ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с, 2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150; №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 7 қисмҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, инчунин аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд.
Дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, ҳангоми дастгир намудани онҳо дар вақти содир кардани ҷиноят тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
2. Моддаи 58 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
22 июли соли 2013, № 974
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 22 майи соли 2013, №1178
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 506
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ ПРОКУРАТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Статья 1. Внести в Конституционный закон Республики Таджикистан от 25 июля 2005 года "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан" Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №7, ст. 398; 2006 г., №3, ст. 141; 2007 г., №5, ст. 350; №7, ст. 652; 2008 г., №12, ч.1, ст. 981; 2009 г., №5, ст. 314; 2011 г., №3, ст. 150; №6, ст. 428; 2012 г., №8, ст. 810) следующие изменения и дополнения:
1. Статью 7 дополнить частями третьей и четвертой следующего удержания:
"Уголовные дела и дела об административных правонарушениях в отношении прокуроров и следователей органов прокуратуры возбуждаются Генеральным прокурором Республики Таджикистан, по преступлениям и административным правонарушениям коррупционного характера, также директором Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан.
Задержание, принудительный привод, личный обыск прокуроров и следователей органов прокуратуры, досмотр их вещей, используемых ими транспортных средств и средств связи во время задержания их при совершении преступления осуществляются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".
2. Статью 58 исключить.
Статья 2. Настоящий Конституционный закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе, 22 июля 2013 года, № 974
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Конституционного Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Конституционный закон Республики Таджикистан" О внесении изменений и дополнений в Конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 22 мая 2013 года, №1178
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Конституционном Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан"
Рассмотрев Конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан"Об органах прокуратуры Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Конституционный Закон Республики Таджикистан" О внесении изменений и дополнений в Конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 4 июля 2013 года, № 506