Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013
Дар соли 2012 фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳояшон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳо, инчунин таъмини иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавию минтақавӣ ва чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуданд.
Дар соли 2012, новобаста аз омилҳои идомаёбандаи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳон ва дигар тамоюлоти манфӣ, суръати устувори рушди бонизоми иқтисодӣ ва устувории макроиқтисодӣ дар иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуд, ки он аз рушди мунтазами соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, фаъолияти босамари иқтисодии хориҷӣ, ҳамчунин нигоҳдории талаботи баланди бозори истеъмолии дохилии кишвар вобастагӣ дошт.
Ҳамзамон, дар соли сипаригашта ҷараёни дигаргунсозиҳо дар аксари самтҳо, аз ҷумла дар таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, дастрасӣ ба бозорҳои молӣ, ки омилҳои асосӣ барои таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодиёт ва ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд, мавриди татбиқ қарор дода шуд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ нисбат ба соли гузашта 7,5 фоиз ё ба андозаи 6,1 млрд. сомонӣ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ҳаҷми он 36,2 млрд. сомониро ташкил дод.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ 4,6 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 17,7 фоиз зиёд гардид.
Дар ин давра ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 46,1 фоизро ташкил карда, нисбат ба соли 2011 2,6 банди фоизӣ афзуд, ҳиссаи хизматрасони 42,3 фоиз ва андозҳо 11,6 фоизро ташкил намуд.
Рушди иқтисодиёти кишвар дар соли 2012 асосан аз ҳисоби рушди босуботи соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат 10,4 фоиз, кишоварзӣ 30,4 фоиз, гардиши савдои чакана 16,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 15,3 фоиз таъмин гардид.
Дар соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 4,3 млрд. сомонӣ маблағгузориҳои асосӣ иҷро гардида, ба маблағи 2,3 млрд. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд.
Дар соли 2012 муносибатҳои иқтисодии хориҷии малакат бо давлатҳои хориҷаи дуру наздик идома гардида, инчунин робитаҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ густариш ёфта, ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ мусоидат намуд.
Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ 15,1 фоиз, аз ҷумла содирот 8,1 фоиз ва воридот 17,8 фоиз афзун гардид. Тавозуни манфии савдои хориҷӣ 2,4 млрд. доллари америкоиро ташкил дод.
Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тавассути тамоми намудҳои нақлиёт мутаносибан 11,2 фоиз ва 7 фоиз афзуд. Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии мамлакат дар соли 2012 6,4 фоизро ташкил дод. Зиёдшавии сатҳи таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархи молҳои ғайриозуқаворӣ ва тарифҳои хизматрасонӣ ба вуҷуд омадааст.
Нақшаи иҷрои даромадҳои умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти грантҳо, дар сатҳи 101,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 10 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид. Қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ дар ин давра ба андозаи 98 фоиз иҷро гардида, чорабиниҳои аввалиндараҷаи дар буҷет пешбинигардида пурра аз рӯи нақша таъмин гардид.
Новобаста аз он, ки ҷамъоварии андозҳо дар маҷмӯи иҷро гардида бошад ҳам, нақшаи баъзе намудҳои андоз, аз ҷумла андоз аз фурӯш, аксизҳо, андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо, андози иҷтимоӣ (аз корхонаҳои ғайрибуҷетӣ) иҷро нашуд. Бақияпулиҳои андоз нисбат ба оғози сол зиёда аз 125 млн. сомонӣ афзуда, дар охири соли 2012 ҳаҷми он ба 656 млн. сомонӣ баробар гардид.
Дар соли 2012 андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати тақвият бахшидани таъминоти моддию молиявии кормандони соҳаи буҷет, ҳифзи иҷтимоии нафақагирону эҳтиёҷмандон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, дар натиҷа музди меҳнати кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустию фарҳанг, нафақаи нафақагирону кӯмакпулиҳои эҳтиёҷмандон ва стипендияи донишҷӯён зиёд гардид.
Дар баробари натиҷаҳои бадастомадаи соли 2012 дар фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ камбудиҳо ҷой дошт. Аз ҷумла, ба пуррагӣ истифода нагардидани баъзе иқтидорҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои дохилӣ барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, сатҳи нисбатан пасти коркарди ниҳоии маҳсулоти содиротшаванда, афзоиш ёфтани ҳаҷми бақияпулиҳои андозӣ ва як қатор омилҳои дигар, ки ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар монеъ гардид.
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2013 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар, ислоҳоти иқтисодиро дар тамоми самтҳои фаъолият идома дода, татбиқи барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавиро мунтазам таҳлил намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо, инчунин истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд;
- бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва татбиқи саривақтии нақшаю чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ тадбирҳои амалӣ андешанд;
- ҷиҳати таҳия намудани лоиҳаҳои объектҳои иттилоотонӣ ва рушди "ҳукумати электронӣ" чораҳои зарурӣ андешида, вобаста ба таъсис ва таҷдиди системаҳои иттилоотию интернетӣ баҳри амалӣ намудани унсурҳои "ҳукумати электронӣ" дар ҳар соҳа пешниҳоди мувофиқашударо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намоянд.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мониторинги иҷрои "Нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013"-ро гузаронида, барои дар амал татбиқ намудани нишондиҳандаҳои он чораҳои иловагӣ андешида, аз натиҷааш ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намояд.
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор мониторинги Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва дигар барномаҳои қабулгардидаи соҳавии ба рушди содирот нигаронидашударо вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар самти иҷрои ин барномаҳо, ҳамчунин захираҳои воқеии соҳаҳои алоҳидаи барои истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир гузаронида, ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Консепсияи рушди минтақаҳои озоди иқтисодиро таҳия намуда, дар соли 2013 мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаи дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ ташкил намудани паркҳои технологиро мавриди омӯзиш қарор дода, то охири соли 2013 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи мувофиқашуда манзур намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбурди сиёсати устувори буҷету андозро таъмин намуда, ҷиҳати иҷрои Буҷети давлатӣ, кам кардани бақияпулиҳои андоз, васеъ намудани манбаъҳои мавҷуда ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷет дар тамоми самтҳо тадбирҳои зарурӣ андешад;
- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор то охири нимсолаи якуми соли 2013 ҷиҳати ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар ин самт қабул намудани санадҳои ҳуқуқии идоравӣ чораҳои зарурӣ андешад;
- якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати сари вақт пардохт намудани музди меҳнати соҳаҳое, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, бахусус соҳаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин пардохти нафақаву кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ тадбирҳои дахлдор андешад;
- барои ҷалб намудани захираҳои иловагии молиявӣ ва зиёд намудани фонди стабилизатсионӣ чораҳои зарурӣ андешад;
- ҷалби қарзҳои беруниро дар доираи муқаррароти Страгегияи миёнамӯҳлати идоракунии қарзҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, ҷиҳати назорати истифодаи маблағҳои ҷалбшаванда чораҳои зарурӣ андешад;
- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон, вазорату идораҳои дахдлор ба корҳои марбут ба ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешад ва аз натиҷаи он ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола маълумот пешниҳод намояд;
- якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдор шаффофият ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузориро таъмин намояд.
4. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки:
- ислоҳотро дар низоми бонкдорӣ, бо дарназардошти такмил додани идоракунии босамари дороиҳо ва ӯҳдадориҳо дар ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ва афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахшҳои асосии иқтисодиёт тақвият дода, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолии ноҳияҳои дурдаст ва соқибкории хурду миёна ба хизматрасонии бонкӣ тавассути зиёд намудани шумораи филиалҳо, намояндагиҳо ва дигар воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ, чораҷӯӣ намояд;
- ҷиҳати васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, истифодаи технологияҳои муосири пардохтӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, вусъат додани бозори қарзҳои байнибонкӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намояд;
- ҷиҳати такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади тақвият бахшидани назорати бонкӣ ва баланд бардоштани устувории низоми бонкӣ чораҳои зарурӣ андешад.
5. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соли 2013 барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонад;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пурзӯр намудани корҳо дар самти ташаккули омори расмӣ дар ҳамаи соҳаҳо мутобиқи "Таснифоти миллии молҳо ва хизматрасонӣ" чораҳои мушаххас андешад.
6. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои барқарорсозии корхонаҳои азкормонда, инчунин бунёди корхонаҳои саноатии коркарди ашёи хоми ватанӣ ва дар ин асос таъмин намудани рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон ва маъдани кӯҳӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосир чораҳои иловагӣ андешад;
- бо мақсади ба роҳ мондани дараҷаи баландтари коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахта, пилла, гӯшт, шир, меваю сабзавот ва алюминий тадбирҳои дахлдор андешад;
- ҷиҳати вусъат бахшидан ба азхудкунии конҳои истихроҷи нафту газ ва ангишт, истифодаи тамоми имкониятҳо барои таъминоти мамлакат бо маводи сӯхт ва нерӯи барқ чораҷӯӣ намояд.
7. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии Ширкат, истифодаи сарфакоронаи иқтидори гидроэнергетикӣ, таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷоти иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат бо энергияи барқ, инчунин кам кардани талафоти он, ҷиҳати татбиқи Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои солҳои 2011-2018 тадбирҳои таъхирнопазир андешида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам маълумот пешниҳод намояд.
8. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати тадриҷан баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии нақлиёт, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, хусусан мусофиркашонӣ чораҳои мушаххас андешида, фаъолиятро дар самти банақшагирӣ ва равнақдиҳии корҳои бунёду таҷдиди роҳҳо ва иншоот, аз ҷумла роҳи оҳан тақвият бахшад;
- ҷиҳати оғози корҳои асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Лабиҷар Тавилдара-Қалъаихум ва вусъат бахшидан ба корҳо оид ба пешбурди лоиҳаи сохтмони хати роҳи оҳани пайвасткунандаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистону Туркманистон тавассути қитъаи Айваҷ-Хулм чораҳои зарурӣ андешад;
- корҳоро оид ба лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ (марҳилаи II), Душанбе-Данғара бо бунёди нақби "Чормағзак" ва сохтмони роҳи автомобилгарди "Шоҳон-Зиғар" (марҳилаи III) дар соли 2013 ба анҷом расонад;
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо истифода аз имкониятҳои молиявии дохилӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ фаъолияти худро дар самти банақшагирӣ ва оғози корҳои бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ (ноҳиявӣ ва байниноҳиявӣ) ва роҳи оҳанро тақвият бахшад.
9. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 чораҳои зарурӣ андешида, мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба таҷдиди сохтори ташкилӣ ва идоракунии соҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муқарраргардида гузаронидани кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, гузаронидани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ барои рӯёнидани на кам аз ду ҳосил бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва дар ин замина таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, аз ҷумла бо маҳсулоти тару тоза таъмин намудани аҳолии кишвар дар тамоми фасли сол, зиёд намудани майдони кишти гармхонаҳои доимӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
- ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии ҳашароти зараррасон ва амалӣ намудани Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зарраррасон ва касалиҳои боғу токзор, харидорӣ ва истифодаи заҳрхимикатҳо, дорупошакҳо ва либосҳои махсусро зери назорати қатъӣ гирифта, ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас намудани онро ба роҳ монад;
- якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва вазорату идораҳои дахлдор Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатиро, бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ оид ба истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таҳия намуда, дар соли 2013 мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
10. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои вобаста ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об тадбирҳои зарурӣ андешад;
- бо мақсади баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар соли 2013, ҷиҳати азхудкунии на кам аз 500 га заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии 1000 га заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва боир, инчунин иҷрои нақшаю супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо чораҳои зарурӣ андешад;
- ҷиҳати тезонидани раванди ислоҳоти соҳаи оби мамлакат ва гузариш ба идоракунии ҳавзавии захираҳои об чораҳои амалӣ андешад.
11. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати нигоҳ доштани ҷойҳои мавҷудаи корӣ, зиёд намудани шумораи коргарони кироя ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо пайваста чораҳои амалӣ андешад;
- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тамоюли тағйирёбии шумораи коргарон ва ҳаҷми музди меҳнати онҳоро пайваста назорат намуда, дар ҳолатҳои беасос кам шудани шумораи коргарон ё ҳаҷми музди меҳнати онҳо дар доираи ваколатҳои худ чораҳои дахлдор андешад;
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба нафақагирон ва гузаштан ба пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ тадбирҳои амалӣ андешад;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмини шаффофияти таъин ва пардохти нафақа, бо дарназардошти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати қабул намудани оилаҳои муҳоҷирони дохилии ихтиёрӣ аз дигар минтақаҳои кишвар ва таъмини онҳо бо ҷои зисти доимӣ, оби тозаи нӯшокӣ, ҷои кор, ҳолати муносиби санитарӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаб чораҳои зарурӣ андешад.
12. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъсиси муассисаҳои нави хусусии томактабӣ тадбирҳои амалӣ андешад;
- бо дарназардошти таъсиси Маркази миллии тестӣ аз соли 2014 сар карда, ҷиҳати мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон тавассути Маркази мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ворид намудани низоми тестии қабули имтиҳонҳо дар синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тадбирҳои амалӣ андешад;
- якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ, лоиҳаи Барномаи ташаккул ва рушди муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020-ро таҳия намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
13. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, таъмини муассисаҳои табобатию кӯмаки аввалияи тиббӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисон тадбирҳои амалӣ андешида, ба мониторинг ва арзёбии онҳо тақвият бахшад;
- ҷиҳати ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути воситаҳои ахбори омма дар самти пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, инчунин рушди хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби бахши хусусии соҳаи тандурустӣ чораҳои зарурӣ андешад.
14. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла китобхонаҳо, нашрияҳои матбуоти даврӣ ва қасрҳои фарҳанг тадбирҳои зарурӣ андешад.
15. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади гузаронидани инвентаризатсияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаҳои қонунҳои дахлдор ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои солҳои 2014-2019ро таҳия намуда, дар соли 2013 мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ба роҳ мондани баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешад.
16. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкилоти вобаста ба транзити мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути кишварҳои ҳамсарҳад тадбирҳои иловагӣ андешад.
17. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Тартиби идоракунии маҷмӯии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва низоми иттилоотии кӯмаки берунаро таҳия намуда, дар соли 2013 мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷоя бо сохторҳои дахлдор ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро мунтазам мавриди омӯзиш қарор диҳад ва ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016-ро таҳия намуда, дар соли 2013 мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
18. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки заминҳо, аз ҷумла ба тартиб даровардани истифодаи чарогоҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо, чарогоҳҳои мавсимӣ ва роҳҳои чорвогузар чораҳои зарурӣ андешад;
- корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ дар миқёси ҷумҳурӣ, инчунин, корҳои дар маҳал вобаста намудани қитъаҳои замини ба истифодабарандагон ҷудошударо бо истифода аз таҷҳизоти муосир вусъат бахшад.
19. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои пурра ва сифатноки нишондиҳандаҳои муқарраршудаи нақшавӣ оид ба андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро таъмин карда, инчунин ҷиҳати иҷрои муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро бо субъектҳои хоҷагидор ва дигар андозсупорандагон амалӣ намояд.
20. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини тозагии санитарӣ ва сари вақт баровардани партовҳо чораҳои зарурӣ андешида, назорати онро пурзӯр намояд;
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати васеъ намудани доираи корҳои бунёд ва барқарорсозии ҷангал, рушди парваришгоҳҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ тадбирҳои дахлдор андешад.
21. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва татбиқи "Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон" ҷоннок намуда, ҷиҳати рушди инфрасохтор ва хизматрасонӣ дар соҳаи туризм, бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии миллӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида, якҷоя бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ барои истифодаи пурра ва самараноки иншооти варзишӣ, инчунин иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва омода намудани дастаи олимпии Тоҷикистон ба бозиҳои олимпии навбатӣ дар доираи барномаи алоҳида чораҷӯӣ намояд.
22. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва ҷавондухтарон, зиёд намудани ҷойҳои кории доимӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва бо ин восита коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занону ҷавондухтарон фаъолиятро ҷоннок намуда, якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи самараноки "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020" тадбирҳои иловагӣ андешад.
23. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, бахусус хонаҳои истиқоматӣ бо ҳуҷраю ошхонаҳои масоҳаташ калон ва ба талаботи гигиению миллӣ ҷавобгӯ, бо дарназардошти истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, ноқилҳо, трансформаторҳо тадбирҳо андешида, назорати муаллифиро дар рафти корҳои сохтмонӣ пурзӯр намояд;
- сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоию маишӣ, фарҳангию фароғатиро дар қитьаҳои замине, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо карда мешаванд, дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
24. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи "Тоҷикматлубот", вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини бехатарию сифати молҳои озуқавории ватанӣ ва аз хориҷи кишвар воридшаванда, инчунин беҳдошти ҳолати санитарии бозорҳои фурӯши молҳои озуқаворӣ чораҳои зарурӣ андешад.
25. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии низоми назорати пурра ва дуруст муайян намудани арзиши гумрукии воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт, инчунин таъмини иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ чораҳои зарурӣ андешад.
26. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати доимии риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисориро оид ба пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдононаи субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ дар самти риояи тартиби муқарраргардидаи нархгузорӣ пурзӯр намояд ва мунтазам мониторинги бозорҳои молро гузаронида, аз натиҷааш ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
27. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини алоқаи телефониро дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, хусусан насби ройгони телефонҳои хонагӣ барои оилаҳои камбизоат идома дода, аз натиҷааш ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
28. Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, оид ба танзими самараноки раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоӣ, таъмини касбомӯзии онҳо, вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат фаъолиятро вусъат дода, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират чораҳои амалӣ андешад.
29. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои истихроҷу коркарди маъдан, инчунин таъмини корҳои омӯзиши геологӣ ва лабораторияҳо бо технология ва таҷҳизоти инноватсионӣ чораҳои зарурӣ андешад.
30. Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, таълими байниидоравии хизматчиёни давлатӣ ва омӯзиши идоравиро ба роҳ монад;
- якҷоя бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии компютерикунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015-ро дар мақомоти зикргардидаи давлатӣ мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
31. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати фаъолияти кормандони худро оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонунҳо зимни таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо пурзур намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудан ва аз байн бурдани ҷинояткории трансмиллӣ, экстремизму терроризм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии яроқ ва маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон чораҳои иловагии судманд андешад.
32. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои Буҷети давлатиро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад.
33. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҳангоми тасдиқи нишондиҳандаҳои буҷети маҳаллӣ нақшаи воридоти андози иҷтимоиро таҳия ва тасдиқ намоянд;
- якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат бо оби нӯшокӣ, инчунин оид ба иҷрои сифатноки "Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020" чораҳои зарурӣ андешанд.
34. Вазорату идораҳо, раисони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 19 январи соли 2013, № 23
ш. Душанбе