Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2013, № 967 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 152) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 2 моддаи 5:

- ба банди 1) пас аз калимаҳои "ҷойи бақайдгирии давлатӣ ва" калимаҳои "ҳуқуқ ба моликият, инчунин" илова карда шаванд;

- банди 6) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6) талаботи бандҳои 1) ва 2) қисми 2 моддаи мазкурро тибқи дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ намоянд;";

- банди 6) банди 7) ҳисобида шавад.

2. Ҷумлаи дуюми банди 3) қисми 1 моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Тартиб ва мӯҳлати пешниҳод намудани маълумотро мақоми ваколатдор муайян мекунад.".

3. Дар қисми 1 моддаи 8:

- дар банди 4) калимаҳои "Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7) назорати иҷрои ӯҳдадориҳои андоз - аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;";

- банди 7) банди 8) ҳисобида шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

13 июни соли 2013, № 967

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 29 майи соли 2013, № 1200

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 12 июни соли 2013 № 498

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРОТИВОДЕЙСТВИИ ЛЕГАЛИЗАЦИИ (ОТМЫВАНИЮ) ДОХОДОВ, ПОЛУЧЕННЫХ ПРЕСТУПНЫМ ПУТЕМ, И ФИНАНСИРОВАНИЮ ТЕРРОРИЗМА"

Статья 1. В Закон Республики Таджикистан от 25 марта 2011 года "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №3, ст. 152) внести следующие изменения и дополнения:

1. В части 2 статьи 5:

- пункт 1) после слов "место государственной регистрации и" дополнить словами "права собственности, а также";

- дополнить пунктом 6) следующего содержания:

"6) реализовать требования пунктов 1) и 2) части 2 настоящей статьи в соответствии с инструкцией, принятой уполномоченным органом;";

- пункт 6) считать пунктом 7).

2. Второе предложнние пункта 3) части 1 статьи 7 изложить в следующей редакции: "Порядок и сроки представления информации определяются уполномоченным органом.".

3. В части 1 статьи 8:

- в пункте 4) слова "Министерством транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан" заменить словами "Службой связи при Правительстве Республики Таджикистан";

- дополнить пунктом 7) следующего содержания:

"7) контроль выполнения налоговых обязательств - Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан";

- пункт 7) считать пунктом 8).

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

13 июня 2013 года, № 967

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                       Ш. Зухуров

г. Душанбе, 29 мая 2013 года, № 1200

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, и финансированию терроризма"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, и финансированию терроризма", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, и финансированию терроризма".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                      М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 12 июня 2013 года, № 498