Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавӣ

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2013, № 90

тасдиқ шудааст

Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таҳия гардида, қоидаҳои муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавиро муайян менамояд.

2. Амали Тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои истиқомати расмӣ дошта ва ба нафақа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, татбиқ мегардад.

2. Тартиби пешниҳоди ариза барои таъини нафақа

3. Ариза барои таъини нафақа метавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа бевосита аз ҷониби худи шаҳрванд, ё тавассути шахси боваринокаш дар асоси ваколатнома, ки бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз дувоздаҳ моҳ дода шудааст, пешниҳод карда шавад.

4. Аризаи шаҳрванде, ки ба таъини нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ пайдо намудааст ва ӯ дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад, метавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа аз ҷониби корфармо пешниҳод карда шавад.

5. Ариза барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок, метавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа пеш аз расидан ба синну соли нафақавӣ, аммо на пештар аз як моҳ то ҳуқуқ пайдо намудан ба таъини он, пешниҳод карда шавад.

6. Ариза барои таъини нафақа барои шахсе, ки аз озодӣ маҳрум шудааст, тавассути маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи мазкур пешниҳод карда мешавад.

7. Ариза барои таъини нафақа ба ноболиғ ё шахси ғайри қобили амал аз ҷониби падар ё модар, ё васии (парастор) ӯ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар ҷои зисти аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ кардани падар ва модари шахси ноболиғ ариза ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар ҷои истиқомати он волидайне дода мешавад, ки ин шахс бо ӯ зиндагӣ мекунад.

8. Дар ҳолати таҳти таъминоти пурраи давлатӣ дар муассисаи таълимӣ ё иҷтимоӣ қарор доштани шахси ноболиғ ё ғайри қобили амал, ариза барои таъини нафақа аз тарафи маъмурияти муассисаи мазкур ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии он пешниҳод карда мешавад.

9. Рӯзи муроҷиат барои таъини нафақа, бозҳисобӣ ё аз як намуди нафақа ба намуди дигари он гузаронидан, рӯзи қабули ариза барои баррасӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа ба ҳисоб меравад.

3. Тартиби пешниҳоди ариза барои бозҳисобии нафақа ё аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидани он

10. Ариза барои бозҳисобии нафақа ба тарафи зиёдшавӣ ё аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидани он ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақае, ки нафақагир дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод карда мешавад.

11. Бозҳисобии нафақа ба тарафи камшавӣ дар ҳолатҳои муқарраршуда бе аризаи нафақагир сурат мегирад. Дар ин маврид, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа вазифадор аст, ки нафақагирро дар бораи кам шудани андозаи нафақа ва сабабҳои он огоҳ намояд.

4. Тартиби қабул ва баррасии ариза аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа

12. Қабули ариза дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа аз тарафи шахси ваколатдор сурат мегирад.

13. Ариза дар сурате барои баррасӣ қабул карда мешавад, ки агар ба он ҳуҷҷатҳои дахлдори дар бандҳои 36-46 Тартиби мазкур пешбининишуда замима гардида бошанд ва дар китоби бақайдгирии аризаҳо ба қайд гирифта мешавад. Ариза барои таъини нафақа мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" дар мӯҳлати на зиёдтар 30 рӯз баррасӣ карда мешавад.

14. Шахси ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа баъди қабули ариза ва сабти он дар китоби бақайдгирии аризаҳо ба аризадиҳанда дастхати расмӣ дар бораи санаи қабули ариза медиҳад.

15. Шахси ваколатдор вазифадор аст, ки ҳамарӯза дар охири рӯзи корӣ аризаҳои воридшударо барои шиносоӣ ба роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа пешниҳод намояд.

16. Роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа бо аризаҳо шинос шуда, онҳоро барои баррасӣ ба воҳидҳои дахлдор оид ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва таъиноти нафақа ирсол менамояд.

17. Шахси ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа аз рӯи масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ вазифадор аст, ки дар муддати понздаҳ рӯз дар асоси маълумоти мавҷудбуда андозаи сармояи шартии нафақавӣ ва маблағҳои дар суратҳисоби инфиродии аризадиҳанда ҷамъшударо муайян намуда, ин маълумотро ба шахси ваколатдор барои таъини нафақа пешниҳод намояд.

18. Шахси ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа вазифадор аст, ки дар мӯҳлати даҳ рӯз дар асоси маълумот оид ба хаҷми сармояи шартии нафақавӣ ва маблағи дар суратҳисоби инфиродии захиравии аризадиҳанда андӯхташуда, андозаи нафақа ва мӯҳлати пардохтро муқаррар намуда, таъин кардани нафақаро бо тартиб додани протокол ба расмият дарорад ва ҳуҷҷатҳои омодашударо барои тасдиқ ба роҳбари мақомоти мазкур пешниҳод намояд.

19. Таъин ва бозҳисобии нафақа дар асоси протокол ва фармоиш бо имзои роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа, шахсони масъул оид ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ, таъиноти нафақа ва шахсони ваколатдоре, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо омода намудаанд, тасдиқ карда мешавад.

20. Дар ҳама ҳолат таҷдиди назари андоза ва намуди нафақа бо тартиб додани протокол тасдиқ карда мешавад.

21. Пас аз таъини нафақа мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа вазифадор аст, ки ба таври расмӣ аризадиҳанда ё шахси бовариноки ӯро дар бораи санаи таъини нафақа ва андозаи он огоҳ намояд.

22. Дар сурати розӣ набудани шаҳрванд аз нафақаи таъингардида, ӯ метавонад ба сохтори болоии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа бо ариза барои аз нав дида баромадани нафақааш муроҷиат намояд. Агар қарори қабулнамудаи сохтори болоӣ шаҳрвандро қонеъ нагардонад, ӯ метавонад ба суд муроҷиат намояд.

23. Пас аз таъини нафақа шахси ваколатдори давлатӣ оид ба таъиноти нафақа вазифадор аст, ки ба рӯйхати гирандагони нафақа ному насаб, нишонӣ ва санаи таваллуди нафақагир, намуд ва андозаи нафақа, инчунин рақами инфиродии суғуртавии нафақагирро дохил намояд.

24. Пас аз дохил кардани нафақагир ба рӯйхат шахси масъул оид ба таъиноти нафақа рӯйхати таҷдиди назаршудаи мазкурро барои моҳи ҳисоботи барои маблағгузорӣ ба шахси масъул оид ба суғуртаи иҷтимоӣ пешниҳод менамояд.

5. Тартиби омода намудан, бақайдгирӣ ва пешбурди асноди нафақавӣ

25. Пас аз таъини нафақа шахси ваколатдор оид ба таъини нафақа дар асоси ҳуҷҷатҳои ҷамъшуда асноди нафақавии нафақагирро омода менамояд.

26. Асноди нафақавӣ барои ҳар як нафақагир дар алоҳидагӣ тартиб дода мешавад.

27. Ба кӯдакони то синни шонздаҳсолаи аз як оила, ки ба онҳо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъин карда мешавад, новобаста аз теъдод, як асноди нафақавӣ тартиб дода мешавад. Дар ҳолати расидан ба синни шонздаҳсолагӣ бо хоҳиши нафақагир дар асоси ариза, ҳиссаи нафақааш ҷудо карда шуда, асноди нафақавии алоҳида тартиб дода мешавад.

28. Дар сурати иваз шудани ҷои зисти доимии нафақагир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафақагир вазифадор аст, ки расман мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаро, ки дар он ба қайд гирифта шудааст, дар бораи баромада рафтанаш огоҳ намуда, аз он ҷо варақаи аттестатсионӣ бо сабти андоза ва санаи пардохти охирини нафақаро гирад.

29. Пас аз расидан ба ҷои зисти нав нафақагир бояд мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаро дар ин хусус огоҳ намояд ва варақаи аттестатсионии қаблан гирифташударо пешниҳод намояд.

30. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар ҷои зисти нав вазифадор аст, ки дар мӯҳлати се рӯзи пас аз огоҳ намудан аз ҷониби нафақагир, аз мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаи ҷои зисти пештараи нафақагир асноди нафақавии ӯро дархост намуда, пардохти нафақаашро барқарор намояд.

31. Дар сурати муваққатан (ба мӯҳлати на камтар аз ду моҳ) иваз шудани ҷойи истиқомати нафақагир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъминоти нафақаи ӯ бо тартиби пешбининамудаи бандҳои 28-30 Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.

32. Дар сурати барои зисти доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯч бастани нафақагир асноди нафақавии ӯ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа ба ҷои зисти нави доимии ӯ дар асоси дархости мақомоти ваколатдор оид ба таъминоти нафақаи тарафи қабулкунанда фиристода мешавад.

33. Агар созишномаҳои байнидавлатии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда дигар тартибро пешбинӣ карда бошанд, тартиби пешбининамудаи ин созишномаҳо татбиқ мегардад.

34. Дар сурати гум шудани (вайрон шудан) асноди нафақавии нафақагир мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа вазифадор аст, ки барои барқарор намудани он чораандешӣ намояд.

35. Далели таъини нафақа ба нафақагир шаҳодатномаи нафақа мебошад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дода мешавад.

6. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои таъин ва бозҳисобии андозаи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ва аз як намуди нафақа ба намуди дигари он гузаронидан зарур мебошанд

36. Ба аризаи шахси барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол муроҷиатнамуда, дар баробари ҳуҷҷатҳои дар банди 2 моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" пешбинишуда, ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нусхаи шиноснома;

- маълумот оид ба собиқаи суғуртавӣ.

Дар ҳолатҳои зарурӣ ба аризаи шахси муроҷиаткунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ивазшавии ном, насаб ё номи падар замима карда мешавад.

37. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи зербанди "д)" банди 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" муроҷиат менамояд, дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 36 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ;

- маълумотномаи комиссариати ҳарбӣ, ки иштироки шахсро дар рафъи оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил тасдиқ мекунад.

38. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи зербанди "е)" банди 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" муроҷиат менамояд, дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 36 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуди на кам аз панҷ фарзанд ё нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдаки маъюб;

- маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки маъюбии кӯдакро тасдиқ мекунад.

39. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ муроҷиат менамояд, дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 36 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, инчунин маълумотномаи намунаи муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ оид ба маъюб донистани ӯ аз замима карда мешавад.

40. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи суғуртавӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон муроҷиат менамояд, ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи хати вафоти саробон;

- маълумот оид ба собиқаи суғуртавии саробони фавтида;

- маълумот оид ба муносибати хешовандӣ бо саробони фавтида;

- маълумот оид ба муносибати хешовандии аъзои ғайри қобили меҳнати оила бо саробони фавтида;

- маълумот оид ба муносибатҳои хешовандии аъзои оила, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳсили рӯзона) таҳсил менамояд, бо саробони фавтида.

Дар сурати зарурӣ ба аризаи шахси муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо замима карда мешаванд:

- ваколатҳои намояндаи қонунӣ (падархонд ё писархонд, падарандар ё модарандар, васӣ ё парастор);

- бекор будан дар давраи машғул будан ба нигоҳубини бародарону хоҳарон ё набераҳои саробони фавтида, ки ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаанд;

- воқеияти гирифтани нафақа бо сабаби маҳрум шудан аз саробон аз ҷониби шахсони дигар бо сабаби фавти ҳамин саробон;

- фавти дигар волидайн;

- муқаррар гардидани маъюбӣ ба шахсе, ки барои таъини нафақа муроҷиат намудааст;

- бе ному нишон гум шудани саробон.

41. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол муроҷиат менамояд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, синну сол, ҷои истиқомат ва мансубияти шаҳрвандии ӯ замима карда мешавад.

42. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ муроҷиат менамояд, дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 41 Тартиби мазкур пешбинигардида, инчунин маълумотномаи намунаи муқарраршуда дар бораи ҳамчун шахси маъюб эътироф кардани ӯ аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ замима карда мешавад.

43. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон муроҷиат менамояд, ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- маълумот оид ба муносибати хешовандии аъзои оила, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳсили рӯзона) таҳсил менамояд, бо саробони фавтида.

44. Дар ҳама ҳолат ба аризаи шахси барои таъини нафақаи суғуртавӣ ё давлатӣ муроҷиатнамуда ду дона расми 3x4 см замима карда мешавад.

45. Ба ариза барои бозҳисобии андозаи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ аз рӯи маъюбӣ ва барои маҳрум шудан аз саробон дар сурати тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ ё теъдоди аъзои ғайри қобили меҳнати оила ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаро расидани чунин ҳолатҳо замима карда мешавад.

46. Ба ариза барои аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидани он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи муроҷиаткунанда ба гирифтани намуди дигари нафақа замима карда мешавад.

47. Намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои коргузории дохилии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар самти таъин, бозҳисобӣ ва аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидани он зарур мебошанд, аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).

- маълумог оид ба муносибати хешовандии аъзои ғайри қобили меҳнати оила бо саробони фавтида;

- маълумот оид ба муносибатҳои хешовандии аъзои оила, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳсили рӯзона) таҳсил менамояд, бо саробони фавтида.

Дар сурати зарурӣ ба аризаи шахси муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо замима карда мешаванд:

- ваколатҳои намояндаи қонунӣ (падархонд ё писархонд, падарандар ё модарандар, васӣ ё парастор);

- бекор будан дар давраи машғул будан ба нигоҳубини бародарону хоҳарон ё набераҳои саробони фавтида, ки ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаанд;

- воқеияти гирифтани нафақа бо сабаби маҳрум шудан аз саробон аз ҷониби шахсони дигар бо сабаби фавти ҳамин саробон;

- фавти дигар волидайн;

- муқаррар гардидани маъюбӣ ба шахсе, ки барои таъини нафақа муроҷиат намудааст;

- бе ному нишон гум шудани саробон.

41. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол муроҷиат менамояд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, синну сол, ҷои истиқомат ва мансубияти шаҳрвандии ӯ замима карда мешавад.

42. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ муроҷиат менамояд, дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 41 Тартиби мазкур пешбинигардида, инчунин маълумотномаи намунаи муқарраршуда дар бораи ҳамчун шахси маъюб эътироф кардани ӯ аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ замима карда мешавад.

43. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон муроҷиат менамояд, ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи хати вафоти саробон;

- маълумот оид ба муносибати хешовандӣ бо саробони фавтида;

- маълумот оид ба муносибати хешовандии аъзои ғайри қобили меҳнати оила бо саробони фавтида;

- маълумот оид ба муносибати хешовандии аъзои оила, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳсили рӯзона) таҳсил менамояд, бо саробони фавтида.

Дар сурати зарурӣ ба аризаи шахси муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо замима карда мешаванд:

- ваколатҳои намояндаи қонунӣ (падархонд ё писархонд, падарандар ё модарандар, васӣ ё парастор); - фавти дигар волидайн;

- муқаррар гардидани маъюбӣ ба шахсе, ки барои таъини нафақа муроҷиат намудааст;

- бе ному нишон гум шудани саробон.

44. Дар ҳама ҳолат ба аризаи шахси барои таъини нафақаи суғуртавӣ ё давлатӣ муроҷиатнамуда ду дона расми 3x4 см замима карда мешавад.

45. Ба ариза барои бозҳисобии андозаи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ аз рӯи маъюбӣ ва барои маҳрум шудан аз саробон дар сурати тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ ё теъдоди аъзои ғайри қобили меҳнати оила ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаро расидани чунин ҳолатҳо замима карда мешавад.

46. Ба ариза барои аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидани он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи муроҷиаткунанда ба гирифтани намуди дигари нафақа замима карда мешавад.

47. Намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои коргузории дохилии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар самти таъин, бозҳисобӣ ва аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидани он зарур мебошанд, аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.