |156,2    |249,9      |

|           |Вилояти Хатлон|1615     |242,3    |403,7    |646,0      |

|           |Вилояти Суғд  |1367     |205,0    |341,7    |546,7      |

|           |шаҳри Душанбе |366      |54,9     |91,6     |146,5      |

|           |тобеи ҷумҳурӣ |1348     |202,2    |337,0    |539,2      |

Замимаи 9

ба Барномаи давлатии мусоидат

ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2014-2015

Ташкили корҳои инфиродии меҳнатӣ

+-----------+----------------+----------+----------------------------ҷ
| Номгӯи    |                | корҳои   |                            |
| чорабиниҳо|                | фарддӣ   |                            |
|           |                | (нафар)  +-------------+--------------+
|           |                |          |Соли 2014    |Соли 2015     |
|           |                |          |(ҳаз.сомонӣ) |(ҳаз.сомонӣ)  |
+-----------+----------------+----------+-------------+--------------+
|Ҳамагӣ:    |Дар ҷумҳурӣ     |6400      |1711,2       |2500,0        |

|Аз ҷумла:  |ВМКБ            |1141      |304,1        |404,1         |
|           +----------------+----------+-------------+--------------+
|           |вилояти Хатлон  |1702      |455,9        |555,9         |

|           |вилояти Суғд    |1568      |425,0        |525,0         |

|           |шаҳри Душанбе   |426       |110,4        |499,2         |

|           |шаҳру ноҳияҳои  |          |             |              |
|           |тобеи ҷумҳурӣ   |1563      |475,8        |515,8         |

Замимаи 10

ба Барномаи давлатии

мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳуриии Тоҷикистон

барои солҳои 2014-2015

Маблағгузории Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015

+--+-----------------+------+----------------+------+----------------ҷ
| №|Номгӯи чорабиниҳо|Нишон |    Ҳаҷми       |Нишон |      ҳаҷми     |
|  |                 |додҳо,| маблағгузорӣ   |додҳо |   маблағгузорӣ |
|  |                 |нафар | (ҳаз.сом.)     |с.2015|    (ҳаз.сом.)  |
|  |                 |с.2014|   с.2014       |      |      с.2015    |
+--+-----------------+------+-------+--------+------+--------+-------+
|  |                 |      |Аген-  |Буҷет-  |      | Аген-  |Буҷет- |
|  |                 |      |тии    |ҳои     |      | тии    Жҳои    |
|  |                 |      |суғур- |маҳал-  |      | суғур- |маҳал- |
|  |                 |      |таи    |лӣ ва   |      | таи    |лӣ ва  |
|  |                 |      |иҷтимоӣ|дигар   |      | иҷтимоӣ|дигар  |
|  |                 |      |ва     |сарчаш- |      | ва     |сарчаш-|
|  |                 |      |нафақа |маҳо    |      | нафақа |маҳо   |

|1 |       2         |  3   |   4   |  5     |6     |   7    |  8    |

|1.|Таъмини иҷтимоии |5800  |5220,0 |100,0   |6749  |7086,4  |120,0  |
|  |шаҳрвандони      |      |       |        |      |        |       |
|  |бешуғл тавассути |      |       |        |      |        |       |
|  |пардохти         |      |       |        |      |        |       |
|  |кӯмакпулӣ        |      |       |        |      |        |       |

|2.|Ташкили корҳои   |4600  |575,0  |1249,0  |5321  |798,1   |1330,2 |
|  |ҷамъиятӣ         |      |       |        |      |        |       |

|3.|Сафарбаркунӣ ба  |15200 |3420.0 |        |16390 |7621,3  |       |
|  |омӯзиши касбӣ.   |      |       |        |      |        |       |
|  |бозомӯзӣ ва      |      |       |        |      |        |       |
|  |такмили ихтисоси |      |       |        |      |        |       |
|  |бекорон аз он    |      |       |        |      |        |       |
|  |ҷумла калонсолон,|      |       |        |      |        |       |
|  |ҳамагӣ:          |      |       |        |      |        |       |

|  |Аз он ҷумла:     |15200 |1824,0 |        |16390 |3196,0  |       |
|  |стипендия        |      |       |        |      |        |       |

|4.|Дастгирии шахсони|3100  |1711,2 |        |3300  |2500,0  |       |
|  |бекор дар инкишоф|      |       |        |      |        |       |
|  |ва рушди         |      |       |        |      |        |       |
|  |соҳибкорӣ,       |      |       |        |      |        |       |
|  |тавассути қарзҳои|      |       |        |      |        |       |
|  |хурд.            |      |       |        |      |        |       |

|5.|Сиёсати шуғл     |-     |750,0  |        |      |950,0   |       |

|  |Ҳамагӣ:          |X     |13500,2|1349.0  |Х     |18955.8 |1450.2 |