Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2013, № 1519 "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 28.10.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282)

  Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тартиботи  ҷамъиятӣ  ва  мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз 1 марти соли 2014 кортҳои шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282).

2. Муқаррар карда шавад, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар қаламрави кишвар то ба итмом расидани мӯҳлати амали он эътибор дорад (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282).

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- аз 1 марти соли 2014 барои бо шиносномаи шаҳрвандӣ таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282);

- то 1 октябри соли 2013 талаботи техникиро нисбат ба шиносномаи  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани озмуни байналмилалӣ омода намояд (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282);

- тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати маблаггузорӣ ва тайёр намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282);

- бо тартиби муқарраргардида ва тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои хориҷиро дар хусуси мавриди амал қарор гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор намуда, оид ба эътирофи онҳо ҳамчун ҳуҷҷати байналмилалии муайянкунандаи шахсият бо мақсади таъмини сафарҳои хориҷии шаҳрвандони Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд;

- дар мӯҳлати чор моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 сентябри соли 2013,

№ 1519

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тартиботи  ҷамъиятӣ  ва  мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз 1 марти соли 2014 кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар то ба итмом расидани мӯҳлати амали он эътибор дорад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- аз 1 марти соли 2014 барои бо кортҳои идентификатсионӣ таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад;

- то 1 октябри соли 2013 талаботи техникиро нисбат ба кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани озмуни байналмилалӣ омода намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати маблаггузорӣ ва тайёр намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;

- бо тартиби муқарраргардида ва тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои хориҷиро дар хусуси мавриди амал қарор гирифтани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор намуда, оид ба эътирофи онҳо ҳамчун ҳуҷҷати байналмилалии муайянкунандаи шахсият бо мақсади таъмини сафарҳои хориҷии шаҳрвандони Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд;

- дар мӯҳлати чор моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 сентябри соли 2013,

№ 1519