Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2013, № 213
тасдиқ шудааст
Тартиби мусоидат намудан ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Тартиби мазкур, ки мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" (минбаъд - Қонун) таҳия гардидааст, ба сифати яке аз чораҳои амниятӣ нисбат ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта (минбаъд - шахсони ҳимояшаванда) барои мусоидат намудан дар иваз кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ, ки ба сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судӣ ва тафтиши ариза (маълумот) оид ба ҷиноят аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор ба вуҷуд меояд, ба танзим медарорад.
2. Чораҳои амниятии зикршуда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии ваколатдор, ки ба онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани чораҳои амниятӣ вогузор карда шудааст (минбаъд - мақомоти татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ), амалӣ гардонида мешавад .
3. Иваз намудани ҷои кор (хизмат), таҳсили муваққатӣ ё доимии шахси ҳимояшаванда ҳамчун чораи амниятӣ мутобиқи моддаи 11 Қонун аз ҷониби мақоме, ки чораҳои амниятиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, инчунин ҷиноятҳое амалӣ месозад, ки моҳиятан барои татбиқ намудани чораҳои ҳимояи давлатӣ муҳим мебошанд, бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии шахси ҳимояшаванда татбиқ карда мешаванд.
4. Мақомоти татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ бо ҷалби мақомоти шуғли аҳолӣ, мақомоти маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба сифати чораи амниятӣ интихоб ва таъин намудан бо ҷои кори нави ба шахси ҳимояшаванда мувофиқ, баробармузд ва мисли пештара ё барои таҳсили муваққатӣ ва доимӣ мусоидат мекунад.
5. Иваз намудани ҷои кор (хизмат) мутобиқи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ дар бораи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазифаи мувофиқ ва баробармузд ё вазифаи дигар аз рӯи ихтисос, бо нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ (суғуртавӣ), ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад, татбиқ карда мешавад.
6. Иваз намудани ҷои таҳсил, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, таҳсилоти ҳатмии миёна, олӣ ва ҳама гуна таҳсилоти баъди хатми мактаби олӣ амалӣ карда мешавад.
7. Ҳангоми ба ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ таъин намудани шахси ҳимояшаванда, ҳуқуқи ӯ барои барқарор намудан ба ҷои кор (хизмат) ё таҳсили пештара нигоҳ дошта мешавад.
8. Сабаб ва асосҳои татбиқ намудани чораҳои амниятии зикршуда нисбат ба шахси ҳимояшаванда инҳоянд:
- аризаи иштирокчии мурофиаи судин ҷиноятӣ;
- аризаи (маълумоти) шахсе, ки вобаста ба содир шудани ҷиноят дар баррасии мақомоте, ки фаъолияти оперативию чустуҷӯиро амалӣ менамояд, қарор дорад;
- қарори дар асоси қисми 3 моддаи 12 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи чораҳои амниятӣ нисбат ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии дар пешбурд қарордошта баровардаи суд, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ва ё аз рӯи ариза (маълумот) оид ба ҷинояти аз ҷониби сардори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ қабулгардида;
- аз ҷониби мақоме, ки амнияти шахси ҳимояшавандаро таъмин мекунад, дастрас гардидани маълумоти оперативӣ ва ғайра дар бораи мавҷуд будани таҳдид ба ҳаёт ва саломатии шахси ҳимояшаванда.
9. Барои қабули қарор дар бораи татбиқи чораи амниятӣ ризоияти шахси ҳимояшаванда ҳатмист. Чунин ризоияти шахси ҳимояшаванда дар шакли хаттӣ амалӣ мегардад.
10. Қарор дар бораи мусоидат намудан дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимии шахси ҳимояшаванда бояд дар мӯҳлати на зиёда аз 3 шабонарӯз аз лаҳзаи ворид гардидани ариза, муроҷиат ё хабар дар бораи мавҷуд будани таҳдид ба ҳаёт ва саломатии шахси ҳимояшаванда (дар ҳолатҳои таъхирнопазир - фавран) қабул гардида, дар ин бора ба шахси ҳимояшаванда ва роҳбари мақомоти дахлдор, ки дар бораи нисбат ба шахси мазкур татбиқ намудани чораи амниятӣ дархост намудааст, хабар дода шавад.
11. Ҳангоми аз рӯи тартиби муқарраргардида, ворид шудани қарори (таъиноти) ваҷҳноки мақомоти ваколатдор дар бораи татбиқи чораҳои амниятӣ, мақоме, ки чораҳои амниятиро татбиқ мекунад, мустақилона чораҳои амниятии зарурии пешбининамудаи Қонунро интихоб менамояд ва тартиби амалӣ намудани онҳоро муайян карда, дар ин бора мутобиқи намунаи замимаи №1 қарори дахлдор қабул менамояд.
12. Дар бораи интихоб ва натиҷаҳои татбиқи чораҳои амнияти мақоме, ки чораҳои амниятиро амалӣ месозад (бо риояи пинҳонӣ будани маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда), ба суд (судя), прокурор, муфаттиш, сардори мақоми таҳқиқ ё таҳқиқотбаранда, ки дар стеҳсолоти онҳо парвандаи ҷиноятӣ қарор дорад ва ё мақомоти фаъолияти оперативию ҷустуҷӯиро анҷомдиҳанда, ки дар истеҳсолоти онҳо ариза (иттилоот) дар бораи ҷиноят қарор дорад, бо роҳи фиристодани огоҳиномаи дахлдор, мутобиқи намунаи замимаи №2 хабардор менамояд.
13. Мақоме, ки чораҳои амниятиро татбиқ менамояд, ба таври хаттӣ мутобиқи намунаи замимаи №3 роҳбарони ташкилотҳои дахлдор, шахсони мансабдор ва дигар шахсонро дар бораи фош накардани маълумот нисбат ба шахси ҳимояшаванда, ки ба онҳо бовар карда шудаанд ё маълум гардидаанд, огоҳ месозад.
14. Ҳангоми иваз кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсилоти муваққатӣ, ё доимии шахси ҳимояшаванда ба дигар ҷои истиқоматии муваққатӣ кӯчонидани ӯ танҳо дар ҳолатҳое татбиқ карда мешавад, ки агар амнияти шахси мазкур бо роҳи истифодаи дигар чораҳои амниятӣ таъмин карда нашавад. Дар ин ҳолат аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ хароҷоти ба ҷои дигар кӯчидани вай таъмин карда шуда, кӯмаки моддӣ расонида мешавад. Ҳамзамон ба ӯ таъмин намудан бо кор кафолат дода шуда, дар интихоби ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимии ба пешина мувофиқ мусоидат карда мешавад. Манзили қаблан ишғолнамудаи ӯ ва кафолати таъминкунӣ ба ҷои кори (хизмати) пешина ва ё шабеҳи он, таҳсилоти пешина дар давоми мусофирати вай бо сабабҳои зикршуда нигоҳ дошта мешавад.
15. Дар ҳолатҳои зарурӣ дар ҷараёни иваз кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсилоти муваққатӣ ё доимии шахси ҳимояшаванда мақоми татбиқкунандаи чораи амниятӣ метавонад ӯро муваққатан дар маҳалле ҷойгир кунонад, ки амнияти вай дар он ҷо таъмин мегардад.
16. Агар дар ҷараёни иваз кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсилоти муваққатӣ ё доимии шахси ҳимояшаванда зарурати ба ӯ барои таъмини манзили истиқоматии муваққатӣ мусоидат намудан ба миён ояд, таъмини манзил аз ҳисоби фондҳои захиравии манзили истиқоматии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
17. Ба сафари хизматӣ фиристодани шахси ҳимояшаванда, ки ба ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимии дигар гузаронида шудааст, бо ризоияти хаттии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
18. Гузаронидани шахси ҳимояшаванда ба дигар ҷои кори (хизмати) муваққатӣ танҳо бо розигии ӯ амалӣ карда мешавад. Ҷалб намудани вай ба меҳнат танҳо аз рӯи тахассуси асосӣ ва касбӣ иҷозат дода мешавад.
19. Тағйир додани ҷои хизмати доимӣ ва ё муваққатии хизматчии ҳарбӣ, ки шахси ҳимояшаванда ба шумор рафта, нисбат ба ӯ чораҳои амниятии дар моддаи 6 Қонун пешбинигардида татбиқ гардидаанд, мутобиқи моддаи 13 Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо амалӣ карда мешавад.
20. Мусоидат барои таъмини ҷои истиқоматии муваққатӣ ба шахси ҳимояшавандаи хизматчии харбӣ, ки ба қисми ҳарбии дигар ё муассисаи ҳарбии дигар равон карда шудааст, аз ҷониби фармондеҳон ва сардорони ҳамон қисмҳои ҳарбӣ ва ё муассисаҳои ҳарбӣ амалӣ карда мешавад.
21. Ба сафари хизматӣ фиристодан ва гузаронидани хизматчии ҳарбӣ ба ҷои дигари хизмат, ки шахси ҳимояшаванда ба шумор меравад, мутобиқи моддаи 13 Қонуни зикршуда бо ризоияти хаттии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ татбиқ карда мешавад. Ҳангоми гузариш ба хизматчии ҳарбӣ вазифаи баробар, дараҷа ва ё дигар вазифа аз рӯи тахассус бо нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ (суғуртавӣ), ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад, пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон истифодабарии ӯ аз рӯи тахассуси асосӣ ва ё касбии ҳарбӣ - бақайдгирӣ таъмин карда мешавад.
22. Бо мақсади пинҳон нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда мақоме, ки чораҳои амниятиро амалӣ месозад, аз рӯи замимаи №3 ба шахсони мансабдори ташкилотҳои масъул дар бораи ифшо нагардидани маълумоти ба онҳо бовар кардашуда ё дар робита бо истифодаи чораҳои дахлдори амниятӣ нисбат ба шахси ҳимояшаванда маълумгардида огоҳинома мефиристад. Баҳисобгирии маълумот дар бораи иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимии шахси ҳимояшаванда бо риояи талаботи пинҳонӣ нигоҳ доштани маълумот ба амал бароварда мешавад.
23. Ҳангоми пайдо гардидани зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чораҳои амниятии мазкур, мақоме, ки онҳоро амалӣ мегардонад, ба мақоме, ки дар бораи татбиқ намудани чораҳои амниятӣ қарор қабул кардааст, маълумоти хаттӣ медиҳад.
24. Ҳангоми бартараф гардидани таҳдид ба амнияти шахси ҳимояшаванда мақоме, ки чораҳои амниятиро амалӣ месозад, дар бораи қатъ кардани он ба суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ва ё сардори мақомоти фаъолияти оперативию ҷустуҷӯибаранда, ки дар бораи татбиқ намудани чораҳои амниятӣ қарор қабул намудаанд, дархост менамояд.
25. Шахси ба ин вазифа ваколатдор қарори дахлдори асосноккардашудае қабул менамояд, ки ба шахси ҳимояшаванда эълон карда мешавад.
26. Аз рӯи қарори мазкур шахси ҳимояшаванда метавонад ба мақомоти болоӣ, прокуратура ва ё суд шикоят намояд. Шикоят бояд дар муддати 24 соат аз лаҳзаи ворид гардиданаш мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Ниг. ба Замимаи №1 - №3