Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2013, № 415 "Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Турсунзодагаз" аз рӯи фоизҳои ҳисобкардашудаи андоз"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Турсунзодагаз" аз рӯи фоизҳои ҳисобкардашудаи андоз

Мутобиқи моддаи 70 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади солимгардонии минбаъдаи фаъолияти молиявию хоҷагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Турсунзодагаз", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Мӯҳлати пардохти қарзҳои то 1 январи соли 2013 ба вуҷуд омадаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Турсунзодагаз" дар назди буҷет аз рӯи фоизҳои ҳисобкардашудаи андоз ба маблағи 1209130 (як миллиону дусаду нӯҳ ҳазору яксаду сӣ) сомонӣ ба мӯҳлати 3 сол тибқи замима ба таъхир гузошта шавад.

2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Турсунзодагаз" вазифадор карда шаванд, ки воридоти андозҳои ҷориро дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти фоизҳои ҳисобкардашудаи мӯҳлати пардохташон батаъхиргузошташударо аз рӯзи барқарор гардиданашон ба буҷет таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

аз 19 сентябри соли 2013, № 415

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 сентябри соли 2013, № 415

Маблағи қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Турсунзодагаз" аз рӯи фоизҳои ҳисобкардашудаи андоз, ки мӯҳлати пардохташон ба мӯҳлати 3 сол ба таъхир гузошта мешавад

+---------------------------------------------+----------------------ҷ
|        Намуди андозҳо                       | Маблағи қарзи фоизҳо |
|                                             |      (сомонӣ)        |
+---------------------------------------------+----------------------+
| Андоз аз арзиши иловашуда                   |       425939         |
+---------------------------------------------+----------------------+
| Андоз аз фоида                              |       745075         |
+---------------------------------------------+----------------------+
| Андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо     |       38116          |
+---------------------------------------------+----------------------+
| Ҷамъ                                        |       1209130        |
+---------------------------------------------+----------------------+

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об отсрочке срока уплаты задолженностей Открытого акционерного общества "Турсунзодагаз" по начисленным процентам по налогам

В соответствии со статьей 70 Налогового кодекса Республики Таджикистан и в целях дальнейшего оздоровления финансово-хозяйственной деятельности Открытого акционерного общества "Турсунзодагаз", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Отсрочить сроки уплаты задолженности Открытого акционерного общества "Турсунзодагаз" по начисленным процентам по налогам в сумме 1209130 (один миллион двести девять тысяч сто тридцать) сомони, образовавшиеся на 1 января 2013 года, сроком на 3 года согласно приложению.

2. Обязать Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан и Открытое акционерное общество "Турсунзодагаз" обеспечить поступление в бюджет текущих налогов в установленные Налоговым кодексом Республики Таджикистан сроки и отсроченных сумм процентов со дня их восстановления.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                           Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 19 сентября 2013 года, № 415

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 19 сентября 2013 года, №415

Сумма задолженностей Открытого акционерного общества "Турсунзодагаз" по начисленным процентам, по которым предоставляется отсрочка сроком уплаты на 3 года

+-------------------------------------------------+------------------ї
|           Виды налогов                          |Задолженности     |
|                                                 |процентов (сомони)|
+-------------------------------------------------+------------------+
|Налог на добавленную стоимость                   |425939            |
+-------------------------------------------------+------------------+
|Налог на прибыль                                 |745075            |
+-------------------------------------------------+------------------+
|Минимальный налог на доходы предприятий          |38116             |
+-------------------------------------------------+------------------+
|Всего:                                           |1209130           |
+-------------------------------------------------+------------------+