Дар Вазорати адлияи 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 ноябри соли 2012 
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, 
рақами бақайдгирӣ 138 "в"
 
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба тасдиқи Дастурамали №198 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти фондҳои қарзии хурд"
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали №198 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти фондҳои қарзии хурд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2011, №77 "Оид ба тасдиқ кардани Низомномаи №137 "Дар бораи фондҳои қарзии хурд" дар таҳрири нав", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли 2011, №138 "б" ба қайд гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Иҷрои бандҳои 2 ва 3 Қарори мазкур ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А.Ҳ. гузошта шавад.
аз 30 августи соли 2012 №195 ш. Душанбе
                          
                        
Дар Вазорати адлияи 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 ноябри соли 2012 
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, 
рақами бақайдгирӣ 138 "в"
 
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз "30" августи соли 2012, №195
тасдиқ шудааст
 
Дастурамали №198 
"Дар бораи тартиби танзими фаъолияти фондҳои қарзии хурд"
Дастурамал "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти фондҳои қарзии хурд" (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" таҳия шуда, тартиби танзими фаъолияти фондҳои қарзии хурдро муқаррар мекунад.
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дар Дастурамали мазкур мафҳуми асосии зерин истифода мешаванд:
- қарз - маблағе, ки аз ҷониби фонди қарзии хурд ба қарзгир (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода шудааст;
- қарзи хурд - қарзе, ки аз ҷониби фонди қарзии хурд ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода мешавад ва андозаи ниҳоии он барои шахсони воқеӣ аз 250 000 (дусаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 350 000 (сесаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ зиёд нест;
- фоизи қарз - ҳамаи маблағҳои бо фоиз ифодаёфта, нисбат ба маблағи қарз, ки қарзгиранда барои истифодаи он дар давраи муайян (моҳ, семоҳа, сол) пардохт менамояд.
2. ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ ФОНДИ ҚАРЗИИ ХУРД
2. Тартиби додан, бозхонд ва бекор кардани иҷозатнома ба фонди қарзии хурд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" амалӣ карда мешавад.
3. Фонди қарзии хурд, ки дар асоси шаҳодатномаи қаблан гирифташуда амал менамояд, ҳуқуқ дорад ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи иваз намудани шаҳодатномаи худ ба иҷозатнома муроҷиат намояд.
4. Ҳангоми аз ҷониби фонди қарзии хурд гум кардани иҷозатнома ба вай нусхаи (дубликати) иҷозатнома дода мешавад.
5. Фонди қарзии хурд вазифадор аст дар муҳлати 3 рӯз дар бораи гум кардани иҷозатномаи худ Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ намояд ва дар яке аз нашрияи расмӣ оид ба беэътибор донистани иҷозатномаи гумшуда эълон нашр намояд.
6. Барои гирифтани нусхаи (дубликати) иҷозатнома аз ҷониби фонди қарзии хурд ба Бонки миллии Тоҷикистон аризаро бо нусхаи эълон дар нашрияи расмӣ пешниҳод менамояд.
7. Нусхаи (дубликати) иҷозатнома ба фонди қарзии хурд дар муҳлати 30 рӯз пас аз ворид гардидани ариза дар асоси фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода мешавад.
3. ПЕШНИҲОДИ ҚАРЗИ ХУРД
8. Тартиби пешниҳоди қарзи хурд ба муштариён аз ҷониби фонди қарзии хурд бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
9. Андозаи фоизи қарз дар шартнома бо муштарӣ муқаррар карда мешавад.
4. ҚОИДАҲОИ ҲИСОБДОРӢ, САНҶИШ ВА АУДИТ
10. Фонди қарзии хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобдории муҳосибавӣ пеш мебарад ва ҳисоботи молиявӣ тартиб медиҳад.
11. Феҳрист, шакл ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботи муҳосибавӣ ва ҳисоботи дигар аз тарафи фонди қарзии хурд, ҳамчунин масъулият барои вайрон кардани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
12. Бонки миллии Тоҷикистон санҷиши фаъолияти фонди қарзии хурдро дар маҳалли ҷойгиршавӣ ва берун аз маҳалли ҷойгиршавии он анҷом медиҳад.
13. Фаъолияти фондҳои қарзии хурд ҳар сол таҳти аудити берунӣ қарор дода мешавад.
5. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ФОНДИ ҚАРЗИИ ХУРД
14. Азнавташкилдиҳии фонди қарзии хурд дар шакли муттаҳидшавӣ ва ҳамроҳшавӣ бо дигар фондҳои қарзии хурд баъди гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
15. Фонди қарзии хурд бо мақсади азнавташкилдиҳӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
-қарори шурои парасторони фонди қарзии хурд дар бораи азнавташкилдиҳӣ:
-маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, ихтисос, таҳсилот ва собиқаи корӣ;
-маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба иҷро кардани уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ барои соли охири фаъолият.
16. Бонки миллии Тоҷикистон дархости фонди қарзии хурдро дар бораи азнавташкилдиҳӣ дар муҳлати 1 моҳ баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул менамояд.
17. Қарор дар бораи додани розигӣ барои азнавташкилдиҳии фонди қарзии хурд аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
18. Дар ҳолатҳои зерин барои азнавташкилдиҳии фонди қарзии хурд розигӣ дода намешавад:
-агар фонди қарзии хурд дорои аломатҳои муфлисшавӣ бошад;
-агар нисбат ба фонди қарзии хурд қарор дар бораи барҳамдиҳӣ қабул гардида бошад;
-агар азнавташкилдиҳии фонди қарзии хурд хавфҳоро ба миён орад.
19. Барҳамдиҳии фонди қарзии хурд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" амалӣ мегардад.