Созишнома дар бораи таъсис додани Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5 декабри соли 2012

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 майи соли 2013, № 1452

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 майи соли 2013, № 1452

тасдиқ шудааст

Созишнома дар бораи таъсис додани Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

хусусияти байналмилалӣ ва миқёси кунунии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро, ки ба амнияти Тарафҳо таҳдид мекунанд, ба назар гирифта,

рушди ҳамкориҳоро муҳим арзёбӣ карда, ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои муштарак дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм талош намуда,

бо дарки он, ки рушду ривоҷи ин гуна ҳамкориҳо ба манфиатҳои онҳо ҷавобгӯ мебошад,

бо дарназардошти мақсаду вазифаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур таҳти мафҳуми воҳиди иктишофи молиявӣ мақоми салоҳиятдори Тарафҳо фаҳмида мешавад, ки барои дарёфт, таҳлил ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кардани иттилооти марбут ба даромадҳое, ки дар манбаи ҷиноятӣ доштан ва/ё маблағгузории эҳтимолии терроризм гумонбар дониста мешаванд ё мутобиқи қонунгузории миллии мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм талаб карда мешавад, масъулият дорад.

Моддаи 2
...

Тарафҳо Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (минбаъдШӯро) таъсис медиҳанд.

Моддаи 3

Шӯро фаъолияти худро дар асоси Низомнома дар бораи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур ба ҳисоб меравад, амалӣ менамояд.

Моддаи 4

Ҳар яке аз Тарафҳо мақоми салоҳиятдореро, ки барои татбиқи Созишномаи мазкур масъул аст, муайян намуда, ҳамзамон бо огоҳинома оид ба иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур зарур мебошад, ба маҳфуздоранда хабар медиҳад.

Дар ҳолати иваз шудани мақоми салоҳиятдоре, ки барои татбиқи Созишномаи мазкур масъул мебошад, Тарафҳо ба маҳфуздоранда хабар медиҳанд.

Моддаи 5

Бо розигии Тарафҳо имкон дорад ба Созишномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур ба ҳисоб рафта, бо протоколи дахлдор ба расмият дароварда мешаванд.

Моддаи 6

Созишномаи мазкур баъди 30 рӯз аз санаи гирифтани огоҳномаи сеюм аз ҷониби маҳфуздоранда дар бораи аз ҷониби Тарафҳои имзокунанда иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.

Барои Тарафҳое, ки расмиёти дохилидавлатиро дертар анҷом медиҳанд, Созишномаи мазкур баъди 30 рӯзи пас аз санаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 7

Созишномаи мазкур баъди зътибор пайдо карданаш барои ба он ҳамроҳ шудани ҳар давлати иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо роҳи ба маҳфуздоранда супоридани ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшавӣ кушода мебошад.

Барои давлати ҳамроҳшаванда Созишнома баъди гузашти 30 рӯз аз санае, ки маҳфуздоранда ҳуҷҷатро дар бораи ҳамроҳшавиро мегирад, эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 8

Созишномаи мазкур ба мӯҳлати номуайян баста мешавад.

Ҳар яке аз Тарафҳо ҳуқуқ дорад ба маҳфуздоранда дар бораи мақсади худ на дертар аз 6 моҳ қабл аз санаи баромадан огоҳиномаи хаттӣ ирсол намуда, ӯҳдадориҳои молиявӣ ва дигар ӯҳдадориҳоеро, ки дар муддати амали Созишнома ба миён омадаанд, танзим намуда, аз Созишномаи мазкур барояд.

Дар шаҳри Ашқобод 5 декабри соли 2012 дар як нусхаи асл ба забони русӣ имзо шудааст. Нусхаи асл дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигоҳ дошта шуда, ба ҳар давлати Созишномаи мазкурро имзонамуда нусхаи тасдиқшудаи он ирсол мегардад.

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Озарбойҷон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Арманистон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Беларус

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Қазоқистон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Қирғизистон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Молдова

Аз ҷониби

Федератсияи Россия

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби

Туркманистон

Аз ҷониби

Ҷумҳурии ӯзбекистон

Аз ҷониби

Украина