ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
(Қонуни ҶТ аз 19.09.2013 № 1911)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия танзим намуда, тартиби истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикиро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- сарфаҷӯии энергия - истифодаи оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, таҷдид, интиқол ва истеъмоли энергия;
- намудҳои алтернативии сӯзишворӣ - намудҳои гуногуни сӯзишворӣ (гази моеъ, биогаз, гази генераторӣ, маҳсулоти коркарди биомасса, сӯзишвории ангишти моеъ ва ғайра), ки барои кам ё комилан иваз намудани истифодабарии захираҳои сӯзишворию энергетикии аввалияи гаронбаҳо ва камчин истифода бурда мешаванд;
- манбаъҳои барқароршавандаи энергия - манбаъҳои гуногуни ба намудҳои истихроҷии сӯзишворӣ номарбути ҳамеша мавҷуд, ки такроран дар муҳити ҷараёни офтоб, бод, обҳои гарми зеризаминӣ, биомасса ва дарё пайдо мешаванд;
- самаранокии энергия - истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ бо дарназардошти дараҷаи инкишофи техника ва технологияи мавҷуда ва риояи талаботҳои ҳифзи муҳити зист, ноил шудан ба истифодаи самараноки захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок карда шудааст;
- нишондиҳандаи самаранокии энергия - муайян намудани фарқи мутлақ ё нисбии андозаи истеъмоли воқеӣ ё талафоти захираҳои сӯзишворию энергетикӣ барои маҳсулоти (кор ва хизматрасониҳо) таъиноти гуногун дар муқоиса бо меъёри муқаррарнамудаи стандартҳои давлатӣ;
- сарфи ғайриистеҳсолии захираҳои энергетикӣ - риоя нагардидани сарфи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи стандартҳои давлатӣ ё санадҳои дигари меъёрӣ, дастури технологӣ ва маълумоти шиносномаи таҷҳизоти фаъол вобаста мебошад;
- талафоти захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ - фарқи байни истеъмол ва истифодаи самараноки миқдори захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ дар ҳар давраи расонидан, интиқол, табдил ва истеъмоли онҳо ва ҳамчунин талафоти онҳо дар натиҷаи истифодаи бесамарона;
- сӯзишвории шартӣ - воҳиди ҳисоби сӯзишвории органикӣ барои муқоисаи намудҳои гуногуни сӯзишворӣ аз рӯи гармидиҳии ҳарораташ баробари 7000 ккал/ кг;
- меъёри талафот - дараҷаи талафоти захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикие, ки аз миқдори муқарраршудаи умумии онҳо дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва шиносномаи таҷҳизот зикр шудаанд ё бо тартиби муқарраршуда тасдиқ карда шудаанд;
- захираҳои сӯзишворию энергетикӣ - маҷмӯи ҳамаи намудҳои сӯзишворӣ, энергияи табиӣ ва табдилшаванда;
- захираҳои энергетикии дуюмбора - ҳомили энергия, ки дар намуди партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ё маҳсулоти ғайриасосӣ дар натиҷаи амалигардонии раванди технологӣ ё истифодаи таҷҳизот ба даст омада, таъиноти функсионалии он ба истеҳсоли намуди дахлдори захираҳои энергетикӣ алоқаманд нест ();
- шиносномаи энергетикӣ - ҳуҷҷати бо дастур муайяншудаи меъёрӣ, ки дар он аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти энергетикӣ нишондиҳандаҳои воқеии самаранокии энергия ва имконияти сарфаи захираҳои энергетикӣ дарҷ ёфтаанд;
- таҳқиқоти энергетикӣ (энергоаудит) - ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот дар бораи истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ бо мақсади ҳосил кардани иттилооти дуруст дар бораи ҳаҷми захираҳои энергетикии истифодашаванда, дар бораи нишондиҳандаҳои самаранокии энергия, ошкор намудани имкониятҳои сарфаҷӯии энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ бо дарҷи натиҷаҳо дар шиносномаи энергетикӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад ().
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур вобаста ба фаъолияти зерин татбиқ мегардад:
- истеҳсоли захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ аз ҷониби ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкили ҳуқуқӣ;
- амалӣ кардани мониторинг ва ҳавасмандгардонӣ барои истифодаи самараноки захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ дар рафти истихроҷ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, табдил, тақсим ва истеъмол;
- таҳия ва татбиқи технологияҳои самараноки истихроҷ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, табдил, тақсим ва истеъмоли захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ ва ҳамчунин намудҳои самараноки сӯзишворӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои бо энергия коркунанда, асбобҳои ҳисобкунӣ, назорат ва танзими истеъмоли энергия;
- хадамоти давлатӣ ва раёсатҳо оид ба мушоҳида ва назорати самараноки истихроҷ, коркард, интиқол ва истифодаи захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, энергияи барқ ва гармӣ ва системаҳои обрасонӣ;
- ҳамбастагии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо фаъолияти ҳифзи муҳити зист;
- таъминоти молиявӣ, иттилоотӣ ва кадрии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- стандартизатсия ва сертификатсияи таҷҳизоти сарфакунандаи энергия, масолеҳ, иншоотҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулот ва объектҳои дигари истеъмолкунандаи энергия.
2. Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи объектҳои гражданӣ, саноатӣ, коммуналӣ ва мудофиа, инчунин системаи таъмини об, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон татбиқ мегардад.
Моддаи 4. Принсипҳои танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- самаранок ва оқилона истифода бурдани захираҳои сӯзишворию энергетикӣ бо назардошти шартҳои истеҳсолӣ, технологӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ;
- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии истифодабарии таҷҳизот, мавод ва технологияи дорои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- банақшагирии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.
БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошад:
- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- назорат ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- муайян кардани номгӯи молҳое, ки иттилоот дар бораи самаранокии энергетикӣ ва қоидаҳои дарҷи чунин иттилоотро доранд;
- муқаррар намудани талаботи самаранокии энергетикии молҳо, корҳо, хизматрасонӣ, ҷобаҷогузории фармоишҳо оид ба таъмини эҳтиёҷоти давлатӣ;
- муқаррар намудани тартиби амалӣ кардани назорати давлатӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- муқаррар намудани қоидаҳои таъсис додани системаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва таъмини амалии он;
- муайян кардани шаклу усулҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмӣ ва корҳои санҷишию конструкторӣ дар соҳаи мазкур;
- муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- тасдиқи барномаҳои давлатӣ бо мақсади муҳайё намудани шароити ташкилӣ, моддӣ, техникӣ, молиявӣ оид ба иҷрои талабот нисбат ба истифодабарии партовҳо;
- бунёди низоми молиявӣ ва иқтисодие, ки истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагонро ба истифодаи самараноки захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ба тавозуни энергетикӣ ҷалб кардани намудҳои алтернативии сӯзишворӣ ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, инчунин ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда ба сармоягузорӣ ва маблағгузории чорабиниҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳавасманд мегардонад;
- таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- татбиқи дигар салоҳиятҳо дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки ба Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- таҳияи усулҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилию иқтисодии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- таҳия ва тасдиқи низомномаи ташхиси энергетикӣ ва экспертизаи сарфаҷӯии энергия дар соҳаҳои иқтисод;
- муайян намудани талаботи самаранокии энергетикии биноҳо, иморатҳо ва иншоотҳо;
- муқаррар намудани қоидаҳои ташхиси сатҳи истеъмоли энергия ва самаранокии энергетикии таҷҳизоти электрикӣ дар биноҳои бисёрквартирадор;
- таъмини назорати давлатии истифодабарии самараноки захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;
- ҳаллу фасли масъалаҳое, ки бо дастрасии истеҳсолкунандагони энергияи барқ ва гармӣ ба шабакаҳои энергетикӣ бо риояи меъёрҳои зарурии техникӣ ва низомҳои дигари кор алоқаманданд;
- таҳия ва ҳамоҳангсозии барномаҳои соҳавии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, истифодаи намудҳои алтернативии сӯзишворӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки онҳоро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ донистаанд;
- ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, ки барои ҷорӣ намудани дастовардҳои илм, техника ва технологияи муосир дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия равона карда шудаанд;
- иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалии ба соҳаи мазкур алоқаманд;
- иҷрои дигар ваколатҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6(1). Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дастгирии иттилоотии чораҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти иҷрои тадбирҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- мусоидат ба ҷорӣ намудани таҷҳизот, технологияҳо ва маводи каммасраф, аз ҷумла дар доираи татбиқи лоиҳаҳо, иҷрои нишондиҳандаҳои муқарраршуда дар соҳаи сарфаҷӯии энергия, риояи меъёрҳои истеъмоли захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
Моддаи 7. Танзими давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Танзими давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- муайян намудани талабот нисбат ба муомилот ва молҳои ҷудогонае, ки ҳангоми кор фармудани онҳо захираҳои сӯзишворию энергетикӣ истифода мешаванд;
- манъ ва маҳдуд кардани истеҳсол ва муомилоти молҳое, ки самаранокии энергетикии паст доранд, ба шарте ки чунин молҳои энергияро самаранок истифодабаранда ба миқдоре дар муомилот мавҷуданд ва ё ба муомилот бароварда мешаванд, ки талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ гардонида тавонанд;
- муайян намудани ӯҳдадории ба ҳисоб гирифтани захираҳои истифодашавандаи сӯзишворию энергетикӣ ва тартиб додани тавозуни энергетикӣ;
- муайян намудани талабот нисбат ба самаранокии энергетикии бино ва иншоот ва бехатарии онҳо барои муҳити зист ва инсон;
- додани шиносномаи энергетикӣ;
- муайян намудани талабот нисбати шиносномаи энергетикӣ;
- амалӣ гардонидани чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар биноҳои бисёрквартирадор;
- муайян намудани талабот нисбати самаранокии энергетикии молҳо, корҳо, хизматрасониҳо, ҷобаҷогузории фармоишҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- муайян намудани талабот нисбати барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- муайян намудани талабот нисбати барномаҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, дар ташкилотҳо бо иштироки давлат ва ташкилотҳое, ки бо намудҳои фаъолияти танзимшаванда машғуланд;
- муайян намудани асосҳои амалӣ нашудани системаи давлатии иттилоотӣ вобаста ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- интишори иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- таҳия ва иҷрои барномаҳои иттилоотӣ ва таълимӣ;
- муайян намудани тартиби иҷрои муқаррароти пешбининамудаи Қонуни мазкур;
- амалӣ намудани чорабиниҳои дигари танзими давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Таъмини самаранокии энергетикӣ дар муомилоти мол
1. Молҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд ва молҳое, ки аз хориҷ ворид мегарданд, дар ҳуҷҷатҳои техникиашон ва дар тамғақоғазашон бояд оид ба самаранокии энергетикӣ маълумот дошта бошанд. Талаботи мазкур ба молҳои зерин дахл дорад:
- асбобҳои маишии истеъмолкунандаи энергия;
- компютерҳо, асбобҳои дигари электронии компютерӣ ва техникаи ташкили кор;
- маводи сохтмон ва таҷҳизоти техникии корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои сохтмонӣ;
- дигар намуди молҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
2. Муайян кардани дараҷаи самаранокии энергетикии мол аз ҷониби истеҳсолкунанда ва воридкунанда амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, ворид намудани маълумот дар бораи дараҷаи самаранокии энергия ба ҳуҷҷатҳои техникии ба мол замимашуда, ба тамғагузории он, дарҷи ин маълумот дар тамғакоғази он бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ сурат мегиранд ().
3. Қоидаҳои ба кор бурдани партовҳои истеҳсолот, истеъмол ва истифодаи онҳо бо мақсади ҳосил кардани захираҳо ва маҳсулоти иловагии сӯзишворию энергетикиро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад ().
Моддаи 9. Таъмини самаранокии энергетикии бино ва иншоот
1. Бино ва иншоот бояд ба талаботи қоидаҳои таъмини самаранокии энергетикие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҷавобгӯ бошанд.
2. Самаранокии энергетикии бино ва иншоот бояд талаботҳои зеринро дар бар гиранд:
- нишондиҳандаҳое, ки бузургии нисбии сарфи захираҳои энергетикиро муайян мекунанд;
- муқаррар намудани талаботе, ки ба самаранокии энергетикии бино ва иншоот аз рӯи лоиҳаҳои меъморӣ, технологияи функсионалӣ, конструкторӣ ва муҳандисию техникӣ сохташуда таъсир мерасонанд.
3. Талаботи самаранокии энергетикии бино ва иншоот бояд бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар панҷ сол як бор мавриди таҷдиди назар қарор гирад.
4. Талаботи самаранокии энергетикӣ нисбати бино ва иншооти зерин татбиқ намегардад:
- бино ва иншооти динӣ;
- бино ва иншооте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои меросӣ, фарҳангӣ (осорхонаҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ) мансубанд;
- бино ва иншооти муваққатии мӯҳлати хизматашон камтар аз ду сол;
- дигар бино ва иншооте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
5. Мавриди истифода қарор додани бино ва иншооти навсохт, таҷдидшуда, аз таъмири асосӣ, таҷдиди таҷҳизоти техникӣ, модернизатсия ва васеъшавӣ гузашта, ки ба талаботи самаранокии энергетикӣ ҷавобгӯй нестанд ва бо асбобҳои ҳисобу ченкунии истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ муҷаҳҳаз намебошанд, манъ аст.
6. Санҷиши мувофиқатии бино ва иншооти баистифодадошаванда ба талаботи самаранокии энергетикӣ ва мувофиқи талабот муҷаҳҳаз будани онҳо бо асбобҳои баҳисобгирии истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори назорати давлатии энергетикӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 10. Таъмини ҳисоби истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ
1. Тамоми ҳаҷм ва сифати истихроҷ, истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва истеъмолшавандаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ ҳатман бояд ба ҳисоб гирифта шаванд. Усул ва тартиби ҳисоби захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикии истеъмолшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
2. Ҳисоби захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикии истеъмолшаванда мутобиқи стандартҳо, меъёру қоидаҳои метрологӣ иҷро карда мешавад.
3. Назорати давлатии омории ҳаҷму тартиби муомилоти захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ, истифодаи самараноки онҳоро мақоми ваколатдори соҳаи омор, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ менамояд.
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ шакли ҳисоботи давлатии оморро оид ба ҳаҷм ва феҳристи истеҳсол, истифодаи самарнокии захираҳо ва маҳсулоти энергетикиро барои ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо таҳия ва барои тасдиқ ба мақомоти ваколатдори соҳаи омор ирсол менамояд.
БОБИ 4. ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭНЕРГЕТИКӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
Моддаи 11. Экспертизаи давлатии энергетикӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
1. Вазифаҳои асосии экспертизаи давлатии энергетикӣ аз муайян кардани мувофиқати хулосаҳои лоиҳавӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартизатсияи нишондиҳандаҳои истифодаи самараноки энергия, мавҷуд будани системаи дахлдори ҳисобу китоб ва ҳамчунин асосноккунии чорабиниҳои пешбинишуда оид ба сарфаҷӯии энергия иборат мебошанд.
2. Экспертизаи давлатии энергетикӣ аз рӯи намудҳои зерини фаъолият ва қарорҳои лоиҳавӣ гузаронида мешавад:
- истихроҷ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, истеҳсол, табдил, истифода ва безараргардонии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;
- ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмони корхонаҳо, биноҳо ва иншооти нав, азнавсозӣ, таҷҳизонии техникӣ, такмил додан ва васеъ кардани онҳо, аз ҷумла техникаю технологияи татбиқшаванда ва ҳамчунин лоиҳаҳои азнавсозии биноҳо ва иншооти мавҷуда;
- лоиҳаҳои барномаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёт;
- лоиҳаҳои стандартҳо, санадҳои меъёрию техникӣ, тартибу қоидаҳо дар соҳаи сарфаҷӯй ва самаранокии энергия.
3. Экспертизаи давлатии энергетикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
4. Хулосаи мусбати экспертизаи давлатии энергетикӣ шарти ҳатмии тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, объектҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла манбаъҳои гармӣ ва барқ, мебошад. Дар баробари ин, барои сохтан ва ба истифода додани иншоот, аз ҷумла пас аз азнавсозӣ, навкунӣ ва (ё) таъмири асосӣ, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва регламентҳои техникӣ оид ба сарфаҷӯии энергия ҷавобгӯ нестанд, набояд иҷозат дода шавад ().
Моддаи 12. Таҳқиқоти энергетикӣ
1. Таҳқиқоти энергетикии объекти истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ, раванди технологӣ новобаста аз шакли моликият гузаронида мешавад.
2. Ҳадафҳои асосии таҳқиқоти энергетикӣ аз инҳо иборатанд:
- ҷамъоварии маълумоти воқеӣ дар бораи ҳаҷми захираҳои истифодашавандаи энергетикӣ;
- муайян кардани нишондиҳандаҳои самаранокии энергия;
- муайян кардани имконияти сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- тартиб додани рӯйхати чорабиниҳои намунавии барои омма дастрас оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва муайян кардани хароҷоти онҳо.
3. Барои гузаронидани таҳқиқоти энергетикӣ танҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд ().
4. Аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти энергетики шахси таҳқиқоти мазкурро гузаронида шиносномаи энергетикиро бо тавсияномаҳои дахлдор оид ба самаранокии энергия тартиб медиҳад ва онро ба фармоишгар месупорад.
5. Шиносномаи энергетикие, ки аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти энергетикӣ гузаронида шудааст, бояд дорои иттилооти зерин бошад:
- дар бораи дараҷаи таъмин будан бо асбобҳои ҳисоби истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ;
- дар бораи ҳаҷм, намудҳо ва тағйири захираҳои сӯзишворию энергетикие, ки истифода бурда мешаванд;
- дар бораи нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикии объекти таҳқиқ;
- дар бораи ҳаҷми талафи захираҳои энергетикӣ;
- дар бораи имкониятҳои сарфаҷӯии энергия, аз ҷумла дар хусуси арзёбии имкониятҳои сарфаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ дар шакли аслӣ ва арзишӣ.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад ба шиносномаи энергетикие, ки аз рӯи натиҷаи таҳқиқи ҳатмии энергетикӣ тартиб дода шудааст, ҳамчунин ба шиносномаи энергетикии дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тартибдодашуда, аз ҷумла ба шаклу моҳияти он талаботи иловагӣ муқаррар намояд.
7. Шиносномаи энергетикии бино ва иншоотҳо, ки баъди сохтан, бозсозӣ, таъмири асосӣ, таҷҳизонии техникӣ, такмил ва васеъ кардан ба истифода дода мешаванд, дар асоси маълумоти воқеӣ дар муқоиса бо ҳуҷҷати лоиҳавӣ тартиб дода мешавад.
Моддаи 13. Гузаронидани таҳқиқоти ҳатмии энергетикӣ
1. Гузаронидани таҳқиқоти ҳатмии энергетикӣ барои объектҳои мансуби мақомоти зайл заруранд:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- ташкилотҳое, ки бо истихроҷ, истеҳсол, интиқол, табдил ва тақсими захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ машғуланд;
- ташкилотҳое, ки хароҷоти умумии онҳоро дар соли тақвими барои истеъмоли гази табиӣ, маҳсулоти нафт, энергияи гармӣ, ангиштсанг ва энергияи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
- ташкилотҳое, ки дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз ҳисоби буҷети давлатӣ пурра ё қисман маблағгузорӣ карда мешаванд;
- ҳангоми ба истифода додани объекти нав, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ.
2. Таҳқиқоти энергетикӣ дар объектҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, мутобиқи барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.
БОБИ 5. ТАЪМИНИ ИТТИЛООТИИ ЧОРАБИНИҲО ДАР СОҲАИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
Моддаи 14. Таьмини иттилоотии чорабиниҳо дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
1. Таъмини иттилоотии чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бояд мунтазам бо роҳҳои зерин сурат гирад:
- таъсис додани системаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дар воситаҳои ахбори омма нашр намудани барномаҳои давлатии соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳия гардидаанд;
- аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма интишор кардани барномаҳои мавзӯии телевизионӣ ва пахши радиоӣ, барномаҳои иттилоотию маърифатӣ оид ба чорабиниҳо ва тарзу усулҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, дар бораи комёбиҳои назаррас, аз ҷумла иттилооти хориҷӣ ва дигар иттилооти муҳими соҳаи мазкур;
- бо иттилоот таъмин намудани истеъмолкунандагон дар бораи самаранокии энергетикии асбобҳои барқии маишӣ ва молҳои дигар, ки нисбати онҳо дар Қонуни мазкур оид ба хариду фурӯшашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот муқаррар гардидааст ва ҳамчунин нисбати биноҳо, иморатҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигари бо истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ алоқаманд;
- интишори иттилоот дар бораи имконияти сарфаҷӯии энергия, аз ҷумла оид ба системаҳои инфрасохтори коммуналӣ ва тадбирҳои зиёд кардани самаранокии энергия;
- ташкили озмун барои сохтмони объектҳо ва ворид намудани мавод, таҷҳизот ва технологияҳое, ки самаранокии баланди энергетикӣ доранд;
- амалӣ намудани фаъолияти дигари иттилоотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Бо мақсади дастгирии манфиатҳои ҷамъият ва давлат, баҳри ноил шудан ба мақсадҳои фоиданоки ҷамъиятӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва ҳамчунин таъмини иттилоотии чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд маълумотҳои зеринро мунтазам интишор намоянд:
- иттилоот дар бораи талаботе, ки Қонуни мазкур ба моликони манзилҳои истиқоматӣ, манзилҳои ғайриистиқоматии биноҳои бисёрквартирадор, шахсони масъули нигоҳдорандаи биноҳои бисёрквартирадор муқаррар намудааст;
- рекламаи иҷтимоӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ташкилотҳое, ки истеъмолкунандагонро бо захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ таъмин мекунанд, вазифадоранд ба истеъмолкунандагони мазкур аз тарзу усулҳои сарфаи захираҳои энергетикӣ ва самараноктар истифода бурдани онҳо мунтазам маълумот диҳанд, аз ҷумла ин иттилоотро дар шабакаи "Интернет", дар ҳомилҳои коғазӣ ва воситаҳои дигари дастрас ҷойгир намоянд.
4. Маълумот дар бораи хароҷоти умумии пардохти арзиши захираҳои дар давраи тақвимӣ истифодашудаи энергетикӣ бояд дар тавзеҳномаи ҳисоботи солонаи муҳосибот нишон дода шаванд.
Моддаи 15. Системаи давлатии иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
1. Системаи давлатии иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо мақсади ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ додани иттилоот дар бораи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва оид ба амалӣ сохтани қоидаҳои он, ҳамчунин гирифтани маълумоти холисона дар бораи энергияталабии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соҳа ба соҳа), имконияти кам кардани чунин энергияталаби ва таблиғи комёбиҳои бузурги соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия таъсис дода мешавад.
2. Таъсиси системаи давлатии иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Идораи системаи давлатии иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бояд ҳатман маълумоти зеринро дошта бошад:
- дар бораи барномаҳои давлатӣ ва соҳавии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, рафти иҷрои онҳо;
- дар бораи ҳаҷми истифодаи захираҳои энергетикӣ, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷамъбаст карда шудаанд;
- дар бораи таъминнокӣ бо асбобҳои ченкунии захираҳои истифодашавандаи энергетикӣ нисбати фондҳои манзилии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ;
- иттилооти рафти коркард, мураттабгардонӣ ва таҳлили нишондодҳои шиносномаҳои энергетикӣ, ки аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти ҳатмии энергетикӣ, ҳамчунин маълумоти феҳристи ташкилотҳо дар соҳаи таҳқиқоти энергетикӣ тартиб дода шудаанд;
- дар бораи миқдор ва натиҷаҳои асосии таҳқиқоти ҳатмии энергетикӣ;
- дар бораи маҳсулот, ҷараёнҳои технологие, ки бо истифодаи захираҳои энергетикӣ алоқаманданд ва дорои самараи зиёди энергетикӣ мебошанд, оид ба чорабиниҳои самараноки сарфаҷӯии энергия ва самтҳои ояндадори сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дар бораи ҳаҷми дастгирии давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дар бораи риоя нашудани қонунгузории сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- маълумоти дигари муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.
БОБИ 6. САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ ДАР ТАШКИЛОТҲО БО ИШТИРОКИ ДАВЛАТ. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
Моддаи 16. Таъмини сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия оид ба ҷобаҷогузории фармоиш барои эҳтиёҷоти давлатӣ
1. Фармоишгарони давлатӣ ва мақомоти ваколатдори ҷобаҷогузории фармоишҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ дошта, бояд фармоишҳо барои молрасонӣ, корҳо, хизматрасониро тибқи талаботи самаранокии энергетикӣ барои ин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо иҷро намоянд ().
2. Талаботи самаранокии энергетикӣ барои молҳо, корҳо, хизматрасониҳо, ки барои иҷрои ҷобаҷогузории фармоишҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ амалӣ мегарданд, инҳоро дар бар мегиранд ():
- дастур ба намуду категорияи молҳо, корҳо, хизматрасониҳо, ки талаботи мазкур ба онҳо дахл доранд;
- талабот нисбати аҳамияти самаранокии энергетикӣ барои молҳо, корҳо, хизматрасониҳо;
- талабот нисбати хусусияти параметрҳои молҳо, корҳо, хизматрасониҳое, ки ба ҳаҷми захираҳои сузишворию энергетикӣ мавриди истифода таъсир мерасонанд;
- нишондиҳандаҳои дигаре, ки самаранокии энергетикиро барои молҳо, корҳо, хизматрасониҳо инъикос менамоянд.
3. Талабот нисбати самаранокии энергетикӣ, барои молҳо, корҳо, хизматрасониҳои барои эҳтиёҷоти давлатӣ пешбинишуда, сабаби мамоният ва маҳдудиятҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳоро дар бар гирад, ки натиҷаи онҳо сарфи ғайриистеҳсолии захираҳои энергетикӣ ва ҳамчунин номувофиқатӣ ба меъёру стандартҳои экологӣ буда метавонад ().
4. Мақомоти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ваколатдори иҷрои фармоишҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ мебошанд, бо мақсади риояи талаботи самаранокии энергетикӣ барои молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо ҳангоми қабул кардани қарор дар бораи намудҳо, категорияҳои молҳо, корҳо, хизматрасониҳо ва (ё) ҳангоми муқаррар намудани талабот нисбати молҳо, корҳо ва хизматрасониҳои мазкур бояд ҳолатҳои зеринро ба ҳисоб гиранд ():
- барои иҷрои ҷобаҷогузории фармоишҳо дар бораи молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ бояд дастовардҳои баланди сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия истифода бурда шаванд ();
- дар иҷрои фармоишҳо дар бораи молрасониҳо, корҳо ва хизматрасониҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ, бояд пастравии хароҷоти фармоишгар бо назардошти нархи тахминии молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо, аз ҷумла паст намудани хароҷот ба захираҳои сӯзишворию энергетикӣ таъмин карда шаванд ().
Моддаи 17. Самтҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
1. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- мусоидат намудан ба фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- мусоидат намудан ба тарҳрезӣ ва истифодаи объектҳо, технологияҳо, масолеҳе, ки энергияро самараноктар истифода мебаранд;
- мусоидат намудан барои сохтмони хонаҳои истиқоматии бисёрквартирадоре, ки энергияро самаранок истифода мебаранд;
- дастгирии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки ба натиҷаҳои баланди мақсадноки сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ноил шуданро пешбинӣ менамоянд;
- иҷрои барномаҳои ҳавасмандгардонии истеҳсол, воридот ва фурӯши молҳои самаранокии баланди энергия дошта, барои миқдоран зиёд кардани онҳо, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон, муқаррар намудани мамоният ва маҳдудиятҳои истеҳсол ва муомилоти моли моҳиятан ҳаммонанде, ки дар натиҷаи истифодаи он метавонад захираҳои энергетикӣ бесамар сарф шаванд;
- мусоидат намудан ба фаъолияти маърифатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва дастгирии иттилоотии чорабиниҳо оид ба он;
- мусоидат кардан барои ташкил ва иҷрои корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, таҷрибавӣ - конструкторӣ оид ба тайёр кардани мавод ва таҷҳизоти самараноки энергетикӣ ва раванди технологии истеҳсоли онҳо;
- мусоидат ба афзоиши ҳолатҳои истифодаи захираҳои энергетикии дуюмбора ва (ё) манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин афзоиши шумораи объектҳои онҳоро истифодабаранда ();
- ҳавасмандгардонии навоварони истеҳсолот оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- самтҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.
2. Дастгирии давлатии фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия метавонад, аз ҷумла бо татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҷуброни як қисми пардохти фоизи қарзи ташкилотҳои қарзии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия амалӣ карда шавад.
БОБИ 7. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
Моддаи 18. Назорати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар ҷараёни ҳамаи корҳое, ки бо иктишофу истихроҷ, коркард, мубодила, интиқол, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ алоқаманданд, гузаронида мешавад.
БОБИ 8. СТАНДАРТИЗАТСИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ ДАР СОҲАИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
Моддаи 19. Стандартизатсия ва регламентҳои техникӣ
1. Стандартизатсия дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл амалӣ карда мешавад:
- дохил кардани нишондиҳандаҳои истифодаи самаранокии энергия ба регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва ба дигар санадҳои меъёрии таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсол ва истеъмолкунандаи энергия, асбобҳои ҳисобу назорат, воситаҳои нақлиёт, мошинҳо ва асбобҳои таъиноти маишӣ, конструксияҳои бинокорӣ, масолеҳи гарминигоҳдоранда;
- дохил намудани нишондиҳандаҳои сарфи захираҳои энергетикӣ ба равандҳои истеҳсолот ва объектҳои манзилию маишӣ, аз ҷумла сарфи энергия барои гарм кардан ва шамол додани хона, гарм кардани об, обрасонии марказонидашуда (барои ошомидан ва киштукор) ва рӯшан кардани бино, сӯзишвориро сарф намудани воситаҳои нақлиёт ва ҳамчунин намудҳои дигари маҳсулоте, ки энергияро истеъмол мекунанд;
- таҳия ва мавриди истифода қарор додани регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва шартҳои техникие, ки асосҳои методологӣ, ташкилӣ ва техникии истеъмол ва сарфаҷӯии энергияро муайян месозанд;
- муайян намудани меъёри истеъмоли энергия ва сӯзишворӣ, инчунин муқаррар намудани талабот нисбати технологияҳо ва таҷҳизоти истеъмолкунандаи энергия;
- дохил кардани параметрҳои сифати барқ, гармӣ, гази табиӣ ва моеъ ба регламентҳои техникӣ ва стандартҳо.
2. Меъёрҳои техникӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бамеъёрдарории техникӣ, талаботи техникии риояашон ҳатмии бо сифат ва бехатарии маҳсулот алоқаманд, равандҳои коркард, истеҳсол, истифода, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, безарар ва нобуд кардани партови онҳо бояд амалӣ карда шаванд ().
Моддаи 20. Сертификатсия
Маҳсулоти истеъмолкунандаи энергия ва ҳамчунин захираҳои сӯзишворию энергетикӣ мувофиқи нишондиҳандаҳои истифодаи самаранокии энергия бояд сертификатсия шаванд. Сертификатсияи ҳатмӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳоеро, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 21. Метрология
1. Ҳангоми истихроҷ, истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, тақсим ва истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ҳамчунин дар мавриди сертификатсияи онҳо бо мақсади таъмини ягонагии ченак назорати ҳатмии метрологӣ ва назорати самаранокии ин равандҳо ва мувофиқати онҳо ба стандарту меъёрҳои муқарраргардидаи техникӣ анҷом дода мешавад.
2. Объектҳои назорати давлатии метрологии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, аз инҳо иборат мебошанд:
- воситаҳои ченак;
- системаҳои иттилоотию ченак;
- намунаҳои стандартии таркиб ва хосияти мавод ва масолеҳ;
- комплексҳо ва ҷузъҳои баҳисобгирии энергия ва ҳомилони энергия;
- тарзу усули чен кардан;
- объектҳои дигари пешбинишудаи меъёру қоидаҳои метрологӣ ().
3. Истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ вазифадоранд, ки ягонагии ченакро дар мавриди амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия таъмин намоянд.
4. Назорати давлатии метрологиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ менамояд ().
Моддаи 22. Меъёрҳои сарф ва талафоти захираҳои сӯзишворию энергетикӣ
1. Сарфи сӯзишворӣ ва энергия бояд ба меъёрҳои иқтисодӣ ва техникӣ мувофиқат намояд.
2. Системаи меъёрҳои сарфи сӯзишворӣ ва энергия меъёрҳои имрӯзаю ояндаро барои равандҳои технологӣ, дастгоҳу таҷҳизот, маҳсулот, асбобҳои барқии маишӣ ва баъзе намудҳои кору хизматрасонӣ дар бар мегирад.
3. Ҳаҷми хароҷот ва меъёрҳои сарфи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ҳатман ба шиносномаҳои энергетикии таҷҳизот, нақшаҳои реҷавӣ, дастурамалҳои технологии истифодабарии онҳо дохил карда мешаванд.
4. Тартиби таҳия, тасдиқ ва таҷдиди назар кардани меъёрҳои сарфи сӯзишворию энергияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва онҳо дар ҳар панҷ сол бо назардошти комёбиҳои технологияҳои пешқадам бояд таҷдиди назар карда шаванд.
5. Меъёрҳои талафи аз тарафи субъектҳои монополияи табиӣ дар ҷараёни истихроҷ, истеҳсол ва ҳамлу нақли захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла энергияи барқро бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба энергетика Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
6. Меъёрҳои сарфи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ ба шиносномаи энергетикии таҷҳизот, нақшаҳои таъмир, дастурамалҳои энергетикӣ ва дастурамалҳо оид ба истифодабарӣ, ҳамчунин ба шартҳои техникии ҳама намуди мошину механизмҳои истеъмолкунандаи энергия ҳатман дохил карда мешаванд.
БОБИ 9. МЕХАНИЗМҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВИИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
Моддаи 23. Чораҳои иқтисодии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Чораҳои иқтисодии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз инҳо иборат мебошанд:
- дастгирии лоиҳаву барномаҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани кӯмакпулӣ, қарз ва имтиёзҳои дигари ҳавасмандгардонӣ барои самаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ;
- чораҳои роҳ надодан ба ғайрисамаранок истифода ва беҳуда талаф додани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ;
- ҳавасманд кардани навоварони соҳаи тарҳрезӣ, ҷорикунандагони технология ва таҷҳизоти сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.
Моддаи 24. Маблағгузории барномаҳо дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Барномаҳои давлатӣ, ҳамчунин таҳқиқотҳои илмӣ, лоиҳаҳои сарфаҷӯӣ ва чораҳои самаранок истифода бурдани захира ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ метавонанд аз ҳисоби буҷети давлатӣ, воситаҳои худӣ ва ҷалбшавандаи ташкилотҳо, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шаванд.
Моддаи 25. Ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Ҳавасмандгардонӣ барои самаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
- додани қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат;
- муқаррар кардани нархи мавсимии гази табиӣ, барқ ва гармӣ, инчунин нархи тағйирёбандаи шабонарӯзии ин намудҳои энергия;
- баҳисобгирии арзиши захираҳои энергетикӣ, хароҷоти татбиқи чорабиниҳои сарфаҷӯии энергия, хароҷоти дастгоҳҳои энергетикӣ бо истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ оид ба зиёд кардани самараи истеъмоли энергия таҳия мешаванд;
- дастгирии давлатӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳа ва барномаҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- мошину таҷҳизот, асбобҳо, воситаҳои техникии воридотии дорои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки ҳангоми иҷрои барномаҳои давлатии сарфаҷӯии энергия бо тартиби муқарраргардида метавонанд аз боҷи гумрукӣ озод карда шаванд;
- ҳавасмандгардонии субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо дар сохтмони объектҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- ба шабакаҳои системаи энергетикӣ васл кардани манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо тартиби муқарраргардида.
Моддаи 26. Чораҳои таъсиррасонӣ дар мавриди ғайрисамаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ
1. Чораҳои таъсиррасонӣ дар мавриди ғайрисамаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
2. Асос барои татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ ҷиҳати ғайрисамаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ инҳоянд:
- талафоти аз меъёр зиёди захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энегетикӣ ва истифодаи таҷҳизоту мавод ва равандҳои технологии ғайрисамаранок;
- аз меъёри муқарраргардида барзиёд сарф кардани сӯзишворӣ, барқ ва гармӣ;
- набудани асбобҳои баҳисобгирӣ, ё мувофиқ набудани онҳо ба қоидаю меъёрҳои ҷорӣ.
БОБИ 10. ФОНДИ РУШДИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ, САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
Моддаи 27. Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
1. Бо мақсади дастгирии давлатии соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергияро таъсис медиҳад.
2. Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия сохтори мустақил буда, тартиби ташкил ва фаъолияти он дар асоси Низомнома, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.
Моддаи 28. Сарчашмаҳои Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
1. Сарчашмаҳои Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
- маблағҳои ихтиёран супурдаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- маблағгузории давлатӣ;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Истифодаи маблағҳои Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия тибқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи Фонди мазкур амалӣ карда мешавад.
БОБИ 11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия инҳоянд:
- мубодилаи ба ҳамдигар муфид бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ оид ба технологияҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалии соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- марҳила ба марҳила бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани нишондиҳандаҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯии энергия"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи сарфаҷӯии энергия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 242) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 сентябри соли 2013, № 1018
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯии энергия" ва мавриди амал қарор додани он" аз 6 феврали соли 2002, №529 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ. 1, мод. 244) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 13 июни соли 2013, № 1224
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 29 августи соли 2013, №560