Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 1434 "Дар бораи таъсиси Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, фармон медиҳам:

1. Дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯъбаи дин, танзими анъана за ҷашну маросимҳо иборат аз 7 воҳиди штатӣ таъсис дода шавад.

2. Банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2001, № 721 "Дар бораи теъдоди кормандон ва такмили минбаъдаи фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Теъдоди ниҳоии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 284 воҳид муқаррар карда шавад".

3. Ба сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001, №702 "Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Шӯьбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо".

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳоро барои нигоҳдории воҳидҳои штатии иловагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 2 марти соли 2013, № 1434