Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 2 майи соли 2013, № 203

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2021 № 298 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2013, № 203

тасдиқ шудааст

Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Низомномаи мазкур мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2013, №1402 "Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ" таҳия гардида, тартиб ва шартҳои таъину пардохти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба донишҷӯёни шакли таълими рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномаи мазкур ба донишҷӯёни шакли таълими рӯзона, ки муваффақиятҳои назаррас дар фаъолияти таълимӣ ва илмӣ доранд, пардохт карда мешавад.

3. Андозаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, бо дарназардошти шумораи донишҷӯён, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд.

5. Донишҷӯёни шакли таълими рӯзонаи ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар чор нимсолаи хониш (курсҳои 1 ва 2) танҳо бо баҳои "аъло" таҳсил намудаанд ва дар таҳқиқотҳои илмии инноватсионӣ, чорабиниҳои илмӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, довталабони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонанд.

6. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 30 июн) таъин карда мешавад.

7. Рӯйхати довталабон дар асоси қарори Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо имзои роҳбари аввал ва замимаи маълумотнома дар бораи таҳсил, нусхаи дафтарчаи имтиҳонӣ, тавсифнома, нусха аз протоколи ҷаласаи Шӯрои олимон, нусхаи мақолаҳо, патентҳо ва шаҳодатномаи ихтироъ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 август пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

8. Руйхати гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 август тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

9. Донишҷӯёне, ки Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегиранд, дар сурати иҷро накардани шартҳои ин Низомнома, аз ҷумла гирифтани рухсатии академӣ, хориҷ шудан аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, интиқол ёфтан ба дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ё ин ки қарзи академӣ доштан бо пешниҳоди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз гирифтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда мешаванд.

10. Донишҷӯ метавонад такроран соҳиби Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шавад.

11. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ вобаста ба шумораи гирандагони Стипендияи мазкур ҳамасола барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба нақша гирифта мешавад.