Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 345 "Дар бораи масъалаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Мутобиқи моддаҳои 3, 9 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ва моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии нафақавӣ Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муайян карда шавад.

2. Қоидаҳо оид ба тартиби таҳия, пешниҳод ва тасдиқи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тасдиқ карда шавад (замимаи №1).

3. Дастурамал оид ба ташкили баҳисобгирии умумӣ ва инъикоси амалиётҳо вобаста ба саҳмҳои нафақавӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ тасдиқ карда шавад (замимаи №2).

4. Ҳангоми ҳисоби сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда барои ҳар як соли молиявӣ, аз 1 январи соли 1999 инҷониб андозаи (таносуби) тасдиқшудаи саҳмҳои нафақавӣ дар сохтори андози ҷамъиятӣ бо дарназардошти хароҷоти маъмурии ҳақиқии муассисаи суғурта вобаста ба фоизи тарофа аз рӯи намуди суғурта ба андози иҷтимоӣ истифода бурда шавад.

5. Қарори мазкур аз рӯзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 августи соли 2013, № 345

ш. Душанбе