Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз 2 ноябри соли 2013, № 495

Санаи амалкуни: 31.07.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2013, № 495

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 361)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ (минбаъд - Шӯро) мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" бо мақсади амалигардонии мониторинги муттасил ва арзёбии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, барои таъмини сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, пешниҳод ва дастгирии илмӣ ва экспертӣ барои қабули қарорҳои мушахасс, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис дода мешавад.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 361).

3. Шӯро ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, амалӣ сохтани ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин менамояд.

2. Ҳуқуқ ва вазифаҳои Шӯро

4. Ҳуқуқ ва вазифаҳои Шӯро инҳоянд:

- амалигардонии мониторинги муттасил ва арзёбии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои таъмини сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот;

- таҳия ва пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани вазъи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;

- таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани чорабиниҳои муштараки мақомоти идораи давлатие, ки назорати бехатариро таъмин менамоянд;

- баррасии масъалаҳои баҳсноке, ки дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар доираи фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба миён меоянд;

- амалӣ намудани дигар вазифаҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" муқаррар намудааст;

- барои санҷиши вазъи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ гурӯҳи кории махсус таъсис намояд;

- бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намояд.

3. Ҳайати Шӯро

5. Ба ҳайати Шӯро мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва ё муовинони роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдор дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, илмӣ ва коршиносон, ки фаъолияти касбии онҳо ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ равона гардидааст, дохил мешаванд.

6. Ҳайати Шӯроро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

7. Муовини Раис ва котиби масъули Шӯро бо пешниҳоди Раиси Шӯро аз тарафи Шӯро тасдиқ карда мешавад.

4. Ташкили фаъолияти Шӯро

8. Ҷаласаҳои Шӯро дар шаш моҳ як маротиба гузаронида мешавад.

9. Ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯроро Раиси Шӯро метавонад бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо пешниҳоди аксарияти аъзои Шӯро даъват намояд.

10. Раиси дар ҷаласаҳои Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро анҷом дода мешавад ва дар сурати ҳузур надоштани ӯ раисӣ аз ҷониби муовини Раиси Шӯро анҷом дода мешавад.

11. Ҷаласаи Шӯро ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар он аз нисф зиёди аъзои он иштирок дошта бошанд.

12. Қарорҳои Шӯро бо тариқи овоздиҳии кушод бо аксарияти овозҳои аъзое, ки дар ҷаласаи Шӯро иштирок мекунанд, қабул карда мешаванд.

13. Иҷрои қарори Шӯро барои ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, ташкилот ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, тавсиявӣ мебошад.

14. Тағйир додани тартиби гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро дар ҷаласаи навбатии Шӯро бо пешниҳоди аъзои Шӯро қабул карда мешавад.

15. Қарори Шӯро бо протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби Раис ва котиби масъули Шӯро ба имзо расонида мешавад.

16. Нусхаи протокол ва иттилооти дигари марбут ба фаъолияти Шӯро дар муддати 10 рӯзи баъди гузаронидани ҷаласа ба маълумоти ҳамаи аъзои Шӯро ва дигар шахсони манфиатдор расонида мешавад.

17. Дар мавриди зарурат Шӯро метавонад шахсони дигарро барои иштирок дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои ҷаласа даъват намояд, вале шахсони мазкур дорои ҳуқуқи овоз намебошанд.

5. Муқаррароти хотимавӣ

18. Таъминоти ташкилию методӣ ва техникии фаъолияти Шӯро дар доираи худмаблағгузорӣ, грантҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ амалӣ карда мешаванд.

19. Шӯро шахси ҳуқуқӣ намебошад ва бланкаи расмӣ ва мӯҳри худро надорад.

20. Шӯро бо дигар мақомот ва ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияташон ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ нигаронида шудааст, ҳамкорӣ менамояд.