Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тавассути намояндагони худ, ки ба ҳайати намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария шомил мегарданд, дар ҳамбастагӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
2. Дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Гурӯҳ оид ба масъалаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо 2 воҳиди кории иловагӣ ва 1 воҳиди корӣ аз ҳисоби Сафорат таъсис дода шавад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2012, № 49 "Дар бораи тасдиқи ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария" пешниҳод манзур намояд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Гурӯҳ оид ба масъалаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро таҳия ва тасдиқ намояд.
5. Дар доираи воҳидҳои кории амалкунандаи Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Раёсати ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо" бо ҷудо намудани 4 воҳиди кории иловагӣ таъсис дода шавад.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории воҳидҳои кории иловагиро мувофиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.
7. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589 "Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 2 қарор рақами "145" ба рақами "149" иваз карда шавад;
- сархати бисту чоруми банди 5 Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ташкил ва ҳамоҳангсозии умумии корҳоро бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) анҷом медиҳад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 марти соли 2013, № 76
ш. Душанбе