Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2004, № 139
тасдик шудааст
Тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ
1. Ин Тартиб дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ҷорӣ карда мешавад ва барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти хоҷагӣ ва ғайра машғулбуда додани хулосаҳои санитарию эпидемиологиро танзим менамояд.
2. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мутобиқати (номутобиқатии) омилҳои муҳити зист, фаъолияти хоҷагӣ ва ғайра, маҳсулот, корҳо, хизматрасонӣ, инчунин лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ, лоиҳаҳои сохтмони объектҳо, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ.
3. Бо ин ҳуҷҷат тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани хулосаҳои санитарию эпидемиологиро, ки аз ҷониби мақомоти хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, муқаррар карда мешавад.
4. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ ба инҳо дода мешавад:
нигоҳдорӣ ва истифодабарии биноҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ, иморату иншоот, таҷҳизот мувофиқи талаботи санитарию гигиенӣ:
лоиҳакашӣ ва иморатсозии маҳалҳои аҳолинишин, интихоби қитъаи замин барои сохтмон;
маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳо барои эҳтиёҷоти шахсию маишӣ ва технологияҳои истеҳсоли онҳо;
маҳсулоти озука, истеҳсоли онҳо, иловаҳои ғизоӣ, ашёи хоми озуқа, инчунин зарфҳои озуқа, маснуот ва технологияҳои истеҳсоли онҳо;
воридот ва содирот, ҳамлу нақл, нигоҳдорию фурӯши маҳсулоти озуқа ва ташкили ғизои аҳолӣ;
меъёрҳои ҳадди аксар имконпазири таркибҳои моддаҳои химиявӣ, биологӣ ва микроорганизмҳо дар ҳавои атмосферӣ, лоиҳаҳои минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ;
хок (замин), нигоҳдории қаламрави маҳалҳои аҳолинишин ва майдонҳои саноатӣ;
ҷамъоварӣ, истифода, безарарсозӣ, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва зери хок кардани партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот;
меъёрҳои банақшагирӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба нақшакашӣ ва иморатсозии шаҳрҳо ва деҳот;
банақшагирӣ, сохтмон, таҷдид, навсозӣ, консерватсия, ба истифода додан ва барҳамдиҳии объектҳо, аз он ҷумла, иншоотҳои истеҳсолӣ ва бузург, шабакаҳои муҳандисӣ, воситаҳои нақлиёт, инчунин баистифодадиҳии маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ;
истифодаи моддаҳои химиявӣ ва биологӣ, ҷисмҳои (организмҳои) биологӣ, микробиологӣ ва токсинҳо;
оби нӯшокӣ, обтаъминкунии хоҷагӣ ва нӯшокии аҳолӣ ва ҷойҳои обистифодабарии фарҳангию маишӣ;
сифати ҳавои атмосфера дар маҳалҳои аҳолинишин дар қаламрави корхонаҳои саноатӣ, ҳавои биноҳои саноатӣ, истиқоматӣ ва дигар иморатҳо;
шароити меҳнат;
шароити кор бо моддаҳои биологӣ, организмҳои биологӣ, микробиологӣ ва токсинҳои онҳо, бо манбаъҳои омилҳои физикии таъсир ба инсон;
воситаҳои нақлиёт ва шароити интиқоли мусофирон;
таъмини бехатарии радиатсионӣ;
ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (стандартҳо, шартҳои техникӣ ва ғайра), ки барои навъҳои нави ашёи хом, таҷҳизот ва равандҳои технологӣ, асбобҳо, ашёи хоми озуқа ва маҳсулоти озуқа, маводи сохтмонӣ, манбаъҳои афканишоти ионкунанда, зарф, моддаҳои химиявию биологӣ, масолеҳи бастабандӣ ва полимерӣ, маҳсулоти чарчинворию ороишӣ, полиграфӣ ва дигар молҳои истеъмоли халқ таҳия карда мешаванд;
лоиҳаҳои стандартҳои давлатӣ, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, лоиҳаҳои қоидаҳои ветеринарӣ (байторӣ) ва фитосанитарӣ, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳои таълиму тарбия ва дигар санадҳои меъёрӣ, лоиҳаҳо ва барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ тибқи қоидаҳои санитарии тасдиқшуда;
истеҳсол, истифодабарӣ ва ба аҳолӣ фурӯхтани навъҳои нави маҳсулот (бори аввал таҳия ва ҷоришаванда), равандҳои нави технологии истеҳсоли маҳсулот, иловаҳои ғизоӣ, ашёи хоми озуқа ва маводу зарфҳои маҳсулоти озуқа;
воридоти (содироти) маҳсулот ва молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
таҳия, ба истеҳсолот гузоштан, истеҳсоли саноатӣ, истифодаи маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти аз хориҷа харидоришаванда;
интихоби манбаъҳои обе, ки бо мақсадҳои табобатӣ истифода мегарданд;
истифодаи мошинҳо, механизмҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизот ва асбобҳо, инчунин истеҳсол, истифодабарӣ, ҳамлу накл, нигоҳдорӣ ва зери хок кардани моддаҳо, мавод ва партовҳои радиоактивӣ, ки манбаи омилҳои физикии таъсир ба инсон (садо, ларзиш, таъсироти ултрасадо, афканишоти гармӣ, ионкунанда, ионнакунанда ва афканишоти дигар) мебошанд;
барномаҳо, усулҳо ва низомҳои таълиму тарбия, воситаҳои техникии аудиовизуалӣ ва дигар воситаҳои таълиму тарбия, мебели таълимӣ, бозичаҳо, инчунин китобҳои дарсӣ ва дигар маҳсулоти нишриётӣ;
навъҳои алоҳидаи фаъолият (маҳсулот, молҳо, истеҳсол, корҳо ва хизматрасонӣ), ки барои инсон хатари эҳтимолӣ дошта, бояд тибқи номгӯйи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия ва литсензия кунонида шаванд;
моддаҳои химиявию биологии бори аввал дар истеҳсолот ҷоришаванда, ки пештар истифода намешуданд ва дорувории дар асоси онҳо истеҳсолшавандаи дорои хатари эҳтимолӣ ба инсон, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд;
лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалии дар қаламрави ҷумҳурӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ фаъолияткунанда, татбиқ карда мешаванд.
5. Хулосаи санитарию эпидемиологиро бояд соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хоҷагӣ ва дигар навъи фаъолиятро анҷом медиҳанд, гиранд.
6. Воридоти (содироти) маҳсулот ва молҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тибқи номгӯйи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
7. Ин Тартиб фаъолияти вобаста ба муомилоти маводи нашъа ва фалаҷкунандаи асабро (психотропӣ) фаро намегирад.
8. Баррасии мавод ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ ба объектҳои мудофиа ва объектҳои махсуси дигар бо риояи талаботи тартиби муқарраргардидаи муомилот, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои интишорашон маҳдуд сурат мегирад.
9. Барои гирифтани хулосаи санитарию эпидемиологӣ дархосткунанда инҳоро пешниҳод мекунад:
а) ариза оид ба додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ бо нишон додани:
ном ва шакли ташкилию ҳуқукӣ, суроғаи ҳуқуқӣ;
ном ва маҳалли истиқомати соҳибкори инфиродӣ ё шахси воқеӣ;
мақсад ва асоснокии фаъолияти хоҷагӣ ва ғайра;
б) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт барои баррасии дархост;
в) маълумот оид ба таъминоти меъёрию усулӣ, оид ба имкониятҳои ташкилию техникӣ ва таҷҳизоти моддию техникӣ барои иҷрои навъи фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигар.
10. Ҳангоми додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ барои воридоти (содироти) молҳо ва маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дархосткунанда ӯҳдадор аст нусхаи сертификати сифати маҳсулот ва молҳоро пешниҳод намояд.
11. Мақомоти хадамоти санитарию эпидемиологӣ ҳуқуқ доранд нисбати таркиби ҳуҷҷатҳое, ки дархосткунандагон барои гирифтани хулосаи санитарию эпидемиологӣ манзур мекунанд, талаботи иловагӣ пешниҳод намоянд.
12. Барои додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ маблағ дар ҳаҷми хароҷоти воқеӣ ситонида мешавад, ки 80% маблағи мазкур ба буҷети давлатӣ ва 20% ба ҳисоби махсуси мақомоти Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ, ки хулосаи санитарию эпидемиологӣ додаанд, интиқол дода мешаванд ва барои рушди фаъолияти мақомоти Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ истифода мегарданд.
13. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар чор нусха тартиб дода шуда, бо имзои Сардухтури давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ, сардухтурони давлатии санитарии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва мӯҳр тасдиқ карда мешавад. Ду нусха дар мақоми санитарию эпидемиологӣ, ки хулосаи санитарию эпидемиологиро додааст, мемонанд. Нусхаи сеюм ба шахсоне дода мешавад, ки фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари онҳо таҳти таҳқиқи мутобиқат (номутобиқатӣ) ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ қарор мегирад. Нусхаи чорум ба Идораи нозироти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил гардида, ба феҳристи умумии хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ворид карда мешавад.
14. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани хулосаи санитарию эпидемиологӣ пешниҳод карда шудаанд, ба дафтари махсуси бақайдгирии тасдиқнамудаи Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, ки дар он инҳо зикр карда мешаванд:
номи объект, маҳалли ҷойгиршавӣ ва тобеият идоравӣ он;
навъ ва мақсади фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият;
шарҳи мухтасари фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият;
дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода шудааст;
санаи воридшавии ҳуҷҷатҳо ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ;
ба кадом мӯҳлат хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода шудааст.
15. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ барои ҳар як навъи фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият алоҳида ба расмият дароварда мешавад.
16. Хулосаи санитарию эпидемиологие, ки аз ҷониби мақомоти болоии хадамоти санитарию эпидемиологӣ дода шудааст, дар мақомоти санитарию эпидемиологии маҳалле, ки дар он ҷо фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти дархосткунанда сурат мегирад, ба қайд гирифта мешавад.
17. Мақоми хадамоти санитарию эпидемиологие, ки хулосаи санитарию эпидемиологиро додааст, феҳристи хулосаҳои санитарию эпидемиологии додашударо тартиб дода, ба он маълумотҳоро оид ба мусодира ва тамдиди хулосаи санитарию эпидемиологӣ ворид менамояд.
18. Хулосаи санитарию эпидемиологии истифоданашуда баъди ба охир расидани мӯҳлати амали он ба мақамоти хадамоти санитарию эпидемиологие, ки хулосаи санитарию эпидемиологиро додааст, бо шарҳу эзоҳи сабабҳо баргардонида мешавад.
19. Бо мақсади муайян намудани мутобиқати шартҳои эълоншуда, таҳлил ва арзёбии заминаи меъёрию техникӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, салоҳиятнокӣ ва омодагии дархосткунанда ба татбиқи он, мақомоти хадамоти санитарию эпидемиологӣ фаъолияти онҳоро тафтиш менамояд.
20. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ дар бланки махсус, ки Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, тартиб дода мешавад.
21. Бланк шакли дахлдор, дараҷаи ҳифз, рамз (код), силсилаи баҳисобгирӣ, рақами бақайдгирӣ дорад ва ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошад.
22. Харидорӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории бланкҳои хулосаи санитарию эпидемиологиро Идораи нозироти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
23. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар асоси натиҷаҳои экспертизаи (санҷиши) санитарию эпидемиологӣ, таҳқиқот, муоинаҳо, тадқиқот, озмоишҳо, тадқиқотҳои токсикологӣ, гигиенӣ ва дигар навъ арзёбиҳо дода мешавад.
24. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар шакли қобили қабул, ғайри қобили қабул, шартан қобили қабул дода мешавад.
25. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ вобаста аз аҳамияти санитарию эпидемиологӣ ва навъи фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият ба мӯҳлати кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дода мешавад.
26. Қарор оид ба додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар муддати барои маводу маҳсулоти зуд вайроншаванда 3 рӯз ва барои ғайра на дертар аз 30 рӯз пас аз рӯзи гирифтани дархост ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда мешавад.
27. Ҳуҷҷатҳо ва маводҳои барои барасмиятдарории хулосаи санитарию эпидемиологӣ пешниҳодгардида ва дар мақомоти хадамоти санитарию эпидемиологӣ бақайдгирифташуда, сарфи назар аз қарори дар мавриди онҳо қабулгардида, ба дархосткунанда баргардонида намешаванд.
28. Бо хоҳиши асосноки соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мӯҳлати амали хулоса метавонад пас аз иҷрои пешниҳодҳои мақомоти хадамоти санитарию эпидемиологие, ки хулосаи санитарию эпидемиологиро додаанд, тамдид карда шавад ва дар шакли хаттӣ тасдиқ мегардад.
29. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ метавонад аз ҷониби мақомоти хадамоти санитарию эпидемиологие, ки хулосаи санитарию эпидемиологиро додаанд ва мақомоти болоии хадамоти санитарию эпидемиологӣ мусодира карда шавад.
30. Асосҳо барои мусодира намудани хулосаи санитарию эпидемиологӣ инҳо мебошанд:
вайронкунии ин Тартиб;
ба миён омадани ҳолатҳое, ки боиси расонидани зиён ба саломатии аҳолӣ мегарданд:
аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайрон карда шудани меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ, ё истифодаи фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият на бо мақсадҳое, ки он барои онҳо таъин гардидааст;
гузаштани мӯҳлати дар хулосаи санитарию эпидемиологӣ зикршуда;
таҷдид ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, фавти шахси воқеӣ;
ба миён омадани зарурати давлатии мусодираи хулосаи санитарию эпидемиологӣ;
ошкор гардидани маълумотҳои нодуруст ё таҳрифшуда дар ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани хулосаи санитарию эпидемиологӣ пешниҳод шудаанд;
ба шахсони дигар супурдани фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият.
31. Асос барои рад намудани додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ мавҷуд будани иттилооти нодуруст, нопурра ва таҳрифшуда дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи дархосткунанда мебошад.
32. Баъди қабули қарор оид ба рад намудани додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ, қарор дар шакли хаттӣ бо нишон додани далели раддия ба дархосткунанда фиристода мешавад.
33. Шикоятҳо аз рад намудани додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
34. Баҳсҳое, ки дар мавриди ин масъалаҳо ба миён меоянд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
35. Дар сурати гум кардани хулосаи санитарию эпидемиологӣ ба дархосткунанда нусхаи хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар асоси аризаи хаттии ӯ дода мешавад.
36. Хулосаи санитарию эпидемиологиро метавонанд соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми муроҷиат намудан ба мақомоти Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд.
37. Соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд барои гузаронидани тафтиш шароит муҳайё созанд, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд, камбудиҳои дар ҷараёни тафтиш ошкоргардидаро сари вақт бартараф созанд.
38. Дар ҳолати тағйир ёфтани суроғаи ҳуқуқӣ ва номи шахси ҳуқуқӣ, ном ва маҳалли истиқомати соҳибкори инфиродӣ ва шахси воқеӣ онҳо ӯҳдадоранд бидуни таъхир дар хусуси барасмиятдарории такрории хулосаи санитарию эпидемиологӣ бо замима намудани ҳӯҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи маълумотҳои зикршуда дархост пешниҳод кунанд.
39. Дар сурати аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бартараф гардидани ҳолатҳое, ки боиси пас гирифтани хулосаи санитарию эпидемиологӣ гардида буданд, мақоми хадамоти давлатии санитарию эпидемиологие, ки хулосаи санитарию эпидемиологиро дода буд, ӯҳдадор аст дар асоси аризаи онҳо дар мӯҳлати 15 рӯз дар хусуси додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ қарор қабул намояд.
40. Барои пешниҳод намудани маълумотҳои нодуруст, нопурра ва таҳрифшуда барои гирифтани хулосаи санитарию эпидемиологӣ дархосткунанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
41. Барои вайрон кардани ин Тартиб соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
42. Иҷрои ин Тартиб барои соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.