×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2013, № 1020 "Дар бораи зотпарварӣ"

Санаи амалкуни: 03.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 8-9, мод. 653)

(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513, аз 03.01.2024 № 2028)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ҳайвоноти кишоварзӣ - ҳама намуди чорво, паранда, моҳӣ, кирми пилла, занбӯри асал, ки онҳоро инсон парвариш менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибати бевосита доранд;

- зотпарварӣ - маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биологию генетикӣ, ташкилию хоҷагидорӣ, ки барои офаридани зот ва гурӯҳҳои нави селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда равона шудаанд;

- маводи (маҳсулоти) зотӣ - ҷинсҳои нарина ва модинаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, нутфа ва ҷанинҳои аз онҳо гирифташуда;

- ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҳайвоноти кишоварзии дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти авлодӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва барои офаридани зот истифода бурда мешаванд;

- арзиши зотӣ - сатҳи иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва таъсири он ба аломатҳои фоиданоки насл;

- баҳодиҳии сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - муайян намудани сифати хушзотӣ, маҳсулнокӣ ва инкишофи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо додани дараҷаи дахлдор, инчунин маводи (маҳсулоти) дигари зотӣ, ки бо мақсади истифодаи минбаъда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);

- нишонагузорӣ - нишона кардани ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо роҳи гузоштани рақам, холкӯбӣ, ки барои муайян кардани ҳаммонандии зот имкон медиҳад;

- зоти ҳайвоноти кишоварзӣ - гурӯҳи сершумори як намуди ҳайвоноти кишоварзӣ, ки саршумори муайяни синну сол ва ҷинсҳои гуногуни дорои арзиши зотии ба наслҳои оянда гузарандаро дар бар гирифта, сифати муайяни муфид ва аз дигар зот фарқкунанда дорад ва таркиби он аз шумораи зарурии авлод (кросс) иборат мебошад;

- хели (типи) дохилизотии ҳайвоноти кишоварзӣ - гурӯҳи муайяни дохилизотӣ, ки бо хусусиятҳои биологию маҳсулнокӣ, сохти бадан ва намуди зоҳирӣ аз дигар гурӯҳҳо фарқият дорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);

- авлод - гурӯҳи муайяни ҳайвоноти кишоварзии якнасли таркиби зот, ки аз як ё якчанд ҷинси барҷастаи нарина пайдо мешаванд;

- кросс - маҷмӯи авлод ва дурагаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки дар доираи тартиби муайянгардида бо роҳи ҷуфткунонӣ ба вуҷуд омада, маҳсулнокии баланд ва қобилиятнокии ҳаётан устувор доранд;

- генофонди зоти камшумор - гурӯҳи кам дучоршавандаи зоти ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо хусусиятҳои ирсӣ ва селексионии худ фарқ мекунад ва зери хатари нобудшавӣ қарор дорад;

- феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - маҷмӯи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ, сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва арзиши зотии насли онҳо;

- гурӯҳҳои дохилизотӣ - гурӯҳҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо усулҳои дурагакунии зотҳои гуногун барои тез тағйир додани аломатҳои авлодии ду ва зиёда зотҳо ба мақсади офаридани зоти маҳсулнокиаш баланд ташаккул дода мешаванд;

- корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ - субъекти хоҷагидор, ки ба парвариши саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, офаридани зотҳои нав, такмили сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, инчунин, гирифтани нутфаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши он машғул мебошад;

- заводи зотпарварӣ - корхонае, ки ба парвариши ҳайвоноти кишоварзии хушзоти маҳсулнокиаш баланд машғул аст;

- маркази зотпарварӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки ба парвариши зотҳои сермаҳсули ватанию хориҷӣ ва зиёд кардани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ машғул мебошад;

- фермаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҷузъи таркибии хоҷагии кишоварзӣ, ки ба парвариши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ машғул мебошад;

- аттестатсия - баҳодиҳии фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ давра ба давра гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);

- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҳуҷҷате, ки мансубияти авлодӣ, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, мансубияти нутфа ва (ё) ҷанинро тасдиқ менамояд;

- сертификат - ҳуҷҷате, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари маводи (маҳсулоти) зотӣ барои офаридан ё озмоиши сифатҳои зотии ҳайвоноти кишоварзӣ дода мешавад;

- селексионер - шахсе, ки зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзиро офаридааст ва (ё) корфармо ё вориси ҳуқуқии ӯ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);

- шиносномаи генетикӣ (генеалогӣ) - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки аз тарафи озмоишгоҳи ташхиси генетикӣ дар хусуси пайдоиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дода мешавад;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

Моддаи 3. Истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои об барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028)

Ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои об, барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ тартиби додан ва реҷаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 4. Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ

Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 5. Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ

Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ баъд аз гирифтани сертификат, ки он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

БОБИ 2. САЛОҲИЯТ, ВАКОЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ДАР СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ мансубанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);

- тасдиқи барномаҳои давлатии соҳаи зотпарварӣ оид ба офаридани зотҳои нави нави ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, нигоҳдорӣ ва истифодаи генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);

- тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия ва тартиби ба субъектони хоҷагидорӣ додани мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ;

- тасдиқи шабакаи заводҳо, хоҷагӣ, ассотсиатсия, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соҳаи зотпарварӣ;

- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар оид ба масъалаҳои зотпарварӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028)

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ мебошанд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотии кишоварзиро таҳия намуда, баҳисобгирии маълумотро дар соҳаи зотпарварӣ анҷом медиҳад;

- гузарондани озмоиш ва тасвиби расмии дастовардҳои нави селексиониро дар соҳаи зотпарварӣ таъмин менамояд;

- амали ҳуҷҷати ба шаҳодатнома ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақоми дахлдори давлати содиркунанда додааст, эътироф менамояд;

- номгӯйи намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзиро дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро амалӣ менамояд;

- баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад;

- барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузарондани корҳои селексионӣ фоиданок чораҳои дахлдор меандешад;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;

- риояи дастур, меъёру қоидаҳои парваришро дар соҳаи зотпарварӣ назорат менамояд;

- барои ба вуҷуд овардани зотҳо, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаҳои нави сермаҳсули ҳайвоноти кишоварзӣ мусоидат менамояд;

- содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро назорат менамояд;

- назорати баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро амалӣ менамояд;

- ба ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 8. Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)

Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ барои беҳсозии мақсадноки маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари фоиданоки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;

- офаридани зотҳои нав, авлод ва кросс, нигоҳдории генофонди зотҳои мавҷудаи ҳайвоноти кишоварзӣ;

- бақайдгирӣ ва муайян намудани ҳаммонандии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва гузарондани санҷиши маводи (маҳсулоти) зотӣ;

- такмили восита ва усулҳои зотпарварӣ;

- нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузаронидани корҳои селексионӣ фоиданок;

- ҷорӣ намудани технологияи муосири селексияи ҳайвоноти кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ;

- истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, солимӣ ва наслдиҳии онҳо;

- ба вуҷуд овардани таркиби генетикӣ ва генеалогии зот ва намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;

- гузарондани аттестатсияи фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

Моддаи 9. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ

1. Роҳбарони сохторҳои марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, инчунин муовинони онҳо аз рӯи вазифа нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

2. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

3. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ мустақил буда, фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

4. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ, ҳуқуқ доранд:

- иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зотпарварӣ машғуланд, назорат намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба зотпарварӣ машғуланд, санҷида, аз онҳо иттилооти зарурӣ гиранд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);

- ба субъектони соҳаи зотпарварӣ доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ амрнома диҳанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро ҳангоми риоя накардани тартиби баҳисобгирии зот ва технологияи истеҳсолот аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ боздоранд;

- истифодаи технология, олот, таҷҳизот ва маводро дар офаридани зотҳои нав, гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда назорат намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);

- ба сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ истифода бурданиҳайвоноти кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳоро, агар онҳо ба талаботи муқарраргардида мутобиқ набошанд, манъ намоянд;

- дар сурати ошкор намудани камбудиҳо оид ба пешбурди нақшаҳои таҳқиқоти селексионӣ дар бораи маҳрум намудани хоҷагиҳо аз мақоми хоҷагии зотпарварӣ масъалагузорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513аз 03.01.2024 № 2028);

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);

- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.

Моддаи 10. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ

 1. Феҳристи  давлатии  ҳайвоноти  зотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зотҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ  дар  асоси  маълумотҳои  ҳисоботие, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи кишоварзӣ  аз  тарафи  шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқии ба зотпарварӣ машғул пешниҳод мегарданд, пеш бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ворид намудани маълумот оид ба зотҳои алоҳидаи аз рӯи мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигар афзалияти бештар дошта, гирифтани иқтибос аз Феҳристи мазкур ва интишори иттилооти расмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 11. Дастгирии давлатии зотпарварӣ

1. Дастгирии давлатии зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар асоси барномаҳои рушди зотпарварӣ амалӣ карда мешавад. Шаклҳои асосии дастгирии давлатӣ инҳо мебошанд:

- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба такмил ва офаридани зотҳои нав, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зотҳои генофондашон маҳдуд;

- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасии маводи (маҳсулоти) зотӣ барои молистеҳсолкунандагони кишоварзии ватанӣ.

2. Самтҳои дастгирии давлатии зотпарварӣ, меъёрҳои кӯмаки молиявӣ барои ҳар як намуди маводи (маҳсулоти) зотӣ, чорабиниҳо оид ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин офаридани зотҳои нав аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалишаванда тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

3. Барномаҳои таҳқиқоти илмии соҳаи зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи зотпарварӣ, кӯмакҳои башардӯстона ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Моддаи 12. Таъминоти илмии соҳаи зотпарварӣ

1. Таъминоти илмии соҳаи зотпарвариро Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ корҳои зеринро амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028):

- таҳияи барномаҳои илмӣ - техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ;

- коркарди усул, восита ва услубҳои баланд бардоштани самаранокии офаридани зотҳои нав ва гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, бозтавлид, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);

- ворид намудани усул ва технологияи нав доир ба баҳодиҳӣ ва назорати генетикии маводи (маҳсулоти) зотӣ;

- муайян кардани низоми таъминоти иттилооти зотпарварӣ.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ

Моддаи 13. Ҳуқуқ ба амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ

1. Фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар сурати пешбурди баҳисобгирии маҳсулнокӣ ва мансубияти ҳайвоноти зотии кишоварзии аз тарафи онҳо парваришёбанда амалӣ карда мешавад.

2. Субъектони соҳаи зотпарварӣ баҳисобгирии маълумотро пеш бурда, ҳисоботро аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

3. Мутахассисони соҳаи зотпарварии корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ, ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба зотпарварӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:

- шаклҳои фаъолиятро дар соҳаи зотпарварӣ мустақилона интихоб намоянд;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);

- ба ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо оид ба парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ, амалисозии тадбирҳои зотпарварӣ, хариду фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳо дохил шаванд;

- дар намоишҳо, музоядаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти зотӣ иштирок намоянд;

- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.

Моддаи 13(1). Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028)

Ҳуқуқи селексионер барои зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти селексионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 14. Намудҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ

1. Ба субъектони соҳаи зотпарварӣ дохил мешаванд:

- корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ (заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии парранда, фермаҳои чорводории хоҷагиҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ, стансия ва марказҳои зотпарварӣ) (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);

- ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо;

- муассисаҳои таҳқиқоти илмие, ки бо масъалаҳои зотпарварӣ машғул мебошанд;

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хизматрасониро оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ амалӣ менамоянд.

2. Таъсисдиҳӣ, фаъолият ва тағйир додани шакли фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 15. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ

1. Вобаста ба сифат ва шумораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва зотҳои онҳо, сатҳи маҳсулнокии ин ҳайвоноти кишоварзӣ корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ба заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ тақсим мешаванд. Ҳамчунин бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ иҷозат дода мешавад.

2. Ба гурӯҳҳои дахлдори зотӣ мансуб донистани корхонаҳо (хоҷагиҳо), инчунин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) додани мақоми хоҷагии зотпарварӣ, ки тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар асоси натиҷаҳои аттестатсия муайянкарда мешавад. Дар ин маврид саршумор ва сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, таҷрибаи кор ва тахассуси кормандон, таҷҳизонии техникӣ ва технологияи истеҳсолӣ, мутобиқатии истеҳсолот ба меъёрҳои стандартию байторӣ ба назар гирифта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ба хоҷагӣ мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

3. Фаъолияти зотпарварӣ, инчунин, аз тарафи стансияҳо ва марказҳои зотпарварӣ, ки корхонаҳои (хоҷагиҳои) махсусгардонидашудаи кишоварзӣ мебошанд ва бо мақсади беҳтар намудани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ маводи ҷинсҳои наринаро барои бордоркунии сунъӣ захира ва (ё) истифода менамоянд, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

4. Заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ таҳти ҳифзи давлат қарор доранд ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

5. Мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотӣ, маводи (маҳсулоти) зотӣ машғуланд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 16. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ

1. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ инҳо мебошанд:

- муайян кардани арзиши зотии ҷинсҳои наринаи зотӣ аз рӯи сифати насл;

- гирифтан, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нутфаи ҷинсҳои наринаи зотӣ;

- дастрас намудан, нигоҳдорӣ ва фурӯши ҷанинҳо;

- бақайдгирии натиҷаҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳо, пешбурди бонки маълумотҳо дар бораи онҳо;

- амалӣ намудани мубодилаи генофонд;

- афзоиш, такмил ва бозтавлиди зоти муайяни ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зоти генофондаш маҳдуд, инчунин фурӯши маводи (маҳсулоти) зотии истеҳсолшуда;

- беҳтар намудани иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди зоти камшумор дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмӣ (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

2. Таркиби зотӣ ва шуморавии ҷинсҳои наринаи зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ якҷоя бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи барномаи рушди зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 17. Кафолатҳо ба корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)

1. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар амалӣ намудани фаъолияти худ мустақил буда, барои афзун намудани саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулнокии он масъул мебошанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Ҳуқуқи моликият ва тартиби истифодаи маводи (маҳсулоти) зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

Моддаи 18. Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)

Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ, муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва сифати маводи (маҳсулоти) зотӣ, ҳаммонандкунии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 19. Аттестатсияи фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ

Аттестатсияи субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 20. Бақайдгирии давлатии маводи зотӣ

1. Маводи (маҳсулоти) зотие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

2. Маълумотҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзии бештар арзишнок аз рӯи мансубият, шумора, сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз рӯи намуд ва зоти ҳайвоноти кишоварзӣ дохил карда мешаванд.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта, субъектони соҳаи зотпарварӣ намебошанд, метавонанд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил кардани ҳайвоноти зотии кишоварзии доштаашон маълумот пешниҳод намоянд. Маълумоте, ки ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил карда шудааст, ба шахсони манфиатдор дастрас мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513аз 03.01.2024 № 2028).

БОБИ 4. ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ МАВОДИ (МАҲСУЛОТИ) ЗОТӢ ВА БАҲОДИҲИИ ОН

Моддаи 21. Эътироф намудани маводи (маҳсулоти) зотӣ ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)

1. Мавод (маҳсулот) ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ дар ҳолатҳои зерин эътироф карда мешавад, агар:

- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣдошта бошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);

- нутфа ва ҷанинҳо дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз ҳайвоноти зотии кишоварзӣ гирифта ва коркард шуда, дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);

- шаҳодатномаи байторӣ дар бораи офият аз бемориҳо ва олудагиҳои бактериявӣ дошта бошад.

2. Маводи (маҳсулоти) зотии воридшуда ба шарте ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ эътироф карда мешавад, ки агар шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши мақомоти расмии давлати содиркунанда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ эътироф гардида, ин мавод (маҳсулоти) зотӣ ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ мутобиқ бошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 22. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ

1. Маводи (маҳсулоти) зотӣ бояд баҳодиҳӣ карда шавад, ки он бо мақсади муайян кардан ва ба таври ҳуҷҷатӣ тасдиқ намудани мансубият, маҳсулнокии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, дар онҳо мавҷуд набудани нуқсонҳои генетикӣ, инчунин мансубият ва сифати нутфа ё ҷанинҳо гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

2. Ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки барои бозтавлиди зот интихоб гардидааст, бояд аз рӯи сифати насл ва маҳсулнокии худ санҷиш ва баҳодиҳӣ карда шаванд.

3. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва санҷиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аттестатсиякардашуда ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ гузаронида мешавад.

4. Маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ санҷида, баҳогузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 23. Истифода ва фурӯши маводи (маҳсулоти) зотӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки маводи (маҳсулоти) зотиро истифода мебаранд, бояд чорабиниҳоро доир ба зотпарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.

2. Маводи (маҳсулоти) зотӣ дар сурати доштани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки ба соҳибони маводи (маҳсулоти) зотӣ дода мешавад, фурӯхта мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

3. Воридот ва содироти маводи (маҳсулоти) зотӣ ҳангоми доштани сертификат ва шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ё ҳуҷҷатҳои ба он ҳамарзиш амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

Моддаи 24. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)

1. Офаридани зотҳои нав (авлодҳо, кроссҳо), бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

2. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ дар кишоварзии корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо роҳи бордоркунии сунъӣ ва истифодаи бевоситаи ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ мебошанд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

3. Тартиби истифодаи ҷинсҳои наринаи зотӣ ё нутфаи он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513аз 03.01.2024 № 2028).

4. Ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ истифода мешаванд, бояд шиносномаи генетикӣ (генеологӣ) дошта бошанд.

Моддаи 25. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ

1. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).

2. Корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, ки бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳоро амалӣ менамояд, барои бақайдгирии захира, коркард, назорати сифат ва фурӯши нутфа ва ҷанинҳо ӯҳдадор мебошад.

3. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳо аз ҷониби мутахассисе, ки дорои ҳуҷҷати дахлдори аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ додашуда мебошад, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513аз 03.01.2024 № 2028).

Моддаи 26. Шартҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти  зотии кишоварзӣ бо мақсади парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)

Нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд, агар:

- мувофиқан аз тарафи субъектони соҳаи зотпарварӣ гирифта шуда бошанд;

- аз ҳайвоноти зотии кишоварзии бо тартиби муқаррашуда қайдгардида гирифта шуда бошанд;

- бо мақсади ҳаммонандкунӣ аниқ ишора шуда бошанд (дар сурати ҷойгир будани ҷанин дар ҳайвон он бояд тамғагузорӣ карда шавад);

- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).

Моддаи 27. Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав

Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав (кроссҳо, авлодҳо) мувофиқи барномаи давлатие, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, пеш бурда мешавад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар амалӣ намудани лоиҳаҳои соҳаи зотпарварӣ бо шарикии хориҷиён иштирок менамоянд, бо шаҳрвандони хориҷӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон шартномаҳо мебанданд.

Моддаи 29. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ

Баҳсҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи зотпарварӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод. 237; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, мод. 48; соли 2004, №2, мод. 52) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

19 сентябри соли 2013, № 1020

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" қабул карда шавад.

2. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994, №986 "Дар бораи тартиби ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод.238) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ" аз 28 январи соли 2004, №1048, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №1. мод.12) аз эътибор соқит дониста шаванд.

Муовини якуми Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  А. Миралиев

 ш. Душанбе, 19 июни соли 2013, №1237

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Точикистон                               М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 августи соли 2013, № 561

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- зотпарварӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба нигоҳдорӣ ва беҳсозии хусусиятҳои матлуби ирсии ҳайвонот (парранда, моҳӣ, кирми пилла, аз ҷумла занбӯри асал), истифодаи оқилонаи онҳо барои истеҳсоли маҳсулот равона карда шудаанд,

- маводи (маҳсулоти) зотӣ - ҷавона (ҷинсҳои нарина ва модинаи ҳама намуди ҳайвонот, парранда, моҳӣ, занбӯри асал ва насли онҳо), нутфа, ҷанинҳо (зиготаҳо), ки аз ҳайвоноти зотӣ гирифта шудаанд, тухм, тухми моҳӣ, кирминамоҳӣ, моҳичаҳо, модарзанбӯр (малика), оилаи хурди занбӯри асал;

- ҳайвони  зотӣ - ҳайвони хушзоти сермаҳсул ва олидараҷа (кросс, авлод), ки бо ҷинс, самт ва сатҳи маҳсулнокӣ ба стандарти зотии дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти авлодӣ ҷавобгӯй буда, барои аз нав барқарор кардани ҳамин зот пешбинӣ шудааст;

- арзиши зотӣ - сатҳи иқтидори генетикии ҳайвони зотӣ, ки ба сифатҳои фоиданоки насл таъсир мерасонад;

- баҳодиҳии мутобиқат - муайян кардани сатҳи арзиши зотии ҳайвонот, ки бо роҳи баҳодиҳии онҳо аз рӯи маҷмӯи сифатҳо (хушзотӣ, маҳсулнокӣ, хусусиятҳо) бо додани дараҷаи дахлдор амалӣ карда мешавад;

- тамғагузорӣ - нишона кардани ҳайвони зотӣ бо роҳи гузоштани рақам (холкӯбӣ, насби бирка), ки барои аниқ ҳаммонанд кардани онҳо имкон медиҳад;

- зоти ҳайвонот - гурӯҳи сершумори як намуди ҳайвоноти мансубияташ умумии дорои арзиши зотӣ, инчунин хусусияти муайяни сифатҳои фоиданок, ки онҳоро аз дигар ҳайвонот фарқ кунонида, ин зарурии авлод (кросс) - ро доранд, ки барои роҳ надодан ба афзоиши бенизоми хешовандии зот имконият медиҳад;

- авлод - гурӯҳи муайяни ҳайвоноти зотӣ дар таркиби зот, ки аз як ё якчанд ҷинси барҷастаи хушзоти нарина пайдо мешаванд;

- кросс - маҷмӯи авлоди сермаҳсул, ки тибқи нақшаҳои муайяни ҷуфтикунонии наслҳои маҳсулнокиашон нисбатан баландро медиҳанд;

- зоти генофондаш маҳдуд - гурӯҳи кам дучоршаванда ва дар ҷаҳон беназири ҳайвоноти зоти ватанӣ, ки барои истифода бо мақсадҳои селексионӣ зарур буда, зери хатари нобудшавӣ қарор дорад;

- Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ - маҷмӯи маълумот оид ба ҳайвоноти маҳсулнокиаш аз ҳама бештар арзишнок аз рӯи мансубият, маҳсулнокӣ ва сифати зотӣ, арзиши зотии насли онҳо;

- корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ - субъекти хоҷагидор, ки ба афзоиш, такмил ва офаридани зоти нав, инчунин фурӯши ҳайвоноти баландарзиши зотӣ муайян, бо гирифтан, ҷамъоварӣ, нигоҳдории нутфаи наринаи зотӣ ва фурӯши онҳо машғул мебошад;

- заводи зотпарварӣ - корхонае (хоҷагие), ки аз санҷиши мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ гузашта, ба парваришу такмили ҳайвоноти зотӣ ва фурӯши маҳсулоти зотӣ машғул аст;

- стандарти зот - талаботи аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ тасдиқшуда, ки нисбат ба зот ҳангоми баҳодиҳӣ аз рӯи сифатҳои маҳсулнокӣ, конститутсионалӣ (пайкар) ва насабнома пешниҳод карда мешаванд;

- аттестатсия - баҳодиҳии фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ давра ба давра гузаронида мешавад;

- шаҳодатномаи зотӣ - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардидаи аз тарафи хоҷагии зотпарварӣ ба ҳар як ҳайвон, гурӯҳи ҳайвонот ё маҳсулоти онҳо додашаванда, ки дар он зот, маҳсулнокӣ, мансубият то се пушти сарнасл зикр карда мешавад;

- сертификат - ҳуҷҷате, ки бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ ва дигар сифатҳои маводи зотии фурӯхташаванда ё пешниҳодшаванда ҷиҳати бозтавлид ё озмоиш, дода мешавад;

- шиносномаи генетикӣ (генеологӣ) - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки аз тарафи озмоишгоҳи экспертизаи генетикӣ оид ба мансубияти ҳайвоноти зотӣ дода мешавад;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳои худ татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои обӣ барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ

Ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои обӣ, барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ тартиби додан ва реҷаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 4. Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ

Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 5. Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ

Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ баъд аз гирифтани сертификат, ки он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТ, ВАКОЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ДАР СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ мансубанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;

- тасдиқи барномаҳои давлатии соҳаи зотпарварӣ оид ба такмил ва офаридани зотҳои нави ҳайвонот, нигоҳдорӣ ва истифодаи генофонди ҳайвоноти зотӣ;

- тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия ва тартиби ба субъектони хоҷагидорӣ додани мақоми корхонаи (хоҷагии)зотпарварӣ;

- тасдиқи шабакаи заводҳо, хоҷагӣ, ассотсиатсия, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соҳаи зотпарварӣ;

- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар оид ба масъалаҳои зотпарварӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дорои ваколатҳои зеринро мебошад:

- назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;

- барномаи такмил ва офаридани зоти нави ҳайвонот, нигоҳдорӣ ва истифодаи генофонди ҳайвоноти зотиро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- санадҳои меъёрӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва бозтавлиди ҳайвонотро таҳия менамояд;

- қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотиро таҳия намуда, баҳисобгирии маълумотро дар соҳаи зотпарварӣ анҷом медиҳад;

- озмоиш ва тасвиби расмии дастовардҳои нави селексиониро дар соҳаи зотпарварӣ мегузаронад;

- қоидаҳои пешбурди Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотиро таҳия, тасдиқ ва нашр менамояд;

- амали шаҳодатномаи зотӣ ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақомоти расмии давлати содиркунанда додаанд, эътироф менамояд;

- таркиби зотӣ ва шуморавии зотҳои наринаро дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ якҷоя бо муассисаҳои илмӣ дар доираи барномаҳои такмил ва офаридани зоти нави ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи генофонди ҳайвоноти зотӣ муайян менамояд;

- шаклҳои ҳисоботи оморӣ, варақаҳои санҷишӣ, нақшаҳои ҳарсолаи санҷишро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд;

- содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвонотро танзим менамояд.

Моддаи 8. Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ

Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ инҳо мебошанд:

- афзоиш, парвариш, истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳайвоноти зотӣ, солимӣ ва сернаслии онҳо;

- беҳсозии мақсадноки маҳсулнокӣ ва дигар сифатҳои ҳайвонот;

- такмили восита ва усулҳои зотпарварӣ;

- тадриҷан зиёд намудани талаботи маҳсулнокӣ ва генетикӣ, ки ба онҳо ҳайвоноти зотӣ бояд мутобиқ бошанд;

- офаридани зотҳои нави ҳайвоноти зотӣ;

- бадастоварии маҳсулоти ҳайвоноти зотӣ;

- нигоҳдории генофонд, ба вуҷуд овардани таркиби генетикӣ ва генеалогии зот ва намудҳои ҳайвонот.

Моддаи 9. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ

1. Роҳбарони сохторҳои марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин муовинони онҳо аз рӯи вазифа нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ ба ҳисоб мераванд.

2. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ барои ташкили зотпарварӣ дар минтақаи дахлдор масъул мебошанд.

3. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ мустақил буда, дар фаъолияти худ Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки мутобиқи Қонуни мазкур қабул гардидаанд, ба роҳбарӣ мегиранд.

4. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ, ҳуқуқ доранд:

- иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зотпарварӣ машғуланд, назорат намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба зотпарварӣ машғуланд, санҷида, аз онҳо ройгон иттилооти зарурӣ гиранд;

- ба субъектони соҳаи зотпарварӣ доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ амрнома диҳанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши ҳайвоноти зотӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро ҳангоми риоя накардани тартиби баҳисобгирии зот ва технологияи истеҳсолот аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ боздоранд;

- татбиқи технология, олот, таҷҳизот, мавод ва усулҳои биотехнологии нав дар селексия ва бозтавлиди ҳайвонотро назорат намоянд;

- ба сифати ҳайвоноти зотӣ истифода бурдани ҳайвонот ва маҳсулоти онҳоро, агар онҳо ба талаботи муқарраргардида мутобиқ набошанд, манъ намоянд;

- дар сурати ошкор намудани камбудиҳо оид ба пешбурди нақшаҳои таҳқиқоти селексионӣ дар назди Хадамоти назорати давлатии зотпарварии дахлдор дар бораи маҳрум намудани хоҷагиҳо аз мақоми хоҷагии зотпарварӣ масъалагузорӣ намоянд;

- ба суд даъвоҳо пешниҳод карда, дар мурофиаи судӣ аз номи Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ иштирок намоянд;

- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.

Моддаи 10. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ

1. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зотҳои ҳайвонҳои зотӣ дар асоси маълумотҳои ҳисоботие, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба зотпарварӣ машғул пешниҳод мегарданд, пеш бурда мешаванд.

2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотиро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.

Моддаи 11. Дастгирии давлатии зотпарварӣ

1. Дастгирии давлатии зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар асоси барномаҳои рушди зотпарварӣ амалӣ карда мешавад. Шаклҳои асосии дастгирии давлатӣ инҳо мебошанд:

- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба такмил ва офаридани зотҳои нав, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотӣ, аз ҷумла зотҳои генофондашон маҳдуд;

- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасии маводи (маҳсулоти) зотӣ барои молистеҳсолкунандагони кишоварзии ватанӣ.

2. Самтҳои дастгирии давлатии зотпарварӣ, меъёрҳои кӯмаки молиявӣ барои ҳар як намуди маводи (маҳсулоти) зотӣ, чорабиниҳо оид ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотӣ, инчунин офаридани зотҳои нав аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалишаванда тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

3. Барномаҳои таҳқиқоти илмии соҳаи зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи зотпарварӣ, кӯмакҳои башардӯстона ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Моддаи 12. Таъминоти илмии соҳаи зотпарварӣ

1. Таъминоти илмии соҳаи зотпарвариро Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ корҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- таҳияи барномаҳои илмӣ - техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ;

- коркарди усул, восита ва услубҳои баланд бардоштани самаранокии раванди селексия ва бозтавлиди ҳайвонот;

- ворид намудани усул ва технологияи нав доир ба баҳодиҳӣ ва назорати генетикии маводи (маҳсулоти) зотӣ;

- муайян кардани низоми таъминоти иттилооти зотпарварӣ.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ

Моддаи 13. Ҳуқуқ ба амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ

1. Фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар сурати пешбурди баҳисобгирии маҳсулнокӣ ва мансубияти ҳайвоноти зотии аз тарафи онҳо парваришёбанда амалӣ карда мешавад.

2. Субъектони соҳаи зотпарварӣ баҳисобгирии маълумотро пеш бурда, ҳисоботро аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд.

3. Шахсони мансабдор ва мутахассисони Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ, инчунин мутахассисони зотпарварӣ корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ, ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба зотпарварӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:

- шаклҳои фаъолиятро дар соҳаи зотпарварӣ мустақилона интихоб намоянд;

- ҳайвоноти зотӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро дар сурати доштани шаҳодатномаи зотӣ фурӯшанд ва ба даст оранд;

- ба ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо оид ба парвариши ҳайвонот, амалисозии тадбирҳои зотпарварӣ, хариду фурӯши ҳайвоноти зотӣ ва маҳсулоти онҳо дохил шаванд;

- дар намоишҳо, музоядаҳои ҳайвоноти зотӣ ва маҳсулоти зотӣ иштирок намоянд;

- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.

Моддаи 14. Намудҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ

1. Ба субъектони соҳаи зотпарварӣ дохил мешаванд:

- корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ (заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии парранда, хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ, стансия ва марказҳои зотпарварӣ);

- ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо;

- муассисаҳои таҳқиқоти илмие, ки бо масъалаҳои зотпарварӣ машғул мебошанд;

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хизматрасониро оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвонот амалӣ менамоянд.

2. Таъсисдиҳӣ, фаъолият ва тағйир додани шакли фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 15. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ

1. Вобаста ба сифат ва шумораи ҳайвоноти зотӣ ва зотҳои онҳо, сатҳи маҳсулнокии ин ҳайвонот корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ба заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ тақсим мешаванд. Ҳамчунин бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ иҷозат дода мешавад.

2. Ба гурӯҳҳои дахлдори зотӣ мансуб донистани корхонаҳо (хоҷагиҳо), инчунин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) додани мақоми хоҷагии зотпарварӣ бо назардошти аттестатсия амалӣ карда мешавад. Дар ин маврид саршумор ва сифати ҳайвоноти зотӣ, таҷрибаи кор ва тахассуси кормандон, таҷҳизонии техникӣ ва технологияи истеҳсолӣ, мутобиқатии истеҳсолот ба меъёрҳои стандартию байторӣ ба назар гирифта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ба хоҷагӣ мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ дода мешавад.

3. Фаъолияти зотпарварӣ, инчунин аз тарафи стансияҳо ва марказҳои зотпарварӣ, ки корхонаҳои (хоҷагиҳои) махсусгардонидашудаи кишоварзӣ буда, ҷинсҳои наринаи зотиро истифода бурда, маҳсулоти онҳоро барои бордоркунии сунъӣ ҷамъоварӣ менамоянд ва озмоишҳои сифатҳои ирсию генетикии ин ҳайвонотро мегузаронанд, амалӣ карда мешавад.

4. Заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ таҳти ҳифзи давлат қарор доранд ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

5. Мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотӣ, маводи (маҳсулоти) зотӣ машғуланд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.

Моддаи 16. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ

1. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ инҳо мебошанд:

- муайян кардани арзиши зотии ҷинсҳои наринаи зотӣ аз рӯи сифати насл;

- гирифтан, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нутфаи ҷинсҳои наринаи зотӣ;

- дастрас намудан, нигоҳдорӣ ва фурӯши ҷанинҳо;

- бақайдгирии натиҷаҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳо, пешбурди бонки маълумотҳо дар бораи онҳо;

- амалӣ намудани мубодилаи генофонд;

- афзоиш, такмил ва бозтавлиди зоти муайяни ҳайвоноти зотӣ, аз ҷумла зоти генофондаш маҳдуд, инчунин фурӯши маводи (маҳсулоти) зотии истеҳсолшуда;

- такмили иқтидори генетикии ҳайвоноти зотӣ, аз ҷумла зоти генофондаш маҳдуд дар доираи барномаҳои тасдиқшудаи рушди зотпарварӣ ва мутобиқи дастовардҳои илм.

2. Таркиби зотӣ ва шуморавии ҷинсҳои наринаи зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ якҷоя бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи барномаи рушди зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Кафолатҳои корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ

Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар амалӣ намудани фаъолияти худ мустақил буда, дахолат намудан ба фаъолияти онҳо манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 18. Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвонот

Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвонот, муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотӣ ва сифати маводи (маҳсулоти) зотӣ, ҳаммонандкунии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад.

Моддаи 19. Аттестатсияи фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ

Аттестатсияи субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 20. Бақайдгирии давлатии маводи зотӣ

1. Маводи (маҳсулоти) зотие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

2. Маълумотҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ дар бораи ҳайвоноти зотии бештар арзишнок аз рӯи мансубият, шумора, сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ аз рӯи намуд ва зоти ҳайвонот дохил карда мешаванд.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳайвоноти зотӣ дошта, субъектони соҳаи зотпарварӣ намебошанд, метавонанд маводи (маҳсулоти) зотиро ба ҳисоб гирифта, ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ дохил кардани ҳайвоноти зотии доштаашон маълумот пешниҳод намоянд. Маълумоте, ки ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ дохил карда шудааст, ба шахсони манфиатдор дастрас мебошад.

БОБИ 4. ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ МАВОДИ (МАҲСУЛОТИ) ЗОТӢ ВА БАҲОДИҲИИ ОН

Моддаи 21. Эътироф намудани маводи (маҳсулоти) зотӣ ва додани шаҳодатномаи зотӣ

1. Мавод (маҳсулот) ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ дар ҳолатҳои зерин эътироф карда мешавад, агар:

- шаҳодатномаи зотӣ дошта бошад;

- нутфа ва ҷанинҳо дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз ҳайвоноти зотӣ гирифта ва коркард шуда, дорои шаҳодатномаи зотӣ бошанд;

- шаҳодатномаи байторӣ дар бораи офият аз бемориҳо ва олудагиҳои бактериявӣ дошта бошад.

2. Маводи (маҳсулоти) зотии воридшуда ба шарте ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ эътироф карда мешавад, ки агар шаҳодатномаи зотӣ ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши мақомоти расмии давлати содиркунанда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ эътироф гардида, ин мавод (маҳсулоти) зотӣ ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ мутобиқ бошад.

Моддаи 22. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотӣ

1. Маводи (маҳсулоти) зотӣ бояд баҳодиҳӣ карда шавад. Баҳодиҳӣ бо мақсади муайян кардан ва ба таври ҳуҷҷатӣ тасдиқ намудани мансубият, маҳсулнокии ҳайвоноти зотӣ, дар онҳо мавҷуд набудани нуқсонҳои генетикӣ, инчунин мансубият ва сифати нутфа ё ҷанинҳо гузаронида мешавад.

2. Ҳайвоноти зотӣ, ки барои бозтавлиди зот интихоб гардидааст, бояд аз рӯи сифати насл ва маҳсулнокии худ санҷиш ва баҳодиҳӣ карда шаванд.

3. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва санҷиши ҳайвоноти зотӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аттестатсиякардашуда ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвонот гузаронида мешавад.

4. Маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ санҷида, баҳогузорӣ карда мешаванд.

Моддаи 23. Истифода ва фурӯши маводи (маҳсулоти) зотӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки маводи (маҳсулоти) зотиро истифода мебаранд, бояд чорабиниҳоро доир ба зотпарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.

2. Маводи (маҳсулоти) зотӣ дар сурати доштани шаҳодатномаи зотӣ, ки ба соҳибони маводи (маҳсулоти) зотӣ дода мешавад, фурӯхта мешавад.

3. Воридот ва содироти маводи (маҳсулоти) зотӣ ҳангоми доштани сертификат ва шаҳодатномаи зотӣ ё ҳуҷҷатҳои ба он ҳамарзиш амалӣ карда мешавад.

Моддаи 24. Бозтавлиди ҳайвонот

1. Бозтавлиди ҳайвоноти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо роҳи бордоркунии сунъӣ ва истифодаи бевоситаи ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дорои шаҳодатномаи зотӣ мебошанд, сурат мегирад.

2. Тартиби истифодаи ҷинсҳои наринаи зотӣ ё нутфаи он тибқи барномаҳои давлатии селексионӣ муайян карда мешавад.

3. Ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ истифода мешаванд, бояд шиносномаи генетикӣ (генеологӣ) дошта бошанд.

Моддаи 25. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотӣ

1. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотӣ аз ҷониби корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

2. Корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, ки бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳоро амалӣ менамояд, барои бақайдгирии захира, коркард, назорати сифат ва фурӯши нутфа ва ҷанинҳо ӯҳдадор мебошад.

3. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳо аз ҷониби мутахассисе, ки дорои сертификати мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 26. Шартҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотӣ бо мақсади афзоишдиҳии онҳо

Нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотӣ дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд, агар:

- мувофиқан аз тарафи субъектони соҳаи зотпарварӣ гирифта шуда бошанд;

- аз ҳайвоноти зотии бо тартиби муқаррашуда қайдгардида гирифта шуда бошанд;

- бо мақсади ҳаммонандкунӣ аниқ ишора шуда бошанд (дар сурати ҷойгир будани ҷанин дар ҳайвон он бояд тамғагузорӣ карда шавад);

- шаҳодатномаи зотӣ дошта бошанд.

Моддаи 27. Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав

Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав (кроссҳо, авлодҳо) мувофиқи барномаи давлатие, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, пеш бурда мешавад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар амалӣ намудани лоиҳаҳои соҳаи зотпарварӣ бо шарикии хориҷиён иштирок менамоянд, бо шаҳрвандони хориҷӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон шартномаҳо мебанданд.

Моддаи 29. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ

Баҳсҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи зотпарварӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод. 237; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, мод. 48; соли 2004, №2, мод. 52) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

19 сентябри соли 2013, № 1020

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" қабул карда шавад.

2. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994, №986 "Дар бораи тартиби ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод.238) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ" аз 28 январи соли 2004, №1048, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №1. мод.12) аз эътибор соқит дониста шаванд.

Муовини якуми Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  А. Миралиев

 ш. Душанбе, 19 июни соли 2013, №1237

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Точикистон                               М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 августи соли 2013, № 561