Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ
Мутобиқи моддаи 74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва бо мақсади танзим намудани масъалаҳои марбут ба муайян намудани корношоямии муваққатии шаҳрвандон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, корхона, ташкилот ва муассисаҳо, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, иҷрои Тартиби мазкурро таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов
аз 30 марти соли 2013, № 146
ш. Душанбе