Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат аз 29 июни соли 2012, № 107 "Дар бораи муқаррар намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии оилаҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 сентябри соли 2012

ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд,

рақами бақайдгирӣ 696

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

(ИҶЛОСИЯИ XI ДАЪВАТИ 4)

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии оилаҳо

Бо назардошти моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат аз 21 июни соли 2012 ва хулосаи комиссияи доимӣ оид ба қонуният ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат қарор мекунад:

1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии оилаҳо ба андозаи 0,03 гектар аз заминҳои обӣ ва ба андозаи 0,05 гектар аз заминҳои обёринашаванда, ки масоҳати сохтмонҳо ва ҳавлӣ ба ҳамин ҳисоб дохил мешаванд, муқаррар карда шавад.

2. Ба комиссияи ҷамъиятӣ, кумитаи заминсозӣ ва сармеъмори шаҳр супорида шавад, ки ҳангоми ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳо меъёри ҳадди ақали муқарраргардидаро ба инобат гиранд.

3. Қарори мазкур ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

4. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ оид ба қонуният ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ гузошта шавад.

Раиси

Маҷлиси вакилони халқи

шаҳри Ваҳдат                                       Анвари Вайсидин

аз 29 июни соли 2012 №107 ш.Вахдат

МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА ВАХДАТ (СЕССИЯ XI СОЗЫВ IV)

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об установлении минимального размера приусадебного земельного участка семей

В соответствии со статьёй 8 Конституционного закона "О местных органах государственной власти", статьёй 71 Земельного Кодекса Республики Таджикистан, представления Комитета по землеустройству города Вахдат от 21 июня 2012 года и заключения постоянной комиссии по законности и соблюдению правопорядка, Маджлис народных депутатов города Вахдат п о с т а н о в л я е т:

1. Установить минимальный размер приусадебного земельного участка семей, включая площадь занятую под строения, на орошаемых землях в размере до 0,03 гектара и на неорошаемых землях до 0,05 гектара.

2. Общественной комиссии, комитету по землеустройству и главному архитектору города руководствоваться данными минимальными размерами при выделении приусадебных земельных участков.

3. Настоящее постановление представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.

4. Настоящее постановление вступает в действие после его государственной регистрации и официального опубликования.

5. Контроль, за исполнением данного постановления, возложить на постоянную комиссию по законности и соблюдению правопорядка Маджлиса народных депутатов города Вахдат.

Председатель Маджлиса народных

депутатов города Вахдат                           Анвари Вайсидин

от 29 июня 2012 года, №107

 г. Вахдат