Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2013, № 1402 "Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маблағгузории Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда амалӣ карда шавад.
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, пардохти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба донишҷӯён тибқи Низомномаи мазкур ба роҳ монанд .
4. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 1997, № 100 "Дар хусуси тасдиқ намудани Низомнома дар бораи тартиби муқаррар намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2013, № 203
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2013, №1402 "Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маблағгузории Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда амалӣ карда шавад.
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, пардохти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба донишҷӯён тибқи Низомномаи мазкур ба роҳ монанд.
4. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 1997, №100 "Дар хусуси тасдиқ намудани Низомнома дар бораи тартиби муқаррар намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2013, № 203
ш. Душанбе