ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЪДОДИ КОРМАНДОН ВА ТАКМИЛИ МИНБАЪДАИ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИҚИСТОН
(Фармони Президенти ҶТ аз 24.05.2007 № 253, аз 16.05.2008 № 461, аз 02.03.2013 № 1434)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ташаккули ҳайати кадрҳои баландихтисос ва такмили минбаъдаи фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Теъдоди ниҳоии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 284 воҳид муқаррар карда шавад ().
2. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
рӯйхати штатӣ ва фонди пардохти музди меҳнати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, ҳангоми зарурат дар доираи теъдоди умумии кормандони Дастгоҳ, ки бо ҳамин Фармон муқаррар шудааст, ба он тағйирот ворид намояд;
талаботро нисбат ба кадрҳо барои номи бошарафи корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи зарурӣ баланд бардошта, ба он ноил гардад, ки ба Дастгоҳ мутахассисони аз ҳар ҷиҳат арзанда, соҳибмаълумот ва ояндадор, аз обрӯю эътибор бархӯрдор, соҳиби таҷрибаи корӣ дар соҳаҳо, вазорату идораҳо ва ҳукуматҳо пешниҳод шаванд;
ҳайати кадрҳои як қатор воҳидҳои Дастгоҳ ва дар навбати аввал шӯъбаҳои молия, ҳуқуқ, умумӣ ва ташкилиро таҳким бахшад;
таҳияи сифатноки ҳуҷҷатҳо ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷиҳати баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшавандаро, таъмин намуда, ба масъалаҳои пурзӯр кардани назорат ва санҷиши иҷрои фармону амр ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус диҳад;
кори Дастгоҳро дар асоси таҳлили ҳаматарафа ва амиқ, омӯзиши ҳолати корҳо дар соҳаҳои дахлдор ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ташкил карда, дар фаъолияти рӯзмарра усулҳои пешбинӣ ва систематизатсияро ҳамаҷониба истифода барад ва технологияҳои иттилоотии замонавиро фаъолона дар амал татбиқ намояд;
аттестатсияи давравии кормандонро гузаронад; омӯзиши кормандони Дастгоҳ, аз ҷумла курсҳои махсус оид ба омӯзиши забони англисӣ ва такмили забони русӣ, таълими кор бо техникаи компютериро
созмон диҳад, ба таври васеъ гузаронидани таълими мақсаднок ва таҷрибаомӯзии кормандонро дар марказҳои мӯътабар истифода барад.
3. Муқаррар гардад, ки:
кормандони Котиботи Қомиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои минтақавӣ ва сарҳадӣ ба теъдоди умумии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд;
Идораи хоҷагӣ ва Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна шахсони ҳуқуқӣ буда, дорои рӯйхати штатии худӣ мебошанд.
4. Бо мақсади тақсимоти нисбатан дақиқи вазифаҳои воҳидҳои сохторӣ, таъмини сохтмони иншооти дорои аҳамияти ҳукуматӣ дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ таъсис дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
5 декабри соли 2001, № 721
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЪДОДИ КОРМАНДОН ВА ТАКМИЛИ МИНБАЪДАИ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИҚИСТОН
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ташаккули ҳайати кадрҳои баландихтисос ва такмили минбаъдаи фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Теъдоди ниҳоии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 285 воҳид муқаррар карда шавад.