ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" (ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷмкистон, соли 1994, № 15-16, моддаи 235) тағйирот ва иловаҳои зайл дохил карда шавад:
1. Аз моддаи 1 калимаҳои "(Қонуни Асосии)" хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 4 калимаҳои "Шӯрои Олии" ба калимаҳои "Маҷлиси Олии" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 5:
бандҳои 5 ва 13 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"5) додани литсензия (иҷозатнома) барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва коркарди ашёи хоми минералӣ";
"13) муайян кардани сиёсати давлатӣ, амалӣ намудани ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи истифода ва муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ";
ин модда бо бандҳои 14 ва 15 ба маънои зайл пурра карда шавад:
"14) тасдиқ намудани меъёрҳои пардохт барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
15) қатъъи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун";
бандҳои 14, 15, 16, 17 ва 18 мувофиқан бандҳои 16, 17, 18, 19 ва 20 ҳисоб карда шаванд.
4. Дар моддаи 6:
Номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятӣ дар соҳаи танзими муносибати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ"; банди 4 қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"4) қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди салоҳияти худ дар сурати вайровкуниги талаботи ин Қонун";
5. Дар моддаи 8:
қисми якум бо калимаҳои "аз рӯи шарту шароити озмун, қарордод ё имтиёз (консессия), инчунин дар асоси гуфтушунидҳои мустақими байни довталабони истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва соҳиби сарватҳои зеризаминӣ" пурра карда шавад;
қисми чорум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"соҳаҳои сарватҳои зеризаминӣ барои омӯзиши геологӣ ба тариқи қитъаи ҷудокардашудаи геологӣ дода мешаванд";
ба қисми панҷум баъди калимаҳои "кӯҳсор" калимаҳои "ё геологӣ" илова карда шаванд.
Модда бо қисми дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:
"Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро бо маблағ таъмин мекунанд, дар сурати риояи талаботи ин Қонун барои истифодабарии кор ҳаққи аввалият доранд. Ин ҳуқуқ дар сурате байн меравад, ки дар давоми ду соли баъди тасдиқ гардидани захираҳои маводи маъданӣ кони кашф кардашуда истифода нашуда бошад".
6. Қисми дуюми моддаи 18 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ҳуқуқ барои коркарди таҷрибавию саноатӣ дар мавридҳои истисноӣ дода мешавад. Иҷозатнома барои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди экспертиза шудани лоиҳаи корҳо ба тартибе, ки ин Қонун муқаррар кардааст, дода мешавад".
7. Дар қисми панҷуми моддаи 41 калимаҳои "ва мақомоти назорати давлатии геологӣ дар доираи салоҳияташон" бо калимаҳои "дар доираи салоҳияти он" иваз карда шаванд.
8. Қисми якуми моддаи 44 бо калимаҳои "мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" пурра карда шавад.
9. Дар моддаи 46:
қисми якум ва дуюм дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Пул барои васеъ кардани базаи ашёи хоми менералӣ аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки бо истихроҷи ҳамаи намудҳои маводи маъданӣ машғуланд, мувофиқи моддаи 15-уми ин Қонун ҷудо карда мешавад. Ин пул ба буҷети ҷумҳурӣ дар шакли пардохти ҷуброни ҷузъии хароҷоти корҳои иктишофоти геологӣ дохил мешавад ва барои бо пул таъминкунии корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ ва арзёбӣ намудани захираҳои маъданҳои фоиданок истифода мегардад".
Маблағе, ки корхонаҳои мустақилона бо пул таъминкунандаи корҳо аз рӯи лоиҳаҳои иктишофоти геологии тасдиқнамудаи мақоми марбутаи идораи давлатӣ ба буҷети ҷумҳурӣ мепардозанд, ба андози пули ҳақиқатан додаашон кам карда мешавад";
қисми сеюм хориҷ карда шавад.
10. Дар матни Қонун ишора ба Шӯрои Вазирон бо ишораи Ҳукумат ва ишораҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва кумитаҳои иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқ бо ишораҳо ба мақомоти ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо) иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,
4 ноябри соли 1995, № 120
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси даровардани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси даровардани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" қабул карда ва аз рӯзи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе, 4 ноябри соли 1995, № 120 а