Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 феврали соли 2012 бақайди давлатӣ гирифта шудааст,
Рақами бақайдгирӣ 680
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз "10" феврали c.2012 № 35
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои муқаррар намудани талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда, мудири махсуси ташкилоти қарзӣ ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон
Қоидаҳои мазкур тибқи қисми 1 моддаи 9 ва қисми 2 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" таҳия гардида, талаботи тахассусиро барои барҳамдиҳанда, мудири махсус ва тартиби аз ҷониби онҳо гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
1. Муқаррароти умумӣ
1. Барҳамдиҳанда - шахси воқеии дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро бе асосҳои муфлисшавӣ анҷом медиҳад.
2. Мудири махсус - шахси воқеии дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро аз рӯи асосҳои муфлисшавӣ анҷом медиҳад.
3. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд мудири махсус ва ё барҳамдиҳанда бошанд.
2. Талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда ва мудири махсус
4. Барҳамдиҳанда ва мудири махсус бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
- собиқаи кории на камтар аз панҷсола бо ихтисосҳои иқтисодчӣ, муҳосиб, ревизор, ҳуқуқшинос;
- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ вобаста ба ҷиноятҳои қасдона ё хусусиятҳои коррупсионидошта;
- дар давоми ҳафт соли охир аз тарафи суд муфлис эълон нашуда бошанд;
- аз тарафи суд аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум нашуда бошанд;
- оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолият ва барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ дониши кофӣ дошта бошанд.
3. Тартиби гирифтани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсус
5. Барои гирифтани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус, довталабон ба Бонки миллии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
-маълумот оид ба надоштани доғи судӣ вобаста ба ҷиноятҳои қасдона ё хусусиятҳои коррупсионидошта.
6. Дар ариза довталаб бояд мушаххас қайд намояд, ки довталаби кадом намуди шаҳодатнома (барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус) аст.
7. Аризаи довталаб дар мӯҳлати як моҳ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
8. Дар ҳолати муайян шудани номувофиқии ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашуда ба талаботи муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон ариза ва ҳуҷҷатҳоро бо зикри номувофиқатӣ дар мактуб қайд намуда, ба довталаб бармегардонад.
9. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад, ки мӯҳлати дар банди 7 Қоидаҳои мазкур пешбинигардидаро то 10 рӯзи кории дигар тамдид намуда, дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор кунад.
10. Баъди гузаштани санҷиши тахассусӣ тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба довталабон шаҳодатномаҳои тахассусии барҳамдиҳанда ва мудири махсус (замимаҳои №1, №2) дода мешавад.
4. Санҷиши тахассусӣ
11. Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши довталабон оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолият ва барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ санҷиши тахассусии онҳо гузаронида мешавад.
12. Санҷиши тахассусии довталабон аз ҷониби Комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи тахассусӣ) тавассути сӯҳбат, саволу ҷавоб ё санҷиши тестӣ гузаронида мешавад.
13. Комиссияи тахассусӣ бо Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
14. Ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ як маротиба дар як моҳ гузаронида шуда, ҳангоми иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор мебошанд.
15. Дар бораи ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ довталабон қаблан на дертар аз даҳ рӯзи баргузории он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд.
16. Ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи тахассусӣ ва ҳангоми набудани ӯ, таҳти роҳбарии муовини ӯ гузаронида мешаванд.
17. Қарорҳои Комиссияи тахассусӣ бо аксарияти овозҳои аъзои он, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул карда мешаванд. Дар сурати баробарии овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ ҳалкунанда ҳисобида мешавад.
18. Довталабоне, ки аз санҷиши тахассусӣ нагузаштаанд, баъди се моҳ метавонанд такроран дар санҷиши тахассусӣ иштирок намоянд.
5. Асос ва тартиби бекор кардани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсус
19. Шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсус дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:
-аз ҷониби суди иқтисодӣ озод намудани барҳамдиҳанда ё мудири махсус аз иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда;
-аз ҷониби барҳамдиҳанда ё мудири махсус вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ;
20. Оид ба бекор кардани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсус Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мебарорад.
Замимаи №1 ба
Қоидаҳои муқаррар намудани
талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда,
мудири махсус ва тартиби
гирифтани шаҳодатномаи
Бонки миллии Тоҷикистон
Шаҳодатномаи барҳамдиҳандаи ташкилоти қарзӣ
№_____ аз "____" "________" соли 201
Шаҳодатномаи мазкур ба __________________________________________ дар асоси
(ному насаб)
Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз "___" ______ соли 201___ бемӯҳлат дода шудааст.
Раиси Бонки
миллии Тоҷикистон А. Ширинов
Замимаи №2 ба
Қоидаҳои муқаррар намудани
талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда,
мудири махсус ва тартиби
гирифтани шаҳодатномаи
Бонки миллии Тоҷикистон
Шаҳодатномаи мудири махсуси ташкилотҳои қарзӣ