Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат аз 2 июли соли 2013, № 293

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2013 № 293

тасдиқ шудааст

Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" таҳия гардида, тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафнро ба аъзои оилаи камбизоат муайян менамояд.

2. Ба гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн аъзои оилаи камбизоат ё дигар шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва маросими дафни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом додааст, ҳуқуқ дорад.

3. Далели он ки шахси ба гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн муроҷиат намуда аъзои оилаи камбизоат мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

4. Кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат мувофиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад.

5. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки нисбати музди меҳнати кормандон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, андозаи кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат мувофиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" бо дарназардошти ин коэффитсиентҳо ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

2. Мақоми ваколатдор оид ба пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

6. Кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат вобаста аз мақоми иҷтимоии шаҳрванди вафоткарда (ҳалокгардида) аз ҳисоби маблағҳои мақомоти зерин пардохт мегардад:

а) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709):

- барои шаҳрвандони суғурташудае, ки то рӯзи вафот кор мекарданд;

- барои аъзои корношоямӣ оилаи вафоткардаи шахси суғурташуда;

- барои шаҳрвандони муваққатан бекоре, ки то рӯзи вафот мақоми бекорӣ доштанд ва кӯмакпулӣ барои бекорӣ мегирифтанд;

- барои шаҳрвандоне, ки то рӯзи вафот донишҷӯи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, аспирантура ва ординатура буданд;

- барои шаҳрвандоне, ки то рӯзи вафот аз мақомоти мазкур нафақа мегирифтанд.

б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо:

- барои шаҳрвандони бекоре, ки то рӯзи вафот мақоми бекорӣ надоштанд ва шахсони бе ҷои зисти муайян;

- барои аъзои оилаи корношоями шаҳрвандони бекори мақоми бекорӣ надошта ва аъзои оилаи корношоями нафақагирон;

- барои шаҳрвандони фавтида (ҳалокгардида), ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо менамуданд.

7. Дар сурати вафоти шаҳрвандоне, ки то рӯзи вафот дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои ислоҳӣ таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доштанд, агар маросими дафни онҳо аз ҷониби ин муассисаҳо анҷом дода шуда бошад, кӯмакпулӣ барои дафн пардохт карда намешавад. Маросими дафни ин гурӯҳи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои мазкур амалӣ мешавад.

8. Агар маросими дафни шаҳрвандоне, ки то рӯзи вафот дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои ислоҳӣ таҳти таъминоти пурраи давлат қарордошта аз ҷониби оилаи камбизоат анҷом дода шуда бошад, кӯмакпулӣ барои дафн мувофиқи талаботи банди 6 Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор пардохт карда мешавад.

3. Тартиби муроҷиати аъзои оилаи камбизоат барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн

9. Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандони дар зербанди а) банди 6 Тартиби мазкур пешбинишударо анҷом додааст, барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн бо ариза ба раёсати (шӯъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои истиқомати худ муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709):

- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;

- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;

- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида.

10. Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандони дар зербанди б) банди 6 Тартиби мазкур пешбинишударо анҷом додааст, барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷои истиқомати худ бо ариза муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709):

- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;

- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;

- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида.

11. Ариза барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн аз ҷониби мақоми дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи баъди бақайдгирии он баррасӣ карда мешавад.

12. Мақоми ваколатдор вазифадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз аризадиҳандаро дар хусуси қарори худ расман огоҳ намояд.

13. Кӯмакпулӣ барои дафн дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар муроҷиат барои он дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳ пас аз рӯзи вафоти шаҳрванд сурат гирифта бошад.

4. Тартиби пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

14. Кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат тавассути муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар ҷои истиқомати он пардохт карда мешавад.

15. Рӯйхати аъзои оилаи камбизоат, ки ба онҳо кӯмакпулӣ барои дафн барои шаҳрвандоне, ки дар зербанди а) банди 6 Тартиби мазкур пешбинигардида пардохт карда мешавад, ба мақоми пардохткунанда аз ҷониби раёсати (шӯъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия (шаҳр) пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).

16. Рӯйхати аъзои оилаи камбизоат, ки ба онҳо кӯмакпулӣ барои дафн барои шаҳрвандоне, ки дар зербанди б) банди 6 Тартиби мазкур пешбинигардида пардохт карда мешавад, ба мақоми пардохткунанда аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) пешниҳод мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).

17. Пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат, бояд сари вақт аз ҷониби мақоми ваколатдоре, ки дар банди 6 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидааст, маблағгузорӣ карда шаванд.

18. Маблағи кӯмакпулӣ барои дафне, ки муроҷиаткунанда барои гирифтани он ба муассисаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар мӯҳлати то се моҳ муроҷиат накардааст, ба суратҳисоби мақоми ваколатдори кӯмакпулӣ барои дафнро маблағгузорӣ намуда бозпас гардонида мешавад.

Дар ин ҳолат муроҷиаткунанда барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдор муроҷиат менамояд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2013,№ 293

тасдиқ шудааст

Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" таҳия гардида, тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафнро ба аъзои оилаи камбизоат муайян менамояд.

2. Ба гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн аъзои оилаи камбизоат ё дигар шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва маросими дафни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом додааст, ҳуқуқ дорад.

3. Далели он ки шахси ба гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн муроҷиат намуда аъзои оилаи камбизоат мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

4. Кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат мувофиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад.

5. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки нисбати музди меҳнати кормандон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, андозаи кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат мувофиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" бо дарназардошти ин коэффитсиентҳо ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

2. Мақоми ваколатдор оид ба пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

6. Кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат вобаста аз мақоми иҷтимоии шаҳрванди вафоткарда (ҳалокгардида) аз ҳисоби маблағҳои мақомоти зерин пардохт мегардад:

а) Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа:

- барои шаҳрвандони суғурташудае, ки то рӯзи вафот кор мекарданд;

- барои аъзои корношоямӣ оилаи вафоткардаи шахси суғурташуда;

- барои шаҳрвандони муваққатан бекоре, ки то рӯзи вафот мақоми бекорӣ доштанд ва кӯмакпулӣ барои бекорӣ мегирифтанд;

- барои шаҳрвандоне, ки то рӯзи вафот донишҷӯи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, аспирантура ва ординатура буданд;

- барои шаҳрвандоне, ки то рӯзи вафот аз мақомоти мазкур нафақа мегирифтанд.

б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо:

- барои шаҳрвандони бекоре, ки то рӯзи вафот мақоми бекорӣ надоштанд ва шахсони бе ҷои зисти муайян;

- барои аъзои оилаи корношоями шаҳрвандони бекори мақоми бекорӣ надошта ва аъзои оилаи корношоями нафақагирон;

- барои шаҳрвандони фавтида (ҳалокгардида), ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо менамуданд.

7. Дар сурати вафоти шаҳрвандоне, ки то рӯзи вафот дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои ислоҳӣ таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доштанд, агар маросими дафни онҳо аз ҷониби ин муассисаҳо анҷом дода шуда бошад, кӯмакпулӣ барои дафн пардохт карда намешавад. Маросими дафни ин гурӯҳи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои мазкур амалӣ мешавад.

8. Агар маросими дафни шаҳрвандоне, ки то рӯзи вафот дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои ислоҳӣ таҳти таъминоти пурраи давлат қарордошта аз ҷониби оилаи камбизоат анҷом дода шуда бошад, кӯмакпулӣ барои дафн мувофиқи талаботи банди 6 Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор пардохт карда мешавад.

3. Тартиби муроҷиати аъзои оилаи камбизоат барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн

9. Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандони дар зербанди а) банди 6 Тартиби мазкур пешбинишударо анҷом додааст, барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн бо ариза ба раёсати (шӯъбаи) Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҷои истиқомати худ муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;

- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;

- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида.

10. Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандони дар зербанди б) банди 6 Тартиби мазкур пешбинишударо анҷом додааст, барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн ба бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷои истиқомати худ бо ариза муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;

- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;

- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида.

11. Ариза барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн аз ҷониби мақоми дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи баъди бақайдгирии он баррасӣ карда мешавад.

12. Мақоми ваколатдор вазифадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз аризадиҳандаро дар хусуси қарори худ расман огоҳ намояд.

13. Кӯмакпулӣ барои дафн дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар муроҷиат барои он дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳ пас аз рӯзи вафоти шаҳрванд сурат гирифта бошад.

4. Тартиби пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

14. Кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат тавассути муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар ҷои истиқомати он пардохт карда мешавад.

15. Рӯйхати аъзои оилаи камбизоат, ки ба онҳо кӯмакпулӣ барои дафн барои шаҳрвандоне, ки дар зербанди а) банди 6 Тартиби мазкур пешбинигардида пардохт карда мешавад, ба мақоми пардохткунанда аз ҷониби раёсати (шӯъбаи) Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия (шаҳр) пешниҳод карда мешавад.

16. Рӯйхати аъзои оилаи камбизоат, ки ба онҳо кӯмакпулӣ барои дафн барои шаҳрвандоне, ки дар зербанди б) банди 6 Тартиби мазкур пешбинигардида пардохт карда мешавад, ба мақоми пардохткунанда аз ҷониби бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) пешниҳод мегардад.