Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2013, № 448
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2013, № 448
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ БАҲИСОБГИРӢ, НИГОҲДОРӢ, МУСОДИРА ВА НОБУД КАРДАНИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲОЕ, КИ АЗ МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ГИРИФТА ШУДААНД
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шудаанд (минбаъд - Тартиби мазкур), тибқи талаботи моддаи 185 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" таҳия гардида, тартиби амалҳо оид ба баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳое, ки далели шайъӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ эътироф гардидаанд, муайян менамояд.
2. Воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (минбаъд - далелҳои шайъӣ) аз ҷониби мақоми таъқиботи ҷиноятӣ мусодира шуда, дар давоми 24 соат барои гузаронидани ташхиси судӣ ба мақомоти ташхиси судӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Дар мӯҳлат ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гузаронидани ташхиси судӣ воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии таҳқиқгардида аз ҷониби муфаттиш (таҳқиқбаранда) бо қарор ҳамчун далелҳои шайъӣ эътироф гардида, ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда мешавад.
4. Далелҳои шайъӣ ба анборҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти ваколатдор) барои нигоҳдорӣ супорида мешавад.
5. Доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии ба миқдори калон ва махсусан калон, ки тафтиши пешакии онҳо дар асоси сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шудаанд, аз ҷониби муфаттиш дар асоси қарори бо прокурор мувофиқашуда дар ҳузури шахсони холис, бо иштироки ҳатмии мутахассис, бо истифода аз сабти видео ва аксбардорӣ аз ҳаҷми умумии далелҳои шайъӣ - воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ барои ҳамроҳ намудан ба парвандаи ҷиноятӣ намунаҳо мутаносибан ба андозаи на камтар аз ҳадди ибтидоии миқдори калон ва махсусан калон, ки дар замимаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷудо карда гирифта мешавад.
Намунаҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ на камтар аз чор нуқтаи (ҷойи) бастаҳо гирифта мешавад.
6. Намунаҳо ва бастаҳои ҷудокардашудаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бастабандӣ, маҳкам ва мӯҳргузорӣ карда шуда, бо имзои муфаттиш (таҳқиқбаранда), мутахассис ва шахсони холис тасдиқ гардида, ҳамчун далели шайъии эътирофшуда якҷоя бо суратлавҳаи рафти ин ҳолат ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда мешавад.
7. Дар протоколи тартибдодаи муфаттиш (таҳқиқбаранда) ҳамаи амалиёти барои гирифтани намунаҳо иҷрошуда бо он тартибе, ки онҳо ба ҷо оварда шудаанд, усулҳои илмию таҳқиқотии зимнан истифодагардида, инчунин миқдор ва маҳалли нигоҳдории онҳо дарҷ карда мешавад.
...