ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ.1, мод.308; с.2005, №12, мод.637; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, №908) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми дуюми моддаи 16 баъд аз калимаи "шартҳо" калимаҳои ", мӯҳлат, додани нусхаҳо" илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 21:
- дар қисми якум калимаҳои "бонкҳои тиҷоратӣ, ё ташкилоти ғайрибонкии қарзию молиявӣ яке аз" ба калимаҳои "ташкилотҳои қарзӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи "ҳисоботи" ба калимаи "ҳисоббаробаркуниҳои" иваз карда шавад.
3. Дар номи моддаи 23 калимаи "ҳисобҳои" ба калимаи "ҳисоббаробаркунии" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
22 июли соли 2013, № 995
ш. Душанбе,
22 июли соли 2013, № 995
...