ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузорӣ
I. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шаванд:
1. Қисми панҷуми моддаи 21 ва моддаи 35(1) хориҷ карда шавад.
2. Сарсатри якум ва банди 1-уми қисми сеюми моддаи 23(1) дар таҳрири зайл ифода шавад:
"Шартан маҳкум намудан ба маҳрумӣ аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардани маҳкумшуда ба меҳнат нисбати шахсони зерин татбиқ карда намешавад:
1) нисбати шахсоне, ки барои ҷинояти махсусан хавфноки давлатӣ маҳкум карда мешаванд (моддаҳои 61-70); барои вайрон кардани баробарҳуқуқии миллӣ ва нажодӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 71); бандитизм (моддаи 74); контрабанда (моддаи 76); бетартибиҳои оммавӣ (моддаи 77); ғоратгарӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 90; қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 155); роҳзанӣ бо мақсади ба даст даровардани молу мулки давлатӣ, ҷамъиятӣ ё молу мулки шахсии шаҳрвандон бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 91; қисми дуюми моддаи 156); маҷбуран розӣ кардан (рекет) бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 95; қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 160); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятӣ ба андозаи хеле зиёд (моддаи 96); қасдан несту нобуд кардан ё зарар расондан ба молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё худ ба молу мулки шахсии шаҳрвандон бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 99; қисми сеюми моддаи 161); қасдан одам куштан (моддаҳои 104, 105 ва банди "в"-и моддаи 250); қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ (моддаи 111); ба номуси кас таҷовуз кардани гурӯҳи шахсон ё таҷовуз кардан ба номуси духтари ноболиғ; ба номуси кас таҷовуз кардани ресидивисти махсусан хавфнок ё таҷовуз кардан ба номус, ки боиси оқибатҳои махсусан вазнин гардидааст ва ҳамчунин таҷовуз кардан ба номуси духтари хурдсол (қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 121); ғасби гаравгонҳо (моддаи 134(1)); гаравгон гирифтани одамон (моддаи 135); сӯиқасд кардан ба ҳаёти судя, прокурор, муфаттиш, корманди милиса, дружиначии халқӣ ва машваратчии халқӣ (моддаи 206(1)); ташкил кардани воҳидҳо ё гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳарбӣ ё воҳидҳо ё гурӯҳҳои дигари мусаллаҳи ғайриқонунӣ (моддаи 216(4)); хулигании ашаддӣ ё махсусан ашаддӣ (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 220); қасдан муҳосира кардани роҳҳои нақлиёт (қисми сеюми моддаи 227(1)); дуздида бурдан ё зӯран ба даст овардани нақлиёти роҳи оҳан, киштии ҳавоӣ ё дарёӣ, вокзал, аэродром ва ё дигар корхона, муассиса, ташкилоти нақлиётӣ, инчунин борҳо (қисми сеюми моддаи 228(2)); ғайриқонунӣ гирифта гаштан, нигоҳ доштан, харидан, тайёр кардан ё фурӯхтани яроқ ё моддаҳои тарканда (моддаи 234); ғайриқонунӣ тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан, фиристодан ё фурӯхтани маводи нашъаовар (моддаи 240); дуздидани маводи нашъаовар (моддаи 240(1)); ба истеъмоли маводи нашъаовар моил кардани ноболиғон (моддаи 240(1)); ғайриқонунӣ киштан ё рӯёнидани растаниҳои нашъадор (моддаи 241); итоат накардан (бандҳои "б" ва "в"-и моддаи 248); муқобилият ба сардор ё маҷбур намудани ӯ ба вайрон кардани вазифаҳои хизматӣ (банди "б"-и моддаи 250); ҳаракатҳои зӯрӣ дар ҳаққи сардор (банди "б"-и моддаи 252) қасдан нобуд кардани амволи ҳарбӣ ё зарар расондан ба он (банди "в"-и моддаи 261); вайрон кардани қоидаҳои ба ҷо овардани навбатдории ҳарбӣ (бандҳои "в" ва "г"-и моддаи 267)".
3. қисми сеюми моддаи 33 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Хонаи истиқоматӣ, квартира, асбобу анҷоми хона, либос ва дигар ашё, ки барои зиндагии мӯътадили оила зарур буда, моликияти хусусӣ мебошад, мусодира карда намешавад".
4. Ба банди 3-юми моддаи 51:
баъди ибораву рақамҳои "ҳаракатҳое, ки кори идораю муассисаҳои ислоҳи меҳнатиро вайрон мекунанд (моддаи 75)" ибораю рақамҳои "ғоратгарӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюму сеюм ва чоруми моддаи 90; қисмҳои дуюму сеюм ва чоруми моддаи 155)" илова карда шаванд;
баъди ибораю рақамҳои "дуздидани молу мулки давлатӣ ва ҷамъиятии миқдораш махсусан калон (моддаи 96)" ибораю рақамҳои "қасдан несту нобуд кардан ё зарар расондан ба молу мулки давлатӣ ё молу мулки шахсии шаҳрвандон бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 99; қисми сеюми моддаи 161)" илова карда шавад;
баъди ибораю рақамҳои "хулигании махсусан ашаддӣ (қисми сеюми моддаи 220)" ибораю рақамҳои "қасдан муҳосира кардани роҳҳои нақлиёт (қисми сеюми моддаи 227(1))" илова карда шаванд;
баъди ибораю рақамҳои "роҳзанона дуздидани яроқи оташфишон лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда (қисми сеюми моддаи 233)" ибораю рақамҳои "ғайриқонунӣ гирифта гаштан, нигоҳ доштан, харидан, тайёр кардан ё фурӯхтани яроқ ва моддаҳои тарканда (моддаи 234); ғайриқонунӣ тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан, фиристодан ё фурӯхтани маводи нашъаовар (моддаи 240); дуздидани маводи нашъаовар (моддаи 240); ба истеъмоли маводи нашъаовар моил кардани ноболиғон моддаи 240(2)); ғайриқонунӣ киштан ё рӯёнидани растаниҳои нашъадор (моддаи 241); итоат накардан (бандҳои "б" ва "в"-и моддаи 248); муқобилият ба сардор ё маҷбур кардани ӯ ба вайрон намудани вазифаҳои хизматӣ (банди "в"-и моддаи 250); ҳаракатҳои зӯрӣ дар ҳаққи сардор (банди "б"-и моддаи 252); қасдан несту нобуд кардан ё зарар расондан ба молу мулки ҳарбӣ (банди "в"-и моддаи 261); вайрон кардани қоидаҳои ба ҷо овардани навбатдории ҷангӣ (бандҳои "в" ва "г"-и моддаи 267)" илова карда шаванд.
5. Банди 2-юми қисми шашуми моддаи 52 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"2) ба "маҳкумшудагон барои дар синни то 18-сола қасдан ҷиноят содир кардан; барои вайрон кардани баробарҳуқуқии миллӣ ва нажодӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 71); бандитизм [моддаи 74); ғоратгарӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюму сеюм ва чоруми моддаи 90; қисмҳои дуюму сеюм ва чоруми моддаи 155); роҳзанӣ бо мақсади соҳибӣ кардани молу мулки давлатӣ, ҷамъиятӣ ё молу мулки шахсии шаҳрвандон бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 91; қисмҳои дуюму сеюми моддаи 156); маҷбуран розӣ кардан (рекет) бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюму сеюми моддаи 95; қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 160); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятии миқдораш махсусан калон (моддаи 96); қасдан несту нобуд кардан ё зарар расондан ба молу мулки давлатӣ ё молу мулки шахсии шаҳрвандон бо ҳолатҳои вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 99; қисми сеюми моддаи 161); қасдан одам куштан бо ҳолатҳои вазнинкунанда (моддаи 104); ба номуси кас таҷовуз кардани гурӯҳи шахсон ё таҷовуз кардан ба номуси духтари ноболиғ; таҷовуз кардан ба номус, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст, ҳамчунин таҷовуз кардан ба номуси духтари хурдсол (қисмҳои сеюму чоруми моддаи 121); ғасби гаравгонҳо (моддаи 134(1)); гаравгон гирифтан (моддаи 135); сӯиқасд кардан ба ҳаёти судя, прокурор, муфаттиш, кормандони милиса, дружиначиёни халқӣ ва машваратчии халқӣ (моддаи 206(1)); хулигании махсусан ашаддӣ (қисми сеюми моддаи 220); қасдан муҳосира кардани роҳҳои нақлиёт (қисми сеюми моддаи 227); дуздида бурдан ё зӯран ба даст овардан) нақлиёти роҳи оҳан, киштии ҳавоӣ, дарёӣ, вокзал, аэродром ва дигар корхона, муассиса, ташкилоти нақлиётӣ, инчунин борҳо (қисми сеюми моддаи 228(2)); дуздидани масолеҳи радиоактивӣ (моддаи 231(2)); дуздидани яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда бо ҳуҷуми роҳзанона (қисми сеюми моддаи 233); ғайриқонунӣ гирифта гаштан, нигоҳ доштан, харидан, тайёр кардан ё фурӯхтани яроқ ё моддаҳои тарканда (моддаи 234); ғайриқонунӣ тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани маводи нашъаовар (моддаи 240); дуздидани маводи нашъаовар (моддаи 240(1)); ба истеъмоли маводи нашъаовар моил кардани ноболиғон (моддаи 240(2); ғайриқонунӣ киштан, ё рӯёнидани растаниҳои нашъадор (моддаи 241)".
6. Моддаҳои 118(1), 137(1) ва 137(2) дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 118(1). Ба вируси норасоии масунияти бадани инсон сироят кардан
Шахсе, ки мубталои сирояти вируси ВИЧ (вируси норасоии масунияти бадани инсон) будани худро медонаду шахси дигар ё якчанд шахсро дидаву дониста ба хатари сирояти вируси норасоии масунияти бадани инсон мемонад,
- ба мӯҳлати то 5 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.
Шахсе, ки гирифтори бемории СПИД (аломати нуқсони сироятшудаи иммунитет) будани худро медонаду шахси дигар ё якчанд шахсро мубталои сирояти вируси норасоии масунияти бадани инсон мегардонад, - ба мӯҳлати то 8 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад".
Моддаи 137(1). Аз рӯи виҷдон вазифаи касбии худро иҷро накардани кормандони тиббӣ, дорусозӣ ва дигар шахсони мансабдор
Кормандони тиббӣ, дорусозӣ ва дигар шахсони мансабдоре, ки вазифаи касбии худро ҳангоми табобати шахсони гирифтори вируси норасоии масунияти бадани инсон аз рӯи виҷдон иҷро намекунанд,
ба мӯҳлати то се сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд, ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё ҷарима ба андозаи аз панҷ то даҳ маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешаванд.
Моддаи 137(2). Фош намудани маълумоти муоинаи тиббие, ки ба мақсади маълум кардани сирояти вируси норасоии масунияти бадани инсон гузаронида мешавад
Кормандони тиббӣ, дорусозӣ ва дигар шахсони мансабдоре, ки ҳангоми гузаронидани муоинаи тиббӣ барои маълум намудани сирояти вируси норасоии масунияти бадани инсон аз натиҷаи он огоҳ шуда, ин маълуротро фош кардаанд,
бо корҳои ислоҳоти меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз панҷ то даҳ маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешаванд".
7. Ба Кодекс моддаи 137(3) дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 137(3). Поймол кардани ҳуқуқи шахс барои гузаронидани муоинаи тиббӣ бо мақсади муайян намудани сирояти вируси норасоии масунияти бадани инсон, инчунин ёрии тиббӣ нарасонидан ба шахсони ба вируси норасоии масунияти бадани инсон сироятшуда ё беморони СПИД (аломати нуқсони сироятшудаи иммунитет).
Поймол кардани ҳуқуқи шахс барои гузаронидани муоинаи тиббӣ бо мақсади муайян намудани сирояти вируси норасоии масунияти бадани инсон, инчунин нарасонидани ёрии тиббӣ ба шахсони бо вируси норасоии масунияти бадани инсон сироятшуда ё бемории СПИД (аломати нуқсони сироятшудаи иммунитет),
бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ё ҷарима ба андозаи то панҷ маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад".
8. Дар номгӯи боби панҷуми Кодекс калимаи "шахсӣ" хориҷ карда шавад".
9. Дар қисми якуми моддаи 168 калимаи "шахсӣ" ба калимаи "хусусӣ" иваз карда шавад.
10. Ба Кодекс моддаи 201(2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 201(2). Саркашӣ аз ҷуброн намудани зиёни молие, ки дар натиҷаи ҷиноят ба корхона, муассиса, ташкилот ва шахсони алоҳида расонда шудааст
Барои саркашӣ аз ҷуброн намудани зиёни молие, ки дар натиҷаи ҷиноят ба корхона, муассиса, ташкилот ва шахсони алоҳида расонда шудааст, шахсоне, ки дар асоси ҳукм ё қарори суд бояд чунин зиёни баъди истифодаи чораҳои маъмурӣ содирнамударо ҷуброн кунад,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ маоши ҳадди ақал ҷарима карда мешаванд".
11. Моддаҳои 201(2), 201(3) , 201(4) мувофиқан моддаҳои 201(3), 201, 201(5) ҳисоб карда шаванд.
12. Аз санксияҳои моддаи 225 калимаҳои "ҳамчунин бо подош кашида гирифтани воситаи нақлиёти шахсӣ гунаҳкор" хориҷ карда шаванд.
13. Аз санксияҳои моддаи 225(1) калимаҳои "барои идора кардани нақлиёти шахсӣ бошад, - ҳамчунин бо подош кашида гирифтани воситаи нақлиёт": ба идоракунии шахси дигар додани нақлиёти шахсӣ бошад,ҳамчунин бо подош кашида гирифтани воситаи нақлиёт" хориҷ карда шаванд;
II. Ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 1985 қабул қардааст, тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шаванд:
1. Аз Кодекс моддаи 44 хориҷ карда шавад.
2. Дар ном ва матни моддаи 51(1) баъди калимаи "ташкилотҳо" калимаҳои "ва шахсони алоҳида" илова карда шаванд.
3. Ба моддаи 121 қисми ҳафтуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Барои роҳ додан дар давоми сол ба се қоидавайронкунӣ, ки дар қисмҳои якум, шашум, ҳаштуми моддаи 120 ва қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст,
- ба андозаи аз як то ду маоши камтарин ҷарима ситонида ё ба мӯҳлати то як сол аз ҳуқуқи рондани воситаҳои нақлиёт маҳрум карда мешавад".
4. Аз эзоҳи моддаи 122 калимаи "қисмҳои панҷум ва ҳафтум" хориҷ карда шаванд.
5. Ба Кодекс моддаи 211(7) -уми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 211(7)". Сохтакорӣ, аз нав рақамгузорӣ кардан, судани рақамҳои қисму агрегатҳои асосии воситаҳои нақлиёти мотордор
Барои сохтакорӣ, аз нав рақамгузорӣ кардан ва судани рақамҳои қисму агрегатҳои асосии воситаҳои нақлиёти мотордор, ҳамчунин истифодаи онҳо,
- аз як то се андозаи маоши камтарин ҷарима ситонида, қисму агрегатҳо мусодира карда мешаванд".
6. Дар қисми якуми моддаи 221 баъди рақамҳои "211(2)" рақами "211(7)" илова карда шаванд.
7. Қисми чоруми моддаи 262 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Барои қоидавайронкуниҳое, ки мувофиқи ҳамин Кодекс аз ронанда ҷарима ситонида ё ӯро аз ҳуқуқи идораи нақлиёт маҳрум сохта, ҷазо додан мумкин аст, то баровардани қарори ин қазия шаҳодатномаи ӯ аз дасташ гирифта, оиди қоидавайронкунӣ дар протокол, ҳамчунин дар талони қайди қоидавайронкунии замимаи шаҳодатномаи ронандагӣ навишта, шаҳодатнома ба ронанда баргардонида мешавад. Шаҳодатномаи ронандагӣ аз дасти ронанда ба тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
Агар қарори маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт барояд, шаҳодатномаи ронандагӣ баргардонида намешавад ва талони қайди қоидавайронкунии замимаи шаҳодатномаи ронандагӣ аз дасти ронанда ситонида мешавад. Ҳангоми баромадани қарори ҷарима ва санҷидани қоидадонии ӯ шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони қайди қоидавайронкунӣ баъди пардохтани ҷарима ва гузаштан аз имтиҳони қоидаҳои ҳаракати роҳ ба ӯ баргардонида мешавад. Дар сурати шаҳодатномаи ҳуқуқи идора ва талони қайди қоидавайронкунӣ, варақаи ронанда ё хатти сайр, ҳуҷҷатҳои воситаи нақлиёт надоштани ронанда, маст будани ӯ ва ҳамчунин дар мавриди номувофиқатии рақамҳои ҳуҷҷатҳои қайд воситаи нақлиёт то вақти ислоҳи камбудиҳо боздошта мешавад".
8. Ба қисмҳои якум ва дуюми моддаи 314 баъди "шаҳодатномаи ронанда" ва "дар шаҳодатномаи ронанда" мувофиқан калимаҳои "ҳам талони қайди қоидавайронкунӣ" ва "дар талони қайди қоидавайронкунӣ" илова карда шаванд.
III. Ба моддаи 43-юми Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 январи соли 1984 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, бандҳои 11 ва 12 дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"11) ба шахсоне, ки дар натиҷаи мувофиқи тартиби мавҷудаи расмӣ иҷро намудани амалҳои тиббӣ бо вируси норасоии масунияти бадани инсон сироят шудаанд;
12) ба кормандони тиббие, ки ҳангоми иҷрои вазифа бо вируси норасоии масунияти бадани инсон сироят ё ба бемории СПИД (аломати нуқсони сироятшудаи иммунитет) гирифтор шудаанд".
IV. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1991 "Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 (Ведомостьҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 7, м. 110; № 14, м. 237; соли 1992, № 2, м. 18; соли 1994, № 1, м. 5) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шавад;
1. Ба моддаи 4-ум сарсатри нав ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"таҳия сохтани Баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон".
2. Сарсатри сездаҳуми қисми дуюми моддаи 5-ум дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"- аз вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият гирифтани маълумоти зарурии молиявӣ, иқтисодӣ ва маълумоти дигар барои таҳия кардани Баланси пардохти ҷумҳурӣ, иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда".
3. Қисми сеюми моддаи 8-ум дар таҳрири зайл баён гардад:
"Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои он аз пардохти андоз, боҷ, хироҷ ва дигар пардохтҳо ба буҷет озод карда мешаванд. Баъди баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солонаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми даромади он бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ситонида мешавад".
V. Моддаи 29-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1991 "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостьҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 7, м. 11, соли 1992, № 2, м. 19; соли 1994, №1, м. 7) дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 29. Хусусияти шартномавии муносибатҳои бонк ва мизоҷони он
Муносибатҳои байни бонкҳо ва мизоҷон хусусияти шартномавӣ доранд.
Мизоҷон барои хизматрасонии кредитиву ҳисоббаробаркунӣ ва кассавӣ бонкро худашон мустақилона интихоб мекунанд ва аз рӯи тамоми шаклҳои муомилоти бонкӣ (ба ғайр аз асъорӣ) ба онҳо дар як бонк хизмат расонда шуда метавонад.
Мизоҷ метавонад бемамоният аз як бонки хизматрасонанда ба бонки дигар гузарад, ба шарте ки аз бонки барояш хизматрасонанда қарздор набошад.
VI. Моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 1993 "Дар бораи омор ва ҳисобдорӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 1, м. 18) хориҷ карда шавад.
VII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 1990 "Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1990, № 24, м. 415) тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шаванд;
1. Аз матни Қонун рақамгузории бандҳо партофта, таъкид гардад, ки моддаҳо ба қисмҳо ҷудо мешаванд.
2. Дар моддаи 4:
қисми якум дар таҳрири зайл баён шавад:
"Мулкдор молу мулкашро аз ҷумла ба шахсони юридикӣ ва воқеии хориҷӣ иҷора дода метавонад. Дар мавриди моликияти давлатӣ бошад ин ҳуқуқ вобаста ба шакли моликият ба мақомоти идораи амволи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо дода шудааст. Корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳуқуқ доранд, ки комплексҳои молу мулк, биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот ва дигар сарватҳои моддиро, ки дар ихтиёри пурраи хоҷагӣ ва адораи оперативии онҳо мебошад, ба иҷора диҳанд ва мулқдорро аз ин ҳатман воқиф гардонанд";
дар қисми дуюм ибораи "Шӯроҳои депутатҳои халқ" ба ибораи "Маҷлисҳои вакилони халқ" иваз карда шавад.
3. Моддаи 5 дар таҳрири зайл баён шавад:
"Моддаи 5. Иҷорагирон
Шахсони юридикӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ бо иштироки шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷорагир буда метавонанд".
4. Дар қисми чоруми моддаи 7 ибораи "қимати боқимонда ё барқароршуда" ба ибораи "қимати боқимонда, барқароршуда ё бозорӣ иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 8:
ба қисми якум баъди ибораи "молу мулки иҷоравӣ" калимаҳои маблағи фоизи иҷро (қисми фоида), ки мутобиқи шартнома ба дараҷа маъмулан на камтар аз фоизи бонк муқаррар карда шавад" илова карда, ҷумлаи охирини ҳамин қисм партофта шавад;
қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода шавад:
"Андозаи иҷорапулӣ:
бо маслиҳати тарафайн бинобар дигар шудани шароити хоҷагидорӣ;
бинобар тағйир ёфтани нарх, тариф ва ҳаҷми фоизи бонк тағйир ёфта метавонад".
Ба модда қисми чоруми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Иҷорапулӣ барои истифодаи иншоотҳои моликияти давлатӣ вобаста ба шакли моликият барои иншоотҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷети ҷумҳурӣ, барои иншоотҳои моликияти коммуналӣ бошад, - ба буҷет маҳаллӣ пардохта мешавад".
6. Дар моддаи 10:
дар қисми якум ибораи "ҳаками давлатӣ" ба ибораи "суди иқтисодӣ" иваз карда шавад;
ба модда қисмҳои дуюм ва сеюми дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Шартномаи иҷораи амволи давлатӣ бо назардошти минбаъд харидани он бо мақоми дахлдори давлатии идораи амволи давлатӣ ё бо мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукумат) баста мешавад.
Арзиши амволи ба иҷорагирифтаи давлатиро, ки харидорӣ мешавад. Кумитаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳал (ҳукумат) муайн мекунад";
қисмҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум мувофиқан қисмҳои чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум ва даҳум ҳисоб карда шаванд;
қисмҳои ҳафтум ва нӯҳум дар таҳрири зайл баён шаванд:
"Амвол дар асоси мавҷудият ва ҳолати воқеии он бо роҳи ба иҷорадеҳ бақияи арзиши амволро супурдани иҷорагир, ки иҷорааш то анҷоми мӯҳлати амортизатсия ва нархгузоришуда қатъ гардидаст, харидорӣ мешавад. Ҳолати амвол аз рӯи натиҷаи инвентаризатсия ва фактҳои дигаре, ки ба арзиши боқимонда таъсир мегузоранд, муқаррар карда мешавад; "Ҳуқуқи моликияти корхонаи иҷора, ки амволро харидааст, аз рӯзи имзо шудани санади хариду фурӯш оғоз меёбад. Ин санад баъди пардохтани маблағи харидашуда ва боҷи давлатӣ дода мешавад. Пас аз пурра супурдани пули хариди амвол шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дода мешавад";
ба қисми даҳум калимаҳои "ва оинномаи худ" илова карда шавад.
7. Дар қисми якуми моддаи 13 ва қисми сеюми моддаи 15 ибораи "ҳаками давлатӣ" бо ибораи "суди иқтисодӣ" иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 14 ва дар қисми сеюми моддаи 15 ба ҷои ибораи "ҳаками давлатӣ" ибораи "суди иқтисодӣ" навишта шавад.
9. Дар моддаи 16:
дар қисми сеюм ибораи "ҳаками давлатӣ" ба ибораи "суди иқтисодӣ" иваз карда шавад.
дар қисми шашум ба ҷои ибораи "Шӯроҳои районӣ, шаҳрӣ, районии тобеи шаҳрии депутатҳои халқ" ибораи "мақоми бақайдгирӣ" навишта шавад.
10. Дар моддаи 18:
дар қисми аввал калимаҳои "фурӯшад, иваз кунад" партофта шаванд;
қисми ёздаҳум дар таҳрири зайл баён шавад:
"Корхонаи иҷора натиҷаи фаъолияташро ба ҳисоб мегирад, ҳисобу китоби бухгалтерӣ ва омориро мувофиқи тартиби умумие, ки барои корхонаҳо муайян шудааст, пеш мебарад. Ба фаъолияти корхонаи иҷора аз рӯи тартибе, ки қонунгузории ҷорӣ барои корхонаҳо муқаррар карда аст, бо назардошти хусусияти муносибатҳои иҷоравӣ назорат карда мешавад".
1. Дар қисми шашуми моддаи 19 ибораҳои "ҳаками давлатй" ба ибораҳои "суди иқтисодӣ" иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 20:
дар қисми панҷум ба ҷои ибораи "Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ" ибораи "Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" навишта шавад;
қисми шашум дар таҳрири зайл баён гардад:
"Корхонаи иҷора мувофиқи тартиб ба андозаи муқарраршудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои дахлдор мегузаронад ва андоз месупорад".
13. Дар моддаи 22 ибораи "корхонаи (иттиҳодияи) дахлдори давлатӣ" ба ибораи "мақоми дахлдори давлатии идораи амволи давлатӣ" иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 25 калимаҳои "ё бо корхонаи дахлдори давлатӣ" партофта, калимаю рақамҳои "банди 3 моддаи 16-ум ва моддаи" ба калимаю рақамҳои "моддаҳои 16 ва" иваз карда шаванд.
15. Дар қисми дуюми моддаи 26 ба ҷои ибораи "Шӯрои Вазирони ИҶШС" ибораи "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" навишта шавад.
16. Дар қисми сеюми моддаи 28 ибораи "Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ" ба ибораи "Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" иваз карда шавад.
VIII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистош аз 10 марти соли 1992 "Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 11, м. 155) тағйироти зерин дохил карда шаванд:
1. Дар моддаҳои 5, 13, 18, 21, 23, 25, 26, 21, 28, 33, 34, 39, 41, 46, 47, 48, 49, 52 ва 53 ибораи "Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ибораи "Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 5 ба ҷои ибораи "Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ" ибораи "Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" навишта шавад.
3. Дар банди 4-уми моддаи 28 калимаи "ҳакамият" бо калимаҳои "суди иқтисодӣ" иваз карда шавад.
IX. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 7, м. 105) тағйироту иловаҳо зерин дохил карда шаванд:
1. Ба банди 1-уми моддаи 7 сарсатри дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволи кооператсияи матлуботро кафолат медиҳад. Моликияти он дахлнопазир аст".
2. Дар номгӯи қисмҳои якум ва дуюми моддаи 8, дар қисми сеюм моддаи 12 ба ҷои ибораи "Шӯроҳои депутатҳои халқ" ибораи "Маҷлисҳои вакилони халқ" навишта шавад.
3. Дар қисми сеюми моддаи 10 ибораи "Шӯроҳои депутатҳои халқ, кумитаи иҷроияи онҳо" бо ибораи "Маҷлисҳои вакилони халқ, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо" иваз карда шавад.
X. Ба банди 1-уми моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 1992 "Дар бораи андози арзиши иловашуда" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 2, м. 28; соли 1993, № 13, м. 225) зербанди "э"-и дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"э) корхонаю ташкилотҳое, ки орд, манна, нону булка истеҳсол мекунанд".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
шаҳри Душанбе,
4 ноябри соли 1995 № 126
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузорӣ"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Фаслҳои 1, III-Х Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузорӣ" аз рӯзи расман нашр шуданаш ва фасли II ҳамин Қонун баъди се моҳи нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузорӣ" мутобиқ гардонидани санадҳои ҳуқуқиеро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, таъмин намояд.
Раиси
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ
шаҳри Душанбе, 4 ноябри соли 1995 № 127