Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 марти соли 2013, № 146
тасдиқ шудааст
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024
№ 429)
1. Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ (минбаъд - Тартиб) экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандонро дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, аз ҷумла тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти комиссияҳои машваратию табибӣ, муайян намудани рӯзҳои эҳтимолии корношоямии муваққатӣ вобаста ба хусусияти бемориҳо, тартиби додани варақаи корношоямӣ ҳангоми беморӣ ва ҷароҳатбардорӣ, заҳролудшавӣ (баъзе оқибатҳои дигари таъсири омилҳои беруна), додани варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини бемор аз ҷониби узви оила, додани варақаи корношоямӣ дар давраи карантин, додани варақаи корношоямӣ ҳангоми протезгузорӣ, додани варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, пур кардани варақаи корношоямӣ, додани маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ танзим мекунад.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- корношоямии муваққатӣ - ҳолате, ки дар шаҳрванд бинобар беморӣ ё осеб вайроншавии вазифаҳои алоҳидаи организм ба амал омада, ба иҷрои фаъолияти касбии ӯ монеъ мешавад ва хусусияти муваққатии рафъпазир дорад;
- экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон - намуди экспертизаи тиббӣ, ки вазифаи он арзёбии вазъи саломатии бемор, сифат ва самаранокии муоина ва табобат, имконияти давом додани фаъолияти касбӣ ва муайян намудани мӯҳлати муваққатан корношоям гардидани шаҳрвандон мебошад;
- варақаи корношоямии муваққатӣ - ҳуҷҷате, ки муваққатан корношоям гардидан ва аз кор озод шудани шаҳрвандро тасдиқ намуда, барои аз тарафи субъектҳои бо Тартиби мазкур ваколатдор гирифтани кӯмакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳуқуқ медиҳад;
- комиссияи машваратию табибӣ - мақоме, ки дар назди муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб ва мураккаби экспертизаи корношоямӣ, санҷидани дурустии муоинаҳои гузаронидашуда, ташхиси муқарраркардашуда, кушодан ва тамдиди варақаи корношоямии муваққатӣ, додани хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ равон намудани бемороне, ки корношоямии қобилияти меҳнатии худро ба таври устувор аз даст додаанд, амал мекунад (№ 429).
2. Тартиби гузаронидани экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон
3. Экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон аз тарафи табибони муассисаҳои тиббии беморхонавӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои клиникии муассисаҳои илмӣ ва илмию таълимии сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тиббии дар тобеияти дигар корхонаву муассисаҳо қарордошта ва субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, ки мувофиқи Тартиби мазкур барои ташхис ва табобати бемориҳо шароит доранд, гузаронида мешавад (№ 429).
4. Экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон аз тарафи субъектҳои зерин амалӣ гардонида намешавад:
- муассисаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ;
- муассисаҳои хунгузаронӣ;
- шӯъбаҳои қабули муассисаҳои беморхонавӣ;
- марказҳои муоина ва табобати варзишгарон;
- осоишгоҳҳо, фароғатгоҳҳо ва дигар муассисаҳои санаторию курортӣ;
- муассисаҳои махсуси тандурустӣ (марказҳои ташхиси тиббӣ, марказҳои тиббии профилактикӣ, экспертизаи тиббию судӣ, тибби ҳолатҳои фавқулодда);
- хадамотҳои назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, фарматсевтӣ ва беҳдоштӣ;
- муассисаҳои фаъолияти хусусии тиббии сатҳи дармонгоҳӣ (тобистаринамоӣ).
5. Дар натиҷаи экспертизаи корношоямии муваққатӣ ва дар ҳолати мавҷуд будани нишондод ба шаҳрванд варақаи корношоямии муваққатии шакли ягонае, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дода мешавад (№ 429).
6. Варақаҳои корношоямӣ ҳангоми беморӣ, садамаҳо, заҳролудшавӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба корношоямии муваққатӣ вобастагӣ доранд, инчунин ҳангоми табобат, зарурати нигоҳубини бемор аз ҷониби узви оила, дар давраи карантин, протезгузорӣ дар шароити беморхона, дар давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, фарзандхондии кӯдаки навзод дода мешавад.
7. Варақаи корношоямӣ ба шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, инчунин ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ ё муваққатӣ зиндагӣ мекунанд ва ба шахсони бе шаҳрванд (минбаъд - шаҳрвандон), ки аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, хизматчиёни давлатӣ, адвокатҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар категорияи шахсоне, ки дар давоми 12 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қатъ намудани кор аз рӯи шартномаи меҳнатӣ, амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ё дигар фаъолият, дар давоми аз рӯзи бастани шартномаи меҳнатӣ то рӯзи аз эътибор соқит донистани он гирифтори беморӣ ё садама шудаанд, дода мешавад.
8. Варақаи корношоямиро кормандони зерини тиб дода метавонанд:
- табибони муассисаҳои тандурустии давлатӣ;
- табибони муассисаҳои фаъолияти хусусии тиббии сатҳи бистаринамоӣ, ки иҷозатномаи фаъолияти тиббӣ доранд ва ташхиси корношоямии муваққатиро мегузаронанд (минбаъд - табибони машғул ба амалияи хусусии тиббӣ);
- табибони осоишгоҳҳои махсусгардонидашуда (зиддисилӣ), шифохонаҳо, марказҳои барқарорсозӣ, ки бо ташхиси корношоямии муваққатӣ машғул мебошанд;
- табибони муассисаҳои клиникии илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла муассисаҳои клиникии илмию таҳқиқотии протезмонӣ ва протезсозӣ;
- табибони эътимотноки корхона ва муассисаҳои тиббӣ тибқи Тартиби мазкур.
9. Варақаҳои корношоямиро кормандони зерини тиб дода наметавонанд:
- кормандони миёнаи тиб;
- табибони шӯъба, бахш ва ҳуҷраҳои ёрирасон (сабти барқии дил, гармдармонӣ, табиатшифоӣ, фаросавтӣ, рентгенӣ, озмоишгоҳ ва ғайра), новобаста ба шакли моликият.
10. Варақаи корношоямӣ ҳангоми пешниҳод намудани шиноснома дода мешавад. Дар ҳолате, ки агар шаҳрванд дар якчанд ҷой кор кунад, варақаи корношоямӣ танҳо ба ҷойи кори асосӣ дода мешавад.
11. Варақаи корношоямӣ аз ҷониби корманди тиб баъди муоинаи шаҳрванд ва сабти маълумот оид ба вазъи саломатии ӯ дар картаи тиббии муроҷиаткунунда (дафтарчаи тиббии дармонгоҳӣ) ва ё ҳуҷҷати сатҳи бистаринамоӣ, ки зарурати муваққатан аз кор озод карданро асоснок мекунад, дода ва тамдид карда мешавад.
12. Варақаи корношоямӣ дар як муассисаи тиббӣ дода ва маҳкам карда мешавад. Ҳангоми барои табобат ба дигар муассисаи тиббӣ фиристодани шаҳрванд, муассисае, ки дар он табобати минбаъдаи ӯ давом дода шудааст, метавонад варақаи корношоямиро тамдид диҳад ва маҳкам намояд.
13. Ба шаҳрвандоне, ки берун аз қайди маҳалли зист воқеанд (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ), варақаи корношоямӣ бо иҷозати роҳбари муассисаи тиббӣ бо сабти мутобиқ дар картаи тиббии муроҷиаткунанда (дафтарчаи тиббии дармонгоҳӣ) ва ё ҳуҷҷати сатҳи бистаринамоӣ варақаи корношоямӣ дода (тамдид) мешавад.
14. Ҳангоми давомнок будани мӯҳлати корношоямии муваққатӣ варақаи корношоямӣ бо дарназардошти рӯзҳое, ки барои рафту омад ба маҳалли қайди зист (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) лозим аст, (на бештар аз 3 рӯз) дода мешавад.
15. Ҳуҷҷатҳое, ки корношоямии муваққатии шаҳрвандонро ҳангоми дар хориҷа будани онҳо тасдиқ менамоянд (баъди тарҷумаи расмӣ) бо қарори комиссияи машваратию табибии муассисаи тиббӣ (минбаъд Комиссия) метавонанд ба намунаи варақаи корношоямии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашуда иваз карда шаванд.
16. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои тиббӣ, ки ҳуқуқи додани варақаҳои корношоямиро доранд, тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти ваколатдори суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бо варақаҳои корношоямии муваққатӣ ройгон таъмин карда мешаванд (№ 429).
3. Тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияҳои машваратию табибӣ
17. Комиссияи машваратию табибӣ дар асоси фармоиши роҳбарияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ таъсис дода шуда, аз раис, котиб, аъзо иборат мебошад, ки теъдоди онҳо бояд адади тоқро ташкил диҳад.
18. Ҳангоми зарурат ба кори Комиссия мутахассисони алоқаманд, ки аъзои он намебошанд, ҷалб карда мешаванд.
19. Комиссия фаъолияти худро дар шакли ҷаласаҳо, ки дар як ҳафта на камтар аз ду маротиба гузаронида мешавад, амалӣ мегардонад.
20. Қарори Комиссия бо аксарияти овозҳои аъзои он қабул гардида, хулосаҳои он ба ҳуҷҷатҳои аввалияи тиббӣ, инчунин ба китоби қайди қарорҳои Комиссия сабт карда мешаванд.
21. Комиссия вобаста ба вазъи саломатии шаҳрванд, ки дар асоси муоина ва ташхиси ӯ сабт шудааст, бо пешниҳоди табиби шифокор (муолиҷавӣ) қарорҳои зеринро қабул менамояд:
- оид ба тамдиди варақаҳои корношоямӣ тибқи нишондоди Тартиби мазкур;
- оид ба масъалаҳои мураккаб ва баҳсталаби экспертизаи корношоямии муваққатӣ, инчунин ҳангоми табобат;
- оид ба равон кардани бемор ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (№ 429);
- дар бораи ба кори дигар гузаронидани шахсони коршоям ва ё бинобар вазъи саломатӣ бо кори мувофиқ таъмин намудани шахсоне, ки коршоямии маҳдуд доранд;
- оид ба равон намудан барои табобат берун аз ҳудуди марзию маъмурӣ;
- оид ба озод намудани хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз имтиҳоноти аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ;
- дар бораи аз машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ озод намудани хонандагони мактабҳои миёна, миёнаи нопурра, миёнаи махсус ва олӣ;
- додани хулосаҳо оид ба имконияти пешниҳод намудани рухсатии академикӣ ба донишҷӯёни мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ аз рӯи нишондодҳои тиббӣ;
- ҳалли масъалаҳои мураккаб ва баҳсталаб ҳангоми муайян намудани коршоямии касбии шахсоне, ки дар шароитҳои зарарнок ва хатарнок бо кор машғул мебошанд;
- оид ба эҳтиёҷ доштан ба масоҳати иловагии манзили зист ва ё дар навбати аввал ҷудо намудани манзили истиқомати вобаста ба вазъи саломатӣ;
- оид ба масъалаҳои экспертизаи корношоямӣ дар асоси дархости муассисаи тиббӣ, фонди суғуртаи иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариатҳои ҳарбӣ.
22. Раиси Комиссия табибе таъин карда мешавад, ки дараҷаи тахассусии олӣ ва дар экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон малакаи корӣ дорад.
23. Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ раиси Комиссия - муовини роҳбари муассиса аз рӯи самти фаъолияти алоқаманд ва дар беморхонаҳо - муовини роҳбари муассиса оид ба корҳои муолиҷавӣ таъин карда мешавад.
24. Дар муассисаҳои тиббие, ки самти фаъолияти онҳо гуногун мебошанд, ҳайати Комиссия аз ҳисоби табибони ихтисосҳои алоқаманд ташкил карда мешавад.
25. Раиси Комиссия дар доираи салоҳияти худ корҳои зеринро анҷом медиҳад:
- санҷиши сифат ва самаранокии тадбирҳои табобатию ташхисии гузаронишударо амалӣ мегардонад;
- саривақт ҷалб намудани мутахассисони алоқамандро ба машварати табибон, истифодаи технологияҳои табобати ивазкунандаи бистаришгоҳӣ, ба бистаринамоӣ равон намудани беморонро назорат мекунад;
- шиддатнокии ҷараёни ташхису табобатро арзёбӣ мекунад;
- асоснокии додани варақаҳои корношоямиро (маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатиро) месанҷад;
- барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони муассиса оид ба экспертизаи корношоямӣ мунтазам корҳои дастурию ташкилиро мегузаронад.
26. Ҳайати Комиссия бояд аз табибони дорои дараҷаи тахассусии на камтар аз якум (ба истиснои котиб) иборат бошад.
27. Бо мақсади арзёбии фаъолияти Комиссия, инчунин ҷиҳати баррасии масъалаҳои баҳснок ва мураккаби экспертизаи корношоямӣ; санҷидани дурустии муоинаҳои гузаронидашуда, ташхиси муқарраршуда, кушодан ва тамдид кардани варақаи корношоямии муваққатӣ, додани хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои ба Мақоми давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ равон намудани бемороне, ки қобилияти меҳнатии худро ба таври устувор аз даст додаанд, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, марказҳои саломатии шаҳрӣ/ноҳиявӣ комиссияҳои марказии машваратию табибӣ (минбаъд - Комиссияи марказӣ) ташкил дода мешаванд (№ 429).
28. Комиссияи марказӣ бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, марказҳои саломатии шаҳрӣ/ноҳиявӣ таъсис дода мешавад (№ 429).
29. Комиссияи марказӣ дар доираи салоҳиятҳои худ ҳуқуқ дорад, аз Комиссияи машварати табибӣ тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти худ алоқамандро талаб намояд.
30. Комиссияи машваратию табибӣ (новобаста ба шакли моликият) ӯҳдадор аст, ки ҳар семоҳа ба Комиссияи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти кории худ ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намояд (№ 429).
4. Тартиби муайян намудани рӯзҳои эҳтимолии корношоямии муваққатӣ вобаста ба хусусияти бемориҳо
31. Рӯзҳои эҳтимолии корношоямии муваққатӣ вобаста ба хусусияти беморӣ тибқи замима ба Тартиби мазкур муайян карда мешаванд
5. Тартиб додани варақаи корношоямӣ ҳангоми бемориҳо, осеббардорӣ ва заҳролудшавӣ (баъзе оқибатҳои дигари таъсири омилҳои беруна)
32. Ҳангоми табобати дармонгоҳии бемориҳо (осебҳо), заҳролудшавӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба корношоямии муваққатии шаҳрвандон вобастагӣ доранд, корманди тиб шахсан варақаи корношоямиро якбора ба мӯҳлати 1-3 рӯзи тақвимӣ медиҳад.
33. Дар ҳолати зиёда аз 3 рӯзи тақвимӣ будани мӯҳлати корношоямии муваққатӣ варақаи корношоямӣ дар асоси қарори Комиссия дода мешавад.
34. Бо қарори Комиссия варақаи корношоямӣ аз рӯи тартиби муқарраргардида то барқароршавии коршоямӣ, аммо ба мӯҳлати на зиёдтар аз 4 моҳ дода мешавад.
35. Бо мақсади коҳиш додани сатҳи гирифторшавӣ ба маъюбии аввалия, дар ҳолатҳои имконпазир будани барқароркунии саломатии бемор, бо пешниҳоди Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ варақаи корношоямӣ метавонад боз 2 моҳи дигар тамдид карда шавад (№ 429).
36. Агар ҳангоми беморӣ (осеб) табобат дар шароити дармонгоҳӣ гузарад, варақаи корношоямӣ аз рӯзи муқаррар гардидани корношоямӣ ба тамоми давраи корношоямии муваққатӣ дода мешавад, ки ба он рӯзҳои ғайрикорӣ, рӯзҳои ид ва рӯзҳои истироҳат низ дохил мегарданд.
37. Додани варақаи корношоямӣ барои рӯзҳои гузашта, ки шаҳрванд аз ҷониби корманди тиб муоина нашуда буд, қатъиян манъ аст.
38. Ба шаҳрвандоне, ки барои ёрии тиббӣ баъди вақти корӣ муроҷиат намудаанд, санаи аз кор озод кардан бо хоҳиши онҳо дар варақаи корношоямии муваққатӣ аз рӯзи минбаъдаи тақвимӣ нишон дода мешавад.
39. Ба шаҳрванде, ки ба муассисаи тиббӣ аз бунгоҳи саломатӣ равон карда шуда, корношоям эътироф гардидааст, варақаи корношоямӣ аз вақти муроҷиат ба бунгоҳи саломатӣ ва ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи корношоямии ӯ дода мешавад.
40. Ба шаҳрвандоне, ки ба табобати махсусгардонидашудаи муассисаи тиббӣ эҳтиёҷ доранд, варақаи корношоямӣ бевосита дар муассисаи махсусгардонидашудаи тиббӣ дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ варақаи корношоямӣ аз ҷониби корманди тиб ҳангоми равон кардани шаҳрванд барои давом додани табобат ба муассисаи махсусгардонидашудаи тиббии ба бемориаш мувофиқ дода мешавад.
41. Ба шаҳрванде, ки муваққатан корношоям буда, бо қарори Комиссия барои машварат (муоина, табобат) ба муассисаи тиббии берун аз минтақаи маъмурии ҷойгиршудаи у равон карда мешавад, варақаи корношоямӣ бо дарназардошти рӯзҳое, ки барои рафтуомад лозиманд, дода мешавад, вале мӯҳлати он набояд аз 4 моҳ зиёдтар бошад.
42. Баъди аз табобати статсионарӣ баромадани бемор, варақаи корношоямӣ ба тамоми давраи табобат дода мешавад, аммо барои шаҳрвандоне, ки берун аз маҳалли қайди ҷойи истиқомат (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) мебошанд, бо дарназардошти рӯзҳои рафтуомад ба маҳалли қайд дода мешавад. Дар ҳолати давомдор шудани корношоямии муваққатӣ варақаи корношоямӣ метавонад ба мӯҳлати 1-3 рӯзи тақвимӣ тамдид карда шавад. Варақаи корношоямӣ дар рӯзи ба охир расидани табобати сатҳи беморхонавӣ дода мешавад.
43. Ба шаҳрвандоне, ки бо қарори суд ба ташхиси судию тиббӣ ё судию равонӣ фиристода шуда, корношоям эътироф гардидаанд, варақаи корношоямӣ аз рӯзи воридшавӣ ба ташхис (экспертиза) дода мешавад.
44. Дар ҳолатҳои алоҳида (амалиёти мураккаби урологӣ, гинекологӣ, проктологӣ ва дигар намудҳои таҳқиқот, амалиёт, табобатҳо) ҳангоми табобати дармонгоҳӣ бо усули фосиладор, варақаи корношоямӣ метавонад бо қарори Комиссия барои рӯзҳои гузаронидани таҳқиқоти мувофиқ (амалиёт, табобатҳо) дода шавад.
45. Ҳангоми рух додани корношоямии муваққатӣ дар давоми рухсатии меҳнатии бемузд, рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, барои нигоҳубини кӯдак то ба синни 3 - солагӣ расидани ӯ варақаи корношоямӣ аз рӯзи хотима ёфтани рухсатиҳои номбаршуда дар ҳолати давом ёфтани корношоямии муваққатӣ дода мешавад.
46. Ҳангоми муваққатан корношоям шудани шахсоне, ки дар рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба синни 3 - солагӣ расидани ӯ буда, дар шароити вақти кории нопурра ё дар хона кор мекунанд, варақаи корношоямӣ тибқи қоидаҳои умумӣ дода мешавад.
47. Ҳангоми вобаста ба беморӣ муваққатан корношоям шудани шаҳрванд (осеббардорӣ, заҳролудшавӣ), ки дар давоми рухсатии муздноки ҳарсола рух медиҳад, варақаи корношоямӣ мутобиқи Тартиби мазкур дода мешавад.
48. Ба шаҳрвандоне, ки аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ барои табобат ба муассисаҳои клиникии илмию таҳқиқотӣ (пажӯҳишгоҳҳо), табиатшифоӣ ва барқарорсозӣ равон карда мешаванд, варақаи корношоямиро корманди тиб дар асоси қарори Комиссия барои муддати рафтуомад то ҷойи табобат медиҳад. Ҳангоми мувофиқат кардани нишондодҳои тиббӣ варақаи корношоямиро табиби шифокори клиникаҳои номбаршуда тамдид менамояд.
49. Варақаи корношоямӣ ба шаҳрвандони зерин дода намешавад:
- шаҳрвандоне, ки ба таври нақшавӣ, дар беморхона бе роҳхати табиби оилавӣ бистарӣ мегарданд;
- шаҳрвандоне, ки ҳангоми муроҷиат намудан ба муассисаи тиббӣ оид ба ёрии тиббӣ дар онҳо аломатҳои корношоямии муваққатӣ ошкор карда намешаванд;
- шаҳрвандоне, ки бо роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ аз шаҳодаткунонии тиббӣ, муоина ва ташхиси тиббӣ ё табобат мегузаранд;
- маҳбусон ё онҳое, ки зери ҳабси маъмурӣ қарор доранд;
- онҳое, ки аз муоинаи (таҳқиқи) тиббии даврӣ мегузаранд, аз ҷумла дар марказҳои бемориҳои касбӣ;
- хонандагони муассисаҳои таълимии касбии ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломии касбӣ;
- онҳое, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят ҷароҳат бардоштаанд;
- кормандони мақомоти қудратӣ, аспирантҳо, ординаторҳо, коркунони ба корҳои кӯтоҳмуддат ҷалбшуда, хонандагон (мактаббачагон, донишҷӯён), маҳбусон;
- ҳангоми дар ҳолати мастӣ ба беморӣ (осеббардорӣ) гирифтор шудан.
50. Ҳангоми ба беморӣ (осеббардорӣ, заҳролудшавӣ) гирифтор шудан ба хонандагони муассисаҳои таълимии касбии ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, маълумоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломии касбӣ барои аз таҳсил озод шудан оид ба вазъи саломатӣ маълумотнома дода мешавад.
51. Ҳангоми ба беморӣ (осеббардорӣ, заҳролудшавӣ) гирифтор шудани хонандагони муассисаҳои таълимии ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломии касбӣ дар давраи иҷро кардани корҳои музднок ҳангоми таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, инчунин иҷрои корҳо аз рӯи шартномаи меҳнатӣ варақаи корношоямӣ тибқи Тартиби мазкур дода мешавад. Дар ҳолатҳои зикршуда бо хоҳиши шаҳрванд аз картаи тиббии муроҷиаткунанда ё ҳуҷҷати сатҳибистаринамоӣ иқтибос дода мешавад.
52. Ҳангоми гум шудани варақаи корношоямии муваққатӣ баъди аз муҳосиботи ҷои кор пешниҳод намудани маълумотнома оид ба пардохт намудани музди меҳнат нусхаи варақаи корношоямӣ дода мешавад.
6. Тартиби додани варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини бемор аз ҷониби узви оила
53. Варақаи корношоямиро барои нигоҳубини бемор аз ҷониби узви оила корманди тиб ба як нафар узви оила (парастор), ки воқеан беморро нигоҳубин мекунад, медиҳад.
54. Варақаи корношоямӣ ба узви оила (парастор) дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:
- ҳангоми табобати кӯдаки синни то 18-сола дар маркази саломатӣ бо бемории шадид, хурӯҷи бемории музмин ё дар муассисаи табобатию пешгирӣ якҷоя бо ӯ бистарӣ будани яке аз аъзои оила (парастор);
- ҳангоми табобати кӯдаки синни то 18-сола дар маркази саломатӣ ё дар муассисаи табобатию пешгирӣ якҷоя бо ӯ бистарӣ будани яке аз аъзои оила (парастор) дар давоми то 10 рӯз барои ҳар як ҳолати беморӣ (ҳангоми давом ёфтани беморӣ маълумотномаи шакли №138/ҳ барои нигоҳубини кӯдаки бемор дода мешавад);
- ҳангоми табобати кӯдакони то 18-сола, ки бо вируси норасоии масунияти одам сироят ёфтаанд, гирифтори бемории вазнини хун мебошанд, омосҳои бадфарҷом доранд ва аз сӯхтор ҷароҳат бардоштаанд, дар тамоми давраи ҳамроҳ будани яке аз узви оила (парастор) бо кӯдак дар муассисаи табобатию профилактикӣ;
- ҳангоми табобати кӯдакони синни то 18 - солаи гирифтори бемории вобаста бо оризаи пас аз ваксинагузаронӣ, дар тамоми давраи табобат ҳамроҳ будани яке аз аъзои оила (парастор) бо кӯдак дар муассисаи табобатию профилактикӣ;
- ҳангоми табобати кӯдакони то 18 - сола, ки аз таъсири радиатсия ба волидон гирифтори бемориҳо мебошанд, дар тамоми давраи беморӣ;
- ҳангоми табобати дармонгоҳӣ гирифтани шаҳрвандони аз 18 сола боло дар давоми то 3 - рӯз.
55. Ҳангоми зарурат барои нигоҳубини кӯдаки бемор варақаи корношоямӣ метавонад бо навбат ба дигар аъзои оила дар доираи мӯҳлатҳои бо Тартиби мазкур муайянгардида дода шавад.
56. Ҳангоми ба беморӣ гирифтор шудани ду ва ё теъдоди бештари кӯдакон як варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини ҳамаи онҳо дода мешавад.
57. Ҳангоми бемории кӯдаки дуюм (сеюм) варақаи корношоямӣ, ки барои нигоҳубини кӯдаки якум дода шуда буд, то сиҳат шудани ҳамаи кӯдакон давом дода мешавад. Дар ин ҳолат дар варақаи корношоямӣ санаи ба беморӣ гирифтор шудан, табобат ёфтан, ном ва синни ҳамаи кӯдакон нишон дода мешавад.
58. Варақаи корношоямӣ дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:
- барои нигоҳубини беморон бо бемориҳои музмин дар давраи ғайрифаъол;
- дар давраи рухсатии бемузд;
- дар давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;
- дар давраи рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба синни 3 солагӣ расидани ӯ.
59. Агар кӯдак дар даврае бемор шавад, ки модар (ё дигар узви оила, ки воқеан кӯдакро нигоҳубин мекунанд) барои аз кор озод шудан эҳтиёҷ надошта бошанд, (рухсатии муздноки ҳарсола, рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба синни 3 солагӣ расидани ӯ рухсатиҳои пардохтнашавандаи рӯзҳои истироҳат, ид ва ғайраҳо), варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини кӯдак (дар ҳолате, ки ӯ минбаъд ҳам ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта бошад) ва вақте ки модар (ё дигар узви оила, ки воқеан кӯдакро нигоҳубин мекунанд) аз рӯзи ба кор баромадани ӯ дода мешавад.
7. Тартиби додани варақаи корношоямӣ дар давраи карантин
60. Дар давраи муваққатан аз кор озод намудани шаҳрвандоне, ки бо беморони сироятёфта алоқа доштанд ё шаҳрвандоне, ки барангезандаи сироят мебошанд, варақаи корношоямӣ аз ҷониби табиб дода мешавад. Дар ин ҳолатҳо давомнокии аз кор озод шудан аз рӯи мӯҳлатҳои тасдиқгардида барои шахсоне, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ буданд ё бо онҳо алоқа доштанд, муайян карда мешавад.
61. Дар давраи карантин варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини кӯдаки то 7 сола, ки тарбиятгирандаи муассисаи таълимии томактабӣ мебошад ё узви оила, ки бо тартиби муайянгардида ғайри қобили амал эътироф шудааст, аз ҷониби табиб, ки кӯдакро (узви оиларо, ки бо тартиби муайянгардида корношоям эътироф шудааст) назорат менамояд, тибқи маълумотномаи эпидемиологӣ дар давоми тамоми давраи карантин ба яке аз аъзои коргари оила (парастор) дода мешавад.
8. Тартиби додани варақаи корношоямӣ ҳангоми протезгузорӣ
62. Ба шаҳрвандоне, ки бо роҳхати муассисаи тиббӣ ба муассисаи махсусгардонидашуда барои протезгузорӣ равон карда шудаанд, варақаи корношоямӣ аз тарафи ташкилоти мазкур дар давоми протезгузорӣ ва вақти рафту омади ӯ ба ҷойи протезгузорӣ дода мешавад. Варақаи корношоямии додашуда аз ҷониби корманди тиббии муассисаи махсусгардонидашуда дар тамоми давраи протезгузорӣ ва вақти рафту омади ӯ то маҳалли қайди ҷойи истиқомат (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) тамдид карда мешавад.
63. Ба шаҳрвандоне, ки дар шароити дармонгоҳӣ протез мегузоранд, варақаи корношоямӣ дода намешавад.
9. Тартиби додани варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд
64. Варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд аз ҷониби табиби оилавӣ (табиби бемориҳои занона) дода мешавад. Варақаи корношоямӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд якбора барои 30 ҳафтаи ҳомиладорӣ ба муддати 140 рӯзи тақвимӣ (70 рӯзи тақвимӣ то таваллуд ва 70 рӯзи тақвимӣ баъди таваллуд) дода мешавад.
65. Ҳангоми ҳомиладории бисёртифла варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд якбора ба 28 ҳафтаи ҳомиладорӣ ва муддати 180 рӯзи тақвимӣ (70 рӯзи тақвимӣ то таваллуд ва 110 рӯзи тақвимӣ баъди таваллуд) дода мешавад.
66. Дар ҳолате, ки агар ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан зан гирифтани варақаи корношоямиро барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд рад намояд, он дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ сабт мегардад. Ҳангоми дуюмбора муроҷиат намудани зан дар давраи то таваллуд барои варақаи корношоямӣ аз рӯи ҳомиладорӣ ва таваллуд барои танзим намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд варақаи корношоямӣ ба 140 рӯзи тақвимӣ (180 рӯзи тақвимӣ ҳангоми ҳомиладории бисёртифла) дода мешавад.
67. Дар ҳолате, ки агар ташхиси ҳомиладории бисёртифла ҳангоми таваллуд гузошта шавад, варақаи корношоямӣ аз ҷониби муассисаи тиббие, ки ҳомиладор дар қайди он буд, илова бар ин боз ба 40 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
68. Ҳангоми бо ориза гузаштани таваллуд варақаи корношоямӣ аз рӯи ҳомиладорӣ ва таваллуд иловатан ба 16 рӯзи тақвимӣ аз ҷониби муассисаи тиббие, ки дар он ҳомиладор дар қайд буд, дода мешавад.
69. Ҳангоми таваллуд дар давраи аз 22 то 30 ҳафтаи ҳомиладорӣ варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд аз ҷониби муассисаи тиббие, ки дар он ҳомиладор дар қайд буд, ба 156 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
70. Ҳангоми қатъи ҳомиладорӣ дар мӯҳлати то 22 ҳафта, таваллуди тифли мурда ё зинда, ки 6 шабонарӯзи пурра (168 соат) зиндагӣ накардааст, варақаи корношоямӣ тибқи талаботи фасли II Тартиби мазкур ба тамоми давраи корношоямӣ, вале на камтар аз 3 рӯз дода мешавад. Дар ҳолате, ки агар навзод 6 шабонарӯзи аввал (168 соат) зинда монад, варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба 156 рузи тақвимӣ дода мешавад.
71. Агар рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба давраи рухсатии асосии ҳарсола ва иловагии музднок, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдаки то 3 сола рост ояд, варақаи корношоямӣ аз рӯи ҳомиладорӣ ва таваллуд дар асосҳои умумӣ дода мешавад.
72. Ҳангоми ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдаки синни то семоҳа ба зан аз рӯзи ба фарзандхондӣ қабул намуданаш ба давраи то 70 рӯзи тақвимӣ (ҳангоми ба фарзандхондӣ қабул намудани якбора ду ё се кӯдак ба 110 рӯзи тақвимӣ) аз рӯзи таваллуди кӯдак, варақаи корношоямӣ дода мешавад.
73. Ҳангоми гузаронидани ҳомиладории сунъӣ, варақаи корношоямӣ аз ҷониби муассисаи тиббие, ки иҷозатнома барои фаъолияти тиббӣ, ҳамчунин барои расонидани хизматрасонии акушерию гинекологӣ ва экспертизаи корношоямии муваққатӣ дорад, ба давраи табобат (нумӯъ, ихроҷи тухма, сӯзан задани тухмдон ва гузарондани ҷанин) то муайян шудани натиҷаи муолиҷа ва бо дарназардошти рафтуомад то муассисаи тиббӣ, дода мешавад.
74. Дар ҳолатҳое, ки агар муассисаи тиббӣ ҳомиладории сунъиро гузаронида, барои гузаронидани экспертизаи корношоямии муваққатӣ иҷозатнома надошта бошад, варақаи корношоямӣ ба зан аз ҷониби муассисаи тиббии ҷойи қайди маҳалли зист (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) дар асоси иқтибос (маълумотнома) аз картаи тиббии муроҷиаткунанда, ки муассисаи тиббии ҳомиладории сунъиро гузаронидааст, дода мешавад.
75. Ҳангоми гузаронидани ҷарроҳӣ оид ба қатъ кардани ҳомиладорӣ, ҳамчунин қатъ гардидани ҳомиладорӣ дар мӯҳлатҳои хурд варақаи корношоямӣ ба мӯҳлати 1-3 рӯз дода мешавад.
10. Тартиби пур кардани варақаи корношоямӣ
76. Тарафи ростаи варақаи корношоямӣ аз ҷониби корманди миёнаи тиб баъди пешниҳод намудани шиноснома пур карда мешавад.
77. Навиштаҷот дар варақаи корношоямӣ бо забони тоҷикӣ ва бо ручкаи ранги кабуд сабт карда мешавад.
78. Матни ислоҳшуда ё хатзада бо навишти "ислоҳ дуруст аст" бо имзои табиб ва мӯҳри муассисаи тиббӣ тасдиқ карда мешавад. Нақши мӯҳр ва штампи муассисаи тиббӣ бояд баръало намоён ва ба номи муассисаи тиббӣ мувофиқ бошад.
79. Ҳангоми ба расмият даровардани варақаи корношоямӣ дар баъзе муассисаҳои тиббӣ (равонӣ, наркологӣ, марказҳои мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо) истифода бурдани мӯҳр ва штампи махсус бе нишондоди соҳаи тахассусии муассиса мумкин аст.
80. Ба варақаи корношоямӣ даровардани зиёда аз ду ислоҳ иҷозат дода намешавад. Агар зиёда аз ду ислоҳ бошад, варақаи корношоямӣ беэътибор дониста шуда, ба ҷои он варақаи корношоямии нав дода мешавад.
81. Ҳангоми пур кардани пойгири (корешоки) варақаи корношоямӣ:
- дар сатри "суроға" ҷойи қайди маҳалли зист (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) қайд карда мешавад;
- дар сатри "ҷойи кор" номи пурра ё ихтисоркардаи муассиса нишон дода мешавад.
- дар сатри "ному насаби табиб" ному насаби корманди тиббе, ки варақаи корношоямиро додааст, қайд карда мешавад;
- дар сатри "дода шуд" таърих, моҳ (бо ҳарфҳо) ва соли дода шудани варақаи корношоямӣ нишон дода мешавад. Бо хоҳиши шаҳрванд вақти додани варақаи корношоямӣ низ қайд карда мешавад;
- дар сатри "имзои гиранда" имзои шаҳрванде, ки варақаи корношоямиро гирифтааст, гузошта мешавад.
82. Дар қисми болоии варақаи корношоямӣ ва пойгири он вобаста ба маротибаи аввал дода шудан ё тамдид кардани варақаи корношоямӣ ба зери сабти мувофиқ хат кашида мешавад.
83. Ҳангоми пур кардани тарафи ростаи варақаи корношоямӣ:
- дар сатри "Якумин - Давоми варақаи №.. " зери он хат кашида шуда, рақами варақаи корношоямии аввала сабт карда мешавад;
- дар сатри "Ном ва суроғаи муассисаи тиббӣ ё штампи он" маълумоти дархостшуда пурра қайд карда мешавад;
- дар сатри "Дода шуд" таърих, моҳ (бо ҳарфҳо) ва соли дода шудани варақаи корношоямӣ нишон дода мешавад. Бо хоҳиши шаҳрванд вақти додани варақаи корношоямӣ низ нишон дода мешавад.
- дар сатри "Синну сол" синну соли пурраи шахсе, ки варақаи корношоямӣ ба ӯ дода мешавад, қайд карда мешавад;
- дар сатри "насаб, ном, номи падари корношоям" насаб, ном, номи падари шахси корношоям пурра нишон дода мешавад.
- дар сутуни "Мард/зан" зери сабти мувофиқ хат кашида мешавад;
- дар сатри "ҷои кори асосӣ/шартномавӣ" - дар ҳолате, ки агар шаҳрванд дар як вақт дар ду ё якчанд ҷой кор кунад, дар варақаи корношоямӣ зери калимаи "асосӣ" хат кашида мешавад;
- дар сатри "Сабаби корношоямӣ" сабаби корношоямӣ (беморӣ, осеббардорӣ, бемории касбӣ ё хурӯҷи он, ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё оқибатҳои он, нигоҳубини узви бемори оила, карантин, оризаҳои баъди эмкунӣ, давом додани табобат дар осоишгоҳ, рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд) хат кашида мешавад ва такроран сабаби корношоямии хаткашидашуда сабт карда мешавад. Маълумоти иловагӣ оид ба (осеббардорӣ) варақаи корношоямӣ ҳамчун давомкунада ба расмият дароварда мешавад;
- дар пойгир (корешок) ва варақаи корношоямӣ зери калимаи "тамдид" хат кашида шуда, ба ки дода шудани варақаи аввалаи корношоямӣ ва рақами он сабт мегардад;
- ҳангоми карантин дар варақаи корношоямӣ дар сатри "Сабаби корношоямӣ" зери калимаи "карантин" хат кашида шуда, инчунин насаб, ном, номи падар ва синни кӯдак, ки ҳангоми карантин нигоҳубин карда мешавад, нишон дода мешавад; дар сатри "Реҷа" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "дармонгоҳӣ";
- ҳангоми протезгузорӣ дар шароити корхонаи протезию ортопедӣ дар варақаи корношоямӣ дар сатри "Сабаби корношоямӣ" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "протезгузорӣ", дар сатри "Дар беморхона буд" давомнокии бистарӣ шудан қайд карда мешавад, дар ҷадвали "Озод будан аз кор" бо як сатр мӯҳлати протезгузорӣ бо дарназардошти рӯзҳои рафту омад то ҷойи протезгузорӣ нишон дода мешавад;
- рухсатиҳо барои ҳомиладорӣ ва баъд аз таваллуд дар як варақаи корношоямӣ сабт карда мешаванд;
- дар сатри "Сабаби корношоямӣ" зери калимаҳои "рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд" хат кашида, санаи эҳтимолии таваллуд қайд карда мешавад, дар сатри "Реҷа" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "дармонгоҳӣ+беморхонавӣ", дар ҷадвали "Озод будан аз кор" бо як сатр давомнокии ҷамъбастии рухсатӣ нишон дода мешавад: 140 рӯзи тақвимӣ (180 рӯзи тақвимӣ ҳангоми ҳомиладории бисёртифла);
- ҳангоми таваллуди оризадор, инчунин ҳангоми дар вақти таваллуд гузоштани ташхиси ҳомиладории бисёртифла, варақаи корношоямӣ аз тарафи муассисаи тиббие, ки дар он тафл таваллуд шудааст, дода мешавад;
- дар сатри "Якумин - Давоми варақаи №..." зери калимаи "давоми" хат кашида мешавад;
- дар сатри "Сабаби корношоямӣ нишон дода шавад" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "рухсатии иловагӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд", дар сутуни "Аз кадом рӯз" ва "То кадом рӯз"-и ҷадвали "Аз кор озод карда шавад" бо як сатр давомнокии рухсатии иловагӣ қайд карда мешавад;
- ҳангоми ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (минбаъд - ХДЭТИ) равон кардан, дар варақаи корношоямӣ санаҳои мувофиқ дар сатрҳои зерин қайд карда мешаванд: "Ба ХДЭТИ равона карда шудааст", "Қайди ҳуҷҷатҳо дар ХДЭТИ", "Муоина дар ХДЭТИ" (№ 429);
- дар сатри "Хулосаи ХДЭТИ" оид ба натиҷаҳои муоина навиштаҷот сабт гардида, имзо ва ному насаби роҳбари Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ гузошта мешавад (№ 429);
- дар сатри "Ба кор баромадан" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "дараҷаи маҳдудияти қобилият ба фаъолияти меҳнатӣ муқаррар карда шудааст" ва санаи қайди ҳуҷҷатҳо дар Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ нишон дода мешавад (№ 429);
- агар дараҷаи маҳдудияти қобилият ба фаъолияти меҳнатӣ аз тарафи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ муқаррар нашуда бошад, давраи муоина бо як сатр дар сутунҳои: "Аз кадом рӯз" ва "То кадом руз"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" нишон дода мешавад (№ 429);
- ҳангоми ба расмиятдарории варақаи корношоями ба давраи гузаронидани амалиёти мураккаби урологӣ, гинекологӣ, проктологӣ дигар намудҳои таҳқиқот, амалиёт дар сутуни "Аз кадом рӯз" ва. "То кадом руз"-и ҷадвали "Озод намудан аз кор" танҳо рӯзҳои гузаронидани амалиёт қайд ғардида, дар сутуни "Ихтисос ва ному насаби табиб" ва "Имзои табиб" ихтисос ва ному насаби табиби муолиҷавӣ ва насаби раиси Комиссияи машварати табибӣ қайд шуда, имзои онҳо гузошта мешавад;
- мӯҳри муассисаи тиббӣ дар кунҷи рости боло ва поёни варақаи корношоямӣ, ҳангоми ба кор рухсат додани шаҳрванд ва ё тамдид намудани мӯҳлати варақаи корношоямӣ гузошта мешавад;
- ҳангомӣ ба расмият даровардани варақаи корношоямӣ ба шаҳрвандоне, ки дар маҳалли қайди доимӣ воқеъ нестанд, дар сатрм "Додани (тамдиди) варақаи корношоямӣ ба шаҳрвандоне, ки дар маҳалли қайди доимӣ воқеъ нестанд" санаи оғоз ва анҷоми давраи корношоямӣ қайд шуда, имзои роҳбар ва мӯҳри муассисаи тиббӣ гузошта мешавад;
- варақаҳои корношоямӣ дар ҳуҷҷатҳои аввалияи тиббӣ бо нишон додани рақам, санаи додани варақаи корношоямӣ ба шаҳрванд, тамдиди варақаи корношоямӣ, ба кор баромадани шаҳрванд қайд карда мешаванд;
- Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ҳангоми зарурат ҳуқуқ дорад, оид ба зарур будани нигоҳубини маъюбоне, ки дар марказҳои саломатӣ қарор доранд, хулоса диҳад (№ 429).
11. Тартиби додани маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ
84. Маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:
- ҳангоми беморӣ, осеббардорӣ, заҳролудшавӣ ба тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳо (шакли № 95/ҳ);
- ҳангоми давомёбии беморӣ барои нигоҳубини кӯдаки бемор маълумотномаи №138/ҳ дода мешавад (баъд аз 10 рӯзи варақаи корношоямӣ);
- ҳангоми садамаи маишӣ (шакли № 95-1/ҳ) дар 6 рӯзи аввал (аз рӯзи 7-ум варақаи корношоямӣ дода мешавад);
- ҳангоми заҳролудшавӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ (шакли № 94/ҳ) дар тамоми давраи беморӣ, на бештар аз 4 моҳ;
- ҳангоми алоқа бо беморони сирояти карантинӣ, барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ бо хулосаи мутахассиси эпидемиолог.
12. Тартиби равона кардани шаҳрванд ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ
85. Ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ шаҳрвандоне фиристода мешаванд, ки аз рӯи хулосаи Комиссияи машваратию табибӣ протезгузорӣ нишон дода мешавад. Ҳангоми дигаргуншавии сабаби корношоямӣ санаи дигаргуншавӣ қайд карда мешавад (№ 429);
- дар сатри "Реҷа" намуди реҷаи табобатию ҳимоякунандаи тавсияшуда қайд карда мешавад: беморхонавӣ, дармонгоҳӣ, осоишгоҳӣ;
- дар сатри "Сабтҳо оид ба вайронкунии реҷа" санаи вайронкунӣ, намуди он (риоя накардани реҷаи тавсияшуда, дар мӯҳлати муқарраршуда ҳозир нашудан ба назди табиб, баромадан ба кор бе иқтибос аз варақаи беморӣ, худсарона аз беморхона рафтан, баромадан ба дигар воҳиди марзию маъмурӣ барои табобат бе иҷозати табиби муолиҷавӣ, рад кардани роҳхат ё дар мӯҳлати муқарраршуда ҳозир нашудан ба Комиссияи машваратию табибӣ ва ғайра) қайд карда шуда, имзои табиби муолиҷавӣ гузошта мешавад. Агар реҷа вайрон нашуда бошад, ин сатр пур карда намешавад;
- дар ҷадвали "Аз кор озод будан" нишон дода мешаванд:
- дар сутуни "Аз кадом рӯз" бо рақамҳои арабӣ - таърих, моҳ ва соли аз кор озод карда шудани шаҳрванд;
- дар сутуни " Эътиборан то кадом рӯз" бо ҳарфҳо - эътиборан таърих ва моҳе, ки то он шаҳрванд аз кор озод карда шудааст;
- дар сутунҳои "Ихтисос ва ному насаби табиб" ва "Имзои табиб"ихтисоси табиб, ному насаби ӯ ва имзо гузошта мешавад;
- ҳангоми табобати дармонгоҳӣ варақаи корношоямӣ аз ҷониби табиб аз рӯзи дигари баъд аз муоинаи шаҳрванд тамдид мешавад. Муддати тамдиди варақаи корношоямӣ дар сатрҳои алоҳидаи сутунҳо навишта мешавад;
- дар сатри "Ба кор баромадан" санаи барқароршавии коршоямӣ як рӯз баъд аз муоина ва эътироф гаштани коршоямии бемор қайд карда мешавад;
- дар ҳолати давом ёфтани корношоямӣ чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "Беморӣ давом дорад" рақам ва санаи додани варақаи корношоямии нав нишон дода мешавад;
- дар дигар ҳолатҳои анҷомёбии корношоямӣ чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "Маъюбӣ муқаррар гардид, дараҷаи маҳдудияти қобилияти фаъолияти меҳнатӣ (сана)", "Фавтид" (бо сабти санаи фавт), "Рад намудани гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ";
- дар ҳолате, ки шаҳрванд баъд аз дода шудан ё тамдиди варақаи корношоямӣ ба қабули табиб ҳозир нашуда, дар қабули минбаъда коршоям эътироф мегардад, дар сатри "Ба кор баромадан"-и варақаи корношоямӣ чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "Ба қабули табиб коршоям омад" (бо сабти санаи қабул), сатрҳои холии сутуни "Аз кадом рӯз" ва "То кадом рӯз"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" бо аломати "2" хат кашида мешаванд;
- ҳангоми тартибдиҳии варақаи корношоямӣ аз рӯи қарори Комиссияи машваратию табибӣ, дар сутунҳои "Ихтисос ва ному насаби табиб" ва "Имзои табиб"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" ихтисос ва ному насаби табиби муолиҷавӣ ва раиси Комиссияи машваратию табибӣ қайд карда шуда, имзои онҳо гузошта мешавад. Ҳамин тавр, варақаи корношоямӣ баъди ҳар як ҳолати баррасишавӣ дар Комиссияи машваратию табибӣ тартиб дода мешавад;
- ҳангоми гум шудани варақаи корношоямӣ нусхаи дуюми он аз тарафи табиби муолиҷавӣ ва раиси Комиссияи машваратию табибӣ тартиб дода мешавад. Дар кунҷи рости болои варақаи корношоями навиштаҷоти "Нусха" сабт карда мешавад, дар сутунҳои "Аз кадом рӯз" ва "То кадом рӯз"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" бо як сатр давраи умумии корношоямӣ нишон дода мешавад;
- ҳангоми табобати беморхонавӣ дар сатри "Дар беморхона буд" давраи табобат қайд карда мешавад, дар ҷадвали "Озод будан аз кор"-и варақаи корношоямӣ навиштаҷот оид ба давом додани табобат сабт карда мешавад;
- дар ҳолати табобати беморхонавии давомнок ва зарурати пешниҳоди варақаи корношоямӣ барои пардохти музд дар ҷадвали "Озод будан аз кор" ва сатри "Дар беморхона буд" мӯҳлатҳои мувофиқи табобат нишон дода мешаванд, дар сатри "Ба кор баромадан" навиштаҷоти "Беморӣ давом дорад" сабт карда мешавад;
- ҳангоми аз беморхона рухсат додани шаҳрванди корношоям варақаи корношоямии нав дода мешавад, ки давоми варақаи корношоямии қаблӣ ба ҳисоб рафта, дар он дар сатри "Дар беморхона буд" давомнокии умумии табобат нишон дода шуда, дар ҷадвали "Озод будан аз кор" бошад, мӯҳлати табобат ғайри рӯзҳое, ки дар варақаи корношоямии аввала буданд, қайд карда мешавад;
- ҳангоми табобат дар шароити бистаришгоҳи рӯзона дар варақаи корношоямӣ дар сатри "Реҷа" чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "Реҷаи дармонгоҳӣ";
- дар ҳолати аз тарафи муассисаи тиббӣ барои табобат равон кардани шаҳрванд ба муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ то рафтани шаҳрванд ба муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ варақаи корношоямиро муассисаи тиббӣ ба расмият медарорад (мекушояд) ва он аз тарафи табиби муолиҷавии муассисаи тиббӣ ва раиси Комиссияи машваратию табибӣ имзо карда мешавад;
- дар сатри "Сабаби корношоямӣ" чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "табобат дар муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ", санаи оғоз ва анҷоми мӯҳлати роҳхат барои табобат, рақами он, суроғаи муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ нишон дода мешавад; дар сатри "Реҷа" чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "беморхонавӣ"; дар сутунҳои "Аз кадом рӯз" ва "То кадом рӯз"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" бо як сатр рӯзҳои табобат дар муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ бо дарназардошти рӯзҳои рафтуомад то ҷои табобат қайд карда мешавад;
- дар варақаи корношоямии барасмиятдаровардашуда барои нигоҳубини узви бемори оила дар сатри "Сабаби корношоямӣ" зери калимаҳои "нигоҳубини узви бемори оила" хат кашида шуда, насаб, ном, номи падар, синни шаҳрванд (кӯдак), ки нигоҳубин карда мешавад, инчунин алоқаи хешу табории онҳо қайд карда мешаванд;
- ҳангоми нигоҳубини якҷояи ду ва ё зиёда кӯдакон дар варақаи корношоямӣ дар сатри "Сабаби корношоямӣ" зери калимаҳои "нигоҳубини узви бемори оила" хат кашида шуда, ном, насаб, номи падар, синни ҳар як кӯдак, ки нигоҳубин карда мешавад, нишон дода мешавад;
- дар ҳолати бо навбат кушодани варақаи корношоямӣ ба аъзои гуногуни оила барои нигоҳубини кӯдаки бемор аз рӯи як беморӣмаҳдудияти устувори фаъолияти ҳаётӣ ва коршоямӣ дошта, ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд мебошанд.
86. Роҳхат ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ мутобиқи шакли № 088/ҳ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, аз ҷониби марказҳои саломатӣ дар ҳолати мавҷуд будани хулосаи сармутахассисони соҳавии сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ дода мешавад (№ 429).
87. Ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ беморон дар чунин ҳолатҳо равон карда мешаванд (№ 429):
- ҳангоми бо имкониятҳои ташхисии кишвар асоснок намудани ташхис ва аворизи он, эҳтимолияти воқеии ногувори пешгӯии клиникӣ ва меҳнатии беморӣ новобаста ба мӯҳлати корношоямии муваққатӣ, аммо на дертар аз 4 моҳи оғоз шудани он (дар ҳолати бемории сил - 12 моҳ);
- ҳангоми зарурати тағйир додани барномаҳои барқарорсозии касбии кормандони маъюб дар ҳолати бад шудани пешгӯии клиникӣ ва меҳнатии беморӣ новобаста аз гурӯҳи маъюбӣ ва мӯҳлатӣ корношоямии муваққатӣ;
- баъди хотима ёфтани мӯҳлати маъюбӣ аз синни кӯдакӣ (баъди 18- солагӣ) ва гузаштани ташхиси навбатии тиббию иҷтимоӣ;
- барои давом додани варақаи корношоямии муваққатӣ (пас аз 4 моҳ);
- барои гирифтани аробачаҳои маъюбӣ.
88. Ҳангоми муқаррар намудани маъюбӣ бо дараҷаи маҳдудияти қобилияти меҳнатӣ мӯҳлати корношоямии муваққатӣ бевосита аз рӯзи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар муассисаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ба охир мерасад (№ 429).
89. Дар ҳолати рад намудани шаҳрванд барои ҳозир шудан ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ё бе сабабҳои узрнок саривақт ҳозир нашудани ӯ ба адамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ варақаи корношоямӣ аз рӯзи ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ҳозир нашудан ё бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ тамдид карда намешавад, маълумот оид ба ин дар варақаи корношоямӣ ва дар картаи тиббии муроҷиин ва ё ҳуҷҷати сатҳи бистаринамоӣ қайд карда мешаванд (№ 429).
90. Ба маъюби коргар (корношоямӣ бо маҳдудият ва тавсияи меҳнатии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ) ҳангоми зарурат варақаи корношоямии давомнокиаш то 2 моҳ бефосила ва 3 моҳ дар давоми сол бо фосила дода мешавад (№ 429).
13. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани тартиби додани варақаҳои корношоямӣ
91. Барои вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи додани варақаи корношоямӣ муассисаҳои тандурустӣ, инчунин кормандони тиб мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ниг. ба Замимаҳо
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 марти соли 2013, № 146
тасдиқ шудааст
Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ (минбаъд - Тартиб) экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандонро дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, аз ҷумла тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти комиссияҳои машваратию табибӣ, муайян намудани рӯзҳои эҳтимолии корношоямии муваққатӣ вобаста ба хусусияти бемориҳо, тартиби додани варақаи корношоямӣ ҳангоми беморӣ ва ҷароҳатбардорӣ, заҳролудшавӣ (баъзе оқибатҳои дигари таъсири омилҳои беруна), додани варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини бемор аз ҷониби узви оила, додани варақаи корношоямӣ дар давраи карантин, додани варақаи корношоямӣ ҳангоми протезгузорӣ, додани варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, пур кардани варақаи корношоямӣ, додани маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ танзим мекунад.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- корношоямии муваққатӣ - ҳолате, ки дар шаҳрванд бинобар беморӣ ё осеб вайроншавии вазифаҳои алоҳидаи организм ба амал омада, ба иҷрои фаъолияти касбии ӯ монеъ мешавад ва хусусияти муваққатии рафъпазир дорад;
- экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон - намуди экспертизаи тиббӣ, ки вазифаи он арзёбии вазъи саломатии бемор, сифат ва самаранокии муоина ва табобат, имконияти давом додани фаъолияти касбӣ ва муайян намудани мӯҳлати муваққатан корношоям гардидани шаҳрвандон мебошад;
- варақаи корношоямии муваққатӣ - ҳуҷҷате, ки муваққатан корношоям гардидан ва аз кор озод шудани шаҳрвандро тасдиқ намуда, барои аз тарафи субъектҳои бо Тартиби мазкур ваколатдор гирифтани кӯмакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳуқуқ медиҳад;
- комиссияи машваратию табибӣ - мақоме, ки дар назди муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб ва мураккаби экспертизаи корношоямӣ, санҷидани дурустии муоинаҳои гузаронидашуда, ташхиси муқарраркардашуда, кушодан ва тамдиди варақаи корношоямии муваққатӣ, додани хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии шаҳрвандон равон намудани бемороне, ки корношоямии қобилияти меҳнатии худро ба таври устувор аз даст додаанд, амал мекунад.
2. Тартиби гузаронидани экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон
3. Экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон аз тарафи табибони муассисаҳои тиббии беморхонавӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои клиникии муассисаҳои илмӣ ва илмию таълимии сохтори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тиббии дар тобеияти дигар корхонаву муассисаҳо қарордошта ва субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, ки мувофиқи Тартиби мазкур барои ташхис ва табобати бемориҳо шароит доранд, гузаронида мешавад.
4. Экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон аз тарафи субъектҳои зерин амалӣ гардонида намешавад:
- муассисаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ;
- муассисаҳои хунгузаронӣ;
- шӯъбаҳои қабули муассисаҳои беморхонавӣ;
- марказҳои муоина ва табобати варзишгарон;
- осоишгоҳҳо, фароғатгоҳҳо ва дигар муассисаҳои санаторию курортӣ;
- муассисаҳои махсуси тандурустӣ (марказҳои ташхиси тиббӣ, марказҳои тиббии профилактикӣ, экспертизаи тиббию судӣ, тибби ҳолатҳои фавқулодда);
- хадамотҳои назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, фарматсевтӣ ва беҳдоштӣ;
- муассисаҳои фаъолияти хусусии тиббии сатҳи дармонгоҳӣ (тобистаринамоӣ).
5. Дар натиҷаи экспертизаи корношоямии муваққатӣ ва дар ҳолати мавҷуд будани нишондод ба шаҳрванд варақаи корношоямии муваққатии шакли ягонае, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дода мешавад.
6. Варақаҳои корношоямӣ ҳангоми беморӣ, садамаҳо, заҳролудшавӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба корношоямии муваққатӣ вобастагӣ доранд, инчунин ҳангоми табобат, зарурати нигоҳубини бемор аз ҷониби узви оила, дар давраи карантин, протезгузорӣ дар шароити беморхона, дар давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, фарзандхондии кӯдаки навзод дода мешавад.
7. Варақаи корношоямӣ ба шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, инчунин ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ ё муваққатӣ зиндагӣ мекунанд ва ба шахсони бе шаҳрванд (минбаъд - шаҳрвандон), ки аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, хизматчиёни давлатӣ, адвокатҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар категорияи шахсоне, ки дар давоми 12 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қатъ намудани кор аз рӯи шартномаи меҳнатӣ, амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ё дигар фаъолият, дар давоми аз рӯзи
бастани шартномаи меҳнатӣ то рӯзи аз эътибор соқит донистани он гирифтори беморӣ ё садама шудаанд, дода мешавад.
8. Варақаи корношоямиро кормандони зерини тиб дода метавонанд:
- табибони муассисаҳои тандурустии давлатӣ;
- табибони муассисаҳои фаъолияти хусусии тиббии сатҳи бистаринамоӣ, ки иҷозатномаи фаъолияти тиббӣ доранд ва ташхиси корношоямии муваққатиро мегузаронанд (минбаъд - табибони машғул ба амалияи хусусии тиббӣ);
- табибони осоишгоҳҳои махсусгардонидашуда (зиддисилӣ), шифохонаҳо, марказҳои барқарорсозӣ, ки бо ташхиси корношоямии муваққатӣ машғул мебошанд;
- табибони муассисаҳои клиникии илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла муассисаҳои клиникии илмию таҳқиқотии протезмонӣ ва протезсозӣ;
- табибони эътимотноки корхона ва муассисаҳои тиббӣ тибқи Тартиби мазкур.
9. Варақаҳои корношоямиро кормандони зерини тиб дода наметавонанд:
- кормандони миёнаи тиб;
- табибони шӯъба, бахш ва ҳуҷраҳои ёрирасон (сабти барқии дил, гармдармонӣ, табиатшифоӣ, фаросавтӣ, рентгенӣ, озмоишгоҳ ва ғайра), новобаста ба шакли моликият.
10. Варақаи корношоямӣ ҳангоми пешниҳод намудани шиноснома дода мешавад. Дар ҳолате, ки агар шаҳрванд дар якчанд ҷой кор кунад, варақаи корношоямӣ танҳо ба ҷойи кори асосӣ дода мешавад.
11. Варақаи корношоямӣ аз ҷониби корманди тиб баъди муоинаи шаҳрванд ва сабти маълумот оид ба вазъи саломатии ӯ дар картаи тиббии муроҷиаткунунда (дафтарчаи тиббии дармонгоҳӣ) ва ё ҳуҷҷати сатҳи бистаринамоӣ, ки зарурати муваққатан аз кор озод карданро асоснок мекунад, дода ва тамдид карда мешавад.
12. Варақаи корношоямӣ дар як муассисаи тиббӣ дода ва маҳкам карда мешавад. Ҳангоми барои табобат ба дигар муассисаи тиббӣ фиристодани шаҳрванд, муассисае, ки дар он табобати минбаъдаи ӯ давом дода шудааст, метавонад варақаи корношоямиро тамдид диҳад ва маҳкам намояд.
13. Ба шаҳрвандоне, ки берун аз қайди маҳалли зист воқеанд (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ), варақаи корношоямӣ бо иҷозати роҳбари муассисаи тиббӣ бо сабти мутобиқ дар картаи тиббии муроҷиаткунанда (дафтарчаи тиббии дармонгоҳӣ) ва ё ҳуҷҷати сатҳи бистаринамоӣ варақаи корношоямӣ дода (тамдид) мешавад.
14. Ҳангоми давомнок будани мӯҳлати корношоямии муваққатӣ варақаи корношоямӣ бо дарназардошти рӯзҳое, ки барои рафту омад ба маҳалли қайди зист (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) лозим аст, (на бештар аз 3 рӯз) дода мешавад.
15. Ҳуҷҷатҳое, ки корношоямии муваққатии шаҳрвандонро ҳангоми дар хориҷа будани онҳо тасдиқ менамоянд (баъди тарҷумаи расмӣ) бо қарори комиссияи машваратию табибии муассисаи тиббӣ (минбаъд Комиссия) метавонанд ба намунаи варақаи корношоямии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашуда иваз карда шаванд.
16. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои тиббӣ, ки ҳуқуқи додани варақаҳои корношоямиро доранд, тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти ваколатдори суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бо варақаҳои корношоямии муваққатӣ ройгон таъмин карда мешаванд.
3. Тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияҳои машваратию табибӣ
17. Комиссияи машваратию табибӣ дар асоси фармоиши роҳбарияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ таъсис дода шуда, аз раис, котиб, аъзо иборат мебошад, ки теъдоди онҳо бояд адади тоқро ташкил диҳад.
18. Ҳангоми зарурат ба кори Комиссия мутахассисони алоқаманд, ки аъзои он намебошанд, ҷалб карда мешаванд.
19. Комиссия фаъолияти худро дар шакли ҷаласаҳо, ки дар як ҳафта на камтар аз ду маротиба гузаронида мешавад, амалӣ мегардонад.
20. Қарори Комиссия бо аксарияти овозҳои аъзои он қабул гардида, хулосаҳои он ба ҳуҷҷатҳои аввалияи тиббӣ, инчунин ба китоби қайди қарорҳои Комиссия сабт карда мешаванд.
21. Комиссия вобаста ба вазъи саломатии шаҳрванд, ки дар асоси муоина ва ташхиси ӯ сабт шудааст, бо пешниҳоди табиби шифокор (муолиҷавӣ) қарорҳои зеринро қабул менамояд:
- оид ба тамдиди варақаҳои корношоямӣ тибқи нишондоди Тартиби мазкур;
- оид ба масъалаҳои мураккаб ва баҳсталаби экспертизаи корношоямии муваққатӣ, инчунин ҳангоми табобат;
- оид ба равон кардани бемор ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ;
- дар бораи ба кори дигар гузаронидани шахсони коршоям ва ё бинобар вазъи саломатӣ бо кори мувофиқ таъмин намудани шахсоне, ки коршоямии маҳдуд доранд;
- оид ба равон намудан барои табобат берун аз ҳудуди марзию маъмурӣ;
- оид ба озод намудани хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз имтиҳоноти аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ;
- дар бораи аз машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ озод намудани хонандагони мактабҳои миёна, миёнаи нопурра, миёнаи махсус ва олӣ;
- додани хулосаҳо оид ба имконияти пешниҳод намудани рухсатии академикӣ ба донишҷӯёни мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ аз рӯи нишондодҳои тиббӣ;
- ҳалли масъалаҳои мураккаб ва баҳсталаб ҳангоми муайян намудани коршоямии касбии шахсоне, ки дар шароитҳои зарарнок ва хатарнок бо кор машғул мебошанд;
- оид ба эҳтиёҷ доштан ба масоҳати иловагии манзили зист ва ё дар навбати аввал ҷудо намудани манзили истиқомати вобаста ба вазъи саломатӣ;
- оид ба масъалаҳои экспертизаи корношоямӣ дар асоси дархости муассисаи тиббӣ, фонди суғуртаи иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариатҳои ҳарбӣ.
22. Раиси Комиссия табибе таъин карда мешавад, ки дараҷаи тахассусии олӣ ва дар экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон малакаи корӣ дорад.
23. Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ раиси Комиссия - муовини роҳбари муассиса аз рӯи самти фаъолияти алоқаманд ва дар беморхонаҳо - муовини роҳбари муассиса оид ба корҳои муолиҷавӣ таъин карда мешавад.
24. Дар муассисаҳои тиббие, ки самти фаъолияти онҳо гуногун мебошанд, ҳайати Комиссия аз ҳисоби табибони ихтисосҳои алоқаманд ташкил карда мешавад.
25. Раиси Комиссия дар доираи салоҳияти худ корҳои зеринро анҷом медиҳад:
- санҷиши сифат ва самаранокии тадбирҳои табобатию ташхисии гузаронишударо амалӣ мегардонад;
- саривақт ҷалб намудани мутахассисони алоқамандро ба машварати табибон, истифодаи технологияҳои табобати ивазкунандаи бистаришгоҳӣ, ба бистаринамоӣ равон намудани беморонро назорат мекунад;
- шиддатнокии ҷараёни ташхису табобатро арзёбӣ мекунад;
- асоснокии додани варақаҳои корношоямиро (маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатиро) месанҷад;
- барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони муассиса оид ба экспертизаи корношоямӣ мунтазам корҳои дастурию ташкилиро мегузаронад.
26. Ҳайати Комиссия бояд аз табибони дорои дараҷаи тахассусии на камтар аз якум (ба истиснои котиб) иборат бошад.
27. Бо мақсади арзёбии фаъолияти Комиссия, инчунин ҷиҳати баррасии масъалаҳои баҳснок ва мураккаби экспертизаи корношоямӣ; санҷидани дурустии муоинаҳои гузаронидашуда, ташхиси муқарраршуда, кушодан ва тамдид кардани варақаи корношоямии муваққатӣ, додани хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои ба Мақоми давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ равон намудани бемороне, ки қобилияти меҳнатии худро ба таври устувор аз даст додаанд, дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, марказҳои саломатии шаҳрӣ/ноҳиявӣ комиссияҳои марказии машваратию табибӣ (минбаъд-Комиссияи марказӣ) ташкил дода мешаванд.
28. Комиссияи марказӣ бо фармоиши Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, марказҳои саломатии шаҳрӣ/ноҳиявӣ таъсис дода мешавад.
29. Комиссияи марказӣ дар доираи салоҳиятҳои худ ҳуқуқ дорад, аз Комиссияи машварати табибӣ тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти худ алоқамандро талаб намояд.
30. Комиссияи машваратию табибӣ (новобаста ба шакли моликият) ӯҳдадор аст, ки ҳар семоҳа ба Комиссияи марказии Вазорати тандурустӣ оид ба фаъолияти кории худ ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намояд.
4. Тартиби муайян намудани рӯзҳои эҳтимолии корношоямии муваққатӣ вобаста ба хусусияти бемориҳо
31. Рӯзҳои эҳтимолии корношоямии муваққатӣ вобаста ба хусусияти беморӣ тибқи замима ба Тартиби мазкур муайян карда мешаванд
5. Тартиб додани варақаи корношоямӣ ҳангоми бемориҳо, осеббардорӣ ва заҳролудшавӣ (баъзе оқибатҳои дигари таъсири омилҳои беруна)
32. Ҳангоми табобати дармонгоҳии бемориҳо (осебҳо), заҳролудшавӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба корношоямии муваққатии шаҳрвандон вобастагӣ доранд, корманди тиб шахсан варақаи корношоямиро якбора ба мӯҳлати 1-3 рӯзи тақвимӣ медиҳад.
33. Дар ҳолати зиёда аз 3 рӯзи тақвимӣ будани мӯҳлати корношоямии муваққатӣ варақаи корношоямӣ дар асоси қарори Комиссия дода мешавад.
34. Бо қарори Комиссия варақаи корношоямӣ аз рӯи тартиби муқарраргардида то барқароршавии коршоямӣ, аммо ба мӯҳлати на зиёдтар аз 4 моҳ дода мешавад.
35. Бо мақсади коҳиш додани сатҳи гирифторшавӣ ба маъюбии аввалия, дар ҳолатҳои имконпазир будани барқароркунии саломатии бемор, бо пешниҳоди Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ варақаи корношоямӣ метавонад боз 2 моҳи дигар тамдид карда шавад.
36. Агар ҳангоми беморӣ (осеб) табобат дар шароити дармонгоҳӣ гузарад, варақаи корношоямӣ аз рӯзи муқаррар гардидани корношоямӣ ба тамоми давраи корношоямии муваққатӣ дода мешавад, ки ба он рӯзҳои ғайрикорӣ, рӯзҳои ид ва рӯзҳои истироҳат низ дохил мегарданд.
37. Додани варақаи корношоямӣ барои рӯзҳои гузашта, ки шаҳрванд аз ҷониби корманди тиб муоина нашуда буд, қатъиян манъ аст.
38. Ба шаҳрвандоне, ки барои ёрии тиббӣ баъди вақти корӣ муроҷиат намудаанд, санаи аз кор озод кардан бо хоҳиши онҳо дар варақаи корношоямии муваққатӣ аз рӯзи минбаъдаи тақвимӣ нишон дода мешавад.
39. Ба шаҳрванде, ки ба муассисаи тиббӣ аз бунгоҳи саломатӣ равон карда шуда, корношоям эътироф гардидааст, варақаи корношоямӣ аз вақти муроҷиат ба бунгоҳи саломатӣ ва ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи корношоямии ӯ дода мешавад.
40. Ба шаҳрвандоне, ки ба табобати махсусгардонидашудаи муассисаи тиббӣ эҳтиёҷ доранд, варақаи корношоямӣ бевосита дар муассисаи махсусгардонидашудаи тиббӣ дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ варақаи корношоямӣ аз ҷониби корманди тиб ҳангоми равон кардани шаҳрванд барои давом додани табобат ба муассисаи махсусгардонидашудаи тиббии ба бемориаш мувофиқ дода мешавад.
41. Ба шаҳрванде, ки муваққатан корношоям буда, бо қарори Комиссия барои машварат (муоина, табобат) ба муассисаи тиббии берун аз минтақаи маъмурии ҷойгиршудаи у равон карда мешавад, варақаи корношоямӣ бо дарназардошти рӯзҳое, ки барои рафтуомад лозиманд, дода мешавад, вале мӯҳлати он набояд аз 4 моҳ зиёдтар бошад.
42. Баъди аз табобати статсионарӣ баромадани бемор, варақаи корношоямӣ ба тамоми давраи табобат дода мешавад, аммо барои шаҳрвандоне, ки берун аз маҳалли қайди ҷойи истиқомат (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) мебошанд, бо дарназардошти рӯзҳои рафтуомад ба маҳалли қайд дода мешавад. Дар ҳолати давомдор шудани корношоямии муваққатӣ варақаи корношоямӣ метавонад ба мӯҳлати 1-3 рӯзи тақвимӣ тамдид карда шавад. Варақаи корношоямӣ дар рӯзи ба охир расидани табобати сатҳи беморхонавӣ дода мешавад.
43. Ба шаҳрвандоне, ки бо қарори суд ба ташхиси судию тиббӣ ё судию равонӣ фиристода шуда, корношоям эътироф гардидаанд, варақаи корношоямӣ аз рӯзи воридшавӣ ба ташхис (экспертиза) дода мешавад.
44. Дар ҳолатҳои алоҳида (амалиёти мураккаби урологӣ, гинекологӣ, проктологӣ ва дигар намудҳои таҳқиқот, амалиёт, табобатҳо) ҳангоми табобати дармонгоҳӣ бо усули фосиладор, варақаи корношоямӣ метавонад бо қарори Комиссия барои рӯзҳои гузаронидани таҳқиқоти мувофиқ (амалиёт, табобатҳо) дода шавад.
45. Ҳангоми рух додани корношоямии муваққатӣ дар давоми рухсатии меҳнатии бемузд, рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, барои нигоҳубини кӯдак то ба синни 3 - солагӣ расидани ӯ варақаи корношоямӣ аз рӯзи хотима ёфтани рухсатиҳои номбаршуда дар ҳолати давом ёфтани корношоямии муваққатӣ дода мешавад.
46. Ҳангоми муваққатан корношоям шудани шахсоне, ки дар рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба синни 3 - солагӣ расидани ӯ буда, дар шароити вақти кории нопурра ё дар хона кор мекунанд, варақаи корношоямӣ тибқи қоидаҳои умумӣ дода мешавад.
47. Ҳангоми вобаста ба беморӣ муваққатан корношоям шудани шаҳрванд (осеббардорӣ, заҳролудшавӣ), ки дар давоми рухсатии муздноки ҳарсола рух медиҳад, варақаи корношоямӣ мутобиқи Тартиби мазкур дода мешавад.
48. Ба шаҳрвандоне, ки аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ барои табобат ба муассисаҳои клиникии илмию таҳқиқотӣ (пажӯҳишгоҳҳо), табиатшифоӣ ва барқарорсозӣ равон карда мешаванд, варақаи корношоямиро корманди тиб дар асоси қарори Комиссия барои муддати рафтуомад то ҷойи табобат медиҳад. Ҳангоми мувофиқат кардани нишондодҳои тиббӣ варақаи корношоямиро табиби шифокори клиникаҳои номбаршуда тамдид менамояд.
49. Варақаи корношоямӣ ба шаҳрвандони зерин дода намешавад:
- шаҳрвандоне, ки ба таври нақшавӣ, дар беморхона бе роҳхати табиби оилавӣ бистарӣ мегарданд;
- шаҳрвандоне, ки ҳангоми муроҷиат намудан ба муассисаи тиббӣ оид ба ёрии тиббӣ дар онҳо аломатҳои корношоямии муваққатӣ ошкор карда намешаванд;
- шаҳрвандоне, ки бо роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ аз шаҳодаткунонии тиббӣ, муоина ва ташхиси тиббӣ ё табобат мегузаранд;
- маҳбусон ё онҳое, ки зери ҳабси маъмурӣ қарор доранд;
- онҳое, ки аз муоинаи (таҳқиқи) тиббии даврӣ мегузаранд, аз ҷумла дар марказҳои бемориҳои касбӣ;
- хонандагони муассисаҳои таълимии касбии ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломии касбӣ;
- онҳое, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят ҷароҳат бардоштаанд;
- кормандони мақомоти қудратӣ, аспирантҳо, ординаторҳо, коркунони ба корҳои кӯтоҳмуддат ҷалбшуда, хонандагон (мактаббачагон, донишҷӯён), маҳбусон;
- ҳангоми дар ҳолати мастӣ ба беморӣ (осеббардорӣ) гирифтор шудан.
50. Ҳангоми ба беморӣ (осеббардорӣ, заҳролудшавӣ) гирифтор шудан ба хонандагони муассисаҳои таълимии касбии ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, маълумоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломии касбӣ барои аз таҳсил озод шудан оид ба вазъи саломатӣ маълумотнома дода мешавад.
51. Ҳангоми ба беморӣ (осеббардорӣ, заҳролудшавӣ) гирифтор шудани хонандагони муассисаҳои таълимии ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломии касбӣ дар давраи иҷро кардани корҳои музднок ҳангоми таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, инчунин иҷрои корҳо аз рӯи шартномаи меҳнатӣ варақаи корношоямӣ тибқи Тартиби мазкур дода мешавад. Дар ҳолатҳои зикршуда бо хоҳиши шаҳрванд аз картаи тиббии муроҷиаткунанда ё ҳуҷҷати сатҳибистаринамоӣ иқтибос дода мешавад.
52. Ҳангоми гум шудани варақаи корношоямии муваққатӣ баъди аз муҳосиботи ҷои кор пешниҳод намудани маълумотнома оид ба пардохт намудани музди меҳнат нусхаи варақаи корношоямӣ дода мешавад.
6. Тартиби додани варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини бемор аз ҷониби узви оила
53. Варақаи корношоямиро барои нигоҳубини бемор аз ҷониби узви оила корманди тиб ба як нафар узви оила (парастор), ки воқеан беморро нигоҳубин мекунад, медиҳад.
54. Варақаи корношоямӣ ба узви оила (парастор) дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:
- ҳангоми табобати кӯдаки синни то 18-сола дар маркази саломатӣ бо бемории шадид, хурӯҷи бемории музмин ё дар муассисаи табобатию пешгирӣ якҷоя бо ӯ бистарӣ будани яке аз аъзои оила (парастор);
- ҳангоми табобати кӯдаки синни то 18-сола дар маркази саломатӣ ё дар муассисаи табобатию пешгирӣ якҷоя бо ӯ бистарӣ будани яке аз аъзои оила (парастор) дар давоми то 10 рӯз барои ҳар як ҳолати беморӣ (ҳангоми давом ёфтани беморӣ маълумотномаи шакли №138/ҳ барои нигоҳубини кӯдаки бемор дода мешавад);
- ҳангоми табобати кӯдакони то 18-сола, ки бо вируси норасоии масунияти одам сироят ёфтаанд, гирифтори бемории вазнини хун мебошанд, омосҳои бадфарҷом доранд ва аз сӯхтор ҷароҳат бардоштаанд, дар тамоми давраи ҳамроҳ будани яке аз узви оила (парастор) бо кӯдак дар муассисаи табобатию профилактикӣ;
- ҳангоми табобати кӯдакони синни то 18 - солаи гирифтори бемории вобаста бо оризаи пас аз ваксинагузаронӣ, дар тамоми давраи табобат ҳамроҳ будани яке аз аъзои оила (парастор) бо кӯдак дар муассисаи табобатию профилактикӣ;
- ҳангоми табобати кӯдакони то 18- сола, ки аз таъсири радиатсия ба волидон гирифтори бемориҳо мебошанд, дар тамоми давраи беморӣ;
- ҳангоми табобати дармонгоҳӣ гирифтани шаҳрвандони аз 18сола боло дар давоми то 3- рӯз.
55. Ҳангоми зарурат барои нигоҳубини кӯдаки бемор варақаи корношоямӣ метавонад бо навбат ба дигар аъзои оила дар доираи мӯҳлатҳои бо Тартиби мазкур муайянгардида дода шавад.
56. Ҳангоми ба беморӣ гирифтор шудани ду ва ё теъдоди бештари кӯдакон як варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини ҳамаи онҳо дода мешавад.
57. Ҳангоми бемории кӯдаки дуюм (сеюм) варақаи корношоямӣ, ки барои нигоҳубини кӯдаки якум дода шуда буд, то сиҳат шудани ҳамаи кӯдакон давом дода мешавад. Дар ин ҳолат дар варақаи корношоямӣ санаи ба беморӣ гирифтор шудан, табобат ёфтан, ном ва синни ҳамаи кӯдакон нишон дода мешавад.
58. Варақаи корношоямӣ дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:
- барои нигоҳубини беморон бо бемориҳои музмин дар давраи ғайрифаъол;
- дар давраи рухсатии бемузд;
- дар давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;
- дар давраи рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба синни 3 солагӣ расидани ӯ.
59. Агар кӯдак дар даврае бемор шавад, ки модар (ё дигар узви оила, ки воқеан кӯдакро нигоҳубин мекунанд) барои аз кор озод шудан эҳтиёҷ надошта бошанд, (рухсатии муздноки ҳарсола, рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба синни 3 солагӣ расидани ӯ рухсатиҳои пардохтнашавандаи рӯзҳои истироҳат, ид ва ғайраҳо), варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини кӯдак (дар ҳолате, ки ӯ минбаъд ҳам ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта бошад) ва вақте ки модар (ё дигар узви оила, ки воқеан кӯдакро нигоҳубин мекунанд) аз рӯзи ба кор баромадани ӯ дода мешавад.
7. Тартиби додани варақаи корношоямӣ дар давраи карантин
60. Дар давраи муваққатан аз кор озод намудани шаҳрвандоне, ки бо беморони сироятёфта алоқа доштанд ё шаҳрвандоне, ки барангезандаи сироят мебошанд, варақаи корношоямӣ аз ҷониби табиб дода мешавад. Дар ин ҳолатҳо давомнокии аз кор озод шудан аз рӯи мӯҳлатҳои тасдиқгардида барои шахсоне, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ буданд ё бо онҳо алоқа доштанд, муайян карда мешавад.
61. Дар давраи карантин варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини кӯдаки то 7 сола, ки тарбиятгирандаи муассисаи таълимии томактабӣ мебошад ё узви оила, ки бо тартиби муайянгардида ғайри қобили амал эътироф шудааст, аз ҷониби табиб, ки кӯдакро (узви оиларо, ки бо тартиби муайянгардида корношоям эътироф шудааст) назорат менамояд, тибқи маълумотномаи эпидемиологӣ дар давоми тамоми давраи карантин ба яке аз аъзои коргари оила (парастор) дода мешавад.
8. Тартиби додани варақаи корношоямӣ ҳангоми протезгузорӣ
62. Ба шаҳрвандоне, ки бо роҳхати муассисаи тиббӣ ба муассисаи махсусгардонидашуда барои протезгузорӣ равон карда шудаанд, варақаи корношоямӣ аз тарафи ташкилоти мазкур дар давоми протезгузорӣ ва вақти рафту омади ӯ ба ҷойи протезгузорӣ дода мешавад. Варақаи корношоямии додашуда аз ҷониби корманди тиббии муассисаи махсусгардонидашуда дар тамоми давраи протезгузорӣ ва вақти рафту омади ӯ то маҳалли қайди ҷойи истиқомат (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) тамдид карда мешавад.
63. Ба шаҳрвандоне, ки дар шароити дармонгоҳӣ протез мегузоранд, варақаи корношоямӣ дода намешавад.
9. Тартиби додани варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд
64. Варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд аз ҷониби табиби оилавӣ (табиби бемориҳои занона) дода мешавад. Варақаи корношоямӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд якбора барои 30 ҳафтаи ҳомиладорӣ ба муддати 140 рӯзи тақвимӣ (70 рӯзи тақвимӣ то таваллуд ва 70 рӯзи тақвимӣ баъди таваллуд) дода мешавад.
65. Ҳангоми ҳомиладории бисёртифла варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд якбора ба 28 ҳафтаи ҳомиладорӣ ва муддати 180 рӯзи тақвимӣ (70 рӯзи тақвимӣ то таваллуд ва 110 рӯзи тақвимӣ баъди таваллуд) дода мешавад.
66. Дар ҳолате, ки агар ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан зан гирифтани варақаи корношоямиро барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд рад намояд, он дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ сабт мегардад. Ҳангоми дуюмбора муроҷиат намудани зан дар давраи то таваллуд барои варақаи корношоямӣ аз рӯи ҳомиладорӣ ва таваллуд барои танзим намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд варақаи корношоямӣ ба 140 рӯзи тақвимӣ (180 рӯзи тақвимӣ ҳангоми ҳомиладории бисёртифла) дода мешавад.
67. Дар ҳолате, ки агар ташхиси ҳомиладории бисёртифла ҳангоми таваллуд гузошта шавад, варақаи корношоямӣ аз ҷониби муассисаи тиббие, ки ҳомиладор дар қайди он буд, илова бар ин боз ба 40 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
68. Ҳангоми бо ориза гузаштани таваллуд варақаи корношоямӣ аз рӯи ҳомиладорӣ ва таваллуд иловатан ба 16 рӯзи тақвимӣ аз ҷониби муассисаи тиббие, ки дар он ҳомиладор дар қайд буд, дода мешавад.
69. Ҳангоми таваллуд дар давраи аз 22 то 30 ҳафтаи ҳомиладорӣ варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд аз ҷониби муассисаи тиббие, ки дар он ҳомиладор дар қайд буд, ба 156 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
70. Ҳангоми қатъи ҳомиладорӣ дар мӯҳлати то 22 ҳафта, таваллуди тифли мурда ё зинда, ки 6 шабонарӯзи пурра (168 соат) зиндагӣ накардааст, варақаи корношоямӣ тибқи талаботи фасли II Тартиби мазкур ба тамоми давраи корношоямӣ, вале на камтар аз 3 рӯз дода мешавад. Дар ҳолате, ки агар навзод 6 шабонарӯзи аввал (168 соат) зинда монад, варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба 156 рузи тақвимӣ дода мешавад.
71. Агар рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба давраи рухсатии асосии ҳарсола ва иловагии музднок, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдаки то 3 сола рост ояд, варақаи корношоямӣ аз рӯи ҳомиладорӣ ва таваллуд дар асосҳои умумӣ дода мешавад.
72. Ҳангоми ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдаки синни то семоҳа ба зан аз рӯзи ба фарзандхондӣ қабул намуданаш ба давраи то 70 рӯзи тақвимӣ (ҳангоми ба фарзандхондӣ қабул намудани якбора ду ё се кӯдак ба 110 рӯзи тақвимӣ) аз рӯзи таваллуди кӯдак, варақаи корношоямӣ дода мешавад.
73. Ҳангоми гузаронидани ҳомиладории сунъӣ, варақаи корношоямӣ аз ҷониби муассисаи тиббие, ки иҷозатнома барои фаъолияти тиббӣ, ҳамчунин барои расонидани хизматрасонии акушерию гинекологӣ ва экспертизаи корношоямии муваққатӣ дорад, ба давраи табобат (нумӯъ, ихроҷи тухма, сӯзан задани тухмдон ва гузарондани ҷанин) то муайян шудани натиҷаи муолиҷа ва бо дарназардошти рафтуомад то муассисаи тиббӣ, дода мешавад.
74. Дар ҳолатҳое, ки агар муассисаи тиббӣ ҳомиладории сунъиро гузаронида, барои гузаронидани экспертизаи корношоямии муваққатӣ иҷозатнома надошта бошад, варақаи корношоямӣ ба зан аз ҷониби муассисаи тиббии ҷойи қайди маҳалли зист (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) дар асоси иқтибос (маълумотнома) аз картаи тиббии муроҷиаткунанда, ки муассисаи тиббии ҳомиладории сунъиро гузаронидааст, дода мешавад.
75. Ҳангоми гузаронидани ҷарроҳӣ оид ба қатъ кардани ҳомиладорӣ, ҳамчунин қатъ гардидани ҳомиладорӣ дар мӯҳлатҳои хурд варақаи корношоямӣ ба мӯҳлати 1-3 рӯз дода мешавад.
10. Тартиби пур кардани варақаи корношоямӣ
76. Тарафи ростаи варақаи корношоямӣ аз ҷониби корманди миёнаи тиб баъди пешниҳод намудани шиноснома пур карда мешавад.
77. Навиштаҷот дар варақаи корношоямӣ бо забони тоҷикӣ ва бо ручкаи ранги кабуд сабт карда мешавад.
78. Матни ислоҳшуда ё хатзада бо навишти "ислоҳ дуруст аст" бо имзои табиб ва мӯҳри муассисаи тиббӣ тасдиқ карда мешавад. Нақши мӯҳр ва штампи муассисаи тиббӣ бояд баръало намоён ва ба номи муассисаи тиббӣ мувофиқ бошад.
79. Ҳангоми ба расмият даровардани варақаи корношоямӣ дар баъзе муассисаҳои тиббӣ (равонӣ, наркологӣ, марказҳои мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо) истифода бурдани мӯҳр ва штампи махсус бе нишондоди соҳаи тахассусии муассиса мумкин аст.
80. Ба варақаи корношоямӣ даровардани зиёда аз ду ислоҳ иҷозат дода намешавад. Агар зиёда аз ду ислоҳ бошад, варақаи корношоямӣ беэътибор дониста шуда, ба ҷои он варақаи корношоямии нав дода мешавад.
81. Ҳангоми пур кардани пойгири (корешоки) варақаи корношоямӣ:
- дар сатри "суроға" ҷойи қайди маҳалли зист (макони будубош, манзили зисти муваққатӣ) қайд карда мешавад;
- дар сатри "ҷойи кор" номи пурра ё ихтисоркардаи муассиса нишон дода мешавад.
- дар сатри "ному насаби табиб" ному насаби корманди тиббе, ки варақаи корношоямиро додааст, қайд карда мешавад;
- дар сатри "дода шуд" таърих, моҳ (бо ҳарфҳо) ва соли дода шудани варақаи корношоямӣ нишон дода мешавад. Бо хоҳиши шаҳрванд вақти додани варақаи корношоямӣ низ қайд карда мешавад;
- дар сатри "имзои гиранда" имзои шаҳрванде, ки варақаи корношоямиро гирифтааст, гузошта мешавад.
82. Дар қисми болоии варақаи корношоямӣ ва пойгири он вобаста ба маротибаи аввал дода шудан ё тамдид кардани варақаи корношоямӣ ба зери сабти мувофиқ хат кашида мешавад.
83. Ҳангоми пур кардани тарафи ростаи варақаи корношоямӣ:
- дар сатри "Якумин - Давоми варақаи №.. " зери он хат кашида шуда, рақами варақаи корношоямии аввала сабт карда мешавад;
- дар сатри "Ном ва суроғаи муассисаи тиббӣ ё штампи он" маълумоти дархостшуда пурра қайд карда мешавад;
- дар сатри "Дода шуд" таърих, моҳ (бо ҳарфҳо) ва соли дода шудани варақаи корношоямӣ нишон дода мешавад. Бо хоҳиши шаҳрванд вақти додани варақаи корношоямӣ низ нишон дода мешавад.
- дар сатри "Синну сол" синну соли пурраи шахсе, ки варақаи корношоямӣ ба ӯ дода мешавад, қайд карда мешавад;
- дар сатри "насаб, ном, номи падари корношоям" насаб, ном, номи падари шахси корношоям пурра нишон дода мешавад.
- дар сутуни "Мард/зан" зери сабти мувофиқ хат кашида мешавад;
- дар сатри "ҷои кори асосӣ/шартномавӣ" - дар ҳолате, ки агар шаҳрванд дар як вақт дар ду ё якчанд ҷой кор кунад, дар варақаи корношоямӣ зери калимаи "асосӣ" хат кашида мешавад;
- дар сатри "Сабаби корношоямӣ" сабаби корношоямӣ (беморӣ, осеббардорӣ, бемории касбӣ ё хурӯҷи он, ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё оқибатҳои он, нигоҳубини узви бемори оила, карантин, оризаҳои баъди эмкунӣ, давом додани табобат дар осоишгоҳ, рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд) хат кашида мешавад ва такроран сабаби корношоямии хаткашидашуда сабт карда мешавад. Маълумоти иловагӣ оид ба (осеббардорӣ) варақаи корношоямӣ ҳамчун давомкунада ба расмият дароварда мешавад;
- дар пойгир (корешок) ва варақаи корношоямӣ зери калимаи "тамдид" хат кашида шуда, ба ки дода шудани варақаи аввалаи корношоямӣ ва рақами он сабт мегардад;
- ҳангоми карантин дар варақаи корношоямӣ дар сатри "Сабаби корношоямӣ" зери калимаи "карантин" хат кашида шуда, инчунин насаб, ном, номи падар ва синни кӯдак, ки ҳангоми карантин нигоҳубин карда мешавад, нишон дода мешавад; дар сатри "Реҷа" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "дармонгоҳӣ";
- ҳангоми протезгузорӣ дар шароити корхонаи протезию ортопедӣ дар варақаи корношоямӣ дар сатри "Сабаби корношоямӣ" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "протезгузорӣ", дар сатри "Дар беморхона буд" давомнокии бистарӣ шудан қайд карда мешавад, дар ҷадвали "Озод будан аз кор" бо як сатр мӯҳлати протезгузорӣ бо дарназардошти рӯзҳои рафту омад то ҷойи протезгузорӣ нишон дода мешавад;
- рухсатиҳо барои ҳомиладорӣ ва баъд аз таваллуд дар як варақаи корношоямӣ сабт карда мешаванд;
- дар сатри "Сабаби корношоямӣ" зери калимаҳои "рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд" хат кашида, санаи эҳтимолии таваллуд қайд карда мешавад, дар сатри "Реҷа" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "дармонгоҳӣ+беморхонавӣ", дар ҷадвали "Озод будан аз кор" бо як сатр давомнокии ҷамъбастии рухсатӣ нишон дода мешавад: 140 рӯзи тақвимӣ (180 рӯзи тақвимӣ ҳангоми ҳомиладории бисёртифла);
- ҳангоми таваллуди оризадор, инчунин ҳангоми дар вақти таваллуд гузоштани ташхиси ҳомиладории бисёртифла, варақаи корношоямӣ аз тарафи муассисаи тиббие, ки дар он тафл таваллуд шудааст, дода мешавад;
- дар сатри "Якумин - Давоми варақаи №..." зери калимаи "давоми" хат кашида мешавад;
- дар сатри "Сабаби корношоямӣ нишон дода шавад" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "рухсатии иловагӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд", дар сутуни "Аз кадом рӯз" ва "То кадом рӯз"-и ҷадвали "Аз кор озод карда шавад" бо як сатр давомнокии рухсатии иловагӣ қайд карда мешавад;
- ҳангоми ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ (минбаъд-ХДТТИ) равон кардан, дар варақаи корношоямӣ санаҳои мувофиқ дар сатрҳои зерин қайд карда мешаванд: "Ба ХДТТИ равона карда шудааст", "Қайди ҳуҷҷатҳо дар ХДТТИ", "Муоина дар ХДТТИ";
- дар сатри "Хулосаи ХДТТИ" оид ба натиҷаҳои муоина навиштаҷот сабт гардида, имзо ва ному насаби роҳбари Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузошта мешавад;
- дар сатри "Ба кор баромадан" чунин навиштаҷот сабт мегардад: "дараҷаи маҳдудияти қобилият ба фаъолияти меҳнатӣ муқаррар карда шудааст" ва санаи қайди ҳуҷҷатҳо дар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ нишон дода мешавад;
- агар дараҷаи маҳдудияти қобилият ба фаъолияти меҳнатӣ аз тарафи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимот муқаррар нашуда бошад, давраи муоина бо як сатр дар сутунҳои: "Аз кадом рӯз" ва "То кадом руз"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" нишон дода мешавад;
- ҳангоми ба расмиятдарории варақаи корношоями ба давраи гузаронидани амалиёти мураккаби урологӣ, гинекологӣ, проктологӣ дигар намудҳои таҳқиқот, амалиёт дар сутуни "Аз кадом рӯз" ва. "То кадом руз"-и ҷадвали "Озод намудан аз кор" танҳо рӯзҳои гузаронидани амалиёт қайд ғардида, дар сутуни "Ихтисос ва ному насаби табиб" ва "Имзои табиб" ихтисос ва ному насаби табиби муолиҷавй ва насаби раиси Комиссияи машварати табибӣ қайд шуда, имзои онҳо гузошта мешавад;
- мӯҳри муассисаи тиббӣ дар кунҷи рости боло ва поёни варақаи корношоямӣ, ҳангоми ба кор рухсат додани шаҳрванд ва ё тамдид намудани мӯҳлати варақаи корношоямӣ гузошта мешавад;
- ҳангомӣ ба расмият даровардани варақаи корношоямӣ ба шаҳрвандоне, ки дар маҳалли қайди доимӣ воқеъ нестанд, дар сатрм "Додани (тамдиди) варақаи корношоямӣ ба шаҳрвандоне, ки дар маҳалли қайди доимӣ воқеъ нестанд" санаи оғоз ва анҷоми давраи корношоямӣ қайд шуда, имзои роҳбар ва мӯҳри муассисаи тиббӣ гузошта мешавад;
- варақаҳои корношоямӣ дар ҳуҷҷатҳои аввалияи тиббӣ бо нишон додани рақам, санаи додани варақаи корношоямӣ ба шаҳрванд, тамдиди варақаи корношоямӣ, ба кор баромадани шаҳрванд қайд карда мешаванд;
- Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ҳангоми зарурат ҳуқуқ дорад, оид ба зарур будани нигоҳубини маъюбоне, ки дар марказҳои саломатӣ қарор доранд, хулоса диҳад.
11. Тартиби додани маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ
84. Маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:
- ҳангоми беморӣ, осеббардорӣ, заҳролудшавӣ ба тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳо (шакли № 95/ҳ);
- ҳангоми давомёбии беморӣ барои нигоҳубини кӯдаки бемор маълумотномаи №138/ҳ дода мешавад (баъд аз 10 рӯзи варақаи корношоямӣ);
- ҳангоми садамаи маишӣ (шакли № 95-1/ҳ) дар 6 рӯзи аввал (аз рӯзи 7-ум варақаи корношоямӣ дода мешавад);
- ҳангоми заҳролудшавӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ (шакли № 94/ҳ) дар тамоми давраи беморӣ, на бештар аз 4 моҳ;
- ҳангоми алоқа бо беморони сирояти карантинӣ, барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ бо хулосаи мутахассиси эпидемиолог.
12. Тартиби равона кардани шаҳрванд ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ
85. Ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ шаҳрвандоне фиристода мешаванд, ки аз рӯи хулосаи Комиссияи машваратию табибӣ протезгузорӣ нишон дода мешавад. Ҳангоми дигаргуншавии сабаби корношоямӣ санаи дигаргуншавӣ қайд карда мешавад;
- дар сатри "Реҷа" намуди реҷаи табобатию ҳимоякунандаи тавсияшуда қайд карда мешавад: беморхонавӣ, дармонгоҳӣ, осоишгоҳӣ;
- дар сатри "Сабтҳо оид ба вайронкунии реҷа" санаи вайронкунӣ, намуди он (риоя накардани реҷаи тавсияшуда, дар мӯҳлати муқарраршуда ҳозир нашудан ба назди табиб, баромадан ба кор бе иқтибос аз варақаи беморӣ, худсарона аз беморхона рафтан, баромадан ба дигар воҳиди марзию маъмурӣ барои табобат бе иҷозати табиби муолиҷавӣ, рад кардани роҳхат ё дар мӯҳлати муқарраршуда ҳозир нашудан ба Комиссияи машваратию табибӣ ва ғайра) қайд карда шуда, имзои табиби муолиҷавӣ гузошта мешавад. Агар реҷа вайрон нашуда бошад, ин сатр пур карда намешавад;
- дар ҷадвали "Аз кор озод будан" нишон дода мешаванд:
- дар сутуни "Аз кадом рӯз" бо рақамҳои арабӣ - таърих, моҳ ва соли аз кор озод карда шудани шаҳрванд;
- дар сутуни " Эътиборан то кадом рӯз" бо ҳарфҳо - эътиборан таърих ва моҳе, ки то он шаҳрванд аз кор озод карда шудааст;
- дар сутунҳои "Ихтисос ва ному насаби табиб" ва "Имзои табиб"ихтисоси табиб, ному насаби ӯ ва имзо гузошта мешавад;
- ҳангоми табобати дармонгоҳӣ варақаи корношоямӣ аз ҷониби табиб аз рӯзи дигари баъд аз муоинаи шаҳрванд тамдид мешавад. Муддати тамдиди варақаи корношоямӣ дар сатрҳои алоҳидаи сутунҳо навишта мешавад;
- дар сатри "Ба кор баромадан" санаи барқароршавии коршоямӣ як рӯз баъд аз муоина ва эътироф гаштани коршоямии бемор қайд карда мешавад;
- дар ҳолати давом ёфтани корношоямӣ чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "Беморӣ давом дорад" рақам ва санаи додани варақаи корношоямии нав нишон дода мешавад;
- дар дигар ҳолатҳои анҷомёбии корношоямӣ чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "Маъюбӣ муқаррар гардид, дараҷаи маҳдудияти қобилияти фаъолияти меҳнатӣ (сана)", "Фавтид" (бо сабти санаи фавт), "Рад намудани гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ";
- дар ҳолате, ки шаҳрванд баъд аз дода шудан ё тамдиди варақаи корношоямӣ ба қабули табиб ҳозир нашуда, дар қабули минбаъда коршоям эътироф мегардад, дар сатри "Ба кор баромадан"-и варақаи корношоямӣ чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "Ба қабули табиб коршоям омад" (бо сабти санаи қабул), сатрҳои холии сутуни "Аз кадом рӯз" ва "То кадом рӯз"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" бо аломати "2" хат кашида мешаванд;
- ҳангоми тартибдиҳии варақаи корношоямӣ аз рӯи қарори Комиссияи машваратию табибӣ, дар сутунҳои "Ихтисос ва ному насаби табиб" ва "Имзои табиб"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" ихтисос ва ному насаби табиби муолиҷавӣ ва раиси Комиссияи машваратию табибӣ қайд карда шуда, имзои онҳо гузошта мешавад. Ҳамин тавр, варақаи корношоямӣ баъди ҳар як ҳолати баррасишавӣ дар Комиссияи машваратию табибӣ тартиб дода мешавад;
- ҳангоми гум шудани варақаи корношоямӣ нусхаи дуюми он аз тарафи табиби муолиҷавӣ ва раиси Комиссияи машваратию табибӣ тартиб дода мешавад. Дар кунҷи рости болои варақаи корношоями навиштаҷоти "Нусха" сабт карда мешавад, дар сутунҳои "Аз кадом рӯз" ва "То кадом рӯз"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" бо як сатр давраи умумии корношоямӣ нишон дода мешавад;
- ҳангоми табобати беморхонавӣ дар сатри "Дар беморхона буд" давраи табобат қайд карда мешавад, дар ҷадвали "Озод будан аз кор"-и варақаи корношоямӣ навиштаҷот оид ба давом додани табобат сабт карда мешавад;
- дар ҳолати табобати беморхонавии давомнок ва зарурати пешниҳоди варақаи корношоямӣ барои пардохти музд дар ҷадвали "Озод будан аз кор" ва сатри "Дар беморхона буд" мӯҳлатҳои мувофиқи табобат нишон дода мешаванд, дар сатри "Ба кор баромадан" навиштаҷоти "Беморӣ давом дорад" сабт карда мешавад;
- ҳангоми аз беморхона рухсат додани шаҳрванди корношоям варақаи корношоямии нав дода мешавад, ки давоми варақаи корношоямии қаблӣ ба ҳисоб рафта, дар он дар сатри "Дар беморхона буд" давомнокии умумии табобат нишон дода шуда, дар ҷадвали "Озод будан аз кор" бошад, мӯҳлати табобат ғайри рӯзҳое, ки дар варақаи корношоямии аввала буданд, қайд карда мешавад;
- ҳангоми табобат дар шароити бистаришгоҳи рӯзона дар варақаи корношоямӣ дар сатри "Реҷа" чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "Реҷаи дармонгоҳӣ";
- дар ҳолати аз тарафи муассисаи тиббӣ барои табобат равон кардани шаҳрванд ба муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ то рафтани шаҳрванд ба муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ варақаи корношоямиро муассисаи тиббӣ ба расмият медарорад (мекушояд) ва он аз тарафи табиби муолиҷавии муассисаи тиббӣ ва раиси Комиссияи машваратию табибӣ имзо карда мешавад;
- дар сатри "Сабаби корношоямӣ" чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "табобат дар муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ", санаи оғоз ва анҷоми мӯҳлати роҳхат барои табобат, рақами он, суроғаи муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ нишон дода мешавад; дар сатри "Реҷа" чунин навиштаҷот сабт карда мешавад: "беморхонавӣ"; дар сутунҳои "Аз кадом рӯз" ва "То кадом рӯз"-и ҷадвали "Озод будан аз кор" бо як сатр рӯзҳои табобат дар муассисаи клиникии илмию таҳқиқотӣ бо дарназардошти рӯзҳои рафтуомад то ҷои табобат қайд карда мешавад;
- дар варақаи корношоямии барасмиятдаровардашуда барои нигоҳубини узви бемори оила дар сатри "Сабаби корношоямӣ" зери калимаҳои "нигоҳубини узви бемори оила" хат кашида шуда, насаб, ном, номи падар, синни шаҳрванд (кӯдак), ки нигоҳубин карда мешавад, инчунин алоқаи хешу табории онҳо қайд карда мешаванд;
- ҳангоми нигоҳубини якҷояи ду ва ё зиёда кӯдакон дар варақаи корношоямӣ дар сатри "Сабаби корношоямӣ" зери калимаҳои "нигоҳубини узви бемори оила" хат кашида шуда, ном, насаб, номи падар, синни ҳар як кӯдак, ки нигоҳубин карда мешавад, нишон дода мешавад;
- дар ҳолати бо навбат кушодани варақаи корношоямӣ ба аъзои гуногуни оила барои нигоҳубини кӯдаки бемор аз рӯи як беморӣмаҳдудияти устувори фаъолияти ҳаётӣ ва коршоямӣ дошта, ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд мебошанд.
86. Роҳхат ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ мутобиқи шакли № 088/ҳ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, аз ҷониби марказҳои саломатӣ дар ҳолати мавҷуд будани хулосаи сармутахассисони соҳавии сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ дода мешавад.
87. Ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ беморон дар чунин ҳолатҳо равон карда мешаванд:
- ҳангоми бо имкониятҳои ташхисии кишвар асоснок намудани ташхис ва аворизи он, эҳтимолияти воқеии ногувори пешгӯии клиникӣ ва меҳнатии беморӣ новобаста ба мӯҳлати корношоямии муваққатӣ, аммо на дертар аз 4 моҳи оғоз шудани он (дар ҳолати бемории сил - 12 моҳ);
- ҳангоми зарурати тағйир додани барномаҳои барқарорсозии касбии кормандони маъюб дар ҳолати бад шудани пешгӯии клиникӣ ва меҳнатии беморӣ новобаста аз гурӯҳи маъюбӣ ва мӯҳлатӣ корношоямии муваққатӣ;
- баъди хотима ёфтани мӯҳлати маъюбӣ аз синни кӯдакӣ (баъди 18- солагӣ) ва гузаштани ташхиси навбатии тиббию иҷтимоӣ;
- барои давом додани варақаи корношоямии муваққатӣ (пас аз 4 моҳ);
- барои гирифтани аробачаҳои маъюбӣ.
88. Ҳангоми муқаррар намудани маъюбӣ бо дараҷаи маҳдудияти қобилияти меҳнатӣ мӯҳлати корношоямии муваққатӣ бевосита аз рӯзи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар муассисаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба охир мерасад.
89. Дар ҳолати рад намудани шаҳрванд барои ҳозир шудан ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ё бе сабабҳои узрнок саривақт ҳозир нашудани ӯ ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ варақаи корношоямӣ аз рӯзи ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ҳозир нашудан ё бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ тамдид карда намешавад, маълумот оид ба ин дар варақаи корношоямӣ ва дар картаи тиббии муроҷиин ва ё ҳуҷҷати сатҳи бистаринамоӣ қайд карда мешаванд.
90. Ба маъюби коргар (корношоямӣ бо маҳдудият ва тавсияи меҳнатии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ) ҳангоми зарурат варақаи корношоямии давомнокиаш то 2 моҳ бефосила ва 3 моҳ дар давоми сол бо фосила дода мешавад.