ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 8-9, мод. 653)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳайвоноти кишоварзӣ - ҳама намуди чорво, паранда, моҳӣ, кирми пилла, занбӯри асал, ки онҳоро инсон парвариш менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибати бевосита доранд;
- зотпарварӣ - маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биологию генетикӣ, ташкилию хоҷагидорӣ, ки барои офаридани зот ва гурӯҳҳои нави селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда равона шудаанд;
- маводи (маҳсулоти) зотӣ - ҷинсҳои нарина ва модинаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, нутфа ва ҷанинҳои аз онҳо гирифташуда;
- ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҳайвоноти кишоварзии дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти авлодӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва барои офаридани зот истифода бурда мешаванд;
- арзиши зотӣ - сатҳи иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва таъсири он ба аломатҳои фоиданоки насл;
- баҳодиҳии сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - муайян намудани сифати хушзотӣ, маҳсулнокӣ ва инкишофи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо додани дараҷаи дахлдор, инчунин маводи (маҳсулоти) дигари зотӣ, ки бо мақсади истифодаи минбаъда муайян карда мешавад ;
- нишонагузорӣ - нишона кардани ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо роҳи гузоштани рақам, холкӯбӣ, ки барои муайян кардани ҳаммонандии зот имкон медиҳад;
- зоти ҳайвоноти кишоварзӣ - гурӯҳи сершумори як намуди ҳайвоноти кишоварзӣ, ки саршумори муайяни синну сол ва ҷинсҳои гуногуни дорои арзиши зотии ба наслҳои оянда гузарандаро дар бар гирифта, сифати муайяни муфид ва аз дигар зот фарқкунанда дорад ва таркиби он аз шумораи зарурии авлод (кросс) иборат мебошад;
- хели (типи) дохилизотии ҳайвоноти кишоварзӣ - гурӯҳи муайяни дохилизотӣ, ки бо хусусиятҳои биологию маҳсулнокӣ, сохти бадан ва намуди зоҳирӣ аз дигар гурӯҳҳо фарқият дорад ;
- авлод - гурӯҳи муайяни ҳайвоноти кишоварзии якнасли таркиби зот, ки аз як ё якчанд ҷинси барҷастаи нарина пайдо мешаванд;
- кросс - маҷмӯи авлод ва дурагаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки дар доираи тартиби муайянгардида бо роҳи ҷуфткунонӣ ба вуҷуд омада, маҳсулнокии баланд ва қобилиятнокии ҳаётан устувор доранд;
- генофонди зоти камшумор - гурӯҳи кам дучоршавандаи зоти ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо хусусиятҳои ирсӣ ва селексионии худ фарқ мекунад ва зери хатари нобудшавӣ қарор дорад;
- феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - маҷмӯи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ, сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва арзиши зотии насли онҳо;
- гурӯҳҳои дохилизотӣ - гурӯҳҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо усулҳои дурагакунии зотҳои гуногун барои тез тағйир додани аломатҳои авлодии ду ва зиёда зотҳо ба мақсади офаридани зоти маҳсулнокиаш баланд ташаккул дода мешаванд;
- корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ - субъекти хоҷагидор, ки ба парвариши саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, офаридани зотҳои нав, такмили сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, инчунин, гирифтани нутфаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши он машғул мебошад;
- заводи зотпарварӣ - корхонае, ки ба парвариши ҳайвоноти кишоварзии хушзоти маҳсулнокиаш баланд машғул аст;
- маркази зотпарварӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки ба парвариши зотҳои сермаҳсули ватанию хориҷӣ ва зиёд кардани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ машғул мебошад;
- фермаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҷузъи таркибии хоҷагии кишоварзӣ, ки ба парвариши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ машғул мебошад;
- аттестатсия - баҳодиҳии фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ давра ба давра гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз ;
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҳуҷҷате, ки мансубияти авлодӣ, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, мансубияти нутфа ва (ё) ҷанинро тасдиқ менамояд;
- сертификат - ҳуҷҷате, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари маводи (маҳсулоти) зотӣ барои офаридан ё озмоиши сифатҳои зотии ҳайвоноти кишоварзӣ дода мешавад;
- селексионер - шахсе, ки зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзиро офаридааст ва (ё) корфармо ё вориси ҳуқуқии ӯ ;
- шиносномаи генетикӣ (генеалогӣ) - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки аз тарафи озмоишгоҳи ташхиси генетикӣ дар хусуси пайдоиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дода мешавад;
хориҷ карда шуд .
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои об барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ
Ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои об, барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ тартиби додан ва реҷаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
Моддаи 4. Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ
Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ баъд аз гирифтани сертификат, ки он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад .
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ, ВАКОЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ДАР СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ мансубанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
хориҷ карда шуд ;
- тасдиқи барномаҳои давлатии соҳаи зотпарварӣ оид ба офаридани зотҳои нави нави ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, нигоҳдорӣ ва истифодаи генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ;
- тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия ва тартиби ба субъектони хоҷагидорӣ додани мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ;
- тасдиқи шабакаи заводҳо, хоҷагӣ, ассотсиатсия, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соҳаи зотпарварӣ;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар оид ба масъалаҳои зотпарварӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ мебошанд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотии кишоварзиро таҳия намуда, баҳисобгирии маълумотро дар соҳаи зотпарварӣ анҷом медиҳад;
- гузарондани озмоиш ва тасвиби расмии дастовардҳои нави селексиониро дар соҳаи зотпарварӣ таъмин менамояд;
- амали ҳуҷҷати ба шаҳодатнома ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақоми дахлдори давлати содиркунанда додааст, эътироф менамояд;
- номгӯйи намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзиро дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро амалӣ менамояд;
- баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад;
- барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузарондани корҳои селексионӣ фоиданок чораҳои дахлдор меандешад;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;
- риояи дастур, меъёру қоидаҳои парваришро дар соҳаи зотпарварӣ назорат менамояд;
- барои ба вуҷуд овардани зотҳо, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаҳои нави сермаҳсули ҳайвоноти кишоварзӣ мусоидат менамояд;
- содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро назорат менамояд;
- назорати баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро амалӣ менамояд;
- ба ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд .
Моддаи 8. Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ барои беҳсозии мақсадноки маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари фоиданоки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;
- офаридани зотҳои нав, авлод ва кросс, нигоҳдории генофонди зотҳои мавҷудаи ҳайвоноти кишоварзӣ;
- бақайдгирӣ ва муайян намудани ҳаммонандии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва гузарондани санҷиши маводи (маҳсулоти) зотӣ;
- такмили восита ва усулҳои зотпарварӣ;
- нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузаронидани корҳои селексионӣ фоиданок;
- ҷорӣ намудани технологияи муосири селексияи ҳайвоноти кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ;
- истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, солимӣ ва наслдиҳии онҳо;
- ба вуҷуд овардани таркиби генетикӣ ва генеалогии зот ва намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;
- гузарондани аттестатсияи фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ .
Моддаи 9. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ
1. Роҳбарони сохторҳои марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, инчунин муовинони онҳо аз рӯи вазифа нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ ба ҳисоб мераванд .
2. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд .
3. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ мустақил буда, фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд .
4. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ, ҳуқуқ доранд:
- иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зотпарварӣ машғуланд, назорат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба зотпарварӣ машғуланд, санҷида, аз онҳо иттилооти зарурӣ гиранд
- ба субъектони соҳаи зотпарварӣ доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ амрнома диҳанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро ҳангоми риоя накардани тартиби баҳисобгирии зот ва технологияи истеҳсолот аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ боздоранд;
- истифодаи технология, олот, таҷҳизот ва маводро дар офаридани зотҳои нав, гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда назорат намоянд ;
- ба сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ истифода бурданиҳайвоноти кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳоро, агар онҳо ба талаботи муқарраргардида мутобиқ набошанд, манъ намоянд;
- дар сурати ошкор намудани камбудиҳо оид ба пешбурди нақшаҳои таҳқиқоти селексионӣ дар бораи маҳрум намудани хоҷагиҳо аз мақоми хоҷагии зотпарварӣ масъалагузорӣ намоянд
хориҷ карда шуд ;
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
Моддаи 10. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зотҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дар асоси маълумотҳои ҳисоботие, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба зотпарварӣ машғул пешниҳод мегарданд, пеш бурда мешаванд .
2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ворид намудани маълумот оид ба зотҳои алоҳидаи аз рӯи мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигар афзалияти бештар дошта, гирифтани иқтибос аз Феҳристи мазкур ва интишори иттилооти расмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян менамояд .
Моддаи 11. Дастгирии давлатии зотпарварӣ
1. Дастгирии давлатии зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар асоси барномаҳои рушди зотпарварӣ амалӣ карда мешавад. Шаклҳои асосии дастгирии давлатӣ инҳо мебошанд:
- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба такмил ва офаридани зотҳои нав, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зотҳои генофондашон маҳдуд;
- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасии маводи (маҳсулоти) зотӣ барои молистеҳсолкунандагони кишоварзии ватанӣ.
2. Самтҳои дастгирии давлатии зотпарварӣ, меъёрҳои кӯмаки молиявӣ барои ҳар як намуди маводи (маҳсулоти) зотӣ, чорабиниҳо оид ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин офаридани зотҳои нав аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалишаванда тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
3. Барномаҳои таҳқиқоти илмии соҳаи зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи зотпарварӣ, кӯмакҳои башардӯстона ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.
Моддаи 12. Таъминоти илмии соҳаи зотпарварӣ
1. Таъминоти илмии соҳаи зотпарвариро Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ корҳои зеринро амалӣ менамоянд :
- таҳияи барномаҳои илмӣ - техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
- коркарди усул, восита ва услубҳои баланд бардоштани самаранокии офаридани зотҳои нав ва гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, бозтавлид, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда ;
- ворид намудани усул ва технологияи нав доир ба баҳодиҳӣ ва назорати генетикии маводи (маҳсулоти) зотӣ;
- муайян кардани низоми таъминоти иттилооти зотпарварӣ.
БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ
Моддаи 13. Ҳуқуқ ба амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
1. Фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар сурати пешбурди баҳисобгирии маҳсулнокӣ ва мансубияти ҳайвоноти зотии кишоварзии аз тарафи онҳо парваришёбанда амалӣ карда мешавад.
2. Субъектони соҳаи зотпарварӣ баҳисобгирии маълумотро пеш бурда, ҳисоботро аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод менамоянд .
3. Мутахассисони соҳаи зотпарварии корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ, ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд .
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба зотпарварӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:
- шаклҳои фаъолиятро дар соҳаи зотпарварӣ мустақилона интихоб намоянд;
- хориҷ карда шуд ;
- ба ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо оид ба парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ, амалисозии тадбирҳои зотпарварӣ, хариду фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳо дохил шаванд;
- дар намоишҳо, музоядаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти зотӣ иштирок намоянд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.
Моддаи 13(1). Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ
Ҳуқуқи селексионер барои зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти селексионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад .
Моддаи 14. Намудҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ
1. Ба субъектони соҳаи зотпарварӣ дохил мешаванд:
- корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ (заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии парранда, фермаҳои чорводории хоҷагиҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ, стансия ва марказҳои зотпарварӣ) ;
- ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо;
- муассисаҳои таҳқиқоти илмие, ки бо масъалаҳои зотпарварӣ машғул мебошанд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хизматрасониро оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ амалӣ менамоянд.
2. Таъсисдиҳӣ, фаъолият ва тағйир додани шакли фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 15. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
1. Вобаста ба сифат ва шумораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва зотҳои онҳо, сатҳи маҳсулнокии ин ҳайвоноти кишоварзӣ корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ба заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ тақсим мешаванд. Ҳамчунин бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ иҷозат дода мешавад.
2. Ба гурӯҳҳои дахлдори зотӣ мансуб донистани корхонаҳо (хоҷагиҳо), инчунин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) додани мақоми хоҷагии зотпарварӣ, ки тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар асоси натиҷаҳои аттестатсия муайянкарда мешавад. Дар ин маврид саршумор ва сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, таҷрибаи кор ва тахассуси кормандон, таҷҳизонии техникӣ ва технологияи истеҳсолӣ, мутобиқатии истеҳсолот ба меъёрҳои стандартию байторӣ ба назар гирифта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ба хоҷагӣ мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ дода мешавад .
3. Фаъолияти зотпарварӣ, инчунин, аз тарафи стансияҳо ва марказҳои зотпарварӣ, ки корхонаҳои (хоҷагиҳои) махсусгардонидашудаи кишоварзӣ мебошанд ва бо мақсади беҳтар намудани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ маводи ҷинсҳои наринаро барои бордоркунии сунъӣ захира ва (ё) истифода менамоянд, амалӣ карда мешавад .
4. Заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ таҳти ҳифзи давлат қарор доранд ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
5. Мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотӣ, маводи (маҳсулоти) зотӣ машғуланд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дода мешавад .
Моддаи 16. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
1. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ инҳо мебошанд:
- муайян кардани арзиши зотии ҷинсҳои наринаи зотӣ аз рӯи сифати насл;
- гирифтан, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нутфаи ҷинсҳои наринаи зотӣ;
- дастрас намудан, нигоҳдорӣ ва фурӯши ҷанинҳо;
- бақайдгирии натиҷаҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳо, пешбурди бонки маълумотҳо дар бораи онҳо;
- амалӣ намудани мубодилаи генофонд;
- афзоиш, такмил ва бозтавлиди зоти муайяни ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зоти генофондаш маҳдуд, инчунин фурӯши маводи (маҳсулоти) зотии истеҳсолшуда;
- беҳтар намудани иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди зоти камшумор дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмӣ .
2. Таркиби зотӣ ва шуморавии ҷинсҳои наринаи зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ якҷоя бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи барномаи рушди зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад
Моддаи 17. Кафолатҳо ба корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
1. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар амалӣ намудани фаъолияти худ мустақил буда, барои афзун намудани саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулнокии он масъул мебошанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ҳуқуқи моликият ва тартиби истифодаи маводи (маҳсулоти) зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
Моддаи 18. Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ, муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва сифати маводи (маҳсулоти) зотӣ, ҳаммонандкунии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад
Моддаи 19. Аттестатсияи фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ
Аттестатсияи субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 20. Бақайдгирии давлатии маводи зотӣ
1. Маводи (маҳсулоти) зотие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
2. Маълумотҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзии бештар арзишнок аз рӯи мансубият, шумора, сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз рӯи намуд ва зоти ҳайвоноти кишоварзӣ дохил карда мешаванд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта, субъектони соҳаи зотпарварӣ намебошанд, метавонанд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил кардани ҳайвоноти зотии кишоварзии доштаашон маълумот пешниҳод намоянд. Маълумоте, ки ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил карда шудааст, ба шахсони манфиатдор дастрас мебошад
БОБИ 4. ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ МАВОДИ (МАҲСУЛОТИ) ЗОТӢ ВА БАҲОДИҲИИ ОН
Моддаи 21. Эътироф намудани маводи (маҳсулоти) зотӣ ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Мавод (маҳсулот) ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ дар ҳолатҳои зерин эътироф карда мешавад, агар:
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣдошта бошад ;
- нутфа ва ҷанинҳо дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз ҳайвоноти зотии кишоварзӣ гирифта ва коркард шуда, дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бошанд ;
- шаҳодатномаи байторӣ дар бораи офият аз бемориҳо ва олудагиҳои бактериявӣ дошта бошад.
2. Маводи (маҳсулоти) зотии воридшуда ба шарте ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ эътироф карда мешавад, ки агар шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши мақомоти расмии давлати содиркунанда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ эътироф гардида, ин мавод (маҳсулоти) зотӣ ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ мутобиқ бошад
Моддаи 22. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Маводи (маҳсулоти) зотӣ бояд баҳодиҳӣ карда шавад, ки он бо мақсади муайян кардан ва ба таври ҳуҷҷатӣ тасдиқ намудани мансубият, маҳсулнокии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, дар онҳо мавҷуд набудани нуқсонҳои генетикӣ, инчунин мансубият ва сифати нутфа ё ҷанинҳо гузаронида мешавад .
2. Ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки барои бозтавлиди зот интихоб гардидааст, бояд аз рӯи сифати насл ва маҳсулнокии худ санҷиш ва баҳодиҳӣ карда шаванд.
3. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва санҷиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аттестатсиякардашуда ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ гузаронида мешавад.
4. Маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ санҷида, баҳогузорӣ карда мешаванд .
Моддаи 23. Истифода ва фурӯши маводи (маҳсулоти) зотӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки маводи (маҳсулоти) зотиро истифода мебаранд, бояд чорабиниҳоро доир ба зотпарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
2. Маводи (маҳсулоти) зотӣ дар сурати доштани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки ба соҳибони маводи (маҳсулоти) зотӣ дода мешавад, фурӯхта мешавад .
3. Воридот ва содироти маводи (маҳсулоти) зотӣ ҳангоми доштани сертификат ва шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ё ҳуҷҷатҳои ба он ҳамарзиш амалӣ карда мешавад .
Моддаи 24. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ
1. Офаридани зотҳои нав (авлодҳо, кроссҳо), бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ амалӣ карда мешаванд .
2. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ дар кишоварзии корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо роҳи бордоркунии сунъӣ ва истифодаи бевоситаи ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ мебошанд, сурат мегирад .
3. Тартиби истифодаи ҷинсҳои наринаи зотӣ ё нутфаи он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад
4. Ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ истифода мешаванд, бояд шиносномаи генетикӣ (генеологӣ) дошта бошанд.
Моддаи 25. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ амалӣ карда мешаванд .
2. Корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, ки бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳоро амалӣ менамояд, барои бақайдгирии захира, коркард, назорати сифат ва фурӯши нутфа ва ҷанинҳо ӯҳдадор мебошад.
3. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳо аз ҷониби мутахассисе, ки дорои ҳуҷҷати дахлдори аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ додашуда мебошад, амалӣ карда мешавад
Моддаи 26. Шартҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо мақсади парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ
Нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд, агар:
- мувофиқан аз тарафи субъектони соҳаи зотпарварӣ гирифта шуда бошанд;
- аз ҳайвоноти зотии кишоварзии бо тартиби муқаррашуда қайдгардида гирифта шуда бошанд;
- бо мақсади ҳаммонандкунӣ аниқ ишора шуда бошанд (дар сурати ҷойгир будани ҷанин дар ҳайвон он бояд тамғагузорӣ карда шавад);
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта бошанд .
Моддаи 27. Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав
Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав (кроссҳо, авлодҳо) мувофиқи барномаи давлатие, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, пеш бурда мешавад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар амалӣ намудани лоиҳаҳои соҳаи зотпарварӣ бо шарикии хориҷиён иштирок менамоянд, бо шаҳрвандони хориҷӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон шартномаҳо мебанданд.
Моддаи 29. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
Баҳсҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи зотпарварӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод. 237; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, мод. 48; соли 2004, №2, мод. 52) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 сентябри соли 2013, № 1020
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994, №986 "Дар бораи тартиби ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод.238) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ" аз 28 январи соли 2004, №1048, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №1. мод.12) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Миралиев
ш. Душанбе, 19 июни соли 2013, №1237
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Точикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 29 августи соли 2013, № 561
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 8-9, мод. 653)
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: - ҳайвоноти кишоварзӣ - ҳама намуди чорво, паранда, моҳӣ, кирми пилла, занбӯри асал, ки онҳоро инсон парвариш менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибати бевосита доранд;
- зотпарварӣ - маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биологию генетикӣ, ташкилию хоҷагидорӣ, ки барои офаридани зот ва гурӯҳҳои нави селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда равона шудаанд; - маводи (маҳсулоти) зотӣ - ҷинсҳои нарина ва модинаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, нутфа ва ҷанинҳои аз онҳо гирифташуда;
- ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҳайвоноти кишоварзии дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти авлодӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва барои офаридани зот истифода бурда мешаванд;
- арзиши зотӣ - сатҳи иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва таъсири он ба аломатҳои фоиданоки насл;
- арзёбии сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - муайян намудани сифати хушзотӣ, маҳсулнокӣ ва инкишофи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо додани дараҷаи дахлдор, инчунин маводи (маҳсулоти) дигари зотӣ, ки бо мақсади истифодаи минбаъда муайян карда мешавад;
- нишонагузорӣ - нишона кардани ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо роҳи гузоштани рақам, холкӯбӣ, ки барои муайян кардани ҳаммонандии зот имкон медиҳад;
- зоти ҳайвоноти кишоварзӣ - гурӯҳи сершумори як намуди ҳайвоноти кишоварзӣ, ки саршумори муайяни синну сол ва ҷинсҳои гуногуни дорои арзиши зотии ба наслҳои оянда гузарандаро дар бар гирифта, сифати муайяни муфид ва аз дигар зот фарқкунанда дорад ва таркиби он аз шумораи зарурии авлод (кросс) иборат мебошад; - авлод - гурӯҳи муайяни ҳайвоноти кишоварзии якнасли таркиби зот, ки аз як ё якчанд ҷинси барҷастаи нарина пайдо мешаванд;
- кросс - маҷмӯи авлод ва дурагаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки дар доираи тартиби муайянгардида бо роҳи ҷуфткунонӣ ба вуҷуд омада, маҳсулнокии баланд ва қобилиятнокии ҳаётан устувор доранд;
- генофонди зоти камшумор - гурӯҳи кам дучоршавандаи зоти ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо хусусиятҳои ирсӣ ва селексионии худ фарқ мекунад ва зери хатари нобудшавӣ қарор дорад;
- феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - маҷмӯи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ, сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва арзиши зотии насли онҳо;
- гурӯҳҳои дохилизотӣ - гурӯҳҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо усулҳои дурагакунии зотҳои гуногун барои тез тағйир додани аломатҳои авлодии ду ва зиёда зотҳо ба мақсади офаридани зоти маҳсулнокиаш баланд ташаккул дода мешаванд;
- корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ - субъекти хоҷагидор, ки ба парвариши саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, офаридани зотҳои нав, такмили сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, инчунин, гирифтани нутфаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши он машғул мебошад;
- заводи зотпарварӣ - корхонае, ки ба парвариши ҳайвоноти кишоварзии хушзоти маҳсулнокиаш баланд машғул аст;
- маркази зотпарварӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки ба парвариши зотҳои сермаҳсули ватанию хориҷӣ ва зиёд кардани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ машғул мебошад;
- фермаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҷузъи таркибии хоҷагии кишоварзӣ, ки ба парвариши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ машғул мебошад;
- аттестатсия - арзёбии фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ давра ба давра гузаронда мешавад;
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ- ҳуҷҷате, ки мансубияти авлодӣ, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, мансубияти нутфа ва (ё) ҷанинро тасдиқ менамояд;
- сертификат - ҳуҷҷате, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари маводи (маҳсулоти) зотӣ барои офаридан ё озмоиши сифатҳои зотии ҳайвоноти кишоварзӣ дода мешавад;
- шиносномаи генетикӣ (генеалогӣ) - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки аз тарафи озмоишгоҳи ташхиси генетикӣ дар хусуси пайдоиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дода мешавад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳои худ сиёсати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд .
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои обӣ барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ
Ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои обӣ, барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ тартиби додан ва реҷаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 4. Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ
Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ баъд аз гирифтани сертификат, ки он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад.
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ, ВАКОЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ДАР СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ мансубанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
- тасдиқи барномаҳои давлатии соҳаи зотпарварӣ оид ба офаридани зотҳои нави нави ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, нигоҳдорӣ ва истифодаи генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ;
- тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия ва тартиби ба субъектони хоҷагидорӣ додани мақоми корхонаи (хоҷагии)зотпарварӣ;
- тасдиқи шабакаи заводҳо, хоҷагӣ, ассотсиатсия, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соҳаи зотпарварӣ;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар оид ба масъалаҳои зотпарварӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дорои ваколатҳои зеринро мебошад:
- назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;
- барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд
- қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотии кишовариро таҳия намуда, баҳисобгирии маълумотро дар соҳаи зотпарварӣ анҷом медиҳад;
- гузаронидани озмоиш ва тасвиби расмии дастовардҳои нави селексиониро дар соҳаи зотпарварӣ таъмин менамояд ;
- хориҷ карда шуд
- ба субъектҳои соҳаи зотпарварӣ шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ медиҳад ва амали шаҳодатнома ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақоми дахлдори давлати содиркунанда додааст, эътироф менамояд ;
- номгӯи намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзиро дар корхонаҳо (хоҷагиҳо) - и зотпарварӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад ;
- шаклҳои ҳисоботи оморӣ, варақаҳои санҷишӣ, нақшаҳои ҳарсолаи санҷишро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд;
- содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро танзим менамояд;
- ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд ;
- назорати сифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад ;
- барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузарондани корҳои селексионӣ фоиданок, чораандешӣ менамояд .
Моддаи 8. Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ барои беҳсозии мақсадноки маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари фоиданоки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;
- офаридани зотҳои нав, авлод ва кросс, нигоҳдории генофонди зотҳои мавҷудаи ҳайвоноти кишоварзӣ;
- бақайдгирӣ ва муайян намудани ҳаммонандии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва гузарондани санҷиши маводи (маҳсулоти) зотӣ;
- такмили восита ва усулҳои зотпарварӣ;
- нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузаронидани корҳои селексионӣ фоиданок;
- ҷорӣ намудани технологияи муосири селексияи ҳайвоноти кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ;
- истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, солимӣ ва наслдиҳии онҳо;
- ба вуҷуд овардани таркиби генетикӣ ва генеалогии зот ва намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;
- гузарондани аттестатсияи фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ .
Моддаи 9. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ
1. Роҳбарони сохторҳои марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин муовинони онҳо аз рӯи вазифа нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ ба ҳисоб мераванд.
2. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ барои ташкили зотпарварӣ дар минтақаи дахлдор масъул мебошанд.
3. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ мустақил буда, фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд .
4. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ, ҳуқуқ доранд:
- иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зотпарварӣ машғуланд, назорат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба зотпарварӣ машғуланд, санҷида, аз онҳо иттилооти зарурӣ гиранд
- ба субъектони соҳаи зотпарварӣ доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ амрнома диҳанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро ҳангоми риоя накардани тартиби баҳисобгирии зот ва технологияи истеҳсолот аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ боздоранд;
- истифодаи технология, олот, таҷҳизот ва маводро дар офаридани зотҳои нав, гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда назорат намоянд ;
- ба сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ истифода бурданиҳайвоноти кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳоро, агар онҳо ба талаботи муқарраргардида мутобиқ набошанд, манъ намоянд;
- дар сурати ошкор намудани камбудиҳо оид ба пешбурди нақшаҳои таҳқиқоти селексионӣ дар назди Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ дар бораи маҳрум намудани хоҷагиҳо аз мақоми хоҷагии зотпарварӣ масъалагузорӣ намоянд ;
- ба суд даъвоҳо пешниҳод карда, дар мурофиаи судӣ аз номи Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ иштирок намоянд;
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
Моддаи 10. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зотҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дар асоси маълумотҳои ҳисоботие, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба зотпарварӣ машғул пешниҳод мегарданд, пеш бурда мешаванд.
2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, ворид намудани маълумот оид ба зотҳои алоҳидаи аз рӯи мансубият, маҳсулнокӣ ва дигар сифатҳо афзалияти бештар доштаро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд .
Моддаи 11. Дастгирии давлатии зотпарварӣ
1. Дастгирии давлатии зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар асоси барномаҳои рушди зотпарварӣ амалӣ карда мешавад. Шаклҳои асосии дастгирии давлатӣ инҳо мебошанд:
- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба такмил ва офаридани зотҳои нав, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зотҳои генофондашон маҳдуд;
- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасии маводи (маҳсулоти) зотӣ барои молистеҳсолкунандагони кишоварзии ватанӣ.
2. Самтҳои дастгирии давлатии зотпарварӣ, меъёрҳои кӯмаки молиявӣ барои ҳар як намуди маводи (маҳсулоти) зотӣ, чорабиниҳо оид ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин офаридани зотҳои нав аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалишаванда тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
3. Барномаҳои таҳқиқоти илмии соҳаи зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи зотпарварӣ, кӯмакҳои башардӯстона ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.
Моддаи 12. Таъминоти илмии соҳаи зотпарварӣ
1. Таъминоти илмии соҳаи зотпарвариро Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ корҳои зеринро амалӣ менамоянд:
- таҳияи барномаҳои илмӣ - техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
- коркарди усул, восита ва услубҳои баланд бардоштани самаранокии офаридани зотҳои нав ва гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, бозтавлид, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда ;
- ворид намудани усул ва технологияи нав доир ба баҳодиҳӣ ва назорати генетикии маводи (маҳсулоти) зотӣ;
- муайян кардани низоми таъминоти иттилооти зотпарварӣ.
БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ
Моддаи 13. Ҳуқуқ ба амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
1. Фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар сурати пешбурди баҳисобгирии маҳсулнокӣ ва мансубияти ҳайвоноти зотии кишоварзии аз тарафи онҳо парваришёбанда амалӣ карда мешавад.
2. Субъектони соҳаи зотпарварӣ баҳисобгирии маълумотро пеш бурда, ҳисоботро аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд.
3. Шахсони мансабдор ва мутахассисони Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ, инчунин мутахассисони зотпарварӣ корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ, ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд.
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба зотпарварӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:
- шаклҳои фаъолиятро дар соҳаи зотпарварӣ мустақилона интихоб намоянд;
- ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро дар сурати доштани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ фурӯшанд ва ба даст оранд ;
- ба ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо оид ба парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ, амалисозии тадбирҳои зотпарварӣ, хариду фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳо дохил шаванд;
- дар намоишҳо, музоядаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти зотӣ иштирок намоянд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.
Моддаи 14. Намудҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ
1. Ба субъектони соҳаи зотпарварӣ дохил мешаванд:
- корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ (заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии парранда, фермаҳои чорводории хоҷагиҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ, стансия ва марказҳои зотпарварӣ) ;
- ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо;
- муассисаҳои таҳқиқоти илмие, ки бо масъалаҳои зотпарварӣ машғул мебошанд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хизматрасониро оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ амалӣ менамоянд.
2. Таъсисдиҳӣ, фаъолият ва тағйир додани шакли фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 15. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
1. Вобаста ба сифат ва шумораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва зотҳои онҳо, сатҳи маҳсулнокии ин ҳайвоноти кишоварзӣ корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ба заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ тақсим мешаванд. Ҳамчунин бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ иҷозат дода мешавад.
2. Ба гурӯҳҳои дахлдори зотӣ мансуб донистани корхонаҳо (хоҷагиҳо), инчунин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) додани мақоми хоҷагии зотпарварӣ, ки тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар асоси натиҷаҳои аттестатсия муайянкарда мешавад. Дар ин маврид саршумор ва сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, таҷрибаи кор ва тахассуси кормандон, таҷҳизонии техникӣ ва технологияи истеҳсолӣ, мутобиқатии истеҳсолот ба меъёрҳои стандартию байторӣ ба назар гирифта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ба хоҷагӣ мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ дода мешавад .
3. Фаъолияти зотпарварӣ, инчунин, аз тарафи стансияҳо ва марказҳои зотпарварӣ, ки корхонаҳои (хоҷагиҳои) махсусгардонидашудаи кишоварзӣ мебошанд ва бо мақсади беҳтар намудани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ маводи ҷинсҳои наринаро барои бордоркунии сунъӣ захира ва (ё) истифода менамоянд, амалӣ карда мешавад .
4. Заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ таҳти ҳифзи давлат қарор доранд ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
5. Мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотӣ, маводи (маҳсулоти) зотӣ машғуланд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
Моддаи 16. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
1. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ инҳо мебошанд:
- муайян кардани арзиши зотии ҷинсҳои наринаи зотӣ аз рӯи сифати насл;
- гирифтан, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нутфаи ҷинсҳои наринаи зотӣ;
- дастрас намудан, нигоҳдорӣ ва фурӯши ҷанинҳо;
- бақайдгирии натиҷаҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳо, пешбурди бонки маълумотҳо дар бораи онҳо;
- амалӣ намудани мубодилаи генофонд;
- афзоиш, такмил ва бозтавлиди зоти муайяни ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зоти генофондаш маҳдуд, инчунин фурӯши маводи (маҳсулоти) зотии истеҳсолшуда;
- беҳтар намудани иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди зоти камшумор дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмӣ .
2. Таркиби зотӣ ва шуморавии ҷинсҳои наринаи зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ якҷоя бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи барномаи рушди зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Моддаи 17. Кафолатҳо ба корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
1. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар амалӣ намудани фаъолияти худ мустақил буда, барои афзун намудани саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулнокии он масъул мебошанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ҳуқуқи моликият ва тартиби истифодаи маводи (маҳсулоти) зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
Моддаи 18. Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ, муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва сифати маводи (маҳсулоти) зотӣ, ҳаммонандкунии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад .
Моддаи 19. Аттестатсияи фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ
Аттестатсияи субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 20. Бақайдгирии давлатии маводи зотӣ
1. Маводи (маҳсулоти) зотие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
2. Маълумотҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзии бештар арзишнок аз рӯи мансубият, шумора, сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз рӯи намуд ва зоти ҳайвоноти кишоварзӣ дохил карда мешаванд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта, субъектони соҳаи зотпарварӣ намебошанд, метавонанд ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил кардани ҳайвоноти зотии кишоварзии доштаашон маълумот пешниҳод намоянд. Маълумоте, ки ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил карда шудааст, ба шахсони манфиатдор дастрас мебошад .
БОБИ 4. ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ МАВОДИ (МАҲСУЛОТИ) ЗОТӢ ВА БАҲОДИҲИИ ОН
Моддаи 21. Эътироф намудани маводи (маҳсулоти) зотӣ ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Мавод (маҳсулот) ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ дар ҳолатҳои зерин эътироф карда мешавад, агар:
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣдошта бошад ;
- нутфа ва ҷанинҳо дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз ҳайвоноти зотии кишоварзӣ гирифта ва коркард шуда, дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бошанд ;
- шаҳодатномаи байторӣ дар бораи офият аз бемориҳо ва олудагиҳои бактериявӣ дошта бошад.
2. Маводи (маҳсулоти) зотии воридшуда ба шарте ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ эътироф карда мешавад, ки агар шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши мақомоти расмии давлати содиркунанда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ эътироф гардида, ин мавод (маҳсулоти) зотӣ ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ мутобиқ бошад .
Моддаи 22. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Маводи (маҳсулоти) зотӣ бояд баҳодиҳӣ карда шавад, ки он бо мақсади муайян кардан ва ба таври ҳуҷҷатӣ тасдиқ намудани мансубият, маҳсулнокии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, дар онҳо мавҷуд набудани нуқсонҳои генетикӣ, инчунин мансубият ва сифати нутфа ё ҷанинҳо гузаронида мешавад .
2. Ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки барои бозтавлиди зот интихоб гардидааст, бояд аз рӯи сифати насл ва маҳсулнокии худ санҷиш ва баҳодиҳӣ карда шаванд.
3. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва санҷиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аттестатсиякардашуда ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ гузаронида мешавад.
4. Маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ санҷида, баҳогузорӣ карда мешаванд.
Моддаи 23. Истифода ва фурӯши маводи (маҳсулоти) зотӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки маводи (маҳсулоти) зотиро истифода мебаранд, бояд чорабиниҳоро доир ба зотпарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
2. Маводи (маҳсулоти) зотӣ дар сурати доштани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки ба соҳибони маводи (маҳсулоти) зотӣ дода мешавад, фурӯхта мешавад .
3. Воридот ва содироти маводи (маҳсулоти) зотӣ ҳангоми доштани сертификат ва шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ё ҳуҷҷатҳои ба он ҳамарзиш амалӣ карда мешавад .
Моддаи 24. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ
1. Офаридани зотҳои нав (авлодҳо, кроссҳо), бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ амалӣ карда мешаванд .
2. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ дар кишоварзии корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо роҳи бордоркунии сунъӣ ва истифодаи бевоситаи ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ мебошанд, сурат мегирад .
3. Тартиби истифодаи ҷинсҳои наринаи зотӣ ё нутфаи он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад .
4. Ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ истифода мешаванд, бояд шиносномаи генетикӣ (генеологӣ) дошта бошанд.
Моддаи 25. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, ки бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳоро амалӣ менамояд, барои бақайдгирии захира, коркард, назорати сифат ва фурӯши нутфа ва ҷанинҳо ӯҳдадор мебошад.
3. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳо аз ҷониби мутахассисе, ки дорои ҳуҷҷати дахлдори аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ додашуда мебошад, амалӣ карда мешавад .