Тартиби пардохти суғуртапулии якдафъаина ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 342

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

боқарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2013, № 342

тасдиқ шудааст

Тартиби пардохти суғуртапулии якдафъаина ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Суғуртаи ҳатмии давлатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи муқаррароти пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

2. Ҳаёт ва саломатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколатҳояш аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор мегирад.

3. Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ба ин вазифа интихоб шуданашон то ба охир расидани ваколатҳояшон, ё то давраи пеш аз мӯҳлат супоридани ваколатҳо ва ё то бозхондан суғурташуда ҳисоб меёбанд.

4. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколатҳояш, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, суғурташуда ҳисоб меёбанд. Дар асоси қабул шудани қарори дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди супоридани ваколатҳои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурта аз рӯзи қабули ин қарор қатъ мегардад.

5. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода шудаанд:

суғуртаи ҳатмии давлатӣ - суғуртае, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад;

суғурта - муносибатҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ;

полиси суғуртавӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеан баста шудани шартномаи суғурта, ки суғуртакунанда ба суғурташаванда медиҳад;

маблағи суғуртавӣ - ҳадди ниҳоии масъулият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва (ё) бо шартномаи суғурта муайян карда шудааст ва аз рӯи он андозаи ҳакқи суғуртавӣ ва пардохти суғуртавӣ муқаррар карда мешаванд;

ҳаққи суғуртавӣ - маблағи пулие, ки суғурташаванда бояд онро дар ҳаҷми муайяннамудаи шартномаи суғурта ба суғуртакунанда, ки ба зиммаи худ ӯҳдадории ба анҷом расонидани пардохти суғуртавиро нисбати суғурташаванда гирифтааст, пардохт намояд;

ҷуброни суғуртавӣ - маблағи пулие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва (ё) бо шартномаи суғурта муайян карда шудааст ва суғуртакунанда онро ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба суғурташаванда, фоидагиранда мепардозад;

суғуртакунанда - шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти суғуртавӣ), ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи дахлдоре, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, фаъолияти суғуртавиро амалӣ менамояд;

суғурташаванда - шахси ҳуқуқие, ки тибқи шартномаи суғурта ҳаққи суғуртавиро ба суғуртакунанда пардохт менамояд;

шахси суғурташуда - узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонун ва шартномаи суғурта ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ дар доираи масъулияти суғурташуда ё маблағи суғуртавии дар шартнома зикргардида ҳуқуқи гирифтани ҷубронро дорад;

шартномаи суғурта - созишномаи хаттии байни суғурташаванда ва суғуртакунанда, ки дар асоси он суғурташаванда ӯҳдадор мешавад ҳаққи суғуртавиро дар мӯҳлати муқарраршуда пардозад,- суғуртакунанда бошад, ӯҳдадор мешавад, ки ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ нисбати суғурташаванда ё шахси дигаре, ки шартномаи суғурта ба манфиати ӯ баста шудааст, пардохти суғуртавиро амалӣ намояд;

ҳодисаи суғуртавӣ - ҳодисае, ки ҳангоми рух додани он тибқи қонун ва шартномаи суғурта суғуртакунанда ӯҳдадор аст, нисбат ба суғурташаванда, фоидагиранда ё шахсони сеюм пардохти суғуртавиро амалӣ намояд.

2.Ҳодисаҳои суғуртавӣ

6. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколатҳо, ҳангоми расидани осеб ба ҳаёт ва саломатӣ дар натиҷаи афтидан, садамаҳои нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳан, куштор, ғарқшавӣ, селфароӣ, тарма, гулӯгиршавӣ аз ғубори ангишт ва аз дуди сӯхтор, обхезӣ, газидани ҳайвонҳо, фурӯравии замин, таъсири қувваи барқ, зарбаи раъду барқ (шиддати электромагнитӣ), заминларза, сӯхтан, сардзанӣ бо суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешаванд.

7. Инчунин ҳангоми иҷрои ваколатҳои шахси суғурташуда дар натиҷаи ҳодисаҳои суғуртавии дар боло зикргардида (шикаст, осеби узвҳои босира, сомеа, нафаскашӣ, узвҳои такяву ҳаракат) бемор шуда, ба маъюбӣ гирифтор шавад, бо суғурта фаро гирифта мешавад.

8. Ҳолатҳое, ки маблағи суғуртавӣ пардохт намешавад:

- бардоштани ҷароҳат ё заҳролудшавӣ дар натиҷаи ба ҳаёт ва саломатиаш суиқасд намудани худи суғурташуда;

- агар марг аз беморӣ ё маъюбӣ, ки то тасдиқ шудани ваколатҳои узви Маҷлиси миллӣ ё вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омада бошад.

9. Баҳс оид ба рӯёнидани ҳаққи суғуртавии пардохтанашуда ва пардохти маблағи суғуртавӣ бо тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

10. Маблағҳои суғуртавӣ ба Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳолати ба амал омадани ҳодисаҳои суғуртавӣ дода мешаванд.

3. Муайян намудани ҳаққи суғуртавӣ

11. Ҳаққи суғуртавӣ ба андозаи 0,5 фоизи фонди солонаи музди меҳнат муқаррар карда мешавад.

12. Ҳисоб ва муайянкунии ҳаққи суғуртавӣ оиди суғуртаи ҳатмии давлатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" (минбаъд-КВД "Тоҷиксуғурта") гузаронида мешавад.

13. Барои гузаронидани ҳисоб КВД "Тоҷиксуғурта" аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро оиди фонди солонаи музди меҳнат дархост намуда, руйхати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд, ки бо суғуртаи ҳатмии давлатӣ бояд фаро гирифта шаванд (замимаи 1).

14. Баъди ҳисоб ва муайянкунии ҳаққи суғуртавӣ аз тарафи КВД "Тоҷиксуғурта" ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнома оид ба бастани шартномаҳои суғуртавӣ равона карда мешавад (замимаи 2).

15. Ҳаққи суғуртавӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад, ки барои таъмини Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

16. Баъд аз пардохт намудани ҳаққи суғуртавӣ аз тарафи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полиси суғуртавӣ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешавад.

17. Натиҷаҳои ҳисоб ва муайянкунии ҳаққи суғуртавӣ ҳар сол дар ҳисоботҳои омории муайяншуда қайд мегардад.

18. Агар ҳаққи суғуртавӣ ба андозаи зиёд ё кам пардохта шуда бошад, ҳаққи суғуртавии барзиёд баргардонида мешавад ё бо мувофиқаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби пардохтҳои соли ояндаи ҳаққи суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад, ҳаққи суғуртавии кам гузаронидашудаи соли ҷорӣ ба суратҳисоби КВД "Тоҷиксуғурта" то пур шудан интиқол мегардад.

19. Назорат аз болои сари вақт пардохт намудани ҳаққи суғуртавии ҳисобшуда аз тарафи КВД "Тоҷиксуғурта" гузаронида мешавад.

20. Масъулияти сари вақт пардохт (интиқол) намудани ҳаққи суғуртавии ҳисобкардашуда, ба зиммаи кормандони масъули Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

4. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани суғуртапулӣ

21. Дар ҳолати расидани осеб ба ҳаёт ва саломатии Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаи суғуртавӣ, ариза аз ҷониби шахси суғурташуда ё ҳангоми фавти ӯ аз ҷониби вориси қонуниаш баъди воридшавӣ ба КВД "Тоҷиксуғурта" дар китоби бақайдгирии аризаҳо ва пардохти маблағи суғуртавӣ оиди суғуртаи ҳатмии давлатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.

22. Шахсони масъули Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои тартибдиҳӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мувофиқ оиди ҳал намудани масъалаҳои пардохти маблағи суғуртавӣ дар натиҷаи ба амал омадани ҳодисаҳои суғуртавӣ кӯмак расонанд.

23. Дар натиҷаи фавтидани (ҳалок шудани) узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколатҳояшон, баъд аз пешниҳоди шаҳодатнома оиди вафот ба ворисони онҳо барои ташкил намудани маъракаҳои маросимӣ ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҳисоби маблағи суғуртавии шахси суғурташуда пешакӣ пардохт карда мешавад.

24. Барои пардохт намудани маблағи суғуртавӣ, ҳангоми фавтидани (ҳалок шудани) узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколатҳояшон, ворисон ба мақомоти суғуртавӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза (замимаи 3);

- нусхаи шаҳодатнома оиди вафоти шахси суғурташуда;

- ҳуҷҷате, ки шахсияти ворисро тасдиқ мекунад;

- маълумотнома оиди маоши вазифавии ҳаштмоҳа.

25. Ҳангоми муайян намудани маъюбии шахси суғурташуда:

- ариза (замимаи 3);

- маълумотномаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ оид ба муқаррар намудани маъюбӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;

- маълумотнома оиди маоши вазифавӣ.

26. Ҳангоми пардохти маблағи суғуртавӣ ҳатман иқтибос аз таърихи беморӣ, ки дар давраи иҷрои ваколатҳо рӯй додааст, пешниҳод карда мешавад.

27. Андозаи маблағи суғуртавӣ дар рӯзи ҳодисаи суғуртавӣ муқаррар карда мешавад.

28. Маблағи умумии пардохтҳо барои як ё якчанд ҳодисаҳои суғуртавӣ дар давоми як сол аз андозаи маблағи суғуртавӣ, ки дар шартнома муқаррар карда шудааст, зиёд шуда наметавонад.

29. Агар ба шахси суғурташуда бо сабаби маъюбӣ маблағи суғуртавӣ дода шуда бошад, лекин дар натиҷаи таъсири маъюбӣ ё ҳодисаи суғуртавӣ ӯ фавтидааст, дар ин ҳолат ба ворисонаш фарқияти маблағи умумии суғуртавӣ аз маблағи суғуртавии гирифташуда дода мешавад.

30. КВД "Тоҷиксуғурта" дар ҳолати ворид нагардидани ҳаққи суғуртавӣ ба суратҳисоб, масъулияти пардохти маблағи суғуртавиро ба зимма намегирад.

31. Пардохти маблағи суғуртавӣ дар натиҷаи ба амал омадани ҳодисаи суғуртавӣ бо хоҳиши шахси суғурташуда ё ворисаш бенақд ба номи ӯ тариқи почта пасандоз карда шуда ё нақдина пардохта мешавад.

32. Ба шахси ноболиғ пардохтани маблағи суғуртавӣ бо роҳи гузаронидани пул ба номаш ба Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" бо огоҳонидани мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ин ки ба васӣ ва ё парастор додан, анҷом дода мешавад.

33. Дар сурати рад намудани пардохти маблағи суғуртавӣ, КВД "Тоҷиксуғурта" дар давоми 10 рӯз оиди ин қарор ба тариқи хаттӣ ба шахси суғурташуда ё ворисонаш бо нишон додани далели рад ҷавоб мегардонад.

Замимаи 1

ба Тартиби пардохти суғуртапулии яквақта

ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯйхати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

+--+-------------------+-----+-------+-----------+---------+---------ҷ
| №|Насаб ва номи падар|Ҷойи |Вазифа |Фонди музди|Маоши    |Ҳаққи    |
|  |                   |кор  |       |меҳнати    |вазифавии|суғуртавӣ|
|  |                   |     |       |солона     |ҳаштмоҳа |         |
+--+-------------------+-----+-------+-----------+---------+---------+
|1.|                   |     |       |           |         |         |
+--+-------------------+-----+-------+-----------+---------+---------+
|2.|                   |     |       |           |         |         |
+--+-------------------+-----+-------+-----------+---------+---------+
|3.|                   |     |       |           |         |         |
+--+-------------------+-----+-------+-----------+---------+---------+

Ҷои мӯҳр                      Роҳбари ташкилот ____________

                                                   (имзо)

Рӯйхати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

+----+-------------------+---------+-----------+----------+----------ҷ
| №  |Насаб ва номи падар| Вазифа  |Фонди музди| Маоши    | Ҳаққи    |
|    |                   |         |меҳнати    | вазифавии| суғуртавӣ|
|    |                   |         |солона     | ҳаштмоҳа |          |
+----+-------------------+---------+-----------+----------+----------+
| 1. |                   |         |           |          |          |
+----+-------------------+---------+-----------+----------+----------+
| 2. |                   |         |           |          |          |
+----+-------------------+---------+-----------+----------+----------+
| 3. |                   |         |           |          |          |
+----+-------------------+---------+-----------+----------+----------+

Ҷои мӯҳр                         Роҳбари ташкилот ____________

                                                     (имзо)

Замимаи 2

ба Тартиби пардохти суғуртапулии яквақта

ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХАБАРНОМА

__________________________________________________________________________________ 

                              (номгӯи мақомоти давлатӣ)

 _________________________________________________________________________________

                                      (нишонӣ)

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 7 апрели соли 1999, № 129 ҳаққи суғуртавӣ барои соли 20___ ба андозаи ___________________________________________________________

__________________________________________________ сомонӣ ҳисоб карда шудааст.

            (маблағ бо ҳарф)

Маблағи мазкур бояд ба суратҳисоби_________________________________________

___________________________________________________________________________

______________________________________________ гузаронида шавад.

            (мушаххасоти пардохти)

Мӯҳлати пардохт то 1 марти соли ҷорӣ муқаррар карда шудааст. Дар сурати гузаштани мӯҳлати мазкур пардохтҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амалиёти суғуртавӣ" ситонида мешаванд.

Директори генералии

КВД "Тоҷиксуғурта"                     _____________________

                                              (имзо)

Директори КВД "Тоҷиксуғурта"           _____________________

                                        (дар ноҳияи, шаҳри)

"__"__________ соли 20__

Замимаи 3

ба Тартиби пардохти суғуртапулии яквақта

ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                       Ба Директори генералии

                                       КВД "Тоҷиксуғурта"________________

                                       филиали __________________________

                                       аз _______________________________

                                          (ному насаби муроҷиаткунанда)

                                       истиқоматкунандаи ________________

АРИЗА

Хоҳишмандам, ба ман маблағи суғуртавиро, барои ____________________________

                                                      осеби расида

____________________________ дар натиҷаи_______________________ дар давраи   

                                          (намуди ҳодисаи суғуртавӣ)

иҷрои ваколатҳо рӯй додааст, диҳед.

Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:

____________________________________________________________________________

____________________________________________________________________________

                                       аризадиҳанда__________

                                                    (имзо)

                                       "__"__________ соли 20__

         Ҷ.М.                          Роҳбари ташкилот___________

                                                         (имзо)

Приложение

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 августа 2013 года, №342

Порядок единовременной страховой выплаты члену Маджлиси милли и депутату Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

1. Общие положения

1. Обязательное государственное страхование члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан проводится в соответствии с Конституционным законом Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан", Конституционного закона Республики Таджикистан "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" и другими нормативными правовыми актами.

2. Жизнь и здоровье члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в период исполнения депутатских полномочий обеспечиваются обязательным государственным страхованием за счёт средств республиканского бюджета.

3. Председатель Маджлиси милли и Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан считаются застрахованными со дня их избрания на эту должность до окончания исполнения полномочий, или до периода досрочного прекращения их полномочий или отзыва.

4. Член Маджлиси милли и депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан считается застрахованным на период исполнения полномочий предусмотренных законодательством. На основании принятия соответствующего постановления Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан о сдаче полномочий члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли страхование прекращается со дня принятия данного постановления.

5. Основные термины, которые используются в данных Правилах:

обязательное государственное страхование - страхование, финансируемое за счёт средств государственного бюджета;

страхование - взаимоотношения по защите интересов физических и юридических лиц при наступлении страховых случаев:

страховой полис -документ, выдаваемый страховщиком страхователю, подтверждающий факт заключения договора страхования.

страховая сумма-предельный лимит ответственности, установленный законодательством Республики Таджикистан и (или) определённый договором страхования, исходя из которого устанавливаются размеры страховых взносов и страховых выплат при наступлении страхового случая;

страховой взнос - сумма денег, которую страхователь обязан уплатить страховщику за принятие последним обязательств произвести страховую выплату страхователю в размере определённом договором страхования; страховая выплата-денежная сумма, установленная законодательством Республики Таджикистан и (или) договором страхования и выплачиваемая страховщиком страхователю или выгодоприобретателю при наступлении страхового случая:

страховщик - (страховая организация) юридическое лицо, которое в соответствии с законодательством Республики Таджикистан осуществляет страховую деятельность на основании соответствующей лицензии, выданной государственным уполномоченным органом;

страхователь - юридическое лицо, которое в соответствии с договором страхования уплачивает страховщику страховые взносы;

застрахованный - член Маджлиси милли, депутат Маджлиси намояндагон имеющий право по закону или в силу договора страхования получить страховую выплату при наступлении страхового случая в пределах страховой суммы, оговорённой в договоре страхования;

договор страхования - письменное соглашение между страхователем и страховщиком, на основании которого страхователь обязуется внести страховой взнос в установленный срок, а страховщик обязуется при наступлении страхового случая осуществить в отношении страхователя или другого лица, в пользу которого заключён договор страхования, страховую выплату;

страховой случай - событие, при наступлении которого в силу закона или договора страхования страховщик обязан произвести страховую выплату страхователю, выгодоприобретателю или иным третьим лицам.

2. Страховые случаи

6. Член Маджлиси милли и депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан будучи застрахованы в период исполнения полномочий на случаи причинения увечий их жизни и здоровью в результате падения, происшествий автомобильного., водного, воздушного и железнодорожного транспорта, убийства, утопления, селей, схода лавин, удушья от угара, от пожара, наводнения, от укуса животных, обвала, от воздействия электроэнергии, удара молнии (электромагнитного разряда), землетрясения, ожога и обморожения.

7. А также в период исполнения полномочий, если застрахованный в результате вышеперечисленных страховых случаев заболев (перелом, повреждение зрительных, слуховых, дыхательных, опорно-двигательных органов) получил инвалидность, считается охваченным страхованием.

8. Случаи, при которых не осуществляются страховые выплаты:

- в случае травмы или отравления в результате покушения застрахованного на самоубийство;

- если смерть наступила от заболевания или инвалидности, до утверждения членских или депутатских полномочий.

9. Споры, связанные с взысканием неуплаченных страховых взносов и осуществления страховых выплат, рассматриваются в порядке, предусмотренном действующим законодательством Республики Таджикистан.

10. Страховая выплата осуществляется членам Маджлиси милли и депутатам Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан только при наступлении страховых случаев.

3. Определение страхового взноса

11. Ставка страхового взноса установлена в размере 0,5 процентов от годового фонда оплаты труда.

12. Учет и исчисление страховых взносов по обязательному государственному страхованию члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан проводится Государственным унитарным предриятием "Точиксугурта" (далее- ГУП "Точиксугурта").

13. Для проведения учета ГУП "Точиксугурта" получает от Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли.Республики Таджикистан данные о фактически полученном годовом должностном окладе и составляет списки членов Маджлиси милли и депутатов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан подлежащих обязательному государственному страхованию (приложение 1).

14. После учета и исчисления страховых взносов со стороны ГУП "Точиксугурта" направляется извещение о заключении договора страхования с Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан (приложение 2).

15. Страховые взносы уплачиваются из республиканского бюджета Республики Таджикистан, предусмотренного на содержание Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

16. После уплаты страховых взносов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан страховые полиса вручаются Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

17. Результаты учета и исчисления страховых взносов ежегодно отражаются в установленном образце статистического отчета.

18. Если страховой взнос ошибочно перечислен в большем или меньшем размере, то излишне уплаченные страховые взносы возвращаются или по согласованию с Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан засчитываются в счет уплаты взносов будущего года, а недополученный страховой взнос текущего года доперечисляется на расчётный счет ГУП "Точиксугурта".

19. Контроль за своевременностью перечисления страховых взносов осуществляется ГУП "Точиксугурта".

20. Ответственность за своевременность перечисления (уплаты) исчисленных страховых взносов возлагается на должностных лиц Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

4. Порядок оформления документов для получения страховой выплаты

21. В случае нанесения увечья жизни и здоровью Председателя Маджлиси милли и Председателя Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в результате страхового случая, заявление поступившее от застрахованного или при его смерти, от законного наследника в ГУП "Точиксугурта", регистрируется в журнале регистрации заявлений и выплат страховых сумм по обязательному государственному страхованию члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

22. Должностные лица Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан должны оказывать содействие в оформлении и представлении соответствующих документов, необходимых для решения вопроса осуществления страховых выплат при наступления страхового случая.

23. В случае смерти (гибели) члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в период исполнения полномочий их наследникам выдается предварительно восемь показателей для расчетов за счет страховых средств застрахованного лица для организации ритуальных мероприятий после представления копии свидетельства о смерти.

24. Для выплаты страховой суммы в случае смерти (гибели) в период исполнения полномочий, застрахованного члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан наследник представляет страховому органу следующие документы:

- заявление (приложение 3);

- копию свидетельства о смерти застрахованного;

- документ, удостоверяющий личность наследника;

- справку о восьмимесячном должностном окладе.

25. При установлении застрахованному инвалидности:

- заявление (приложение 3);

- справку Государственной службы медико-социальной экспертизы об установлении инвалидности;

- документ, удостоверяющий личность.

- справку о должностном окладе.

26. При осуществлении страховой выплаты обязательно представляется выписка из истории болезни в период исполнения полномочий.

27. Размер страховой выплаты определяется на день наступления страхового случая.

28. Общая сумма страховых выплат за одно или несколько страховых случаев, происшедших в течение года, не может превышать размера страховой суммы указанной в договоре страхования.

29. Если в связи с полученной инвалидностью, застрахованный получил страховую выплату, но в результате последствия инвалидности или страхового случая он умер, то его наследнику выплачивается разница между страховой суммой и выплаченной суммой.

30. ГУП "Точиксугурта", при не перечислении страховых взносов на его расчётный счёт, не несёт ответственности за осуществление страховых выплат.

31. Страховая выплата осуществляется по желанию застрахованного или его наследника путем перечисления во вклад на имя получателя, переводом по почте, либо наличными деньгами.

32. Несовершеннолетнему лицу страховая выплата осуществляется путем перечисления в Государственный сберегательный банк "Амонатбонк" во вклад на его имя с одновременным уведомлением об этом органов опеки и попечительства, либо выплачивается опекуну или попечителю.

33. В случае отказа в страховой выплате при наступлении страхового случая ГУП "Точиксугурта" в 10 дневный срок письменно сообщает об этом застрахованному или его наследникам с указанием мотива отказа.

Приложение 1

к Порядку единовременной страховой выплаты члену Маджлиси милли и депутату Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

Список членов Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан

+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------ҷ
|№ |Ф.И.О. |Место работы |Должность|Годовой|Восьмимесячный|Страховой |
|  |       |             |         |фонд   |должностной   |взнос     |
|  |       |             |         |оплаты |оклад         |          |
|  |       |             |         |труда  |              |          |
+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------+
|1.|       |             |         |       |              |          |
+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------+
|2.|       |             |         |       |              |          |
+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------+
|3.|       |             |         |       |              |          |
+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------+

М.П. Руководитель организации_________________________________ (подпись)

Список депутатов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------ҷ
|№ |Ф.И.О. |Место работы |Должность|Годовой|Восьмимесячный|Страховой |
|  |       |             |         |фонд   |должностной   |взнос     |
|  |       |             |         |оплаты |оклад         |          |
|  |       |             |         |труда  |              |          |
+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------+
|1.|       |             |         |       |              |          |
+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------+
|2.|       |             |         |       |              |          |
+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------+
|3.|       |             |         |       |              |          |
+--+-------+-------------+---------+-------+--------------+----------+

М.П. Руководитель организации_________________________________ (подпись)

Приложение 2

к Порядку единовременной страховой выплаты члену Маджлиси милли и депутату Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

ИЗВЕЩЕНИЕ

________________________________________________________________ (наименование организации)

________________________________________________________________ (адрес)

В соответствии с Конституционным Законом Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан", Конституционным Законом Республики Таджикистан "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан", Постановления Правительства Республики Таджикистан "О государственном обязательном страховании Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Председателя Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" от 7 апреля 1999 года № 129 начислены страховые платежи за 20___ год в сумме

_________________________________________________________________

_________________________________________________________________ (сумма прописью)

Указанную сумму следует перечислить на расчетный счет ____________________

_______________________________________________________________ (платежные реквизиты)

Срок уплаты установлен до 1 марта текущего года.

По истечении указанного срока платежи взимаются в порядке, установленном Налоговым Кодексом Республики Таджикистан и статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О страховой деятельности".

Генеральный директор ГУП "Точиксугурта" ______________________ (подпись)

Директор ГУП "Точиксугурта" ______________________ (по городу,району)

"_____"_________ 20___г.

Приложение 3

к Порядку единовременной страховой выплаты члену Маджлиси милли и депутату Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

Генеральному директору ГУП "Точиксугурта" __________________ _____________________________________ филиала______________________________

________________________________________________________________ от _______________________________ (ф.и.о. обратившегося) проживающегося по адресу_____________

________________________________________________________________

ЗАЯВЛЕНИЕ

Прошу Вас выплатить мне страховую сумму в

связи ___________________________________ (причиненный вред здоровью)

_______________________________________________________________ (указывается характер события)

К заявлению прилагаются следующие документы:

________________________________________________________________

________________________________________________________________

________________________________________________________________

заявитель_______________________ (подпись)

"___"_______200_г.

М.П. Руководитель организации ________________________ (подпись)