Тартиби танзими муайян намудани нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоии онҳо, ки дар бозори молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд аз 26 июли соли 2011, № 85

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 майи соли 2012

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 687

Бо фармоиши Сардори

Хадамоти зиддиинҳисории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 июли соли 2011, № 85

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ТАНЗИМИ МУАЙЯН НАМУДАНИ НАРХҲОИ (ТАРИФҲОИ) СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР Ё САТҲИ НИҲОИИ ОНҲО, КИ ДАР БОЗОРИ МОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАВҚЕИ ҲУКМФАРМО ДОРАНД

1. Тартиби мазкур дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол" бо мақсади муайян намудани нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоии онҳо, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармо доранд, бо шумули хизматрасониҳое, ки ба онҳо имконияти ба рақобат расонидани таъсири ҳалкунанда медиҳад, ба дигар субъектҳои хоҷагидор дастрас будани бозорро мушкил мегардонад ё ба таври дигар фаъолияти озоди иқтисодии онҳоро маҳдуд менамояд, таҳия шудааст.

2. Муайян намудани нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоии онҳо, ки ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфарморо доранд, бо мақсади пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона ҷорӣ гардида, барои барпо намудани шароити фаъолияти самарабахши бозорҳои мол равона шудааст.

3. Амали субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), ки боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва халалдор намудани манфиати дигар субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеӣ мегарданд, манъ аст, аз ҷумла:

- баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нархҳо (тарифҳо);

- муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё ҳамагуна амалҳои дигар;

- баланд бардоштан, паст кардан ё тағйр надодани нархҳо (тарифҳо) дар музоядаҳо ва савдо;

- зӯран ҷорӣ кардани (дастгирии) нархҳои харид ё савдо, ё дигар шартҳои беадолатонаи муомилот барои гирифтани фоидаи зиёди инҳисорӣ, бо мақсади бартараф намудани рақибон;

- маҳдуд сохтани истеҳсол ё фурӯши молҳо бо мақсади беасос баланд бардоштани нархҳо;

- аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;

- беасос баланд бардоштани (паст кардани) нархҳои амалкунанда ба маҳсулот, мол (хизматрасонӣ), ки ба онҳо талабот мавҷуд аст;

- вайрон кардани қоидаи нархгузорӣ, ки дар асоси санади меъёрӣ муқаррар шудааст;

- муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;

- ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;

- беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмокунандагон талабот доранд ё онҳоро фармудаанд, агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;

- беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад;

- маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;

- ихтисор ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ ё фармоиш вуҷуд дорад, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо.

4. Бо мақсади маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, роҳ надодан ва барҳамдиҳии рақобат, ҳамчунин халалдор намудани манфиатҳои дигар субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеӣ, муайян намудани нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоии онҳо, ки дар бозори моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, баъди мувофиқа бо мақомоти ваколатдори амаликунандаи сиёсати зиддиинҳисорӣ (минбаъд-мақомоти ваколатдор) ба амал бароварда мешавад.

5. Оид ба тағйироти пешбининамудаи нархҳои (тарифҳо) озод (бозоргонӣ) субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, вазифадор мебошанд дар мӯҳлати 3 рӯз ба мақомоти ваколатдор иттилоъ расонанд.

6. Барои мувофиқаи нархҳо (тарифҳо) субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- асоснокии сабабҳо ҳангоми мавҷудияти тағйирёбии сатҳи нархҳо (тарифҳо);

- натиҷаи истифодаи нархҳои амалкунанда, дараҷаи фоиданокии воқеӣ, андозаи фоидаи (зарари) эҳтимолӣ барои давраи минбаъда;

- калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот, молҳо (хизматрасониҳо) бо рамзкушоии тамоми моддаҳои хароҷот;

- даромад ва хароҷотҳо, аз рӯи намуди маҳсулот, молҳо (хизматрасониҳо) бо ифодаи арзиш ва миқдор;

- сметаи хароҷот ва даромад тибқи воситаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии махсус, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, инчунин маълумотҳои ҳисоботӣ оид ба иҷрои воқеии сметаҳои тасдиқшуда (барои муассисаҳои давлатӣ);

- ҷадвали муқоисавии нархҳои (тарифҳои) амалкунанда ва ҷоришаванда;

- нусхаи тавозуни муҳосибӣ бо зимимаҳояш барои соли ҷорӣ.

Лоиҳаҳои нархҳо (тарифҳо) барои баррасӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо имзои роҳбарони субъектҳои хоҷагидор пешниҳод карда мешаванд. Роҳбарони субъектҳои хоҷагидор, барои дуруст будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашуда ҷавобгар мебошанд.

Мақомоти ваколатдор вазифадор аст, ки дар мӯҳлати як ҳафта, баъд аз гирифтани ҳамаи маълумотҳои зарурӣ, оид ба танзими нархҳо (тарифҳо) бо мувофиқаи минбаъдаи онҳо қарор қабул намояд.

7. Қарори қабулнамудаи мақомоти ваколатдор оид ба мувофиқаи нархҳо (тарифҳо) ё сатҳи ниҳоии онҳо дар мӯҳлати 3 рӯз ба субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, равон карда мешавад.

8. Субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, тартиби муқаррарнамудаи ташкили нархҳои (тарифҳои) мол, маҳсулот (хизматрасониҳо)-ро вайрон кардаанд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Утвержден

Распоряжением Начальника

Антимонопольной Службы при Правительстве Республики Таджикистан

от 26 июля 2011 года,№85

ПОРЯДОК

ОПРЕДЕЛЕНИЯ ЦЕН (ТАРИФОВ) ИЛИ ИХ ПРЕДЕЛЬНОГО УРОВНЯ ХОЗЯЙСТВУЮЩИХ СУБЪЕКТОВ, ЗАНИМАЮЩИХ ДОМИНИРУЮЩЕЕ ПОЛОЖЕНИЕ НА ТОВАРНОМ РЫНКЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

1. Настоящий Порядок разработан на основании статьи 13 Закона Республики Таджикистан "О конкуренции и ограничении монополистической деятельности на товарных рынках" с целью определения цен (тарифов), или их предельного уровня хозяйствующих субъектов, занимающих доминирующее положение на определенном товарном рынке, включая услуги дающее им возможность оказывать решающее влияние на конкуренцию, затруднять доступ на рынок другим хозяйствующим субъектам или иным образом ограничивать свободу их экономической деятельности,

2. Определения цен (тарифов), или их предельного уровня хозяйствующих субъектов, включённых в Реестр хозяйствующих субъектов, занимающих, доминирующее положение на товарном рынке Республики Таджикистан вводится в целях предупреждения, ограничения и пресечения монопольной деятельности и недобросовестной конкуренции и направлен для создания условий эффективного функционирования товарных рынков.

3. Запрещается действия хозяйствующих субъектов (группы лиц), которые имеют либо могут иметь своим результатом недопущение, ограничение, устранение конкуренции и ущемление интересов других хозяйствующих субъектов (группы лиц) или физических лиц в том числе:

- повышение, снижение или поддержание цен (тарифов);

- установление (поддержание) цен (тарифов), скидок, надбавок (доплат), наценок, затрат, прибыли или любых других компонентов;

- повышение, снижение или поддержание цен на аукционах и торгах;

-навязывание (поддержание) покупных или продажных цен или других несправедливых условий сделки для получения монопольно высокой прибыли, с целью устранения конкурентов;

-ограничение производства или реализации товаров с целью необоснованного повышения цен;

- изъятие товаров из обращения с целью или результатом, которого является создание или поддержание дефицита на рынке либо повышение цен;

- необоснованное повышение (понижение) действующих цен на продукцию, товары (услуги), пользующиеся спросом;

- нарушение установленного нормативными актами порядка ценообразования;

- установление, поддержание монопольно высоких (низких) цен;

- необоснованное экономическими, техническими и иными условиями установление различных цен (тарифов) лицам, приобретающим один и тот же товар;

- необоснованное сокращение или прекращение производства товаров, на которые имеются спрос или заказы потребителей, при наличии безубыточной возможности их производства;

- необоснованный отказ от заключения договора с отдельными покупателями (заказчиками) при наличии возможности производства или поставки соответствующего товара;

- ограничение доступа на рынок или устранение из него других хозяйствующих субъектов в качестве продавцов определённых товаров или их покупателей (заказчиков);

- сокращение или прекращение производства товаров, на которые имеются спрос или заказы при наличии безубыточной возможности их производства.

4. В целях ограничения и пресечения монополистической деятельности, недопущение и устранение конкуренции, а также ущемление интересов других хозяйствующих субъектов (группы лиц) или физических лиц, определение цен (тарифов), или их предельного уровня хозяйствующих субъектов, занимающих доминирующее положение на определённом товарном рынке Республики Таджикистан, осуществляется после согласования с уполномоченным органом, осуществляющий антимонопольную политику (далее - уполномоченный орган).

5. О предстоящих изменениях свободных (рыночных) цен (тарифов) хозяйствующие субъекты занимающие доминирующее положение на определённом товарном рынке Республики Таджикистан обязаны в течении трёх дней информировать уполномоченный орган.

6. Для согласования цен(тарифов) хозяйствующие субъекты, занимающие доминирующее положение на определённом товарном рынке Республики Таджикистан представляют в уполномоченный орган следующие документы:

- обоснование причин при наличии изменения уровня цен (тарифов);

- результат применения действующих цен на услуги, размер вероятной прибыли (убытки) для предстоящего периода;

- калькуляцию себестоимости товара, с расшифровкой всех статей затрат;

- смету расходов и доходов по бюджетным и специальным внебюджетным средствам, утверждённые Министерством финансов Республики Таджикистан;

- отчётные данные о фактическом исполнении утверждённых смет;

- сравнительную таблицу действующих и вводимых цен (тарифов).

Проекты цен (тарифов), с приложениями необходимых документов представляются на рассмотрение за подписью руководителей хозяйствующих субъектов.

Уполномоченный орган обязан в недельный срок после получения всей необходимой информации принять решение о регулировании цен (тарифов), с последующим их согласованием.

7. Принятое уполномоченным органом решение по согласованию цен (тарифов), или их предельного уровня в трёхдневный срок направляется хозяйствующим субъектам, занимающие доминирующее положение на определённом товарном рынке Республики Таджикистан.

8. Хозяйствующие субъекты, занимающие доминирующее положение на определённом товарном рынке Республики Таджикистан допустившие нарушения требований антимонопольного законодательства, установленного порядка формирования цен (тарифов) на продукцию, товары (услуги) несут ответственность в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан.