Замимаи
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 87
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2014 № 782)
1. Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" таҳия карда шудааст.
2. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъдКомиссия) дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Ваколатҳои Комиссия:
- татбиқи мораторияи санҷишқои фаъолияти субъектхои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- қабул намудани қарор оид ба масъалаҳои мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- муайян намудани мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- тасдиқи номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба Комиссия пешниҳод карда мешаванд;
- баррасии аризаи субъектҳои соҳибкорӣ бо мақсади гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба Комиссия пешниҳод карда шудааст;
- баррасии ҳисоботи хаттии мақомоти ваколатдори санҷиш, ки санҷишҳои фаъолияти субъекти соҳибкориро дар соҳаи истеҳсолӣ мутобиқи моддаи 6 Қонуии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" амалӣ намудаанд;
- баррасии тавсияномаҳои шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатии санҷишӣ, ки азназаргузаронии пешгирикунандаи фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" амалӣ намудаанд;
- баррасии баҳсҳо оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- арзёбии натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии онҳо;
- тасдиқи намунаи Шаҳодатномаи "Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот";
- баррасии ҳамаи масъалаҳои ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мутобиқи Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторий ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд;
- баррасии санадҳои ҳуқуқии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ба масъалаҳои мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ алоқаманд мебошанд;
- интишор намудани қарорҳое, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳатмӣ мебошанд;
- пешниҳоди маълумот оид ба ҷараёни татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар воситаҳои ахбори омма;
- бекор намудани қарорҳои Комиссия дар ҳолатҳои пешбининамудаи Низомномаи мазкур;
- баррасии дигар масъалаҳои мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- таъминоти моддиву техникии мақоми кории Комиссия.
4. Комиссия дорои ҳукуқҳои зерин мебошад:
- ба мақомоти санҷиш ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ тавсияҳои дахлдор диҳад ва оид ба иҷрои онҳо маълумот гирад;
- ҳангоми зарурат аз мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш ва дигар мақомоти дахлдор оид ба масъалаҳое, ки дар доираи салоҳияти Комиссия мебошанд, мавод талаб намояд;
- дар ҳолати зарурат мутахассисони соҳаро ба кори Комиссия ҷалб намояд;
- фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳад ва дар ҳолати зарурӣ ҳама гуна ҳуҷҷати ба фаъолияти субъектҳои мазкур алоқамандро аз мақомоти давлатӣ ба худи субъектҳо талаб намояд ва агар маълумот ба андозсупоранда дахл дошта бошад, розигии хаттии андозсупоранда зарур аст;
- қарорҳои қабулнамудаи худро бекор намояд.
5. Ҷаласаҳои Комиссия дар ҳолати зарурӣ даъват карда мешаванд .
6. Қарорҳои Комиссия бо овоздиҳии кушода бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласа ҳузурдоштаи он қабул карда мешаванд ва бо протоколи ҷаласа, ки онро раиси Комиссия имзо менамояд, ба расмият дароварда мешаванд. Иҷрои қарорҳои Комиссия, ки дар доираи салоҳияти худ қабул гардидаанд, барои мақоми ваколатдори санҷиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ва субъектҳои соҳибкорӣ ҳатмӣ мебошад.
7. Котиби масъули Комиссия бо пешниҳоди Раиси Комиссия аз ҷониби Комиссия бо овоздиҳии кушода интихоб карда мешавад.
8. Комиссия фаъолияти худро бо роҳи баргузории ҷаласаҳо амалӣ мекунад. Ҷаласаи Комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он на камтар аз нисфи аъзои Комиссия иштирок намоянд.
9. Вобаста ба масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи Комиссия воридгардида намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои соҳибкории муроҷиаткунанда, мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ ва дар ҳолати зарурӣ дигар мақомоти дахлдори давлатӣ даъват карда мешаванд. Дар ҳолати ба ҷаласаи Комиссия ҳозир нашудани намояндагони идораҳои дахлдор, қарор бе иштироки онҳо қабул карда мешавад.
10. Комиссия ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
11. Мақоми кории Комиссия воҳиди сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз хизматчиёни давлатӣ ва ҳайати хизматрасон иборат мебошад ва онро Котиби масъули Комиссия роҳбарӣ мекунад.
12. Вазифаҳои асосии мақоми кории Комиссия:
- мониторинги татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба субъектҳои муроҷиаткунанда пешниҳод кардани ҳамаи намудҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муайян намудани мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- ҷамъ овардани ҳуҷҷатҳо ва маълумот оид ба баррасии аризаҳои хаттӣ барои Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- таҳияи рӯзномаҳои ҷаласаҳои Комиссия;
- омодасозии мавод барои ҷаласаҳои Комиссия;
- баррасии пешакии аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои ба Комиссия пешниҳодшуда ва асоснокии мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- омодасозии лоиҳаҳои қарорҳои Комиссия;
- тибқи қарори Комиссия дастрас намудани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба субъекти дахлдор ва талаб намуда гирифтани он;
- пешбурди Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки тибқи қарори Комиссия Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорро дар соҳаҳои истеҳсолӣ гирифтаанд, инчунин бақайдгирии субъектҳои мазкур (шакли электронии Феҳристи мазкур бо мақсади дастрас будан ба ҳама дар сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад);
- ба мақомоти ваколатдори санҷишӣ Феҳристи субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки таҳти мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ қарор гирифтаанд, пешниҳод менамояд.
13. Комиссия мутобиқатӣ шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро бо субъектҳои соҳибкории навтаъсис дар соҳаҳои истеҳсолӣ мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" ва Низомномаи мазкур муайян мекунад.
14. Ҳуҷҷатҳои зерин барои татбиқи моратория асос мебошанд:
- сертификати мутобиқат (оид ба истеҳсоли молу маҳсулот);
- хулосаи санитарию эпидемиологӣ (оид ба истеҳсоли молу маҳсулот);
- иҷозатнома (барои истеҳсоли баъзе молу маҳсулот, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст);
- рӯйхати воситаҳои асосии субъекти соҳибкорӣ, ки дар он техника ва технология ҳамчун воситаи асосӣ ба қайд гирифта шудааст ё ин ки шартномаи иҷораи техника ва технология;
- шиносномаи техникии бино (иншоот) бо шаҳодатномаи ҳукуқи моликият ё шартномаи иҷораи биное, ки дар он молу маҳсулот истеҳсол карда мешаванд;
- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори иифиродӣ;
- эъломияи гумрукӣ ё дигар ҳуҷҷате, ки ҷалби техника ва технологияи навро тасдиқ мекунанд;
- эъломияи андоз ва гувоҳномаи оморӣ оид ба ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолӣ (барои субъектҳои соҳибкорие, ки на камтар аз нисфи истеҳсолоти худро зиёд мекунанд);
- ҳуҷчатҳои зарурие, ки аз ҷониби мақоми кории Комиссия тибқи зербанди а) банди 16 Низомномаи мазкур омода карда мешавад.
15. Субъектҳои соҳибкорӣ бо аризаи хаттӣ барои гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (замимаи 1 ба Низомнома) ба Комиссия муроҷиат менамоянд. Ҳар як аризаи хаттии субъектҳои соҳибкорӣ дар асоси меъёрҳои зерин баррасӣ карда мешавад:
а) Истеҳсоли молу маҳсулоти таъиноти истеъмолӣ, истеҳсолӣ ё шахсӣ:
- ба стандарти давлатӣ, санитарию эпидемиологӣ ва гигиенӣ мутобиқ будани молу маҳсулот;
- истеҳсоли воқеии молу маҳсулот;
- доштани иҷозатнома барои истеҳсоли баъзе молу маҳсулот, ки барои истеҳсоли онҳо мувофиқи қонунгузорӣ иҷозатнома зарур аст;
б) Таъминоти моддию техникии истеҳсоли молу маҳсулот:
- мавҷуд будани техника ва технология барои истеҳсоли молу маҳсулот;
- коршоям будани техника ва технология барои истеҳсоли молу маҳсулот;
- мавҷуд будани бино ё иншоот барои истеҳсоли молу маҳсулот, ки ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, меъёрҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва раванди истеҳсолот ҷавобгӯ мебошад;
в) Ҷалби техникаю технологияи нав барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот (барои субъектҳое, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулотро таъсис додаанд ё техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на камтар аз нисфи истеҳсолот дар корхонаи истеҳсолӣ ҷалб намудаанд):
- бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- ҷалби техникаю технологияи нав дар давраи амали моратория;
- ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолӣ.
16. Баррасии аризаи хаттии субъектҳои соҳибкорӣ барои гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъд - Баррасӣ) дар ду марҳила анҷом дода мешавад:
а) Дар марҳилаи якуми Баррасӣ мақоми кории Комиссия аризаи хаттиро бо замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдор қабул карда, барои мукаммал гардонидани онҳо мусоидат менамояд. Субъекти муроҷиаткунанда барои дурустии ариза ва ҳуҷҷатҳои замимагардида масъул мебошад.
Мақоми кории Комиссия, новобаста аз мавқеи ҷойгиршавии он, ба корхонаи истеҳсолӣ рафта, бо ҷараёни истеҳсоли молу маҳсулоти субъекти муроҷиаткунанда шинос мешавад. Аз натиҷаи шиносоӣ барои баррасии Комиссия ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода карда мешаванд. Ҷараёни истеҳсолот метавонад дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.
б) Дар марҳилаи дуюми Баррасӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Комиссия пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ субъекти муроҷиаткунанда даъват карда мешавад. Ҷараёни истеҳсолоти ба навор гирифташуда ба аъзои Комиссия манзур карда мешавад. Комиссия оид ба ҳамчун субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳисоб кардан ва ё накардани муроҷиаткунанда қарор қабул менамояд.
17. Агар Комиссия оид ба ҳамчун субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳисоб кардани муроҷиаткунанда қарор қабул кунад, мақоми кории Комиссия на дертар аз се рӯзи баъди қабули қарори дахлдори Комиссия Шаҳодатномаи субъекти соҳибкориро дар соҳаи истеҳсолӣ ба муроҷиаткунанда ройгон дода, ӯро ба Номгӯи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид менамояд. Дар ин ҳолат субъект ӯҳдадор аст, ки бо талаби аввалини мақоми кории Комиссия Шаҳодатномаи субъекти соҳибкориро дар соҳаи истеҳсолӣ гирад. Ба мақоми кории Комиссия дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани субъектҳои соҳибкорӣ, барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахси масъул ва надодани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ асос шуда наметавонад.
18. Агар субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар давоми амали моратория фаъолиятро оид ба истеҳсоли молу маҳсулот тибқи Шаҳодатнома қатъ намояд, қарори қабулнамудаи Комиссия оид ба ин масъала бо пешниҳоди мақоми кории Комиссия бекор карда мешавад ва мақоми кории Комиссия ӯро аз Номгӯи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ хориҷ менамояд. Дар ин ҳолат субъекти мазкур ӯҳдадор аст, ки бо талаби аввалин Шаҳодатномаи субъекти соҳибкориро дар соҳаи истеҳсолӣ ба мақоми кории Комиссия супорад.
19. Агар Комиссия дар давоми ду моҳ аризаро тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва аз рӯи он қарор қабул накарда бошад, аризадиҳанда субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ҳисобида шуда, мақоми кории Комиссия на дертар аз се рӯзи корӣ ба ӯ Шаҳодатномаи субъекти соҳибкориро дар соҳаи истеҳсолӣ ройгон медиҳад.
20. Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ (замимаи 2 ба Низомнома) бо забони давлатӣ дар як нусха таҳия шуда, ба субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ супорида мешавад.
21. Ҳисоботи хаттии мақоми ваколатдори санҷишӣ, ки мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" фаъолияти субъекти соҳибкориро дар соҳаи истеҳсолӣ мавриди санҷиш қарор додааст, ба Комиссия на дертар аз даҳ рӯзи ба охир расидани санҷиш пешниҳод карда мешавад. Комиссия ҳисоботи мазкурро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва дар кори он роҳбарияти мақоми ваколатдори давлатии санҷишӣ бо шахси санҷишкунанда (дар ҳолати зарурӣ) иштирок карда, оид ба санҷиш ахборот пешниҳод менамоянд. Аз натиҷаи баррасии ҳисобот Комиссия қарори дахлдор қабул мекунад.
22. Тавсияномаҳои шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатии санҷишӣ, ки азназаргузаронии пешгирикунандаи фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" амалӣ намудаанд, ба Комиссия на дертар аз панҷ рӯзи анҷоми он пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ дар ҷараёни баррасии тавсияномаи мазкур роҳбари якуми мақоми ваколатдори давлатии санҷишии дахлдор иштирок карда, маълумот пешниҳод менамояд.
23. Комиссия метавонад ҳамаи баҳсҳо оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ баррасӣ намояд.
24. Комиссия арзёбии натиҷаҳои фаъолияти субъекти соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ мувофиқи Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторий ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд, амалӣ менамояд.
Ниг. ба замима

5. Ҷаласаҳои навбатии Комиссия на камтар аз як маротиба дар ду моҳ ва ҷаласаҳои ғайринавбатӣ бошад, дар ҳолатҳои зарурӣ даъват карда мешаванд.