Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 1012 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 339; с. 2006, №11, мод. 472; с. 2009, №12, мод. 814; с. 2010, №12, қ.1, мод. 800; с. 2013, №3, мод. 179) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 15 хориҷ карда шаванд.

2. Сархатҳои нуздаҳум ва бистуми қисми якуми моддаи 20 хориҷ карда шаванд.

3. Моддаи 20(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 20(1). Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз буҷети маҳаллии дахлдор маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз тарафи роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд. Муқаррароти мазкур барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, инчунин судяҳо, прокурорҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани онҳо тартиби дигарро муайян намудааст, татбиқ намегардад.

Тартиби баррасии масъалаҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

22 июли соли 2013, № 1012

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 13 июни соли 2013, № 1218

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 545