ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 201; с. 2016, №5, мод. 365)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- агентиҳои иттилоотӣ - шахсони ҳуқуқии тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташудае, ки барои ҷамъоварӣ, коркард, таҳия ва интишори иттилоот фаъолият менамоянд;
- ақида - баҳодиҳӣ, баёни нуқтаи назар, шарҳ, инчунин изҳори андеша оид ба муносибат ба зуҳурот, раванд ва ё шахсият аст, ки дар онҳо хулосаи тасдиқшаванда ё радшавандаи далелҳо вуҷуд надорад;
- ахбори оммавӣ (иттилооти оммавӣ) - хабарҳо ва маводи чопӣ, аз он ҷумла садоию симоӣ ва дигар маълумот дар бораи шахс, ашё, далелҳо, воқеаҳо, падидаҳо ва инчунин ақидаҳо аст, ки тавассути воситаҳои чопӣ, аудиоӣ ва видеоӣ барои доираи васеи истифодабарандагон паҳн мегарданд;
- аккредитатсия - номнавис шудани намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳои дахлдор барои дастрасӣ ба иттилоот ва интишори он;
- воситаҳои ахбори омма - матбуоти даврӣ, ҳамчунин агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио, кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ мебошанд, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел паҳн мешаванд;
- журналист - шахси воқеиест, ки ба ҷамъоварӣ, таҳрир ва омода намудани ахбору мавод барои редаксияи воситаҳои ахбори омма машғул буда, бо ин редаксия тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё дигар муносибатҳои шартномавӣ алоқаманд аст ва аз рӯи ваколати ба ӯ додашуда фаъолият менамояд ва ё узви иттиҳодияҳои касбии журналистон мебошад;
- матбаа - макони ба чоп расонидани воситаҳои ахбори оммаи чопӣ;
- матбуоти даврӣ - рӯзномаву ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, солнома ва маҷмӯаву буллетенҳое, ки номи доимӣ, рақами ҷорӣ дошта, дар вақту замони муайян (на камтар аз як маротиба дар як сол) ба табъ мерасанд;
- муассис - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори оммаро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд;
- ношир- шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки интишори нашрияи даврии чопиро амалӣ мегардонад, аз ҷумла ҷиҳатҳои ташкилӣ, молиявию техникӣ, технологӣ ва дигар таъминоти интишори онро ба ӯҳда дорад;
- паҳнкунандаи воситаи ахбори омма - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки дар асоси шартнома бо редаксияи воситаи ахбори омма маҳсулоти онро паҳн менамояд;
- раддия - талаби хаттии шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси рад намудани маълумоти нодурусти дар воситаҳои ахбори омма паҳншуда, ки шаъну шараф ва эътибори кории ӯро паст мезанад;
- редаксияи воситаҳои ахбори омма - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё ташкилотҳои (зерсохторҳои) онҳо, ки нашри воситаи ахбори оммаро амалӣ мегардонанд;
- сармуҳаррир (муҳаррир) - шахсе, ки редаксияи воситаи ахбори оммаро роҳбарӣ менамояд ва нисбат ба нашри он қарори ниҳоӣ қабул мекунад;
- сензура - аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аз редаксияи воситаи ахбори омма талаб намудани мувофиқаи пешакии мавод ё маълумоти интишоршаванда;
- ҷавоб - вокуниши хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба чопи маълумоти нодурусти халалдоркунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашон дар воситаҳои ахбори омма.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма
1. Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
2. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.
3. Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.
4. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад.
Моддаи 4. Забони воситаҳои ахбори омма
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма фаъолияти худро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар амалӣ менамоянд.
Моддаи 5. Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма
Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммаро таъмин менамояд. Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба таври маблағгузории мақсаднок, кӯмаки молиявӣ ва дигар намудҳои дастгирии давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 6. Роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан
1. Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.
2. Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд.
БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИСЁБӢ ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 7. Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори омма
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд.
2. Ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд:
- шахсони ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида ва шахсоне, ки бо қарори суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудаанд;
- ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст;
- шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
- шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи (фонди) оинномавии онҳо сармоягузории хориҷӣ зиёда аз 25 фоизро ташкил медиҳад.
3.Воситаҳои ахбори омма мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ таъсис дода мешаванд.
4. Воситаҳои ахбори омма, ки сохтори таркибӣ ва тобеи шахси ҳуқуқии таъсисдодашуда мебошанд, бе мақоми шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешаванд ва фаъолият мекунанд.
Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма
1. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти тиҷоратӣ таъсис дода мешаванд, шартномаи таъсисӣ ва оиннома мебошанд.
2. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти ғайритиҷоратӣ таъсис дода мешаванд, инчунин воситаҳои ахбори оммаи тиҷоратие, ки аз ҷониби як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд, оиннома мебошад.
3. Шартномаи таъсисӣ байни муассисон баста мешавад .
4. Дар шартномаи таъсисӣ муайян карда мешаванд:
- номгӯй (насаб, ном ва номи падар) ва макони ҷойгиршавии (макони зисти) муассисон;
- намуд, ном, забон, мақсад, ихтисос ва даврияти воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;
- шакли ташкилию ҳуқуқии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;
- андоза ва тартиби ташаккулёбии сармояи оинномавии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;
- манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;
- тартиби тақсимоти фоида ва ҷуброни зарар, агар воситаҳои ахбори омма ташкилоти тиҷоратӣ бошанд;
- тартиби боздоштани ва қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма ;
- дигар муқаррароте, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.
5. Оинномаи редаксияи воситаи ахбори омма аз тарафи муассиси (муассисони) он тасдиқ карда мешавад. Дар оиннома муайян карда мешаванд:
- намуд, ном, забон, мақсад, ихтисос, даврият ва теъдоди нашри воситаи ахбори омма;
- суроғаи ҳуқуқии (макони ҷойгиршавии) редаксияи воситаи ахбори омма;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма;
- манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори омма;
- тартиби ташкили воситаи ахбори омма;
- тартиби тақсимоти фоида ва ҷуброни зарар, агар воситаи ахбори омма ташкилоти тиҷоратӣ бошад;
- тартиби боздоштани ё қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма ;
- тартиби азнавташкилёбӣ ва барҳамдиҳии воситаи ахбори омма;
- тартиби қабули оиннома ва ворид намудани тағйиру илова ба он;

6. Дар мавриди зерсохтори шахси ҳуқуқӣ будани воситаи ахбори омма фаъолияти он тибқи низомномае, ки аз ҷониби мақоми болоии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 9. Мақомоти идоракунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма
1. Мақомоти идоракунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма муассисони онҳо мебошанд. Дар баробари ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муассисӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, муассиси воситаҳои ахбори омма вазифадор аст:
- редаксияи воситаҳои ахбори оммаро ташкил диҳад;
- барнома ва самти асосии фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро муайян кунад;
- бо редаксияи воситаҳои ахбори омма шартнома бандад;
- интишори воситаҳои ахбори оммаро таъмин кунад;
- риояи қонунгузориро дар бобати воситаҳои ахбори омма таъмин кунад;
- вобаста ба ҳама гуна тағйироти оинномавӣ ва ташкили фаъолияти воситаи ахбори омма ва редаксияи он ба мақомоти ваколатдори давлатии бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма сари вақт хабарнома пешниҳод карда, барои барасмиятдарории тағйирот чораҳо андешад.
2. Дар шартномаи байни муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма инҳо муайян карда мешаванд:
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма;
- шартҳои омодасозӣ ва интишори воситаи ахбори омма;
- тартиби маблағгузории фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма;
- тартиби муҳайёсозии шароити меҳнатии истеҳсолӣ ва маишию иҷтимоии кормандони редаксияи воситаи ахбори омма;
- тартиби муносибати тарафайн бо шахсони сеюми ба фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма ҷалбшаванда;
- ӯҳдадории тарафҳо;
- дигар муқаррароте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
3. Редаксияи воситаи ахбори омма дар асоси оиннома амал мекунад. Он метавонад муассиси воситаи ахбори омма бошад. Фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма дар асоси мустақилияти касбӣ ба роҳ монда мешавад.
4. Сармуҳаррир (муҳаррир) роҳбарии редаксияи воситаи ахбори оммаро ба ӯҳда дорад. Сармуҳаррир (муҳаррир) бо қарори муассиси воситаи ахбори омма ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сармуҳарир (муҳаррир) аз номи редаксияи воситаи ахбори омма бо муассис шартнома мебандад. Сармуҳаррир (муҳаррир) дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур, оиннома ва шартномаи байни муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма амал мекунад.
5. Ҳайати таҳририя мувофиқи тартиби пешбининамудаи оинномаи (низомномаи) воситаи ахбори омма ташкил карда мешавад. Сармуҳаррир (муҳаррир) раиси ҳайати таҳририя мебошад.
6. Муассис ё дигар шахси ҳуқуқие, ки воситаи ахбори оммаро бо маводи моддию техникӣ таъмин мекунад, ношири он буда метавонад.
Моддаи 10. Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма
1. Воситаҳои ахбори омма ва ё редаксияҳои онҳо, новобаста аз шакли моликият, мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
2. Мақсади бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гаштани фаъолияти онҳо, инчунин ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани маълумот дар бораи онҳо мебошад.
3. Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бақайдгирии шахсони ҳуқуқиро ба танзим медарорад, сурат мегирад.
4. Барҳамдиҳии воситаҳои ахбори омма мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 11. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма
1. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма сурат мегирад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолият ва ҳифзи манфиатҳои онҳо гузаронида мешавад.
3. Мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма дастгирии давлатии онҳоро, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, амалӣ мегардонад.
4. Ариза барои баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма аз ҷониби муассис ё шахси ваколатдори муассис пешниҳод шуда, дар муддати муқарраршуда баррасӣ мегардад. Барои баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба андозаи муқарраршуда боҷи давлатӣ ситонида мешавад .
5. Дар ариза дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бояд нишон дода шаванд:
- маълумот дар бораи муассис;
- ном, забон (забонҳо) ва намуди воситаҳои ахбори омма;
- мақсад ва вазифаҳо;
- ихтисос;
- ҳудуди паҳншавӣ;
- даврият;
- манбаи маблағгузорӣ;
- макони ҷойгиршавии (суроғаи ҳуқуқии) воситаҳои ахбори омма ва редаксияи онҳо;
- теъдоди нашр;
- маълумот дар бораи он, ки муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма дар дигар воситаҳои ахбори омма муассис, мудири ваколатдор, ношир, паҳнкунанда (бо нишон додани андозаи саҳми ҳар яки онҳо дар сармояи оинномавӣ) мебошанд.
6. Ба ариза дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
- иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
- оинномаи воситаи ахбори омма.
7. Агар воситаи ахбори омма ташкилоти ғайритиҷоратӣ бошад, инчунин муассиси воситаи ахбори оммаи тиҷоратӣ як шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бошад, ба ариза замима кардани шартномаи таъсисӣ талаб карда намешавад.
8. Дар ҳолати пас аз баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма тағйир ёфтани маълумоти дар қисми 5 ҳамин модда зикргардида, воситаҳои ахбори омма бояд мутобиқи тартиби муқарраршуда аз расмияти азнавбаҳисобгирӣ гузаранд. Дар ҳолатҳои дигар муассис ё редаксияи воситаи ахбори омма ӯҳдадор аст, ки дар муддати як моҳ мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори оммаро дар бораи тағйироти мазкур ба таври хаттӣ хабар диҳад .
9. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо шаҳодатнома дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма тасдиқ карда мешавад .
Моддаи 11(1). Боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма
1. Ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои аз тарафи воситаҳои ахбори омма содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунанд, мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба муассиси (муассисони) ё редаксияи ин воситаҳои ахбори омма огоҳиномаи хаттӣ мефиристад ва мӯҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамояд .
2. Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахборм омма риоя иагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокурорҳои тобеи ӯ ба муассиси (муассисони) ё редаксияи воситаҳои ахбори омма дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ фиристода, мӯҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд .
3. Агар дар мӯҳлати муқарраршуда қонунвайронкуниҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ ва ё мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма метавонанд ба суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муроҷиат намоянд.
4. Тартиби боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар давраи вазъияти фавқулода қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд .
Моддаи 11(2). Қатъ гардидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма
1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо асосҳои зерин қатъ мегардад:
- бо қарори муассис;
- бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, табдил додан) воситаҳои ахбори омма ;
- бо ҳалномаи суд.
2. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, сарфи назар аз мавҷудияти баҳисобгирии давлатӣ бо ҳалномаи суд қатъ карда мешавад. Воситаи ахбори оммаи фаъолияташ қатъкардашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад .
Моддаи 12. Бе қайди баҳисобгирӣ паҳн кардани воситаҳои ахбори омма
1. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ ва буллетенҳои худро бе қайди баҳисобгирӣ интишор ва паҳн намоянд.
2. Муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳуқуқ доранд маводи ахборӣ ва ҳуҷҷатҳои барои фаъолияташон заруриро бе баҳисобгирии давлатӣ нашр ва паҳн намоянд. Ба ҳисоб гирифтани фаъолияти бо ёрии воситаҳои техникии чоп, аудио, аудиовизуалӣ омода кардани мавод, ки барои паҳн намудан таъин нашудаанд ё ҳамчун дастнавис нусхабардорӣ мешаванд, талаб карда намешавад.
3. Ҳангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха нашр гардидани маҳсулоти чопӣ баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма талаб карда намешавад.
Моддаи 13. Муносибатҳои молумулкӣ ва молиявии муассис, ношир ва редаксияи воситаҳои ахбори омма
Муносибатҳои молумулкӣ ва молиявии муассис, ношир ва редаксияи воситаҳои ахбори омма мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байни онҳо муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 14. Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
Воситаҳои ахбори омма ҳангоми истифодаи мавод бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя намоянд.
Моддаи 15. Маълумот дар бораи воситаи ахбори омма
1. Ҳар як шумораи воситаи ахбори омма бояд дорои маълумоти зерин бошад:
- номи воситаи ахбори омма;
- номи муассиси (муассисони) воситаи ахбори омма;
- насаб, ном ва номи падари сармуҳаррир (муҳаррир);
- рақами тартибии шумора ва санаи нашр, барои рӯзнома - ҳамчунин рӯзи ба нашр имзо шуданаш;
- индекс барои воситаҳои ахбори оммаи даврии чопие, ки тавассути ташкилотҳои алоқа паҳн карда мешаванд;
- теъдоди нашр;
- нарх (дар мавриди бо нархи тиҷоратӣ фурӯхта шудани нашрия) ё худ нишони "нархаш озод" ё "ройгон";
- нишонии воситаи ахбори омма, ношир, матбаа;
- рақами шаҳодатномаи баҳисобгирии давлатӣ ва номи мақоме, ки онро додааст.
2. Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳангоми оғози ҳар як барнома ва дар мавриди муттасил намоиш додан ва шунавонидани барнома бояд ҳар шабонарӯз камаш чор маротиба номи идораи телевизион ва радиоро эълон намоянд.
Моддаи 16. Паҳн намудани воситаҳои ахбори омма
1. Маҳсули воситаи ахбори оммаро бевосита редаксияи он ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаи қонунӣ ташкилотҳои паҳнкунандаи нашрияи даврӣ, ҳамчунин шахсони воқеӣ паҳн мекунанд.
2. Бе нишон додани маълумоти воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маҳсули онҳо манъ аст.
3. Мамониат ба паҳн намудани воситаи ахбори омма, ҳамчунин пурра ё қисман мусодира намудани он, агар оид ба он қарори суд мавҷуд набошад, манъ аст.
4. Ташкилотҳои паҳнкунандаи воситаи ахбори омма ҳуқуқ надоранд, ки бо сабабҳои мухолифати андешаҳои сиёсӣ аз паҳн намудани он даст кашанд.
Моддаи 17. Маҳфуз доштани нусхаҳои ахбори паҳншуда
Редаксияи воситаи ахбори омма, ношир ва матбаа дастхатҳо ва нусхаҳои ба табъ расидаро бояд баъди интишор дар мӯҳлати на камтар аз як сол маҳфуз доранд.
Моддаи 18. Ҳуқуқ ба навиштани ҷавоб
Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашро нашр кардааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад. Ҷавоб баъди ба редаксияи воситаи ахбори омма расидан бояд на дертар аз шумораи навбатии он нашр карда шавад.
Моддаи 19. Ҳуқуқ ба раддия
1. Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд.
2. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд. Агар шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ матни раддияи худро пешниҳод карда бошад, дар мавриди ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ будани матни он, раддия дар воситаи ахбори омма нашр карда мешавад.
3. Раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ва ё дар ҳамон саҳифа, бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд. Ҳаҷми матни раддия набояд аз ҳаҷми маълумоти радшаванда зиёд бошад.
Моддаи 20. Асосҳои рад кардани раддия
Дар мавридҳои зерин редаксияи воситаи ахбори омма ӯҳдадор аст, ки нашр намудани раддияро рад намояд:
- агар дар матни раддия суиистифода аз озодии сухан сурат гирифта бошад;
- агар раддия мухолифи қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд бошад;
- агар раддия бе зикри насаб, ном, номи падар ва бе имзо бошад.
Моддаи 21. Баррасии ариза оид ба нашри раддия аз тарафи суд
Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани мӯҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 22. Нашри ахбори расмӣ
1. Воситаҳои ахбори оммае, ки онҳоро мақомоти давлатӣ таъсис додаанд, вазифадоранд ахбори расмии ин мақомотро нашр намоянд.
2. Воситаҳои ахбори омма вазифадоранд қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро дар бораи дар ҳамон воситаи ахбори омма нашр кардани он ройгон ва дар мӯҳлати муқарраршуда нашр намоянд.
БОБИ 3. МУНОСИБАТИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БО МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО
Моддаи 23. Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот
1. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад.
2. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.
3. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад.
4. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъоляташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.
5. Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад.
Моддаи 24. Радкунӣ ва таъхир дар пешниҳоди иттилоот
1. Радкунии пешниҳоди иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконпазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 6 Қонуни мазкур зикргардида бошад. Хабарнома дар бораи радкунӣ ба воситаи ахбори омма дар муддати се рӯзи баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот супорида мешавад.
2. Таъхир дар пешниҳоди иттилооти дархостшаванда имконпазир аст, агар пешниҳоди маълумоти талабшаванда дар мӯҳлати се рӯз аз имкон берун бошад. Хабарнома оид ба таъхир ба дархосткунанда дар мӯҳлати се рӯз баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот бо нишон додани сабаби таъхир ва мӯҳлати пешниҳоди иттилоот супорида мешавад.
3. Дар холати рад намудани пешниҳоди иттилоот, воситаи ахбори омма метавонад ба мақомоти болоӣ ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 25. Истифодаи мавод ва эҷодиёти муаллифон
1. Воситаҳои ахбори омма эҷодиёти муаллифонро бо риояи ҳуқуқи муаллифӣ истифода карда метавонанд.
2. Ҳеҷ шахс ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ахбори оммаро ба нашри маводи радкардаи редаксияи он вазифадор намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
3. Дар вақти нашри маводи пешниҳодшуда ихтисор ва таҳрири матн равост, ба шарте ки мазмуни аслии он таҳриф нашавад.
4. Нашри мавод аз дигар воситаҳои ахбори омма бо нишондоди ҳатмии сарчашмаи он ва бе таҳриф мумкин аст.
Моддаи 26. Ҳолатҳои махсуси фош накардани ахбор
Воситаҳои ахбори омма ва журналист ҳуқуқ надоранд:
- насаб, ном ва номи падари шахсеро, ки бо шарти ифшо нанамудани номаш ахбор додааст, зикр намоянд, ғайр аз мавридҳое, ки онро суд талаб мекунад;
- маълумоти тафтишоти пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда ошкор намоянд ;
- дар ахборашон натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рӯи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор диҳанд;
- бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай хабареро интишор кунанд, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонунвайронкунанда гардад.
Моддаи 27. Ҳифзи сарчашмаи ахбор (иттилоот)
1. Журналист ва редаксияи воситаи ахбори омма барои фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот ӯҳдадор нестанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
2. Фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот танҳо бо розигии соҳиби чунин иттилоъ ва ё маълумот ва ё дар асоси қарори суд мумкин аст.
3. Иттилоъ ва ё маълумоти тибқи қарори суд фошшударо танҳо бо мақсадҳои дар қарори суд зикршуда истифода бурдан мумкин аст.
БОБИ 4. ҲУҚУҚҲО, ӯҲДАДОРИҲО ВА АККРЕДИТАТСИЯИ ЖУРНАЛИСТ
Моддаи 28. Ҳуқуқҳои журналист
1. Журналист ҳуқуқ дорад:
- ахборро ҷустуҷӯ, дастрас, таҳрир ва интишор намояд;
- вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсӯҳбат шавад;
- ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст;
- бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад;
- зимни санҷиши далелу ҳолатҳои вобаста ба маводи дастрасгардида ба мутахассисон муроҷиат намояд;
- аз навиштани маводи хилофи эътиқодаш даст кашад;
- иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шартӣ (тахаллус) интишор намояд;
- барои ройгон дастрас намудани иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад;
- аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри ӯ, дар рафти таҳрири редаксияи воситаи ахбори омма таҳриф шудааст, номашро гирад;
- оид ба нигоҳ доштани сирри муаллифӣ пешакӣ гуфтугӯ кунад.
2. Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 29.ӯҳдадориҳои журналист
Журналист ӯҳдадор аст:
- оинномаи фаъолияти редаксияи воситаҳои ахбори оммаро, ки бо вай муносибати меҳнатӣ дорад, риоя кунад, аз рӯи нишондодҳои он амал намояд;
- саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;
- пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд;
- хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте ки, ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;
- иҷрои супоришеро, ки сармуҳаррир (муҳаррир) ё редаксияи воситаи ахбори омма додааст, рад намояд, ба шарте ки он мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад;
- ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ӯро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунад;
- воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои тӯҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.
Моддаи 30. Аккредитатсия журналистони воситаҳои ахбори омма
1. Воситаҳои ахбори омма дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, метавонанд намояндагони худро дар онҳо ҳамчун журналист аккредитатсия намоянд.
2. Журналисти ваколатдор ҳуқуқ дорад дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои ин мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо иштирок намояд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стенограмма, протокол ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос шавад ва дар мавриди зарурӣ онҳоро нусхабардорӣ намояд.
БОБИ 5. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 31. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Ҳамкориҳои байналмилалии редаксияҳои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 32. Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ҳуқуқ доранд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Ин фаъолият бо роҳи кушодани филиалҳо, намояндагиҳо ва ё аккредитатсияи журналистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Филиал ва намояндагиҳои воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин агентҳои иттилоотии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд ва ба ҳисоб гирифта мешаванд.
3. Хабарнигорони хориҷиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида аккредитатсия менамояд ва аккредитатсияашонро бекор мекунад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 34. Ҳолатҳои озод кардан аз ҷавобгарӣ
Сармуҳаррир (муҳаррир) ва ҳамчунин журналист барои дар воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маълумоте, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, дар чунин ҳолатҳо аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд:
- агар ин маълумот дар нашрияҳои чопӣ ба табъ расида бошад;
- агар ин маълумот аз агентҳои иттилоотӣ ё хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо гирифта шуда бошад;
- агар маълумот дар нутқҳои муаллиф, ки мустақиман ба мавҷ мераванд ва ё дар матнҳое дарҷ шуда бошад, ки мувофиқи Қонуни мазкур набояд таҳрир шаванд;
- агар маълумот дар суханрониҳои расмии шахсони мансабдори давлатӣ, аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан садо дода бошад.
Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, с. 1990, №24, мод. 421; Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, №10, мод. 144; №11, мод. 175; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 48; фасли XIII; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли VII; с. 1999, №12 мод. 335; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 269) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 марти соли 2013, № 961
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" қабул карда шавад.
2. Қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон "Дар хусуси ба амал ҷорӣ намудани Қонуни ҶШС Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" аз 14 декабри соли 1990 (Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон, с. 1990, №24, мод. 422; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 336; с. 2002, №4, қ.1, мод. 271)" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 12 декабри соли 2012, № 1011
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, № 485