Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Меъёрҳо ва тартиби ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд
Мутобиқи қисми 9 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи милитсия" ва бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар объектҳои муҳофизатшаванда, таҳким бахшидани муқовимат ба амалҳои тахрибкорию террористӣ ва ҷинояткорӣ, ҳимояи боэътимоди иншооти муҳофизатшаванда аз кирдорҳои таҷовузкорона, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва эмин нигоҳ доштани молу амволи давлатию ҷамъиятӣ ва шахсии шаҳрвандон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Меъёрҳо ва тартиби ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 декабри соли 2013 № 568
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Критериях и порядке категорирования объектов, подлежащих обязательной охране органов внутренних дел Республики Таджикистан
В соответствии с частью 9 статьи 15 Закона Республики Таджикистан "О милиции" и в целях предупреждения преступности и нарушения правопорядка на охраняемых объектах, укрепления противодействия диверсионным, террористическим действиям и преступности, надёжной защиты охраняемых объектов от преступного посягательства, обеспечения общественного порядка и защиты государственного, общественного и личного имущества граждан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Критерии и порядок категорирования объектов, подлежащих обязательной охране органов внутренних дел Республики Таджикистан (прилагается).
2. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан привести отраслевые нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 5 декабря 2013 года, №568