Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013 № 568 "Дар бораи Меъёрҳо ва тартиби ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Меъёрҳо ва тартиби ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд

Мутобиқи қисми 9 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи милитсия" ва бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар объектҳои муҳофизатшаванда, таҳким бахшидани муқовимат ба амалҳои тахрибкорию террористӣ ва ҷинояткорӣ, ҳимояи боэътимоди иншооти муҳофизатшаванда аз кирдорҳои таҷовузкорона, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва эмин нигоҳ доштани молу амволи давлатию ҷамъиятӣ ва шахсии шаҳрвандон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳо ва тартиби ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 декабри соли 2013 № 568

ш.Душанбе