Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2013, № 568
тасдиқ шудааст
Меъёрҳо ва тартиби ба катёгорияҳо ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд
1. Муқаррароти умумӣ
1. Меъёрҳо ва тартиби мазкур (минбаъд - низоми ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳо) барои ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳои амалкунанда, инчунин таъсисёбанда пешбинӣ шуда, имконият медиҳанд, ки зарурати ба Феҳристи объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд минбаъд "Феҳрист"), дохил намудани объектҳои номбурда муайян карда шавад.
2. Асоси низоми ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳоро принсипи баҳодиҳии андозаи зарари эҳтимолие, ки ба давлат ва ҷамъият бар асари амалҳои террористӣ ва дигар тааррузҳои зиддиҳуқуқӣ ба объект расонида шуданаш мумкии аст, ташкил мекунад.
3. Бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти низоми ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳо мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
а) объекте, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд - объекти шакли моликияти давлатӣ (бино, иморат, иншоот, ҳудуд ва акваторияи атрофи ба он тааллуқдошта, - қитъаҳои замин - манбаъҳои зеризаминии аҳамияти ҷумҳуриявидошта, воситаҳои телекоммуникатсионӣ, воситаҳои нақлиёт, инчунин борҳо, аз он ҷумла ҳангоми ҳамлу нақли он, маблағҳои пулӣ ва дигар моликият), ки аз рӯи тартиби муқарраргардида ба категорияҳо ҷудо карда шуда, ба Феҳрист дохил гардидаанд;
б) дараҷаи ҳифзшавии объект - сатҳи чорабиниҳои ташкилию амалӣ, воситаҳои муҳандисию техникӣ ва амалу-ҳаракати кормандон, ки барои пешгирии тааррузҳои ҷиноӣ дар объектҳои муҳофизатшаванда, аз байн бурдан ва паст намудани таҳдидҳо ба саломатию ҳаёти одамон ва дигар оқибатҳои манфӣ равона карда шудаанд;
в) индикатор нишондиҳандаи сифати ва (ё) миқдории шарҳи меъёрҳо барои дохил намудани объект ба Феҳрист;
г) меъёрҳо - нишондиҳандае, ки аз рӯи он ҳадафмандӣ ва зарурати ба Феҳрист дохил намудани объект муайян карда мешавад;
д) тартиби ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳо - маҷмӯи амалҳо доир ба муайян намудани имконпазири ва асоснокии дохил намудани объекти мушаххас ба Феҳрист вобаста ба зарари пешгӯишаванда аз амали зиддиҳуқуқӣ;
е) объекти муҳим - объекте, ки барои амалӣ намудани функсияҳои асосии давлат аҳамияти калон дошта, аз ҷониби мақомоти аз тарафи давлат ваколатдоршуда ҳифз карда мешавад;
ж) объекти махсусан муҳим - объекте, ки аҳамиятнокии он аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давдатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти маҳаллии худидоракунӣ бо мақсади андешидани тадбирҳо вобаста ба ҳимояи манфиатҳои давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз тааррузҳои ҷиноӣ, инчунин аз бавуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии зараре, ки метавонад ба табиат ва ҷамъият расонида шавад, муайян карда мешавад;
з) объекти ҳаёттаъминкунанда - маҷмӯи воситаҳо ва хизматрасонии ҳаётан муҳими моддию молиявӣ, ки аз рӯи таъиноти вазифавиашон ба гурӯҳҳо ҷудо карда шудаанд ва барои қонеъ намудани талаботи ҳаётан зарурии аҳолӣ истифода карда мешаванд (масалан, объектҳо вобаста ба маводҳои ғизоӣ, манзили зист, маводҳои мавриди ниёзи аввал, инчунин вобаста ба таъминоти тиббӣ, санитарию эпидемиологӣ, иттилоотӣ, нақлиёти, манзилию маишӣ ва ғайра);
и) объекти хатарнокиаш баланд - объекте, ки дар он маводҳои радиоактивӣ, тарканда, оташангез, моддаҳои хатарноки кимиёвӣ ва биологӣ, ки таҳдиди воқеии ба вуҷуд омадани сарчашмаи вазъи фавқулоддаро доранд, истифода, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақл карда мешаванд;
к) объекти ҳифзшаванда - корхона, ташкилот, манзили зист, қисм ва ё таркиби онҳо, ки бо системаи муҳофизат ва бехатарӣ муҷаҳҳазгардонида шудаанд.
2. Меъёрҳои дохил намудани объект ба Феҳристи объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд
4. Интихоб ва дохил намудани объект ба Феҳрист аз рӯи меъёрҳои зерин, ки хусусият ва дараҷаи зарари эҳтимолии (пешгӯишавандаи) ба ҷамъият ва давлат аз амалҳои террористӣ ва ё дигар тааррузҳои зиддиҳуқуқӣ ба объект расонидашавандаро инъикос мекунад, ба амал бароварда мешавад:
а) меъёрҳои таъиноти иҷтимоию ҷамъиятӣ, ки бо индикаторони зерин шарҳ дода мешаванд:
- эҳтимолияти муддати тӯлонӣ, зиёда аз 24 соат, вайрон гардидани фаъолияти ҳаётии аҳолии шуморааш зиёда аз 2000 нафар одам;
- эҳтимолияти ҳалокати (тақдид ба ҳалокати) зиёда аз 50 нафар одам (расонидани зарари вазнин ва ё миёна ба саломатии зиёда аз 150 нафар одам);
- эҳтимолияти дар натиҷаи дуздӣ (осеб расонидан) аз даст додани маҷмӯи арзишҳои фарҳангии марбут ба осори фарҳанги ҷаҳонӣ, ки арзиши суғуртавӣ ва бозоргонии он зиёда аз 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад;
- эҳтимолияти дар натиҷаи дуздӣ (осеб расонидан) аз даст додани зиёда аз 5 адад яроқи ҳарбӣ ва ё 10 адад яроқи хизматӣ, 30 адад муҳимоти ҷангӣ, инчунин маводу масолеҳи хатарнок ба он миқдоре, ки боиси ҳалок гардидани (таҳид ба ҳаёти) зиёда аз 50 нафар одам (расонидани зарари вазнин ва ё миёна ба саломатии зиёда аз 150 нафар одам) шуда тавонад;
- эҳтимолияти қатъ гардидани фаъолияти телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ё воситаҳои ахбори умуми марказии электронӣ (ки доираи шунавандагонаш зиёда аз 10 ҳазор нафар одам бошад).
б) меъёрҳои таъиноти иқтисодӣ, ки бо индикаторони зерин шарҳ дода мешаванд:
- эҳтимолияти хароб гардидан, осеб дидани объектҳои саноатӣ ва инфраструктураи нақлиётӣ, ки боиси вайрон гардидани алоқаҳои саноатию кооператсонии на камтар аз сатҳи ҷумҳуриявӣ ва зарари моддии бештар аз 500 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад;
- эҳтимолияти дуздии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи зиёда аз 300 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- эҳтимолияти дуздии маблағҳои шахсони воқеӣ (амонатгузорон), агар якбора имконияти ба зиёда аз 100 нафар одам ба андозаи зиёда аз 50 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарар расонидан мавҷуд бошад.
в) меъёрҳои таъиноти экологӣ, ки бо индикаторони зерин шарҳ дода мешаванд:
- эҳтимолияти сар задании вазъи фавқулоддаи байнисарҳадӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, ки боиси зарурати таҳлияи зиёда аз 10% аҳолии дар ҳудуди мазкур истиқоматкунанда ва ё маҳдуд намудани истифодаи табиат барои 25 % аҳолӣ ба муддати зиёда аз 6 моҳ мегардад.
г) меъёрҳои таъиноти маъмурӣ, ки бо индикаторони зерин шарҳ дода мешаванд:
- эҳтимолияти вайрон гардидани тартиби фаъолияти мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти давлатӣ, ки боиси вайрон шудани шароити фаъолияти ҳаётии аҳолии шумораашон зиёда аз 1000 нафар одам ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси вайрон шудани шароити фаъолияти ҳаётии аҳолии шумораашон зиёда аз 500 нафар одам мегардад;
- эҳтимолияти қатъ гардидани фаъолияти марказҳои алоқаи хаттӣ, радиоӣ ва кайҳонӣ, нуқтаҳои қабулу пахш, ки барои манфиатҳои мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти давлатӣ истифода карда мешаванд, бо расонидани зарари моддӣ ба андозаи зиёда аз 500 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расонидани зарари моддӣ ба андозаи 50 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
5. Дар натиҷаи муайян гардидани меъёрҳо ва нишондодҳои муқаррарнамудаи банди 4 объектҳо ба категорияҳои зерин ҷудо мегарданд:
а) объекти муҳим;
б) объекти махсусан муҳим;
в) объекти ҳаёттаъминкунанда;
г) объекти хатарнокиаш баланд;
д) объекти ҳифзшаванда.
6. Объекти моликияти давлатие, ки аз рӯи натиҷаи ба категорияҳо ҷудо намудани он як ва ё якчанд индикаторҳо муқаррар гардидааст, ба қатори объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилӣ қарор мегиранд, дохил мешавад.
7. Объекти шакли дигари моликият, ки аз рӯи натиҷаҳои ба категорияҳо ҷудо намудани он як ва ё якчанд индикаторҳо муқаррар гардидааст, ба қатори объектҳое, ки барои таҳти муҳофизати мақомоти корҳои дохилӣ гирифтан тавсия дода мешаванд, марбут аст.
3. Тартиби ба Феҳрист дохил кардани объектҳои муҳим ва ҳифзшаванда, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилӣ қарор мегиранд
8. Ба категория ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд, бо тартаби зерин ба амал бароварда мешавад:
9. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда мешавад:
а) бо ҷалби мутахассисон ва намояндагони вазорату идораҳо, ки дар ихтиёри онҳо объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд, комиссияи байниидоравӣ таъсис диҳад;
б) муоина ва омӯзиши объектро ташкил карда, дар асоси меъёрҳо ва индикаторҳои ба категорияҳо ҷудо намудан интихоби объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд, доир намояд;
в) дар объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд, муоина ва ҳангоми зарурат, бозрасии муҳофизати ташкилотҳоро барои муайян намудани баҳои коршиносонаи дараҷаи ҳифзшавии объект ташкил намояд;
г) аз рӯи натиҷаҳои муоина бо ишора намудани камбудиҳо дар мустаҳкамкунии муҳандисию техникии объект, таъмин намудани реҷаи назоратӣ-гузарномавӣ ва дохилиобъектӣ, ҷойҳои аз нигоҳи тааррузҳои зиддиҳуқуқӣ осебпазир санад тартиб диҳад;
д) аз рӯи натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда бо назардошти хусусият ва дараҷаи зарари эҳтимолии (пешгӯишавандаи) ба ҷамъият ва давлат аз амалҳои террористӣ ва ё дигар таарузҳои зиддиҳуқуқӣ расонидашаванда афзалияти қабул намудани объектро таҳти муҳофиза муайян намуда, ҳуҷҷати ҷамъбастӣ тартиб диҳад, ки дар он натиҷаҳои ҳамроҳ намудани объектҳо ба лоиҳаи Феҳрист (замимаи №1) бо пешниҳодҳо нисбати объектҳое, ки барои муҳофизат намудан аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиядода мешаванд, инъикос карда мешавад;
е) хароҷоти заруриро барои таъмин намудани тадбирҳои муҳофизатӣ доир ба объекте, ки ба лоиҳаи Феҳрист ҳамроҳ карда мешавад, ҳисоб кунад (замимаи № 2).
10. Дар воҳидҳои мустақили минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ низ комиссияҳои минтақавии байниидоравӣ созмон дода мешаванд, ки ба кори он мутахассисон ва намояндагони ҳудудии дигар вазорату идораҳо ҷалб мегарданд.
11. Комиссияи марказии ҷумҳуриявӣ дар асоси таҳлили маълумоте, ки аз комиссияҳои минтақавӣ ворид гардидаанд, имконпазирӣ ва асоснокии дохил намудани объекти мушаххасро ба Феҳрист баҳогузорӣ мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои баҳогузорӣ, Феҳрист тартиб дода мешавад, ки он тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Замимаи № 1
ба Меъёрҳо ва тартиби ба
категорияҳо ҷудо намудани
объектҳое, ки таҳти муҳофизати
ҳатмии мақомоти корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд
Натиҷаҳои мансуб донистани объектҳо барои дохил намудан ба лоиҳаи Феҳрист
+---+------+--------------+-----------------------------+------------ҷ
|№ |Номгӯи| Манбаи | |Намудҳои |
|р/т|объект| маблағгузорӣ | |муҳофизатии |
| | | | Дараҷаи муҳимияти |мавҷуда |
| | | | объект |(номгӯи |
| | | | |сохтори |
| | | | |муҳофизатӣ |
| | | | |ишора карда |
| | | | |мешавад) |
| | +----+----+----+----+-----+-----+------+-----+------+-----+
| | |ҷум-|ма- |ди- |об- |об- |об- |объек-|об- |давла-|дигар|
| | |ҳу- |ҳал-|гар |ъек-|ъекти|ъекти|ти |ъекти|тӣ |наму-|
| | |рия-|лӣ |ман-|ти |мах- |ҳаёт-|хатар-|ти | |ди |
| | |вӣ | |баъ |му- |сусан|таъ- |нокиаш|ҳифз-| |муҳо-|
| | | | | |ҳим |муҳим|мин- |баланд|ша- | |физат|
| | | | | | | |кунӣ | |ванда| | |
+---+------+----+----+----+----+-----+-----+------+-----+------+-----+
| 1 | | | | | | | | | | | |

| 2 | | | | | | | | | | | |

| 3 | | | | | | | | | | | |

Давомаш
+------------------------------------+-------------------------------ҷ
| Меъёрҳо ва индикаторҳо | Хулоса дар бораи ба |
| | лоиҳаи Феҳрист дохил |
| | намудани объект |
+--------+--------+--------+---------+---------+--------+------------+
|объекти |объекти |объекти |объекти |(ҳа ё не)|намуди |афзалияти |
|таъиноти|таъиноти|таъиноти|таъиноти | |муҳо- |қабули |
|иҷтимоӣ |иқтисодӣ|экологӣ |маъмурӣ | |физат |объект |
| | | | | |(воқеӣ, |таҳти |
| | | | | |техникӣ |муҳофизат |
| | | | | |омехта) |(дар навбати|
| | | | | | |1,2,3) |

Раиси комиссия:__________________
Ҷ.М. "____"___________соли 20___
Эзоҳ:
1. Ҷадвали пуркардашуда бо мӯҳри мақомоти корҳои дохилие, ки комиссияи минтақавии байниидоравиро роҳбарӣ менамояд, тасдиқ карда мешавад.
2. Пешниҳодҳо нисбати объектҳое, ки барои аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат намудан тавсия дода мешаванд, бо дарназардошти ба ҳисоб гирифтани хароҷоти зарурӣ барои таъмин намудани тадбирҳои муҳофизатӣ нисбати ҳар як объект, бо розигии соҳибмулкон барои муҳофизати объект ва маблағузорӣ ба ҷадвали пуркардашуда замима карда мешаванд, илова бар ин, комиссия бо дарназардошти хусусият ва дараҷаи зарари эҳтимолии (пешгӯишавандаи) ба ҷамъият ва давлат аз амалҳои террористӣ ва ё дигар таарузҳои зиддиҳуқуқӣ расонидашаванда афзалияти таҳти муҳофиза қабул намудани объектҳоро муайян менамояд.
Замимаи № 1
ба Меъёрҳо ва тартиби ба
категорияҳо ҷудо намудани
объектҳое, ки таҳти муҳофизати
ҳатмии мақомоти корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд
Ҳисоботи хароҷоти зарурӣ барои таъмини тадбирҳои муҳофизатӣ нисбати объекте, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мегирад
+--+------+----------------------+-----------------------------------ҷ
|№ |Номгӯи| Хароҷот барои | |
|р/|объект| мустаҳкамкунии | |
|т | | муҳандисию техникӣ, | |
| | | воситаҳои техникии | Хароҷот барои муҳофизати воқеӣ |
| | | муҳофизат ва | |
| | | дастгоҳҳои садо ва | |
| | | аломатдиҳӣ | |
| | +--------+-----+-------+-----+------+-----+---------+------+
| | | бо |насб-|насб- |дид- |бас- |ҷиҳо-|таъмини |ташкил|
| | | воси- |кунии|кунии |бон- |таҳои |зони-|фаъолияти|наму- |
| | | таҳои |(таъ-|(таъ- |гоҳ- |мобилӣ|дани |воҳидо |дани |
| | | муҳо- |мир, |мир, |ҳои | |дид- | |воҳид-|
| | | физатӣ |иваз)|иваз) |доимӣ| |бон- | |ҳо |
| | | таҷҳи- |ВТМ. |систе- | | |гоҳҳо| | |
| | | зони- |ВТБ |маи | | | | | |
| | | дани | |мушоҳи-| | | | | |
| | | объект-| |даи | | | | | |
| | | ҳо | |телеви-| | | | | |
| | | | |зионӣ | | | | | |
+--+------+--------+-----+-------+-----+------+-----+---------+------+
|1 | | | | | | | | | |

|2 | | | | | | | | | |

|3 | | | | | | | | | |
+--+------+--------+-----+-------+-----+------+-----+---------+------+ Давомаш
+--------------------------------------------------------------------ҷ
| Маблағи умумии хароҷот |
| +
+--------------------------------+--------------------+--------------+
| хароҷот барои мустаҳкамкунии | муҳофизати воқеӣ | ҳамагӣ |
| муҳандисию техникӣ, | | |
| восритаҳои техникии муҳофизат | | |
| ва дастгоҳҳои садо ва | | |
| аломатдиҳӣ | | |

Раиси комиссия:_______________
Ҷ.М. "___"______________соли 20__
Эзоҳ:
1. Ҷадвали пуркардашуда бо мӯҳри мақомоти корҳои дохилие, ки комиссияи байниидоравиро роҳбарӣ менамояд, тасдиқ карда мешавад.