Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби мусоидат намудан ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии чиноятӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби замимагардидаи мусоидат намудан ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабиниҳои заруриро вобаста ба мусоидат намудан ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарор дошта дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ таъмин намоянд .
3. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои марбут ба амалӣ намудани қарори мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва манбаъҳои дигари молиявии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми банақшагирии дурнамои хароҷоти миёнамӯҳлат дар сметаи хароҷоти худ барои соли дахлдор ҷиҳати иҷрои муқаррароти қарори мазкур маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд .
5. Вазорату идораҳои дахлдор ҳамасола аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти солона вобаста ба иҷрои қарори мазкур то 1 феврали соли ҳисоботӣ ба мақоми ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд.
6. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарорҳои худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2013, № 213
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби мусоидат намудан ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии чиноятӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби замимагардидаи мусоидат намудан ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабиниҳои заруриро вобаста ба мусоидат намудан ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарор дошта дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ таъмин намоянд.
3. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои марбут ба амалӣ намудани қарори мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва манбаъҳои дигари молиявии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми банақшагирии дурнамои хароҷоти миёнамӯҳлат дар сметаи хароҷоти худ барои соли дахлдор ҷиҳати иҷрои муқаррароти қарори мазкур маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.