Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддалои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намояд.
3. Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 9 феврали соли 2013, № 37
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственном учреждении "Центр реализации проекта "Доступ к зеленому финансированию и финансам развития сельской местности" при Министерстве финансов Республики Таджикистан
В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и с целью реализации проекта "Доступ к зеленому финансированию и финансам развития сельской местности", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное учреждение "Центр реализации проекта "Доступ к зеленому финансированию и финансам развития сельской местности" при Министерстве финансов Республики Таджикистан.
2. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами в установленном порядке решить организационно-правовые и финансовые вопросы Государственного учреждения "Центр реализации проекта "Доступ к зеленому финансированию и финансам развития сельской местности" при Министерстве финансов Республики Таджикистан.
3. Перечень предприятий и учреждений системы Министерства финансов Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №588 дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Государственное учреждение "Центр реализации проекта "Доступ к зеленому финансированию и финансам развития сельской местности".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 9 февраля 2013 года, № 37