Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 № 414
Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 № 414 "Дар бораи тасдиқи Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархатҳои панҷум ва шашуми банди 6 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;".
2. Дар банди 11:
- баъди калима ва рақами "(моддаи 292);" сархати нав дар таҳрири зайл илова карда шавад;
"саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андоз (моддаи 293);";
- баъди калима ва рақамҳои "(моддаи 314)" зербанди нав дар таҳрири зайл илова карда шавад;
"- беамалӣ дар иҷрои вазифа (моддаи 315);";
- баъди калима ва рақамҳои "(моддаи 325)" зербанди нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"-ғайриқонунӣ иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории яроқи оташфишон (моддаи 326);";
- зербандҳои "-сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ё бланкаҳои қалбакӣ (моддаи 340)" ва "-тасарруфи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ (моддаи 393)" хориҷ карда шаванд.
3. Дар сархати дуюми банди 12 матни тоҷикӣ калимаи "хислати" ба калимаи "хусусияти" иваз карда шавад;
4. Сархати дуюми банди 35 хориҷ карда шавад.
5. Дар банди 16:
- калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон," иваз карда шаванд.
- сархати дуюм хориҷ карда шавад.
6. Аз сархати дуюми банди 17 калимаҳо ва рақамхои "аз рӯи тартиби дар моддаи 407 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, протокол оид ба суд ирсол намудани мавод аз ҷониби прокурор тасдиқ карда шудааст," ва "Дар сутунҳои минбаъда (2-49) ин ҷиноятҳо аз рӯи мансубияти соҳавиашон тақсим карда мешаванд", хориҷ карда шаванд.
7. Банди 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Фасли 5 "Ҳолати тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" аз рӯи маълумотҳои Ҳисоботи давлатии омории шакли №1Е "Оиди кори тафтишот" пешбинишуда ва рӯйхатҳои ба он замимашаванда пур карда мешавад.
8. Дар банди 19:
- дар сархати дуюм калимаи "айбнома" ба калимаи "фикри айбдоркунӣ" иваз карда шуда, калимаҳо ва рақамҳои "аз рӯи тартиби дар моддаи 407 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбннишуда, протокол ҷиҳати ба суд ирсол намудани мавод аз ҷониби прокурор тасдиқ карда шудааст", хориҷ карда шаванд.
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар сутуни 2 миқдори шахсоне, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудаанд, нишон дода шавад".
- аз сархати панҷум рақамҳои "(3-53)" хориҷ карда шаванд.
9.Банди 26 хориҷ карда шуда, бандҳои 27-33 мутаносибан бандхои 26-32 ҳисобида шаванд.
10. Дар банди 30:
- дар сархати якум баъди калимаҳои "Раёсати ахбори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти гирифташуда, вобаста ба ошкоршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва паҳншавии онҳо дар соҳа ва самтҳои фаъолият тибқи фаслҳои 3-4 ҳисоботи мазкур ҳар нимсола ва солона бо дарназардошти маълумоти афзуншаванда бо тақсим намудан ба субъектҳои бақайдгирӣ ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти ҷамъбастӣ тартиб дода ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамояд.".
11. Дар сархати якуми банди 31 баъд аз калимаҳои "содир кардаанд" калимаҳои "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шуда, калимаҳои "Департаменти гумрук ва Сарраёсати полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
12. Ба сархати дуюми банди 32 баъди калимаҳои "Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон," калимаҳои "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд.
13. Аз банди 33 калимаҳои "корҳои таҳлилӣ ва" хориҷ карда шаванд.
14. Дар тамоми матни тоҷикии Дастурамал калимаҳои "фикри айбдорӣ" ба калимаҳои "фикри айбдоркунӣ" иваз карда шаванд.
15. Ба Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо банди 33 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"33. Ҷиноятҳои зерин аз рӯи тартиби дар ҳамин Дастурамал пешбинишуда дар ҳисоботи омории шакли "№1-коррупсия"-и мақомоти Агентӣ дарҷ карда шаванд:
- соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259);
- истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғанашуда" (моддаи 2591);
- соҳибкории сохта (моддаи 260);
- бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин (моддаи 261);
- ба расмият даровардани (қонунн гардонидани) маблағҳои пулӣ ё амволи дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда (моддаи 262);
- ҳаракати ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ (моддаи 269);
- муфлисшавии бадқасдона (моддаи 270);
- муфлисии сохта (моддаи 271);
- сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқатӣ ва ё истифодаи онҳо (моддаи 3401)".
16. Фаслҳои замимагардидаи 2, 3, 4, 5 ва 6 ҳисоботи омории шакли "№1-коррупсия" дар шакли нав тасдиқ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 ноябри соли 2007 № 600
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 сентября 2006 года за № 414
В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативно-правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В "Инструкцию статистического учета преступлений коррупционного характера и перечень этих преступлений", утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 7 сентября 2006 года за № 414 "Об утверждении Инструкции статистического учета преступлений коррупционного характера и перечень этих преступлений" внести следующие изменения и дополнения:
1. Пятый и шестой абзац пункта 6 изложить в следующей редакции:
"- Агентство по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией;"
- Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан;".
2. В пункте 11:
- после слова и цифр "(статья 292);" дополнить новый абзац в следующей редакции:
"- уклонение физического лица от уплаты налогов" (статья 293);";
- после слова и цифр "(статья 314);" дополнить новый абзац в следующей редакции:
"- бездействие по службе (статья 315);";
- после слова и цифр "(статья 325);" дополнить отдельный абзац в следующей редакции:
"- незаконная выдача разрешений на ношение и хранение огнестрельного оружия (статья 326);"
- исключить абзацы "-подделка, изготовление или сбыт поддельных документов, государственных наград, штампов, печатей и бланков" (статья 340);" и "-хищение огнестрельного оружия, боеприпасов и боевой техники (статья 393)."
3. Из пункта 15 второй абзац исключить.
4. В пункте 16:
В первом абзаце слова "Министерство по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" заменить словами "Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Таможенного комитета при Правительстве Республики Таджикистан,".;
второй абзац исключить
5. Из пункта 17, второго абзаца исключить слова и цифры "в соответствии со статьей 407 уголовно-процессуального Кодекса Республики Таджикистан протоколы о направлении материалов в суд санкционированы прокурором" и "В последующих графах (2-49) эти преступления распределяются исходя из отраслевой принадлежности."
6. Пункт 18 изложить в следующей редакции:
"Раздел 5 "Состояние следствия по уголовным делам о преступлениях коррупционного характера" составляется на основе государственного статистического отчета формы №1-Е "О следственной работе" и прилагаемых к нему списков.
7. В пункте 19:
- исключить слова "В соответствии со статьей 407 Уголовно-процессуального Кодекса Республики Таджикистан протоколы о направлении материалов в суд санкционированы прокурором".
- четвертый абзац изложить в следующей редакции:
"В графе 2 указать количество лиц, освобожденных от уголовной ответственности".
- из пятого абзаца исключить цифры "(3-53)"
8. Пункт 26 исключить. Соответственно пункты 27-33 считать пунктами 26-32.
9. В пункте 30:
- в первом абзаце после слов "Информационное Управление Министерства внутренних дел Республики Таджикистан" дополнить словами "Генеральная прокуратура Республики Таджикистан";
- второй абзац изложить в следующей редакции:
"Генеральная Прокуратура Республики Таджикистан и Министерство внутренних дел Республики Таджикистан на основе полученных сведений о выявленных преступлениях коррупционной характера и их распределении по отраслям и сферам деятельности по разделам 3-4 данного отчета с учетом субъектов регистрации и регионам республики каждое полугодие и год с нарастающим итогом составляет итоговые сведения с последующим направлением в Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Президенту Республика Таджикистан и Государственный комитет статистики Республики Таджикистан".
10. В первом абзаце пункт 31 слова "таможни и налоговой полиции Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" заменить словами "Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией и Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан".
11. Во втором абзаце пункта 32 после слов "Генеральную Прокуратуру Республики Таджикистан" дополнить словами "Агентство по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан".
12. Из пункта 33 исключить слова "аналитической работы и".
13. В Инструкцию статистического учета преступлений коррупционного характера и перечень этих преступлений дополнить пункт 33 в следующей редакции:
"33. Ниже перечисленные преступления в порядке установленном настоящей Инструкцией учитывать в статистическом отчете Агентства формы "№1-коррупция":
- незаконное предпринимательство (статья 259);
- производство, приобретение, хранение, перевозка или сбыт немаркированных товаров и продукции (статья 259 1);
- лжепредпринимательство (статья 260);
- регистрация незаконных сделок с землей (статья 261);
- легализация (отмывание) денежных средств, либо иного имущества, полученных противозаконным путем (статья 262);
- неправомерное действие при банкротстве (статья 269);
- злостное банкротство (статья 270);
- фиктивное банкротство (статья 271);
- изготовление, сбыт поддельных марок акцизного сбора, специальных марок или знаков соответствия либо их использование (статья 3401)".
14. Отчеты разделов 2,3,4,5 и 6 формы "№1 -коррупция", утвердить в новой прилагаемой форме.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 30 ноября 2007 года №600
г. Душанбе