Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
17 феврали соли 2012
баќқайди давлатӣ гирифта шудааст,
Рақами бақайдгирӣ 682
Бо фармоиши
Вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 феврали соли 2012, № 34
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШ, БАҚАЙДГИРӣ ВА ҲИФЗИ НАВЪҲОИ РАСТАНӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Тартиби мазкур ҳуҷҷати заминавиест, ки тартиб ва талаботро нисбати бақайдгирии навъҳои нави растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ муқаррар менамояд.
Тартиби мазкур тибқи талаботи моддаҳои 14 ва 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" (аз 5 январи соли 2008, № 355) ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ" (аз 29 декабри соли 2010, №672) тартиб дода шудааст.
§1. Мафҳумҳои асосӣ
1. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода шудаанд:
- мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ - Муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- навъи растанӣ - гурӯҳи набототии растаниҳое мебошад, ки ба табақаи (таксони) хурдтарини маълуми набототӣ мансуб буда, навобаста аз пурра қонеъ карда тавонистани шартҳо барои пешниҳоди ҳуқуқии селексионер метавонад аз рӯи дараҷаи зоҳиршавии аломатҳое, ки натиҷаи татбиқи генотипи мазкур ё комбинатсияи генотипҳо зоҳир гардад, аз ҳама гуна гурӯҳҳои дигари растаниҳо бо дараҷаи зоҳиршавии аққалан яке аз аломатҳо фарқ кунад, ҳамчун ҷузъи ягона аз нуқтаи назари қобилияти афзоиш ва ҳосилкунии растании комили ин навъи растанӣ баррасӣ шавад;
- бақайдгирии навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ - номнавис намудани навъи растанӣ ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ;
- аломатҳои муфид (арзишнокӣ барои парвариш ва истифода) - аломатҳои аз ҷиҳати хоҷагӣ арзишноки навъи растанӣ, ки барои парваришкунандаи растанӣ ё истифодакунандаи маводи ниҳоии он муфид мебошанд ва маҳз барои он аломатҳо навъи растанӣ парвариш меёбад;
- аломатҳои мушаххаскунандаи навъи растанӣ - аломатҳои фарқкунандагӣ, ҳамгунӣ ва устувории (ФҲУ) навъи растанӣ. Ба аломатҳои мушаххаскунандаи навъи растанӣ аломатҳои зоҳирӣ ё морфологии растанӣ, шомил мебошанд. Баҳри омӯзиши аломатҳои навъ мумкин аст усулҳои ҷадиди биологияи молекулавӣ, аз қабили электрофорез ва технологияи КДН, истифода шаванд;
- селексионер - шахсе, ки навъи нави растаниро баровардааст ё навъеро кашф карда, такмил додааст, ё ин ки корфармо ё ворисони ҳуқуқии онҳо;
- Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ - феҳристи расмие, ки ба он навъҳои растании барои истеҳсол ва истифодаи тиҷоратӣ иҷозатдодашуда, ба қайд гирифта мешаванд. Инчунин дар Феҳристи мазкур бо дархости селексионер (оригинатор) навъҳои растанӣ ҳифз карда мешавад, ки ин навъҳо қиммати аломатҳои муфид надошта, аз рӯи аломатҳои мушаххаскунандаи навъ нисбат ба навъҳои пешин фарқият дошта бошад;
- мақоми ваколатдор - мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш ва бақайдгирии навъҳои растанӣ;
- нигаҳдории навъи растанӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ба афзункунии маводи ибтидоии навъи бақайдгирифташуда равонагашта, ки имкон медиҳанд, то аломатҳои навъ аз тавсифи расмии навъ ҳангоми бақайдгирии он дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ фарқ накунанд;
- нигаҳдорандаи навъ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ ба ҳайси масъул барои нигаҳдории навъ ба қайд гирифта шудааст;
- дархосткунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои ба қайд гирифтани навъи растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ ба мақоми ваколатдор дар шаклҳои қабулгардида Замимаи 4 дархост пешниҳод мекунад;
- аз нав бақайдгирии навъ - такроран ба қайд гирифтани навъ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ баъд аз тамом шудани мӯҳлати бақайдгирӣ ё баъди аз қайд баровардани навъ;
- навъи номзад - навъи растание, ки барои ба қайд гирифтани он ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ дархост пешниҳод шудааст;
- тавсифи расмӣ - тавсифи набототии навъи бақайдгирифташуда (тавсифи навъ), ки дар асоси натиҷаҳои санҷиши аломатҳои мушаххаскунандаи навъи растанӣ тартиб дода мешавад;
- тухмӣ - қисми растанӣ (тухмӣ, дона, мева, лӯндамева, бехмева, пиёзак, қаламча, ниҳол, кӯчат ва ғайра), ки барои такрористеҳсоли навъи растанӣ истифода мешавад.
§2. Мақсади бақайдгирии навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ
2. Бақайдгирии навъи растанӣ пеш аз ҳама бо мақсади бо навъҳои беҳтарин таъмин намудани истеҳсолоти кишоварзӣ гузаронида мешавад. Бо баробари ба қайд гирифтани навъи нави растанӣ кафолат дода мешавад, ки он ба талаботи маҳаллии истеҳсолоти кишоварзӣ ҷавобгӯ аст ва нисбат ба дигар навъҳои парваришшаванда аз ҷиҳати аломатҳои муфид афзалият дорад.
3. Бақайдгирии навъи растанӣ аз инҳо иборатанд:
- ҳимояи манфиатҳои давлат ва деҳқонон аз воридот ва истифодаи навъҳои тасодуфӣ ва пастсифат;
- мусоидат баҳри дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои нави хушсифат, ки дар Тоҷикистон ё дигар давлатҳо бароварда шудаанд;
- таъмини интихоби озодонаи навъи растанӣ аз ҷониби деҳқонон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
- таъмини нигоҳдории дурусти навъҳои растанӣ дар тамоми давраи дар истифодаи тиҷоратӣ қарор доштани он;
- таъмини гузоштани номи дуруст ба навъи тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ.
БОБИ 2. СИСТЕМАИ НАВЪСАНҶӢ
§1. Мақоми ваколатдор
4. Фаъолияти системаи навъсанҷӣ таҳти назорати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ (минбаъд мақоми ваколатдор) қарор дорад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011 таҳти №281 мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ - Муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаст.
5. Мақоми ваколатдор навъҳои нави намудҳои растаниеро, ки дар шароити Тоҷикистон парвариш меёбанд ва дорои аҳамияти иқтисодӣ мебошанд, аз санҷишҳои расмӣ мегузаронад. Номгӯи ин намудҳои растанӣ дар Замимаи 1 оварда шудааст.
6. Бо мақсади танзими фаъолияти системаи санҷиш ва бақайдгирии навъҳо бо фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ (минбаъд Комиссия) таъсис дода мешавад, ки он нисбати масъалаҳои ба бақайдгирии навъи растанӣ вобаста қарор қабул менамояд.
7. Ҳайати Комиссия бо фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати Комиссия роҳбарони мақомоти ваколатдори соҳаи кишоварзӣ, олимон ва кормандони муассисаҳои илмӣ, инчунин мутахассисони соҳаи тухмипарварӣ дохил мешаванд. Ҳайати Комиссия дар панҷ сол як маротиба таъин карда мешавад.
8. Мақоми ваколатдор барои гузаронидани санҷиши расмӣ ва бақайдгирии навъҳои растанӣ амалиёти зеринро иҷро менамояд:
- тайёр намудани намунаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гузаронидани санҷиш ва бақайдгирии навъҳои растанӣ;
- қабули дархостҳо барои бақайдгирии навъҳои растанӣ;
- қабули намунаи тухмии навъҳои номзад;
- омӯзиши аломатҳои мушаххаскунандаи навъи растанӣ тавассути гузаронидани санҷиши аломатҳои мушаххаскунандаи навъи растанӣ;
- таҳлили натиҷаҳо санҷиши аломатҳои мушаххаскунандаи навъи растанӣ ва тайёр намудани тавсифи расмии навъи номзад;
- гузаронидани санҷиши аломатҳои муфиди навъи растанӣ ва таҳлили натиҷаҳои санҷиш;
- тартиб додани ҳисобот оиди ҳар як навъи номзад барои пешкаш намудан ба Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ;
- пешниҳоди қабул ё инкор намудани навъи номзад;
- тартиб додани дастурҳои услубӣ барои гузаронидани санҷишҳои аломатҳои мушаххаскунанда ва аломатҳои муфиди навъи растанӣ, ҷамъ овардани маълумот аз натиҷаи ин санҷишҳо ва таҳлили онҳо;
- ташхиси дархости бақайдгирии навъи растанӣ ва номи ба он пешниҳоднамудаи дархосткунандаро мегузаронад;
- дар ҳолати номутобиқатии дархостҳо барои бақайдгирӣ ё номи навъи растанӣ, қабули онҳоро рад менамояд;
- дар асоси натиҷаҳои санҷиши навъи растанӣ ба Комиссияи минтақабобкунӣ ҷиҳати қабул ё рад намудани бақайдгирии навъи номзад пешниҳод ирсол мекунад;
- дархостро ҷиҳати бақайдгирии номи нигаҳдорандаи дигари навъи растанӣ қабул мекунад, меомӯзад, тасдиқ ва ё рад мекунад.
- нашри иттилоот оиди фаъолияти системаи навъсанҷӣ.
9. Дар асоси қарори Комиссияи мақоми ваколатдор Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растаниро тибқи намунаи дар Замимаи 2 овардашуда тартиб дода, бо танзим нигоҳ медорад ва соле як маротиба ба таври расмӣ ба забони давлатӣ нашр ва дастрасӣ омма менамояд.
§2.Ҳуҷҷатгузории мақоми ваколатдор
10. Мақоми ваколатдор ҳар як дархостро бо ифодаи маълумоти зерин ба қайд мегирад:
- санаи пешниҳоди дархост ба мақоми ваколатдор ва рақами бақайдгирии он;
- санаи нашри маълумоти муфассал оиди дархост;
- ному насаб ва суроғаи дархостдиҳанда;
- тавсифномаи аломатҳои навъи растанӣ, ки дархостдиҳанда пешниҳод мекунад;
- номи ба навъ аз ҷониби дархосткунанда пешниҳодшуда;
- ҳар гуна маълумоти дигари дахлдор.
11. Барои ҳар як навъи ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ дохилшуда, мақоми ваколатдор маълумоти зеринро низ ба қайд мегирад:
- намудҳо, ном ва тавсифи расмии навъ;
- санаи бақайдгирии навъ ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ тамоми ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо навъ ба қайд гирифта шудааст;
- санаи ба анҷом расидани мӯҳлати қайди навъ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ;
- ному насаб ва суроғаи нигаҳдорандаи навъ;
- бекор намудан ва ё тағйир додани нигаҳдорандаи навъ тибқи бандҳои 21 ва 22 тартиби мазкур;
- номи ҳаргуна шахсе, ки хоҳиши аз нав ба қайд гирифтани навъеро дорад, ки қайди он мутобиқи банди 77 тартиби мазкур ба итмом расидааст;
- ҳар гуна маълумоти дигари дахлдор.
12. Ҳангоми зарурат, барои муқаррар намудани аломатҳои фарқкунандагии навъи номзад, санҷиши (волидони) навъ ё намунаҳои барои истеҳсоли дурага истифодашаванда ва навъҳои синтетикӣ низ гузаронида мешавад. Дар ин ҳолат, агар дархосткунанда талаб намояд, пас мақоми ваколатдор кафолат медиҳад, ки ҳамаи маълумоти ба дастомада махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва ба маълумоти дар банди 5 тартиби мазкур қайдгардида, дохил карда намешавад.
13. Ба ғайр аз маълумоти махфӣ, ки дар боло қайд гардидааст, тамоми дигар маълумоте, ки тартиби мазкур дар бар мегирад, бояд дастраси омма бошад ва ҳангоми зарурат аз ҷониби мақоми ваколатдор ба тарафҳои манфиатдор бар ивази пардохт пешкаш карда мешавад.
§3. Нашри иттилоот
14. Мақоми ваколатдор бояд мунтазам дар нашрияҳои чопии худ маълумоти зеринро нашр намояд:
- дархостҳо барои бақайдгирии навъи растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ, инчунин санаи қабули дархост ва номи ба навъ пешниҳодшуда;
- бақайдгирии навъҳои растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ ва санаи бақайдгирӣ;
- бекор намудани дархостҳо барои ба қайдгирии навъ ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ;
- рад намудани дархостҳо барои ба қайдгирии навъ ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ;
- тағйирот дар рӯйхати шахсон (дархосткунандагон, дорандагони ҳуқуқ ва иштирокчиёни ҷараёни супоридани дархост);
- қатъи бақайдгирии навъ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ;
- номгӯй ва ҳаҷми маблағи хизматрасонии пулакӣ;
- эълонҳои расмии ба бақайдгирии навъ вобаста.
15. Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад, ки баъд аз нашр шудани маълумот дар нашрияҳои чопии худ онро бо истифода аз системаҳои электронӣ дастраси умум гардонад.
§4. Пешниҳоди хизматрасонии пулакӣ
16. Мутобиқи моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ва моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ" мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад аз тарафҳои манфиатдор, инчунин аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои хизматҳои расонидашуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи пардохт талаб намояд.
§5. Нигаҳдорӣ ва нигаҳдорандаи навъи растанӣ
17. Нигаҳдорандаи навъ вазифадор аст, ки навъро дар тӯли тамоми давраи дар қайд буданаш, тавре нигоҳ дорад, ки аломатҳои тавсифи расмии навъ ҳангоми ба қайд гирифтани он дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ, пурра нигоҳ дошта шаванд.
18. Нигаҳдорандаи навъи растанӣ ҳамаи наслҳои навъи нигаҳдошташавандаро ба қайд мегирад ва ин қайдҳояшро дар ҳолати аз ҷониби мақоми ваколатдор талаб намудан, ройгон пешниҳод менамояд. Инчунин ӯ, ҳангоми пайдо шудани зарурат, ба мақоми ваколатдор намунаи тухмӣ ё маводи кишти навъи нигаҳдорандаашро ройгон дастрас менамояд.
19. Дар тӯли тамоми давраи дар қайд будани навъи растанӣ нигаҳдорандаи он бояд ҳамаи маълумотро оид ба навъ ба мақоми ваколатдор пешниҳод намояд.
20. Нигаҳдорандаи навъ бояд ба мақоми ваколатдор ҳангоми гузаронидани назорати кишти тухмӣ дар саҳро ва дигар чорабиниҳо оид ба нигаҳдории навъ дар тӯли тамоми давраи дар қайд будани навъ шароит муҳайё созад ва кӯмак расонад.
21. Дархосткунанда номи нигоҳдорандаи навъро бояд дар дархости бақайдгирии навъи растанӣ мушаххас намояд. Барои тағйир додани номи нигаҳдорандаи навъ ё барои ба қайд гирифтани шахси дигар ҳамчун нигаҳдорандаи иловагии навъ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ бояд ба мақоми ваколатдор дархост пешниҳод карда шавад Замимаҳои 9 ва10.
22. Дар ҳолати ба мақоми ваколатдор ворид шудани дархост нисбати ивазшавӣ ё илова шудани шахси дигар ҳамчун нигаҳдорандаи навъ ин дархост омӯхта мешавад. Мақоми ваколатдор нисбати ингуна дархост дар он ҳолат қарори мусбӣ қабул мекунад, ки агар шахси ба сифати нигаҳдорандаи навъ пешниҳодшуда (ё ҳамагуна шахси ӯро ивазкунанда ё шахси иловагии барои нигоҳдории навъ пешниҳодшуда) қобилият ва воситаҳои заруриро барои нигаҳдории навъ мутобиқи талаботи тартиби мазкур дошта бошад.
23. Мақоми ваколатдор ба дархостдиҳанда оид ба қабули қарор мутобиқи тартиби мазкур ва дар ҳолати қабули қарори манфӣ, оиди сабабҳои он маълумот медиҳад.
24. Агар нигаҳдорандаи навъ бо сабабҳои гуногун иваз карда шавад ва агар навъ ҳанӯз дар истифодаи тиҷоратӣ қарор дошта бошад, пас мақоми ваколадор бояд шахси дигареро пайдо намояд, ки вазифаи нигаҳдорандаи навъро мутобиқи талаботи тартиби мазкур иҷро карда тавонад.
25. Мақоми ваколатдор номгӯи нигаҳдорандагони бақайд гирифташуда ва навъҳои барои нигаҳдории онҳо мутасаддиро тартиб дода, нигоҳ медорад. Ин номгӯй ба назардошти бақайдгирии навъҳои нав ва аз қайд баровардани навъҳо мунтазам нав карда мешавад.
БОБИ 3. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ НАВЪ ДАР ФЕҲРИСТИ НАВЪҲОИ ТИҶОРАТӢ
§1. Тартиби пешниҳоди дархост
26. Мақоми ваколатдор дархостро нисбати бақайдгирии навъ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ (минбаъд - дархост) дар давоми сол мувофиқи ҷадвали солонаи нашрнамуда қабул менамояд Замимаи 6.
27. Дархост барои бақайдгирии навъи нав дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ аз тарафи селексионери навъ ё намояндаи ваколатдори ӯ ба мақоми ваколатдор дар шакли зерин ҳуҷҷатҳои заруриро дар ду нусха пешниҳод мекунад:
- дархост барои бақайдгирии навъ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ Замимаи 4;
- анкетаи навъ, ки дар он маълумоти пурра дар бораи аломатҳои муфиди навъи растанӣ, бо назардошти талаботи махсус вобаста аз ҳар як намуди растанӣ, оварда мешавад Замимаи 4;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи пешниҳоди дархост (барои намояндагони селексионер);
- расмҳои рангаи намуди умумии растании пурра инкишофёфта, ғӯра, гул, хӯшагул, узвҳои ҳосилдиҳанда (хӯша, лӯнда, мева, ғилофак ва ғ.) дар 2 нусха. Андозаи расмҳо 9х12 см, таги расм сафед, дар қиёс бо ҷадвал ё ягон ченаки андозадори дигар гирифта шуда, дар пушти ҳар як расм бояд номи навъ, имзои муаллиф ва мӯҳр (агар дархосткунанда шахси ҳуқуқӣ бошад) гузошта шавад;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи хизмат барои омӯзиши дархост ва санҷиши расмӣ.
28. Дархосткунанда пас аз гирифтани тасдиқи қабули дархосташ аз мақоми ваколатдор ҳаққи хизмати гузаронидани санҷиши расмиро пардохт карда, ба мақоми ваколатдор намунаи тухмӣ ё маводи киштро дар мӯҳлати муқарраршуда ва ба миқдори муайян, ки дар Замимаи 7 оварда шудааст, равон мекунад.
29. Намунаи тухмии аз ҷониби дархосткунанда равоншаванда бояд ба талаботи бандҳои аз 48 то 54 тартиби мазкур ҷавобгӯй бошад.
30. Дархост барои бақайдгирии навъи растанӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳолате қабул карда мешавад, ки дархосткунандаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи ваколатдор дошта бошад. Ин намоянда бояд суроғаи почтавӣ дошта, барои ҳамаи равандҳои ба дархост вобаста, ки тартиби мазкур муайян мекунад, мутасаддӣ бошад.
§2. Номи навъи растанӣ
31. Ба навъи растанӣ бояд номе гузошта шавад, ки он аз ҷониби дархосткунанда ба мақоми ваколатдор пешниҳод шудааст ва он дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ ба қайд гирифта мешавад.
32. Номи навъи растанӣ бояд имкон диҳад, ки навъи растанӣ фарқ карда шавад. Номи навъи растанӣ наметавонад танҳо аз рақамҳо иборат бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он ба таҷрибаи қабулшудаи номи навъи растанӣ мувофиқат намояд.
33. Номи навъи растанӣ, ки аз ҷониби дархосткунанда пешниҳод шудааст, қобили қабул ҳисобида намешавад, агар он:
- аз тамғаи тиҷоратӣ ё рамзи ба он монанд, ки моликияти тарафи сеюм аст, иборат бошад;
- барои истифодабарандагон мураккаб ва ифодаи мушкил дошта бошад;
- ба номи дигар навъи растании ҳамин намуд ё намуди ба он наздик монанд бошад ё сабаби саҳв кардан бо номи дигар навъи растанӣ гардад;
- ба номи дигар маҳсулоти тиҷоратӣ монанд бошад ё сабаби саҳв кардан бо номи тиҷоратии дигар маҳсулот гардад;
- таҳқиркунанда ё мухолифи ахлоқи ҷомеа бошад;
- сабаби нофаҳмӣ ё саҳв дар тавсиф, муфидӣ ва мушаххасгардонии навъ гардад.
34. Агар номи навъи растанӣ аз тарафи мақоми ваколатдор маъқул дониста нашавад, пас навъ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ ба қайд гирифта намешавад. Дар ин ҳолат, мақоми ваколатдор ба дархосткунанда ба таври хаттӣ маълум менамояд, ки бо кадом сабаб номи пешниҳоднамудаи ӯ қобили қабул нест. Пас дархосткунанда ҳуқуқ дорад дар давоми 3 моҳ ба мақоми ваколатдор номи дигари ба навъи растанӣ додаашро пешниҳод намояд Замимаи 11. Агар тамоми дигар талабот иҷро шаванд, вале ба навъ номи нави қобили қабули мақоми ваколатдор пешкаш нашавад, пас санҷиши расмӣ оғоз намегардад.
35. Дар дохили ҳар як намуду гурӯҳи растаниҳо иҷозат дода намешавад, номи якхела ва ё монанд истифода шавад. Номи навъ тарҷума намешавад, аз ин рӯ номи навъҳои хориҷӣ танҳо бо ҳуруфи кириллӣ, бе тарҷума навишта мешаванд.
36. Селексионери навъи растанӣ ҳуқуқ дорад, ки ба номи навъ то ба қайд гирифтани он дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ тағйирот ворид намояд. Барои ворид намудани тағйирот ба номи навъ ба мақоми ваколатдор бояд тариқи намунаи дар Замимаи 12 овардашуда, дархост пешниҳод карда шавад. Баъди ба қайд гирифтани навъи растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ иҷозат дода намешавад, ки ба номи навъ тағйирот ворид гардад.
37. Баъди қабули дархост барои бақайдгирии навъ ва нашри он аз ҷониби мақоми ваколатдор шахсони сеюм дар давоми се моҳ пас аз нашри номи навъ метавонанд нисбати он арзу шикоят баён намоянд. Ин гуна эътироз бояд ба таври хаттӣ ва бо баёни муфассали сабаби арзу шикоят ба мақоми ваколатдор пешниҳод гардад.
§3. Бақайдгирии дархост
38. Дархост дар китоби қайдҳо Замимаи 6 якҷоя бо маълумоти зерин ба қайд гирифта мешавад:
- номи тоҷикии намуди растанӣ;
- номи лотинии намуди растанӣ;
- номи ба навъи растанӣ пешниҳодшуда;
- рақами рамзии селексионер;
- ному насаби дархосткунанда, суроғаи ӯ ва суроға барои мукотиба;

- ному насаб ва суроғаи селексионери навъ (агар дархосткунанда худи селексионер набошад; дар ҳолати зиёда аз як нафар будани селексионерон маълумот аз рӯи алфавит оварда мешавад).
- мамлакате, ки дар он навъ бароварда шудааст;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи хизмат барои қабули дархост ва ташхиси пешакии он.
§4. Ташхиси пешакии дархост
39. Ташхиси пешакии дархост дар давоми як моҳ баъди қабули он аз ҷониби мақоми ваколатдор гузаронида мешавад. Мӯҳлати ташхиси пешакиро дар ҳолати пеш омадани зарурияти дастрас намудани маводи иловагӣ ва аниқкунанда, дароз намудан мумкин аст.
40. Ҳангоми гузаронидани ташхиси пешакии дархост мақоми ваколатдор мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо ва ба талабот ҷавобгӯй будани онҳо, инчунин саҳеҳияти маълумоти дар дархост пешниҳодшудаи зеринро меомӯзад:
- мутобиқати мӯҳр ва имзои дархосткунанда;
- мутобиқати номи ба навъи растанӣ пешниҳодшуда ба талаботи бандҳои аз 31 то 37 тартиби мазкур;
- дар ҳолатҳои зарурӣ, мавҷудияти иҷозатнома барои парвариш намудани навъи растанӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатари биологӣ" (аз 1 марти с. 2005, №88);
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи хизмат барои қабули дархост ва гузаронидани ташхиси пешакии он.
41. Агар, мутобиқи дархост, аллакай омӯзиши аломатҳои мушаххаскунандаи навъ дар дигар давлат гузаронида шуда бошад ё гузаронида мешуда бошад, пас бо дархосткунанда нисбати истифодаи натиҷаи ин омӯзиш қарордод баста мешавад ва дар ҳолати зарурӣ ба истифодаи натиҷаҳои санҷиш розигӣ дода мешавад.
42. Агар ҳангоми гузаронидани ташхиси пешакӣ муқаррар гардад, ки дархост ба талабот ҷавобгӯй нест, пас мақоми ваколатдор дархосткунандаро оиди камбудиҳои ҷойдошта ба воситаи мактуб хабардор карда, талаб мекунад, ки онҳоро дар муддати як моҳ ислоҳ намояд. Агар дархосткунанда дархост намояд, ки мӯҳлати пешниҳодшуда барои ислоҳи ҳуҷҷатҳо ё пешниҳоди маълумоти иловагӣ кифоя нест, пас ин мӯҳлат дароз карда мешавад. Нусхаи мактуби мақоми ваколатдор ба дархосткунанда ва ҷавоби дархосткунанда ба ин мактуб ба ҳуҷҷатҳои бақайдгирии навъ замима карда мешаванд.
43. Агар дархост ба талабот ҷавобгӯй ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шуда бошанд, пас мақоми ваколатдор қабули дархостро тасдиқ намуда, онро ба қайд гирифта, рақами бақайдгирӣ мегузорад ва дархосткунандаро нисбати қарори худ хабардор мекунад.
44. Дархостҳои бақайдгирифташуда баргардонида намешаванд.
45. Агар муқаррар гардад, ки ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шахси барои супоридани дархост ҳуқуқ надошта пешниҳод шудаанд ва ё агар дархосткунанда ба мақоми ваколатдор ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ё набударо дар муддати муқаррашуда пешниҳод накунад, пас дархосткунанда аз натиҷаи манфии ташхиси пешакӣ огоҳ карда шуда, чунин дархост вориднашуда ҳисобида мешавад.
46. Агар дархосткунанда бо қарори дар натиҷаи ташхиси пешакӣ қабулгардида розӣ нашавад, пас ин масъала мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешавад.
47. Баъд аз гузаштани муддати барои арзу шикоят пешниҳодшуда ҳамаи маълумоти вобаста ба дархости қабул ношуда, нобуд карда мешавад.
§5. Тартиби қабули тухмӣ
48. Мақоми ваколатдор барои ҳар як намуди растанӣ мӯҳлати ниҳоии қабули тухмӣ ва миқдори онро, ки дар Замимаи 7 оварда шудааст, муқаррар менамояд. Ин талабот бояд аз ҷониби мақоми ваколатдор нашр ва дастраси умум гардонида шавад. Агар тухмӣ бар хилофи талаботи муқаррагардида пешниҳод гардад, пас он қабул карда намешавад.
49. Тухмии ба мақоми ваколатдор дастрасшаванда бояд ҳам тамғақоғази дохили халта ва ҳам тамғақоғази беруни халта дошта бошад, ки дар онҳо маълумоти зерин оварда мешавад:
- ному насаб ва суроғаи дархосткунанда;
- номи лотинии намуди растанӣ;
- номи тоҷикии намуди растанӣ;
- ҳаргуна маълумоти иловагӣ оиди парвариши растанӣ, ки селексионер тавсия менамояд;
- номи ба навъ пешниҳодшуда;
- рақами рамзии селексионер.
50. Барои тухмии навъҳои хориҷӣ дар тамғақоғаз маълумот бояд ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони дархосткунанда оварда шавад.
51. Намунаи тухмии ба мақоми ваколатдор дастрасшаванда бояд аз ҳосили соли гузашта гирифта шавад. Ҳамроҳи тухмӣ бояд сертификати сифати тухмӣ, ки мутобиқатии тухмиро ба стандартҳои тухмии сертификатсияшуда тасдиқ менамояд, фиристода шавад.
52. Тухмӣ набояд бо маводи кимиёвӣ ё биологӣ ё заҳрхимикатҳо коркард ё рӯйпӯш карда шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мақоми ваколатдор нисбати ин масъала талаботи махсус надошта бошад.
53. Мақоми ваколатдор барои тақсим намудани намунаи тухмӣ барои санҷиши аломатҳои мушаххаскунанда ва санҷиши аломатҳои муфиди навъ, инчунин барои коркарди кимиёвии тухмӣ ва дастрас намудани он ба стансияҳои давлатии навъсанҷӣ ҷавобгар аст.
54. Бо мақсади ташкил ва нигаҳдории доимии захираи генетикии навъҳои растанӣ дархосткунанда инчунин намунаи (эталони) навъро, ки аз гербарий, тухмӣ, лӯнда, пиёзак, қаламча, тӯдагул (хӯша, хӯшагул, сӯта ва дигар қисмҳои растанӣ) иборат аст, ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамояд. Мақоми ваколатдор дар навбати худ ин намунаи навъро ба Маркази милии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ (суроға: ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Сари киштӣ, деҳаи Маҳмадшои поён) якҷоя бо мактуби мутобиқи Замимаи 13 равон менамояд.
§6. Санҷишҳои расмии навъи растанӣ
55. Бо мақсади муайян намудани навъи растанӣ ва аломатҳои муфиди барои бақайдгирӣ бояд мутобиқи усулҳои ҷадиди байналхалқӣ санҷишҳои расмии навъи растанӣ гузаронида шаванд.
56. Санҷишҳои расмии аломатҳои мушаххаскунандаи навъи растанӣ бо мақсади муайян намудани навъ ва тартиб додани тавсифи расмии он дар стансияҳои давлатии навъсанҷӣ вобаста аз зироат дар давоми 2-3 сол гузаронида мешаванд. Номгӯй ва суроғаи стансияҳои давлатӣ ва қитъаҳои навъсанҷӣ дар Замимаи 3 оварда шудааст.
57. Санҷишҳои расмии аломатҳои муфиди навъи растанӣ ҳадди аққал дар 3 стансия ё қитъаи давлатии навъсанҷӣ бо такрорёбии минималии 3 каратаи майдончаҳои таҷрибавӣ дар давоми 2-3 сол гузаронида мешаванд.
58. Дар ҳолати бо сабабҳои гуногун аз шумораи дилхоҳи стансия ва қитъаҳои навъсанҷӣ ғайриимкон будани гирифтани маълумоти дақиқ дар бораи аломатҳои муфиди навъи растанӣ мақоми ваколатдор қарор қабул мекунад, ки ҳангоми риояи талаботи услуби навъсанҷӣ, ба мисли истифодаи рендомизатсия ва навъи стандартӣ, натиҷаи санҷишҳои навъ дар майдончаҳои таҷрибавии муассисаҳои илмӣ ва хоҷагиҳои махсус барои қабули қарор нисбати пешниҳоди бақайдгирии навъи растанӣ ба инобат гирифта мешавад.
§7. Санҷишҳои аломатҳои мушаххаскунандаи навъ
59. Санҷишҳои аломатҳои мушаххаскунандаи навъи растанӣ бояд миқдори лозимии аломатҳоро барои исбот намудани фарқкунандагии навъ ва тавсифи пурраи он дар бар гиранд. Усулҳои муайян намудани аломатҳои мазкур бояд аниқ, қобили қабулу истифода ва боваринок бошанд.
60. Навъи растанӣ дар ҳолате фарқкунанда ба ҳисоб меравад, ки агар он аз рӯи як ё якчанд аломатҳояш аз ҳама гуна навъи дигари дар санаи бақайдгирии дархост маълуми умумбуда фарқияти аниқ дошта бошад. Дар стансияҳои давлатии навъсанҷӣ, ки дар онҳо санҷиши аломатҳои фарқкунандаи навъ гузаронида мешавад, бояд коллексияи навъҳои дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ бақайдгирифташуда, нигоҳ дошта шаванд.
61. Навъи растанӣ дар ҳолате ҳамгун ба ҳисоб меравад, ки аломатҳояш, бо назардошти хусусиятҳои афзоиши растанӣ, дар наслҳои минбаъда ба таври кофӣ як хел зоҳир гарданд.
62. Навъи растанӣ дар ҳолате устувор ҳисобида мешавад, ки аломатҳои ба навъ хос баъди чандин маротиба афзоиш намудан ё дар ҳолати мавҷуд будани даври махсуси афзоиш, дар охири ҳар як давр, тағйир наёбанд, яъне устувор боқӣ монанд.
63. Мақоми ваколатдор метавонад бо ташкилотҳои дахлдор ё шахсони алоҳида чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз ҳудуди он барои санҷиши аломатҳои мушаххаскунандаи навъи растанӣ ҳамкорӣ кунад ё натиҷаҳои ингуна санҷишҳоро, ки пештар дар дигар мамлакат гузаронида шудааст, истифода барад.
§8. Санҷиши аломатҳои муфиди навъ
64. Баҳодиҳӣ ба аломатҳои муфиди навъ бо роҳи бо такрорёбии пурра гузаронидани санҷиши саҳроӣ дар минтақаҳои асосии зироатчигии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Барои баҳодиҳӣ ба аломатҳои муфиди навъ ҳамаи аломатҳои мансуб ба парвариши растанӣ ва истифодаи маҳсулоти рӯёнидашаванда ба инобат гирифта мешаванд.
65. Санҷиши аломатҳои муфиди навъҳои растаниҳои барои парвариш дар гармхона тавсияшаванда дар шароити махсуси гармхона гузаронида мешавад.
66. Барои растаниҳои асосии кишоварзӣ, аз қабили пахта, гандум, картошка ва мевагиҳову ангур, гузаронидани ташхиси лаборатории маҳсулоти рӯёнидашуда барои муқаррар кардани аломатҳои асосии сифатии навъ зарур аст.
67. Гузаронидани санҷиши аломатҳои муфиди навъ барои як гурӯҳ намудҳои афзалиятноки растанӣ, ки дар Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд, ҳатмӣ мебошад. Номгӯи ин намудҳои растанӣ дар Замимаи 1 оварда шудааст.
68. Санҷиши навъи растанӣ дар саҳро, ташхисҳои лабораторӣ ва таҳлили натиҷаҳои ба даст омада мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва низоми аз ҷониби мақоми ваколатдор тартиб ва нашр гардида гузаронида мешаванд.
69. Навъи нави растанӣ дар ҳолате ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ ба қайд гирифта мешавад, ки агар он аз рӯи хусусиятҳои муҳимаш аз навъҳои мавҷуда афзалият дошта бошад. Агар афзалияти навъи растанӣ танҳо дар баъзе минтақаҳои зироатчигӣ ё агро-экологӣ тасдиқ гардад, пас он дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ бо эъзоҳи мутобиқ ба қайд гирифта мешавад.
§9. Бақайдгирии навъи растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ
70. Навъи нави растанӣ дар ҳолати ҷавобгӯй будан ба талаботи зерин дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ ба қайд гирифта мешавад:
- фарқкунанда, ҳамгун ва устувор бошад;
- дорои аломатҳои муфиди парваришӣ ва истифодабарӣ бошад (танҳо барои намудҳои алоҳидаи растанӣ, ки санҷиши аломатҳои муфиди онҳо ҳатмӣ мебошад);
- номи мувофиқ дошта бошад.
71. Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ, новобаста аз мувофиқ будани навъ ба талаботи дар боло зикршуда, дар ҳолатҳои зерин метавонад онро дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ ба қайд нагирад:
- агар аломатҳои навъ ба ягон қисмати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи сиҳатии одамон, ҳайвонот ва растаниҳо мухолифат намояд;
- агар парвариши навъ барои парвариши дигар навъу намуди растаниҳо зарарнок бошад.
72. Баъди аз ҷониби Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ қабул шудани қарори мусбат дархосткунанда бояд тибқи нишондоди банди 16 тартиби мазкур ҳаққи бақайдгирии навъро дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ пардохт намояд.
§10. Хориҷ намудани навъҳо аз Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ
73. Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ дар ҳолатҳои зерин нисбати хориҷ намудани навъ аз Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ қарор қабул мекунад:
- агар баъди гузаронидани санҷиш маълум гардад, ки навъ дигар фарқкунанда, ҳамгуна ё устувор нест;
- агар нигоҳдорандаи навъ вуҷуд надошта бошад ва барои нигоҳдории навъ дархост пешниҳод нашуда бошад;
- агар нигоҳдорандаи навъ вуҷуд дошта бошад, вале он навъро ба таври даркорӣ нигоҳ дошта натавонад ё ба талаботи дар бандҳои аз 17 то 20 тартиби мазкур зикргардида чавобгӯй набошад;
- ҳаққи хизмати аз ҷониби мақоми ваколатдор мутобиқи банди 16 тартиби мазкур пешниҳодшуда, пардохт нашуда бошад.
74. Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ инчунин метавонад навъро аз Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ хориҷ намояд, агар исбот гардад, ки:
- ҳангоми ба мақоми ваколатдор супоридани дархост ва бақайдгирии навъ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ маълумоти нодуруст пешниҳод шуда бошад;
- парвариши навъ, аз нуқтаи назари сиҳатӣ, барои парвариши дигар навъҳо ё намудҳои растанӣ зарарнок бошад;
- навъ ба талабот нисбати ҳифзи сиҳатии одамон, ҳайвонот ва растаниҳо мувофиқ набошад.
§11. Мӯҳлати бақайдгирии навъи растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ
75. Мӯҳлати ибтидоии бақайдгирии навъи растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ 5 солро ташкил медиҳад ва селексионер ё шахси аз ҷониби ваколатдоршуда бояд нигаҳдории навъро дар Феҳрист дар ин давра таъмин намоянд. Баъд аз 5 сол, мақоми ваколатдор маълумоти истеҳсоли тухмии сертификатсияшудаи навъ ва истифодаи онро дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таҳлил намуда, нисбати навъ хулоса барорад.
76. Агар талаботи тартиби мазкур иҷро гарданд ва агар навъи растанӣ ҳанӯз дар истеҳсоли тиҷоратӣ қарор дошта бошад, пас он метавонад дар қайди Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ то даврае боқӣ монад, ки тӯли он ҳаққи хизмати мақоми ваколатдор пардохт карда мешавад. Агар қайди навъи растанӣ бо сабабҳои гуногун ба итмом расад, пас онро бо қайди нигоҳдорандаи дигари навъ аз нав ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ ба қайд гирифтан мумкин аст.
77. Барои аз нав ба қайд гирифтани навъи растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ се моҳ пештар аз мӯҳлати ба итмомрасии қайди навъ бояд ба мақоми ваколатдор дархост пешниҳод карда шавад.
78. Мақоми ваколатдор ба дархостдиҳанда дар бораи қабули қарор нисбати аз нав бақайдгирии навъ ва дар ҳолати қабули қарори манфӣ, нисбати сабабҳои он, маълумот пешкаш менамояд.
БОБИ 4. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ВА ЧОРАҲОИ ҶАЗО
§1. Арзу шикоят ва баррасии онҳо
79. Агар ягон шахси сеюм чунин шуморад, ки навъи растанӣ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ дар асоси маълумоти ғайрикофии мавҷуд дар ягон қисмати дархост ба қайд гирифта шудааст, пас вай метавонад ба мақоми ваколатдор бо далел арзу шикоят пешниҳод намояд. Мақоми ваколатдор бояд дар тӯли 30 рӯз ба ин аризаи шикоятӣ ҷавоб гардонад.
80. Агар тарафи даъвокунанда аз ҷавоби мақоми ваколатдор қаноатманд нагардад, пас бояд дар давоми 30 рӯз пас аз гирифтани ҷавоб ба аризаи худ оиди норозигии худ мақомоти ваколатдорро ба таври хаттӣ хабардор намояд.
81. Дар ин ҳолат мақоми ваколатдор ва даъвогар тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро ба Шӯрои апеллятсионӣ пешниҳод мекунанд, ки он аз 3 аъзо иборат буда, бо санади дахлдори вазири кишоварзӣ бо мақсади баррасии арзу шикоят таъсис дода мешавад.
82. Тарафҳои манфиатдор дар давоми 30 рӯз бо қарори Шӯрои апеллятсионӣ шинос карда мешаванд. Агар тарафҳо бо қарори Шӯрои апеллятсионӣ розӣ набошанд, пас онҳо масъаларо барои баррасӣ ба суд пешниҳод мекунанд.
БОБИ 5. ЗАМИМАҲО
Замимаҳои 1-14 дар нусхаи аслӣ оварда шудааст