Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 85
тасдиқ шудааст
Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани стандартҳои давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Тартиби мазкур дар асоси моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таҳия гардида, тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани стандартҳои давлатии таҳсилотро (минбаъд стандартҳо) дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, асосӣ, умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Стандартҳо бо дарназардошти ҳадди ақали ҳатмии мазмуну мӯҳтавои барномаҳои марбутаи таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо, ҳадди ақал ва ниҳоии ҳаҷми соатҳои таълимии барои таълимгирандагон пешбинишаванда, талаботи асосӣ ба дараҷаи тайёрии хатмкунандагон, мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таьлимӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи марбутаи зинаи таҳсилот таҳия гардида, усулҳои асосии ташкили ҷараёни таълим, мӯҳлат, намудҳои муассисаҳои таълимӣ, мазмуни ҳатмии таҳсилотро муайян мекунанд.
3. Стандартҳо ҳамчун ҳуҷҷати асосии давлатӣ ифодагари манфиатҳои миллӣ буда, бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва миллӣ, бо дарназардошти арзишҳои байналмилалӣ таҳия гардида, низоми арзёбии дониш, қобилият ва малакаи таълимгирандагон, салоҳияти омӯзгор, сифати назорат ва роҳбарӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, талаботи ягона дар истифодаи воситаҳои моддию техникиро дар раванди таълим муайян менамоянд.
4. Стандартҳо, бо дарназардошти талаботи қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва малакаи таълимгирандагон, рушди ҷомеа ва эҳтиёҷоти таълимии шахс, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мақсаднокӣ ва самаранокии мазмуни маводи таълим вобаста ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва талаботи ташаккули шахс бо меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, ягонагӣ ва умумияти стандартҳо барои ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият таҳия карда мешавад.
5. Стандартҳо барои ҳар як зинаи таҳсилот амалӣ гардонида мешаванд ва онҳо бояд соҳаи истифодабарӣ, дараҷабандии самтҳои тайёр кардани мутахассисон, фаъолияти касбӣ, салоҳияти умумӣ ва касбӣ, талабот ба сохтори барномаҳои асосии таълимии таҳсилот, талабот ба шароити истифодабарии барномаҳои асосии таълимии таҳсилотро фаро гирифта, баъди анҷоми зинаҳои таҳсилот донишҳои асосӣ, малакаю маҳорат, қобилият ва масъулиятнокии таълимгирандагонро таъмин намоянд.
6. Барои таҳияи стандартҳо бо пешниҳоди мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф аз ҷумлаи намояндагони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд, Шӯро оид ба таҳияи стандартҳо таъсис дода мешавад. Шӯро фаъолияти худро дар асоси Низомномаи аз ҷониби мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тасдиқшуда ба роҳ мемонад .
7. Шӯро лоиҳаи стандартҳо, хулосаҳои ташхисӣ ва пешниҳодҳоро дар ҷаласаҳои худ баррасӣ намуда, онҳоро такмил медиҳад ва бо қарори дахлдор ба мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф пешниҳод менамояд.
8. Пас аз пешниҳоди Шӯро ва баррасӣ дар мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф лоиҳаи стандартҳо тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии ТОҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
9. Стандартҳо баъди тасдиқ гардиданашон барои ҷорӣ намудан ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда мешаванд.
10. Тадбирҳо оид ба ташкили назорати давлатӣ барои риояи талаботи стандартҳо аз ҷониби мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф амалӣ гардонида мешавад.
11. Барои риояи талаботи стандартҳо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ масъул мебошанд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 85
тасдиқ шудааст
Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани стандартҳои давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Тартиби мазкур дар асоси моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таҳия гардида, тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани стандартҳои давлатии таҳсилотро (минбаъд стандартҳо) дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, асосӣ, умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Стандартҳо бо дарназардошти ҳадди ақали ҳатмии мазмуну мӯҳтавои барномаҳои марбутаи таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо, ҳадди ақал ва ниҳоии ҳаҷми соатҳои таълимии барои таълимгирандагон пешбинишаванда, талаботи асосӣ ба дараҷаи тайёрии хатмкунандагон, мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таьлимӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи марбутаи зинаи таҳсилот таҳия гардида, усулҳои асосии ташкили ҷараёни таълим, мӯҳлат, намудҳои муассисаҳои таълимӣ, мазмуни ҳатмии таҳсилотро муайян мекунанд.
3. Стандартҳо ҳамчун ҳуҷҷати асосии давлатӣ ифодагари манфиатҳои миллӣ буда, бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва миллӣ, бо дарназардошти арзишҳои байналмилалӣ таҳия гардида, низоми арзёбии дониш, қобилият ва малакаи таълимгирандагон, салоҳияти омӯзгор, сифати назорат ва роҳбарӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, талаботи ягона дар истифодаи воситаҳои моддию техникиро дар раванди таълим муайян менамоянд.
4. Стандартҳо, бо дарназардошти талаботи қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва малакаи таълимгирандагон, рушди ҷомеа ва эҳтиёҷоти таълимии шахс, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мақсаднокӣ ва самаранокии мазмуни маводи таълим вобаста ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва талаботи ташаккули шахс бо меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, ягонагӣ ва умумияти стандартҳо барои ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият таҳия карда мешавад.
5. Стандартҳо барои ҳар як зинаи таҳсилот амалӣ гардонида мешаванд ва онҳо бояд соҳаи истифодабарӣ, дараҷабандии самтҳои тайёр кардани мутахассисон, фаъолияти касбӣ, салоҳияти умумӣ ва касбӣ, талабот ба сохтори барномаҳои асосии таълимии таҳсилот, талабот ба шароити истифодабарии барномаҳои асосии таълимии таҳсилотро фаро гирифта, баъди анҷоми зинаҳои таҳсилот донишҳои асосӣ, малакаю маҳорат, қобилият ва масъулиятнокии таълимгирандагонро таъмин намоянд.
6. Барои таҳияи стандартҳо бо пешниҳоди мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф аз ҷумлаи намояндагони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд, Шӯро оид ба таҳияи стандартҳо таъсис дода мешавад. Шӯро фаъолияти худро дар асоси Низомномаи аз ҷониби мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тасдиқшуда ба роҳ мемонад.