Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 апрели соли 2012
баќқайди давлатӣ гирифта шудааст,
Рақами баќқайдгирӣ 683
МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАЪВАТИ ЧОРУМ
ҚАРОР
Дар бораи муқаррар намудани меъёри андозҳои маҳаллӣ барои соли 2012
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаҳои 325-341 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Меъёри андозҳои маҳаллӣ ба таври зайл муқаррар карда шаванд:
- молу мулки ғайриманқул, ки ба сифати биноҳои истиқоматӣ истифода мешаванд, ба андозаи 15 карата; меъёри андози замин муқаррар карда шуда аз:
- молу мулки ғайриманқул, ки ба сифати биноҳои истиқоматӣ истифода мешаванд, ба андозаи 15 карата;
- молу мулки ғайриманқуле, ки барои амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ ташкили хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ истифода мешаванд, ба андозаи 60 карата;
- молу мулки ғайриманқул, ки ба дигар мақсадҳои дар ҳамин қисм зикрнаёфта истифода мешавад, ба андозаи 40 карата;
- барои шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоб кардани манбаи андози майдони биноҳои ғайриманзилии алоҳида ҷойгиршуда (гараж, саройҳо ва монанди инҳо) баробари 50 фоиз, биноҳои нигоҳдории чорво 20 фоиз қабул карда шавад.
- молу мулки ғайриманқуле, ки моликияти (дар баланси) ташкилотҳои буҷетӣ ё корхонаҳои на камтар аз 50 фоизи кормандонаш маъюбон мебошанд ва мустақиман барои иҷрои вазифаҳои оинномавиаш истифода мебарад ва ба иҷора ё истифодаи шахси дигар дода нашудааст (ба истиснои иҷора ё ба истифода додани ташкилоти буҷетӣ) андозбандӣ намегардад.
- молу мулки ғайриманқул дар намуди хонаи истиқоматӣ ва дигар биною иморат ва иншоот дар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ё як қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷойдошта ва ё як ҳуҷра, ки дар он Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки ба ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузури Ватании солҳои 1941 - 1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайси артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, иштирокичиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчун як бӯстонсарой ва як гараж, ки моликияти шахсони дар ҳамин сархат зикргардида ба ҳисоб меравад, андозбандӣ намегарданд.
б) меъёри андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт вобаста ба намуди воситаҳои нақлиёт тафриқа шудаанд ва тибқи замимаи №1 (ба ҳисоби 1 қувваи аспи иқтидори муҳаррик) муқаррар карда шавад.
Аз супоридани ин намуди андоз соҳибони воситаҳои зерини нақлиёт озод мебошанд:
- мошинҳо ва мехнанизмҳои тасмачарх;
- комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундорӣ ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачинӣ;
- автобусҳо ва корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашӣ дар шаҳрҳо истифода мебаранд;
- мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи ба маъюбон таалуқдошта;
- як автомобил новобаста аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки ба ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузури Ватании солҳои 1941 - 1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайси артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, иштирокичиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мебошад.
в) меъёри андоз аз фурӯши чакана дар ҳаҷми 3 фоизи нархҳои озод (бозорӣ) муқаррар карда шавад.
2. Нозироти андозҳои ноҳия ҷамъоварии маблағи андозҳои муқарраргардидаро тибқи Дастурамали тасдиқгардида ба роҳ монад.
3.Қарори мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
4. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
аз 27 декабри соли 2011, №81 ш. Файзобод
Замимаи № 1
Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Файзобод
аз 27 декабри соли 2011,№81
Меъёрҳои андози соҳибони воситаҳои нақлиёт
+-------------------------------------+----------------------------ҷ
| |Андоз бо фоиз нисбати |
| Номи объектҳои андозбандӣ |нишондиҳанда барои ҳисобҳо, |
| |ки дар рӯзи супоридани андоз|
| |амал мекунад. |
+-------------------------------------+----------------------------+
| Мотосикл ва маторолерҳо | 2,5 фоиз |
+-------------------------------------+----------------------------+
| Автомобилҳои сабукрав | 5 фоиз |
+-------------------------------------+----------------------------+
| Автобусҳо (то 12 ҷой) | 6,25 фоиз |
+-------------------------------------+----------------------------+
| Автобусҳо (барои 13-30 ҷой) | 7,5 фоиз |
+-------------------------------------+----------------------------+
| Автобусҳо (зиёда аз 30 ҷой) | 8,75 фоиз |
+-------------------------------------+----------------------------+
| Автомобилҳои боркаш ва дигар | 10 фоиз |
| воситаҳои нақлиёти иқтидори | |
| борбардориашон то 10 тонна | |
+-------------------------------------+----------------------------+
| Автомобилҳои боркаши иқтидори | 11,25 фоиз |
| борбардориашон аз 10 то 20 тонна | |
+-------------------------------------+----------------------------+
| Автомобилҳои боркаши иқтидори | 12,5 фоиз |
| борбардориашон аз 20 то 40тонна | |
+-------------------------------------+----------------------------+
| Автомобилҳои боркаши иқгидори | 13,75 фоиз |
| борбардориашон зиёда аз 40 тонна | |
+-------------------------------------+----------------------------+
МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ФАЙЗАБАДСКОГО РАЙОНА четвертый созыв
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении местных налоговых ставок на 2012 год
В соответствии со статьей 8 Конституционного Закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", и статьями 325 - 341 Налогового кодекса Республики Таджикистан, Маджлис народных депутатов Файзабадского района
ПОСТАНОВЛЯЕТ:
1) Установить ставки местного налога следующим образом:
а) Ставки налога на недвижимое имущество устанавливаются в кратном размере от ставок земельного налога:
- недвижимое имущество, используемое в качестве жилых помещений в 15 кратном размере;
- недвижимое имущества, используемое для осуществления торговой деятельности, организации пунктов общественного питания и бытового обслуживания населения в 60 кратном размере;
- недвижимое имущество, используемое для иных целей, не указанных в настоящей части в 40 кратном размере;
- для физических лиц при расчёте налоговой базы площадь обособленно расположенных нежилых помещений (гаражей, сараев и тому подобное) принимается равной 50 процентам, а площадь помещений для содержания животных равной 20 процентам облагается налог;
- данным налогом не облагается недвижимое имущество являющееся собственностью (находящееся на балансе) бюджетной организации или предприятий, не менее 50 процентов работников которых составляют инвалиды, для выполнения своих уставных задач и не переданное в аренду или пользование другому лицу (за исключением передачи в аренду или пользование бюджетной организации);
- данным налогом не облагается недвижимое имущество в виде жилого дома и иных зданий, строений и сооружений расположенных на одном приусадебном земельном участке или одном земельном участке для жилищного строительство, или одной квартиры в которых прописаны Герой Советского Союза, Герой Социалистического Труда, Герой Таджикистана, лица награжденные орденом Славы всех трех степеней, участники Великой Отечественной Войны 1941 , 1945 годов, приравненные к ним лица, участники других военных операций по защите СССР из числа военнослужащих, проходивших службу в воинских частях, штабах и учреждениях, входивших в состав действующей армии, бывшие партизаны, воины-интернационалисты, инвалиды 1 и 2 группы, участники катастрофы Чернобыльской атомной электростанции, а также одна дача и один гараж являющиеся собственностью лиц, указанных в настоящем абзаце.
б) Налоговые ставки с владельцев транспортных средств дифференцированы по видом транспортных средств и установить согласно приложением №1 (в расчете на 1 лошадиную силу мощности двигателя):
От уплаты данного налога освобождаются владельцы следующих транспортных средств:
- машины и механизмы на гусеничном ходу;
- зерноуборочные и специальные, в том числе хлопкоуборочные, комбайны с двигателями;
- автобусы и используемые предприятиями автотранспорта общего пользования для перевозки пассажиров в городах;
- принадлежащие инвалидам мотоколяски и автомобили с ручным управлением;
- один автомобиль независимо от мощности двигателя, являющийся собственностью Героя Советского Союза, Героя Социалистического Труда, Героя Таджикистана лиц, награжденных орденом, Славы всех трех степеней, участников Великой Отечественной Войны 1941 , 1945 годов, приравненных к ним лиц, участников других военных операций по защите СССР из числа военнослужащих, проходивших службу в воинских частях, штабах и учреждениях, входивших в состав действующей армии, бывших партизан, воины интернационалистов, инвалиды 1 и 2 группы, участников катастрофы Чернобыльской атомной электростанции;
в) ставка налога от розничной продажи установит в размере 3-х процентов от свободных (рыночных) цен.
2. Налоговой инспекции района наладить сбор налогов согласно утвержденной Инструкции.
3. Данное Постановление в установленном законодательством порядке представить на государственную регистрацию в Министерство юстиции Республика Таджикистан.
4. Настоящие Постановление вести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
Председатель Маджлиса А. Хакимов
г. Файзобод,
от 27 декабря 2011 года, №81
* приложение № 1 приводится в оригинале