Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2013, № 212
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2013, № 212
тасдиқ шудааст
Тартиби муайянкунӣ ва истифодабарии нархҳои бозорӣ барои мақсади андозбандӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур дар асоси моддаи 24 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Дар ҳолати фарқият доштани нархи моли (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) андозсупоранда бо нархҳои бозорӣ ва аз тарафи андозсупоранда ба таври асоснок пешниҳод нашудани чунин фарқият, ҳангоми андозбандӣ нархҳои бозорӣ татбиқ карда мешавад.
2. Мафҳумҳое, ки дар Тартиби мазкур истифода бурда мешаванд:
-савдогарони касбӣ - савдогарон, тоҷирон, бозаргонони биржаҳо;
-давраи муайян кардани нарх - давраи нархмоние мебошад, ки дар давоми он нархи миёнаи (баланд ва пасти) таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки барои муайян намудани нархи бозорӣ лозим мебошад, муқаррар карда мешавад;
-санаи ба харидор гузаштани ҳуқуқи моликият - рӯзи анҷом ёфтани таҳвили молҳо (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мувофиқи шартҳои аҳд, дар амалиётҳои байналхалқӣ дар доираи аҳдҳои дарозмӯҳлат аз рӯзи пешниҳоди молҳо (иҷрои кор ва хизматрасониҳо) ба харидор, оид ба молҳои дар асоси аҳдҳои дарозмӯҳлат фурӯхташуда лаҳзаи бастани аҳд, дар хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди қарзҳо рӯзи бастани шартномаи қарзӣ, оид ба иҷрои дигар корҳо ва хизматрасониҳо санаи бастани шартнома мебошад;
-мубодилаи мол - лаҳзаи таҳвил ё ивазкунии мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки мувофиқи шартнома ба танзим дароварда шуда, дар шакли ҳуҷҷати муайян тасдиқ карда шудааст;
-сарчашмаҳои маълумот - сарчашмаҳои расман эътирофшудаи маълумотҳо, маълумоти мақомоти давлатӣ, мақомотҳои ваколатдори дигар давлатҳо ва ташкилотҳо, маълумоте, ки аз ҷониби иштирокчиёни аҳд пешниҳод гаштааст, инчунин дигар сарчашмаҳои иттилоот;
-сарчашмаҳои расмии иттилоот - сарчашмаҳои маълумоти расман эътирофшуда, сарчашмаҳои маълумоти расман аз мақомоти ваколатдор ва дигар сарчашмаҳои маълумот гирифташуда;
...