×

Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура) аз 3 август соли 2013, № 341

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 93 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2013, № 341

тасдиқ шудааст

Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Стандарти мазкур талаботро ба ҳадди ақалли ҳатмии мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва сатҳи тайёрии хатмкунандагони докторантура муқаррар менамояд.

2. Стандарти мазкур барои истифода ва риоя аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайёрии докторантонро новобаста аз тобеияти маъмурӣ ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо амалӣ месозанд, ҳатмӣ мебошад.

3. Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура) аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти аккредитатсионӣ, комиссияҳо оид ба иҷозатномадиҳӣ ва аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, бахшҳои (шӯроҳои) таълимию методӣ аз рӯи ихтисосҳо, фармоишгарон ва корфармоён истифода бурда мешавад ва ҳамчун асос барои баҳодиҳии (ташхиси) сифати тайёрии докторантон хизмат менамояд.

2. Сарчашмаҳои меъёрии ҳуқуқӣ

4. Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура РhD) (минбаъд - Стандарт) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №227 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №529 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №114 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (РhD)" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, №625 "Дар бораи тасдиқи Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯи ихтисос" таҳия шудааст.

3. Мафҳумҳои асосӣ

5. Дар Стандарти мазкур истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:

- аттестатсияи ниҳоии давлатии докторант - тартибест, ки фарогирии донишҷӯро ба стандарти ҳатмии давлатии дараҷаи докторантура муайян намуда, аз рӯи натиҷаи он докторант ба ҳимояи рисолаи докторӣ роҳ дода мешавад;

- докторантура - барномаи таҳсилоти касбии пас аз таҳсилоти олӣ мебошад, ки ба тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ бо ноил гардидан ба дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) ё доктор аз рӯи ихтисос дар мӯҳлати меъёрии на кам аз 3 сол равона шудааст;

- доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯи ихтисос - дараҷаи олии академӣ, ки ба шахсони барномаи касбии докторантураро аз рӯи ихтисоси муайян азбар намуда дода мешавад;

- докторант - шахсе, ки дар докторантура дар низоми доктори фалсафа (РhD) ё доктор аз рӯи ихтисос таҳсил менамояд;

- ихтисоси илмӣ- маҷмӯи дониш ва маҳорату малака, ки бо роҳи омӯзиш ва таҳқиқоти ҳадафнок ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошанд ва бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ дар бораи таҳсилот тасдиқ карда мешаванд;

- кредит - ченаки воҳиди соддакардашудаи ҳаҷми кори таълимии докторант; як кредит ба 1 соати академии кори докторант дар ҳафта дар давоми давраи академӣ (семестр) баробар мебошад, ҳар як соати кори аудитории докторант аз омӯзиши назариявӣ бо 6 соати кори мустақилона ва ҳар як соати кори аудитории ӯ аз таҳқиқоти мустақилона аз рӯи таҳқиқоти илмӣ бо 7 соати кори мустақилона баробар аст. Як кредити омӯзиши назариявӣ ба 8 соати аудиторӣ баробар аст, 8 соати кори мустақилонаи докторант бо роҳбарии омӯзгор ва 32 соати кори мустақилонаи докторант, як кредити кори илмию таҳқиқотӣ ба 8 соати кор бо омӯзгор ва 48 соати кори мустақилона (56 соат) баробар мебошад;

- низоми кредитии таҳсилот - низоми баҳодиҳии миқдорӣ ба мазмуни барномаҳои таълимӣ ва натиҷаҳои азхудкунии онҳо инчунин баҳодиҳӣ ба корҳои илмию таҳқиқотии унвонҷӯ мебошад. Кредит (ё соати кредитӣ) ин меъёри вақтест, ки барои омӯзиши фанни таълимӣ хар ҳафта дар давоми як семестр сарф мешавад ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон аз ин фан ё иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, докторант соҳиби ин кредит (ё кредитҳо) мегардад;

- озодии академӣ - озодии баёни мазмуни таълим аз рӯи салоҳдиди худ дар доираи барномаҳои таълимӣ, интихоби мавзӯъ барои таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли он бо методҳои худ, инчунин озодии омӯзандагон дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномаҳои таълимӣ;

- стандарти таҳсилоти баъдидипломӣ (докторантура) - маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилотро дар зинаи докторантура, моҳияту мӯҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилот ва корҳои илмию таҳқиқотиро, бо дарназардошти дастовардҳои умумибашарӣ муайян мекунанд:

- таҳсилот - раванди муттасили таълиму тарбия, ки мақсад аз он ноил шудан ба сатҳи баланди инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс мебошад;

- рисолаи докторӣ - кори илмиест, ки ҳамчун таҳқиқоти мустақил шинохта шуда, дар он муқаррароти назариявие таҳия шудааст, ки ба гурӯҳи навовариҳои илмӣ дохил шуда, аҳамияти иҷтимоию фарҳангӣ, иқтисодӣ доранд ва ё масъалаҳои техникӣ, иқтисодӣ ва технологии аз ҷиҳати илмӣ асоснок ифода ёфтаанд, ки татбиқи амалии онҳо дар рушди иқтисодии мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

4. Ихтисорҳо

6. Дар стандарти мазкур ихтисорҳои зерин истифода мешаванд:

ФА- фанҳои асосӣ;

ФҲ - фаслҳои ҳатмӣ;

ФИ - фаслҳо аз рӯи интихоб;

ФМ - фанҳои махсус;

ТПК - таҷрибаи педагогӣ ва касбӣ;

КИТД - кори илмӣ-таҳқиқотии докторант;

АМ - аттестатсияи марҳилавӣ;

АН - аттестатсияи ниҳоӣ;

ИМ - имтиҳони маҷмӯӣ;

ҲРД - ҳимояи рисолаи докторӣ.

5. Талаботи умумӣ

7. Тайёрии докторон дар докторантураи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва илмӣ амалӣ карда мешавад.

8. Барномаҳои таълимии докторантура дар докторантураи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва илмӣ, ки барои бурдани фаъолияти таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои мувофиқи докторантура, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, дорои иҷозатнома мебошанд, амалӣ карда мешавад.

9. Дар докторантура тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз рӯи ду самт бо додани дараҷаи олии академии "доктори фалсафа" (РhD) ва "доктор аз рӯи ихтисос" амалӣ карда мешавад.

10. Барномаи таълимии тайёр намудани доктори фалсафа (РhD) дорои самти илмӣ-педагогӣ буда, тайёрии бунёдӣ, таълимӣ, методологӣ, таҳқиқотӣ ва омӯзиши амиқи фанҳоро аз рӯи самтҳои дахлдори илм барои системаи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва соҳаи илмию таҳқиқотӣ пешбинӣ менамояд.

11. Барномаи таълимии тайёр намудани докторон аз рӯи ихтисос тайёрии бунёдӣ, таълимӣ, методологӣ ва таҳқиқотӣ буда, омӯзиши амиқи фанҳоро аз рӯи самтҳои дахлдори илм барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, соҳаи иҷтимоӣ: маориф, тиб, ҳуқуқ, фарҳанг, соҳаи хизматрасонӣ, тиҷорат ва ғайра дар назар дорад.

12. Махсусияти барномаҳои таълимии мазкур аз он иборат аст, ки қисмати амалии он нисбат ба самти назариявии он бартарӣ дорад. Тайёр кардани докторон аз рӯи ихтисос соҳаҳои амиқи илмро дар бар мегирад, аз ҷумла:

Ed.D - доктори педагогика;

M.D - доктори тиб;

VD - доктори байторӣ;

J.D (LLD) - доктори ҳуқуқшиносӣ;

DMP - доктори санъатшиносӣ;

DM - доктори мусиқишиносӣ;

DBA - доктори идоракунӣ;

DS - доктори илмҳои техникӣ;

DCS - доктори илмҳои тиҷорат;

DES- доктори илмҳои иқтисодӣ.

13. Тайёрии доктори фалсафа (РhD) ва доктор аз рӯи ихтисос дар асоси:

- Стандарти мазкур;

- Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ;

- нақшаи кории инфиродии докторант;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд, амалӣ мегарданд.

14. Ба шахсоне, ки барномаи таълимии докторантураро аз худ кардаанд, дараҷаи олии академии "доктори фалсафа" (РhD) ва ё "доктор аз рӯи ихтисос" дода мешавад.

15. Муқаррароти Стандарти мазкур мақсадҳои зеринро дорад:

- таълими босифати баъдидипломӣ бо риояи талаботи ҳатмӣ ба сатҳи тайёрии докторант;

- таъсиси низоми назорат аз рӯи самаранокии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, ки тайёр намудани докторантро амалӣ мегардонанд;

- батанзимдарории ҳуқуқҳо ва салоҳиятнокии докторант, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи таълимӣ, таҳқиқотию илмӣ ва касбии онҳо;

- таъмини эътирофи ҳуҷҷатҳои Ҷумҳурии Точикистон дар бораи додани дараҷаи академии "доктори фалсафа" (РhD) ва "доктор аз рӯи ихтисос" дар фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ.

16. Стандартҳои тахассусии докторантура бояд ба муқаррароти Стандарти мазкур мувофиқат намуда, дар маҷмӯъ талаботи зеринро муайян менамоянд:

- мундариҷаи таълим;

- ҳаҷми ниҳоии сарбории таълимии докторант;

- дараҷаи омодагии докторант.

6. Талабот нисбати шахсоне, ки ба докторантура дохил мешаванд

17. Дараҷаи таълими қаблии шахсоне, ки хоҳиши аз худ кардани барномаи таълимии докторантураро доранд - магистр ва мутахассис.

18. Қабул ба докторантура тибқи Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегардад, амалӣ карда мешавад.

7. Талабот ба сохтори барномаҳои таълимии докторантура

19. Сохтори барномаи таълимии докторантура аз ду қисмати баробарвазн - илмӣ ва таълимӣ иборат аст.

20. Барномаи таълимии докторантура аз намудҳои гуногуни фаъолият, ки мазмуни таълимро муайян месозад, ташаккул меёбад ва таносуб, ченкунӣ ва баҳисобгирии онҳоро инъикос менамояд.

Меҳнатталабии фаъолияти таълимӣ ва илмӣ бо миқдори маводи азхуднамуда муайян ва бо кредитҳо ҳисоб карда мешавад. Ҳар фан бо хаҷми баробар ба адади кредитҳо баҳогузорӣ карда мешавад.

21. Давомнокии азхудкунии барномаи таълимии докторантура вобаста аз ихтисос ва тайёрии пешакӣ на кам аз 3 солро ташкил медиҳад.

22. Таҳсил дар докторантура дар шакли рӯзона ва ба таври фосилавӣ амалӣ карда мешавад.

23. Соли таҳсил дар докторантура аз давраҳои академӣ иборат буда, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, озмоишию таҳқиқотӣ, давраи аттестатсияи марҳилавӣ, назорати ниҳоӣ, таҷрибаомӯзӣ, аттестатсияи ниҳоӣ ва таътилро дар бар мегирад.

24. Давраи академӣ давраи таълими назариявӣ мебошад, ки аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мустақилона дар яке аз се шакл семестр, триместр ва семоҳа муқаррар карда мешавад.

25. Давомнокии аттестатсияи фосилавӣ (назорати ниҳоӣ) баъд аз ҳар як семестр ҳангоми ташкили семестрии ҷараёни таълим на кам аз 2 ҳафтаро ташкил медиҳад.

26. Таҷрибаомӯзии докторант тибқи тақвими тасдиқшудаи академӣ дар ҳаҷме, ки аз ҷониби стандарти давлатии зинаи таҳсилоти докторантура муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.

27. Давомнокии давраи таътил дар соли таҳсил бояд на кам аз 5 ҳафтаро ташкил диҳад.

28. Қисмати илмии барномаи таълимӣ аз фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, озмоишӣ, нашри маводи илмӣ ва навиштани рисолаи доктории докторант ташаккул меёбад.

29. Меъёри асосии ба итмомрасии ҷараёни таълим дар докторантура азхудкунии на кам аз 80 фоизи кредитҳо аз ҷониби докторант мебошад.

30. Дар ҳолати азхудкунии пеш аз мӯҳлати барномаи таълимии докторантура ва ҳимояи бомуваффақияти рисолаи докторӣ ба докторант дараҷаи олии академии "доктори фалсафа" (РhD) ва ё "доктор аз рӯи ихтисос" дода мешавад.

31. Докторанте, ки докторантураро аз рӯи ихтисос ба анҷом расонидааст, метавонад ба фаъолияти илмӣ ва педагогӣ танҳо дар ҳолати азхудкунии маҷмӯи фанҳои педагогии касбӣ ва гузаштани таҷрибаомӯзии педагогӣ шурӯъ намояд. Маҷмӯи фанҳои зикршуда дар давоми давраи иловагии академӣ (агар дар нақшаи таълимӣ ба назар гирифта нашуда бошад) азхуд карда шуда, бо баитмомрасии он ба докторант сертификати дахлдор ба дипломи асосӣ дода мешавад.

32. Ба докторанте, ки курси пурраи назариявии омӯзиши барномаи таълимии докторантураро аз худ карда, рисолаи докториро дар мӯҳлати муқарраршуда ҳимоя накардааст, мӯҳлати таҳсил дар докторантура метавонад дар асоси музднок тамдид карда шавад.

8. Талабот ба сатҳи тайёрии касбии докторантон

33. Талабот ба сатҳи тайёрии касбии докторон бо стандартҳои давлатии умумиҳатмии таҳсилоти баъдидипломӣ аз рӯи ихтисосҳои дахлдори докторантура муайян карда мешаванд.

34. Барномаҳои таълимии докторантура иборатанд аз:

- таълими назариявӣ, ки ба он фанҳои асосӣ ва касбӣ дохил мешаванд;

- таҷрибаомӯзӣ;

- корҳои илмию таҳқиқотӣ, озмоишию таҳқиқотӣ, аз он ҷумла омода намудани рисолаи докторӣ;

- аттестатсияи фосилавӣ ва ниҳоӣ.

35. Таълими назариявӣ аз маҷмӯи фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ иборат аст.

Маҷмӯи фанҳои заминавӣ аз фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ (элективӣ) иборат мебошад.

Маҷмӯи фанҳои тахассусӣ танҳо аз фанҳои ҳатмии тахассусӣ иборат аст.

36. Номгӯи фанҳои қисмати ҳатмӣ мутобиқ ба ихтисоси тайёршавии доктор муайян карда мешавад. Ҳаҷми ҳадди ақалли кредитҳои фанҳои қисмати ҳатмӣ тибқи стандартҳои давлатии умумиҳатмии таҳсилоти баъдидипломӣ аз рӯи ихтисосҳои докторантура муайян карда мешавад.

Номгӯи фанҳои интихобӣ (элективӣ) ва ҳаҷми минималии кредитҳои дахлдор аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олӣ ва ё илмӣ тибқи дархости кордеҳон ва талаботи бозори меҳнат мустақилона муайян карда мешаванд.

37. Мундариҷаи барномаи таълимии докторантура тибқи ҷадвали 1 муайян карда мешавад.

Ҷадвали 1

+------+-------------------------------------------+-----------------ҷ
| Т/р  |                Номгӯи фанҳо               |   Ҳаҷм аз рӯи   |
|      |                                           |   кредитҳо      |
+------+-------------------------------------------+-----------------+
| 1.   | Маҷмӯи фанҳои асосӣ (МФА):                |       30        |

| 1.1. | Қисмати ҳатмӣ (ҚҲ)                        |       12        |

| 1.2. | Қисмати интихоби (ҚИ)                     |       18        |

| 2    | Маҷмӯи фанҳои тахассусӣ (МФТ)             |       30        |

| 3.   | Таҷрибаомӯзии педагогӣ ва касбӣ (ТПК)     |   На кам аз 12  |

| 4.   | Аттестатсияи фосилавӣ (АФ)                |                 |

| 5.   | Кори илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотии  |       32        |
|      | докторант (КИТОТД)                        |                 |

| 5.1. | Иҷрои рисолаи докторӣ                     |       20        |

| 6.   | Аттестатсияи ниҳоӣ (АН)                   |       8         |

| 6.1. | Имтиҳони маҷмӯӣ (ИМ)                      |       2         |

| 6.2. | Ҳимояи рисолаи докторӣ (ҲРД)              |       6         |

|      | Ҷамъ:                                     |  На кам аз 120  |

|    Эзоҳ: Миқдори кредитҳое,  ки барои таҷрибаомӯзӣ ва ҳимояи       |
| рисолаи докторӣ ҷудо карда мешавад,  аз ҷониби муассисаи таҳсилоти |
| олии  касбӣ  мустақилона  муқаррар  карда  мешавад  ва ба          |
| меҳнатталабии умумӣ дохил намешавад.                               |
+--------------------------------------------------------------------+

38. Барномаҳои таълимии тайёр кардани доктор аз нақшаи таълимӣ, маҷмӯи таълимӣ-методии фанҳо, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ (педагогӣ/касбӣ) ва нақшаи фардии кори илмию таҳқиқотӣ иборат аст.

39. Натиҷаи таҳқиқоти илмии докторант чунин аст:

- дар як ё зиёда нашрияҳои илмии ватанию хориҷӣ ба табъ расонидани на камтар аз 3 мақола;

- баромадҳои расмӣ дар на камтар аз ду конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ;

- на камтар аз як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё патенткунонӣ (ба истиснои ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ) барои ихтироот аз рӯи ихтисосҳои техникӣ.

9. Талабот ба муҳити таълимии докторантура

40. Барномаҳои таълимии докторантура аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ мустақилона мутобиқи ихтисосҳои докторантура ва Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

41. Барномаи таълимии докторантура иборат аст аз:

- таълими назариявӣ, ки ба он омӯзиши фанҳои асосӣ ва тахассусӣ дохил мешавад;

- таҷрибаомӯзии педагогӣ/касбӣ;

- корҳои илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ;

- иҷро ва ҳимояи рисолаи докторӣ:

- феҳристи фанҳои интихобӣ, аттестатсияи фосилавӣ ва ниҳоӣ.

42. Мундариҷаи барномаи таълимии докторантура бо нақшаи таълимии корӣ, барномаҳое, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти баъдидипломӣ ва нақшаю барномаҳои намунавии таълимӣ таҳия гардидаанд, муайян карда мешавад.

43. Докторант дар асоси нақшаи фаъолияти инфиродӣ, ки бо ёрии эдвайзер ва мушовирони илмӣ тартиб дода мешавад, таълим мегирад.

44. Нақшаи инфиродии кори докторант барои ҳамаи давраи таҳсил тартиб дода шуда, аз фаслҳои зерин иборат аст:

- нақшаи инфиродии таълимӣ (ҳангоми зарурат метавонад ҳамасола аниқ карда шавад);

- кори илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ (мавзӯъ, самти таҳқиқот, мӯҳлат ва шакли ҳисоботдиҳӣ);

- таҷрибаомӯзӣ (барнома, макон, мӯҳлат ва шакли ҳисоботдиҳӣ);

- мавзӯи рисолаи докторӣ бо асосноккунӣ ва сохтори он;

- нақшаи иҷрои рисолаи докторӣ;

- нақшаи нашри маводи илмӣ ва коромӯзӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар.

45. Докторант нақшаи таълимии инфиродии худро бо ёрии эдвайзер(роҳбари илмӣ ё мушовир) дар асоси нақшаи намунавии таълимӣ ва феҳристи фанҳои ҳатмӣ тартиб медиҳад. Ба он бояд тамоми фанҳои қисмати ҳатмӣ дохил карда шаванд, ки ҳаҷми онҳо аз ҳаҷме, ки стандарти мазкур муайян намудааст, набояд кам бошад.

Фанҳои интихобӣ аз ҷониби докторант мустақилона муайян карда мешаванд. Миқдори умумии кредитҳои қисмати интихобӣ, ки аз ҷониби докторант аз худ карда мешаванд, набояд аз ҳаҷме, ки Стандарти мазкур муайян намудааст, кам бошад.

46. Натиҷаи фаъолияти амалии докторант бо истифодаи шаклҳои гуногуни назорат ва аттестатсия ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои таъмини эътирофи натиҷаҳои назорати дастовардҳои таълимии таълимгирандагон дар фазои байналмилалии таълим баҳогузории донишҳо аз рӯи низоми баҳогузории рейтингии ҳарфӣ амалӣ карда мешавад.

10. Талабот ба таъминоти кадрӣ

47. Барномаҳои таълимии докторантура дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмие татбиқ карда мешаванд, ки дорои иҷозатнома барои амаликунии фаъолияти таълимӣ, созишнома оиди ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои дигари таҳсилоти олӣ доранд ва барномаҳои таълимии аккредитатсияшудаи докторантураро татбиқ менамоянд.

Дар докторантура раванди таълимро бояд шахсоне гузаронанд, ки дараҷаҳои илмии доктори илм ва ё номзади илм, дараҷаи академии доктори фалсафа (РhD) ва ё дараҷаи докториро аз рӯи ихтисос доранд. Зимнан аз рӯи силсилаҳои фанҳои асосӣ ва ихтисосии стандарти давлатии таҳсилоти баъдидипломӣ (докторантура) бояд на кам аз 50 фоизи ҳайати профессорону устодон, аз ҷумла на кам аз се доктори илм аз рӯи ихтисос бошад.

Мактабҳои илмӣ бояд дар миқёси мамлакат ва ё дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида бошанд. Нишондоди эътироф дар нашрияҳои илмии бонуфуз, лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ ва ватанӣ бояд якҷоя бо шарикони хориҷӣ иҷро карда шаванд.

Кадрҳои педагогӣ бояд усулҳои муосири таълим ва технологияҳои таълимро донанд ва онҳоро дар ҷараёни таълимӣ истифода бурда тавонанд.

48. Роҳбарии илмии докторантонро комиссияи машваратӣ дар ҳайати на камтар аз 2 нафар амалӣ менамояд, ки аз ҳисоби докторон ва номзадҳои илм, докторони РhD, ки бо таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи мазкури илм (аз рӯи равияи ихтисос) фаъолона иштирок намуда, дорои таҷрибаи роҳбарии илмӣ дошта бошанд, таъин карда мешаванд ва яке аз онҳо, чун қоида, олими намоён аз муассисаи хориҷии таҳсилоти олӣ бошад.

11. Талабот ба таҳияи барномаи таълимии тайёрии докторантон, аз ҷумла таҳқиқоти илмӣ

49. Муассисаҳои таълимӣ ва илмие, ки барномаҳои тайёр кардани докторони фалсафа РhD ва докторонро аз рӯи ихтисос амалӣ менамоянд, ҳуҷҷатҳои зарурии таълимию методиро (нақшаи кории таълимӣ, барномаҳои фанҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, барномаи корҳои илмию таҳқиқотӣ /озмоишию таҳқиқотӣ ва ғ.) таҳия ва тасдиқ намоянд.

50. Барномаҳои фанҳои таълимӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар асоси Стандарти мазкур таҳия мешаванд. Барномаҳои таълимии докторантура дар қисмати тайёрии касбӣ бояд дар асоси таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии рейтинги баланд ва марказҳои илмии хориҷӣ, ки барномаҳои аккредитатсияшудаи тайёрии "докторони фалсафа" (РhD) ва ё "докторон аз рӯи ихтисос"-ро татбиқ менамоянд, таҳия карда шаванд.

12. Талабот ба таъминоти таълимию методӣ

51. Таъминоти таълимию методӣ ва иттилоотии раванди таълим бояд имконияти азхудкунии босифати барномаи таълимии докторантураро кафолат диҳад. Амалигардонии барномаи таълимӣ бояд бо дастрасии озод ба шабакаҳои иттилоотии байналмилалӣ, маҳзанҳои электронии маълумот, фондҳои китобхона, технологияҳои компютерӣ, адабиёти таълимию методӣ ва илмӣ таъмин карда шавад.

13. Талабот ба таъминоти моддию техникӣ

52. Муассисаҳои таълимӣ ва илмие, ки барномаҳои докторантураро татбиқ менамоянд, бояд дорои заминаи моддию техникие (фонди аудиторӣ, синфҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳо, таъминоти асбобҳо, маводи фондӣ) бошанд, ки ба меъёрҳои амалкунандаи санитарию техникӣ мувофиқат намояд ва гузаронидани тамоми намудҳои тайёрии назариявӣ ва амалии дар нақшаи таълимӣ пешбинигардида, инчунин иҷрои рисолаи докториро таъмин намояд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ бояд барои нашри ҳатмии натиҷаҳои таҳқиқот имконият фароҳам оваранд.

14. Талабот ба ташкили таҷрибаомӯзӣ

53. Таҷрибаомӯзӣ бо мақсади ташаккули маҳорати амалии фаъолияти илмӣ ва касбӣ гузаронида мешавад.

54. Барномаи таълимии докторантура бояд инҳоро бар гирад:

- таҷрибаомӯзии тадқиқотӣ - барои таълимгирандагон аз рӯи барномаи доктори фалсафа (РhD);

- таҷрибаомӯзии касбӣ - барои таълимгирандагон аз рӯи барномаи тахассусии докторантура.

Таҷрибаомӯзии таҳқиқотии докторант бо мақсади азхудкунии дастовардҳои муосири назариявӣ, методологӣ ва технологияи ватанию хориҷӣ, инчунин таҳкими маҳорати амалӣ, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ, коркард ва шарҳи маълумоти озмоишӣ дар таҳқиқоти рисолаи докторӣ гузаронида мешавад.

Таҷрибаомӯзии касбии докторант бо мақсади мустаҳкамкунии донишҳои назариявие, ки дар ҷараёни таҳсил ба даст омадаанд ва баландбардории сатҳи касбӣ гузаронида мешавад.

Мундариҷаи таҷрибаомӯзии таҳқиқотӣ ва касбӣ дар асоси мавзӯи рисолаи докторӣ муайян карда мешавад. Ҳамаи намудҳои таҷрибаомӯзӣ мутобиқи нақшаи инфиродӣ дар он мӯҳлате, ки нақшаи таълимӣ пешбинӣ намудааст, амалӣ карда мешавад.

15. Талабот ба кори илмию таҳқиқотии шахси тибқи барномаи доктори фалсафа (РhD) таълимгиранда

55. Кори илмию таҳқиқотии таълимгирандаи докторантура бояд:

- ба мавзӯоти асосии ихтисос, ки аз рӯи он рисолаи докторӣ ҳимоя карда мешавад, мувофиқат намояд;

- замонавӣ ва дорои навгонии илмӣ ва аҳамияти амалӣ бошад;

- ба дастовардҳои муосири назариявӣ, методӣ ва технологии илм ва таҷриба асос ёфта бошад;

- бо усулҳои муосири коркард ва шарҳи маълумот бо истифодаи технологияҳои компютерӣ асоснок шуда бошанд;

- бо истифодаи усулҳои муосири тадқиқоти илмӣ иҷро шавад;

- дорои фаслҳои илмию таҳқиқотӣ (методӣ, амалӣ) аз рӯи муқаррароти ба ҳимоя пешниҳодгардида бошад.

16. Талабот ба кори озмоишию таҳқиқотии шахси тибқи барномаи доктор аз рӯи ихтисос таълимгиранда

56. Кори озмоишию таҳқиқотии докторант бояд:

- ба мавзуоти асосӣ, ки аз рӯи он рисолаи доктори ҳимоя карда мешавад, мувофиқат намояд;

- замонавӣ, дорои навгонии илмӣ ва моҳияти амалӣ дошта бошад;

- ба дастовардҳои муосири илм, техника ва истеҳсолот асос ёфта, дорои тавсияҳои мушаххаси амалӣ, ҳалли мустақилонаи вазифаҳои идоракунии дорои хусусиятҳои комплексӣ ва байнифунксионалӣ бошад;

- бо истифодаи технологияҳои муосири пешбаранда иҷро карда шавад;

- дорои фаслҳои озмоишию таҳқиқотӣ (методӣ, амалӣ) аз рӯи муқаррароти ҳимояшаванда бошад.

57. Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ аз ҷониби докторант дар шакли ҳисоботи мухтасар дар охири ҳар як сол ба расмият дароварда мешавад.

Натиҷаи ниҳоии кори илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотии докторант рисолаи докторӣ мебошад.

Натиҷаи асосии рисолаи докторӣ бояд тибқи талаботи банди 39 ба табъ расонида шавад.

58. Талабот ба мазмун ва барасмиятдарории рисолаҳо, тайёрии онҳо ба ҳимоя бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти ваколатдор дар соҳаи маориф муайян карда мешавад.

17. Талабот ба сатҳи тайёрии шахсоне, ки барномаҳои ҳатмии таълимии докторантураро азхуд кардаанд

59. Хатмкунандаи докторантура бояд тайёрии бунёдии илмӣ, методологӣ ва касбӣ дошта бошад, технологияҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла усулҳои бадасторӣ, коркард ва нигоҳдории иттилооти илмиро донад, масъалаҳои муосири илмӣ ва амалиро асоснок кунад ва онҳоро ҳал намояд, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, озмоишию таҳқиқотиро аз рӯи самти интихобгардида пеш барад, фаъолияти тадқиқотӣ ва идоракуниро амалӣ созад.

60. Дар стандартҳои ихтисосҳо сатҳи дониши хатмкунандагони докторантура бояд чунин талаботро инъикос намояд:

- маълумотнокии умумӣ;

- салоҳиятнокии иҷтимоию шахсиятӣ;

- салоҳиятнокии иқтисодӣ ва ташкилию идоракунӣ;

- салоҳиятнокии касбӣ;

- салоҳиятнокии махсус;

- тайёрӣ ба ивазшавии нақшаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, касбӣ, мутаҳаррикии ҷуғрофӣ ва иҷтимоӣ дар шароити дигаргуниҳо.

61. Аттестатсияи ниҳоии докторант шакли назорати давлатии дастовардҳои таълимии докторант мебошад, ки ба муайянсозии мутобиқати дониш, маҳорату малака ва салоҳияти бадастовардаи ӯ ба талаботи стандарти давлатии таҳсилот аз рӯи ихтисосҳои докторантура равона карда шудааст.

62. Аттестатсияи ниҳоии докторантон мутобиқи Қоидаҳои гузаронидани назорати ҷории қобилиятнокӣ, аттестатсияи фосилавӣ ва ҷамъбастии таҳсилкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад.

63. Аттестатсияи ниҳоии доктори фалсафа (РhD) ва ё доктор аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё илмӣ дар мӯҳлатҳое, ки бо тақвими академӣ ва нақшаҳои корҳои таълимии ихтисосҳо пешбинӣ гардидаанд, дар шакли имтиҳони комплексӣ ва ҳимояи рисолаи докторӣ гузаронида мешавад.

64. Имтиҳони комплексӣ ва ҳимояи рисолаи докторӣ аз ҷониби Комиссияи давлатии аттестатсионӣ (КДА) гузаронида мешавад. Раиси КДА аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо тартиби муайянгардида таъин карда мешавад.

65. Ба имтиҳони комплексӣ аз рӯи ихтисос фанҳои заминавӣ ва тахассусии барномаи таълимии докторантура дохил мешаванд.

66. Имтиҳони комплексӣ на дертар аз 3 моҳ то ҳимояи рисолаи илмӣ гузаронида мешавад.

67. Докторанте, ки имтиҳони комплексиро супоридааст, ба ҳимояи рисолаи докторӣ роҳ дода мешавад.

68. Рисолаи докторӣ ҳатман бояд барои ошкор кардани асардуздӣ аз рӯи барномаи "Зидди асардуздӣ" (антиплагиат) аз тафтиш гузарад.

69. Рисолаи илмӣ то ҳимояи он бояд ба шӯрои экспертӣ, ки аз ҷониби КДА аз ҳисоби аъзои он ташкил карда мешавад, пешниҳод карда шавад. Шӯрои экспертӣ бояд иборат аз на кам аз се мутахассис аз рӯи ихтисос бошад.

70. Расмиёти ҳимояи рисолаи докторӣ аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мустақилона муайян карда мешавад.

71. Ҳимояи рисолаи докторӣ дар ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ амалӣ карда мешавад. Шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаи докторӣ аз рӯи ҳар як ихтисоси докторантура таъсис дода мешаванд.

72. Ба ҳайати шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаи докторӣ шахсони соҳибунвоне ворид карда мешаванд, ки дараҷаи илмии доктори илмро аз рӯи ихтисоси мазкур доранд.

73. Ҳимояи рисолаи докторӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- тақризҳои мусбии мушовирони илмӣ;

- на кам аз 3 мақола, монографияҳо, баромадҳои расмӣ на камтар дар се конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва на камтар аз як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё патенткунонӣ барои ихтироот аз рӯи ихтисосҳои техникӣ;

- хулосаи хаттии шӯрои экспертӣ оид ба тавсияи рисолаи докторӣ ба ҳимоя;

- ду тақризи оппонентҳои расмӣ, ки ба ихтисоси рисолаи ҳимояшаванда мувофиқат менамоянд ва дар он таснифоти ҳамаҷонибаи рисолаи илмӣ ва хулосаи далелнок бо нишондоди баҳо ("аъло", "хуб", "қаноатбахш" ва ё "ғайриқаноатбахш") ва имконияти додани дараҷаи олии академии "доктори илмҳои фалсафа" ва ё "доктор аз рӯи ихтисос" аз рӯи ихтисоси дахлдор.

74. Дар ҳолате, ки агар аз ҷониби мушовирони илмӣ ва ё шӯрои экспертӣ хулосаи манфии: "ба ҳимоя роҳ дода намешавад" ва ё "барои ҳимоя тавсия карда намешавад" дода шавад, докторант наметавонад рисолаи илмиашро ҳимоя намояд.

75. Ҳимояи ҷамъбастии рисолаи докторӣ бо стенограммаи шаклаш муқарраргардида тартиб дода мешавад.

76. Ба докторанте, ки рисолаи докториашро ҳимоя кардааст, дараҷаи олии академикии "доктори фалсафа" (РhD) ва ё "доктор аз рӯи ихтисос" дода мешавад.

77. Ба шахсоне, ки пурра барномаи таълимии докторантураро иҷро намуда, рисолаи докториашонро бомуваффақият ҳимоя кардаанд, дипломи доктори фалсафа (РhD) ва ё доктор аз рӯи ихтисоси навъи давлатӣ, замима ба диплом ва транскрипт супорида мешавад.